Нишонҳисоби Наврӯз

№30 -31 (3667 - 3668) 18.03.2017

1015664090Гуфтугӯ бо Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат оид ба сарчашмаҳои таърихии иди Наврӯз

– Наврӯз таърихи қадимӣ дорад, аммо на ҳама аз анъанаҳои он воқифанд…

– Наврӯз ҷашни бошукӯҳи мардуми ориёист, ки аз се мабдаъ ё се рукн иборат аст: рукни нуҷумӣ ё тақвимӣ, мазҳабӣ ё ойинӣ ва таърихӣ. Наврӯз аз рӯи тақвими шамсӣ, яъне аз рӯи гардиши замин дар даври офтоб сохта шудааст. Тақвими бобулиён аз рӯи гардиши маҳтоб буд. Ин мардумро қамарӣ мегуфтанд, моро шамсӣ. Чун гардиши замин ба даври офтоб саҳеҳтар аст, ин тақвим нисбат ба тақвимҳои он замон, ки  камию костии зиёде доштанд, бартарӣ дорад. Офтоб дар моҳи фарвардин ба қиём мерасад ва шабу рӯз баробар мешавад. Равшанӣ бар торикӣ оҳиста – оҳиста ғалаба мекунад, рӯз дароз мешавад, шаб кӯтоҳ. Ҷанбаи кайҳонӣ, фалсафӣ ва тақвимии Наврӯз ҳамин аст. Дар аҳди Сосониён Наврӯзро шаш  рӯз таҷлил мекарданд. Панҷ рӯз шоҳон бо хешу табор ва мардум ҳамсуҳбат мешуданд ва ниёзи онҳоро мебароварданд, бахшишҳо мекарданд. Рӯзи шашум боз бо қабои абрешимини зардӯз бар тахт менишастанд.

Эрониёни қадим омодагиро барои Наврӯз хеле пештар медиданд. Дар маконҳои муқаддас, оташгоҳҳо, