Хайруллоҳи Раҷабиёнро доираи муайяни дӯстдорони каломи бадеъ аз рӯи маҷмӯаи ҳикояҳои «Бахти дерин», «Шифоёбӣ аз гуноҳ», ҳикояҳои аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷумашудаи нависандагони телугу дар Ҳиндустон, асари нависандаи канадагӣ Марк Фишер — «Сирри миллионер», асари нависандаи америкоӣ Спенсер Ҷонсон — «Панирамро кӣ гирифт?» хуб мешиносанд. Ӯ бо вуҷуди муҳандис – обшоргар будан ба майдони адабиёт боҷуръатона қадам гузоштааст.
Асари нави Х. Раҷабиён «Ишқи зани шавҳардор» ҳикоя, тарҷума ва мақолаҳои ӯро дар бар мегирад, ватандӯстӣ ва нисбат ба дарду доғ, мушкилиҳои ҷомеа бетараф набуданро нишон медиҳад.
Яке аз масъалаҳои дардноки фарогири китоб муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Ҳолати модарони шавҳаронашон дар муҳоҷират, дур аз зану фарзандон қарордошта низ чандон сабук нест. Дар танҳоӣ нигоҳубин ва тарбияи фарзандон, набудани марди хона машаққати бе ин ҳам сахти модарону хоҳарони ҷонфидоро мушкилтар месозад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, онҳо бо садоқати баланди модарию ҳамсарӣ, сабру таҳаммул ва иффати баланд рисолати хешро сарбаландона иҷро менамоянд.
Мутаассифона, ёфт мешаванд занону модарони сустирода ва дур аз ахлоқу одоб, ки арзишҳои оиларо поймол мекунанд. Муаллиф дар ҳикояи «Ишқи зани шавҳардор» кӯшидааст, ки нисбат ба он занҳое, ки ба номи неки модарони бузурги тоҷик иснод меоранд, нафрати хонандаро бедор намояд.
Муаллиф тавонистааст, ки ҳолати мушкили қаҳрамонҳои мусбати асарро хеле бо назокат нишон дода, нисбат ба онҳо дар дили хонанда раҳму шафқат, хайрхоҳию ҳамдардиро бедор намояд. Бахусус, ҳикояҳои «Дуобадӣ», «Гадо», «Дарси номус», «Фатир», «Ишқи зани шавҳардор», «Вақте ки пиёда мерафт», ҳикоя – тарҷумаҳои «Покуи англисӣ», «Шуҷоати Ваня», ки хеле моҳирона қаламкашӣ шудаанд, ба хонанда таъсири амиқи маънавӣ мегузоранд.
Дар ҳикояи «Деҳқон», ки ниҳоят таъсирбахш баромадааст, рафтори мардону занони ишратпарасту хиёнатпеша мавриди мазаммат қарор гирифтааст. Азоби виҷдон, эҳсоси хиҷолату пушаймониро бо нишон додани бузургӣ ва инсонияти баланди қаҳрамони ҳикоя – деҳқоне, ки аз дилсофӣ сабукпоии келинашро пай намебарад ва ба набераҳои дӯстрӯ меҳри беандоза дорад, дар вуҷуди одам бедор менамояд.
«Ишқи зани шавҳардор» бо теъдоди 200 нусха дар ҶДММ «Балоғат» чоп шудааст.
Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»