Деҳаи Манем дар ноҳияи Шуғнон воқеъ буда, аз ҷиҳати масоҳат ва аҳолӣ он қадар калон нест, аммо шахсияти зиёди шинохтаро эҳдо намудааст. Яке аз онҳо академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Оғоназар Ақназаров мебошад.
Агар нахустин сафари президенти собиқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба амал намеомад, шояд тақдири минбаъдаи Оғоназари ҷавон ҳам ранги дигар мегирифт.
- Осимӣ олими дурандеш буд ва ёдовар мешуд, ки бародарони рус ва дигар миллатҳо кори зиёди илмиро ба омӯзиши табиату набототи Помир бахшидаанд. Бисёр мехост, ки кадрҳои маҳаллӣ олами наботот ва маъданҳои кӯҳистони Тоҷикистонро мавриди пажӯҳиш қарор диҳанд, — ба хотир меорад Оғоназар.
Ӯ соли 1962 факултети агрономии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур)-ро хатм карда, то соли 1966 дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқи ноҳияи Ишкошим ва шаҳри Хоруғ кор кард.
Дар вохӯрии нахустин бо Муҳаммад Осимӣ муҳаббат ба омӯзиши олами набототи Помир дар дилаш ҷо гирифт. Пас аз суҳбати самимӣ ва рӯҳбаландкунанда Муҳаммад Осимӣ Оғоназар Ақназаровро барои идомаи таҳсилу кор ба пойтахт даъват кард.
Номбурда солҳои 1966- 1969 дар аспирантураи Академияи илмҳои Тоҷикистон таҳсил ва баъди хатми он ба сифати ходими хурди илмии Институти биологии Помир ба тадқиқот шурӯъ намуд.
Баъди омӯзишу ҷустуҷӯи ҳафтсола О. Ақназаров соли 1976 бо роҳбарии доктори илмҳои биология, профессор Елена Константиновна Кардо-Сисоева (дар шаҳри Ленинград) дар мавзӯи «Фаъолнокии танзимкунандагони эндогении сабзиши растаниҳои баландкӯҳи Помир» рисолаи илмӣ ҳимоя кард.
- Ҳангоми кор дар Институти биологии Помир ва Боғи ботаникии Помир роҳбарияти вилоят ва Академияи илмҳои Тоҷикистон барои зиёд кардани дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан, гулу гулбуттаҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамуданд. Дар натиҷа, сол то сол шумораи дарахтони нодир ва гулҳои гуногуни боғ афзуд.
- Ёдам ҳаст, ки Шодӣ Шабдолов котиби якуми Ҳизби коммунисти шаҳри Хоруғ буд ва дар яке аз сафарҳояш ба Корея моддаҳои химиявии «Пунин»-ро овард. Мо онро дар Боғи ботаникии Помир истифода кардем. Нашъунамои растаниҳо ва гулу гулбуттаҳо ду баробар афзуд. Кормандони боғ дар тирамоҳ ҳосили дилхоҳ гирифтанд. Аз натиҷаи он мақолаи илмӣ навишта, дар яке аз маҷаллаҳои бонуфузи умумииттифоқӣ чоп кардам, — мегӯяд О. Ақназаров.
Чун таҷрибаи ғании илмӣ андӯхт, соли 1991 рисолаи докториро зери роҳбарии доктори илмҳои биология, профессор Валентин Илич Кефели (олими шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ аз Москва) дар мавзӯи «Таъсири нурҳои ултрабунафш ба расиш, морфогенез ва сатҳи гормонҳои растаниҳои баландкӯҳ» ҳимоя кард.
Баъд аз пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ алоқаҳои илмии ҷумҳуриҳои бародар канда шуданд. Вале профессор Оғоназар Ақназаров тавонист кормандони илмии Институти биологии Помир ва Боғи ботаникии Помирро нигоҳ дорад. Дар он айём, ки касе ба илм майл надошт, ҷавононро ба навиштани рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳидоят менамуд.
- Дар солҳои вазнин насосҳои обкашии Боғи ботаникии Помир корношоям гардида, 4000 дарахту гулбуттаро хавфи хушкшавӣ таҳдид кард. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардам. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки масъала ба зудӣ ҳал шавад. Муовинони ҳамонвақтаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Қоимдодов ва И. Эшмирзоев насоси навъи «ЦНС – 300/180»- ро дастрас карданд, ки обро ба баландии 180 метр мепартояд.Дар натиҷа, Боғи ботаникии баландтарини дунё бо кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хушкшавӣ наҷот ёфт, — мегӯяд О. Ақназаров.
Бо роҳбарии ӯ Озмоишгоҳи таҷрибавии растаниҳо ба Маркази тадқиқотии асосҳои физиологию биохимиявии механизми мутобиқшавии организми растанӣ ба шароити экстремалии манотиқи баландкӯҳи Помир табдил ёфт. Ӯ низоми ҳифзи растаниро аз таъсири харобиовари нурҳои ултрабунафш коркард намуда, имконияти хуби амалкунии равандҳои физиологиро нишон дод. Бори аввал собит намуд, ки дар заминаи механизми боздорандаи раванди расиш дар растаниҳои баландкӯҳ, дар бофтаҳои онҳо ғуншавии нисбатан зиёди ингибиторҳои табиати фенолӣ ва терпеноидӣ дошта, мавҷудияти миқдоран ками барангезандагони расиш қарор дорад.
Бо ташаббуси профессор О. Ақназаров технологияи парвариши сабзавоти гармхонаҳое, ки бо истифода аз гармии обҳои зеризаминӣ ва пардаҳои полиэтиленӣ коркард шудааст, ҳоло мавриди истифода қарор дорад.
Тадриҷан олими шинохта зинаҳои илмро тай намуда, ба қуллаи мурод расид. Соли 1997 узви вобастаи Академияи илмҳо ва соли 2008 академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Илми тоҷикро дар хориҷи кишвар — Венгрия — 1985, Фаронса — 1993, Москва — 1993, Амстердам — 1998, ИМА- 1996 — 2006, Голландия — 1998, Италия — 2008, Ҳиндустон- 2002, Олмон — 2003 — 2004, Австралия — 2007, Непал — 2007, Афғонистон — 2008 — 2009, Хитой — 2010, Туркия — 2010 ва дигар мамлакатҳо сарбаландона муаррифӣ кард.
Панҷ номзади илм — С. Мӯсоев, М. Исмоилов, Г.Хуҷаназарова, Ш. Мубалиева, А. Сафаралихонов ва ду доктори илмҳои биология — А. Фелалиев ва С. Шомансуровро тарбия намуд.
Яке аз шогирдонаш — муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев чунин ибрози назар кард:
- Бо устод аз соли 1983 ҳамкор ҳастам. Баъди хатми факултети биологияи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) маро ба ҳайси лаборанти озмоишгоҳи мевапарварии Институти биологии Помир ба кор қабул намуданд. Нисбат ба кормандон, бахусус, олимони ҷавон хеле сахтгир ва меҳрубон буданд.
Олимони ҷавонро барои таҷрибаомӯзӣ ё таҳсил дар аспирантура ба марказҳои калони илмӣ мефиристоданд. Аз ҷумла, маро низ ба Институти биологияи ҳуҷайра ва инженерияи генетикии Академияи илмҳои Украина фиристоданд. Солҳои 1985-1990 дар ин кохи маърифат таҳсил намуда, сазовори унвони илмии номзадии илмҳои биологӣ шудам.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои Оғоназар Ақназаровро бо медали «Ветерани меҳнат», Ҷоизаи ба номи академик Е. Н. Павловский, нишони фахрии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ намуд.
Моҳи феврали соли равон ӯ 80 — сола шуд. Новобаста аз синну сол, дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Қобили зикр аст, ки умри пурфайзу ибратбахш на ба ҳар кас муяссар мегардад. Умре, ки ним асри он ба инкишофи илми тоҷик бахшида шуд.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»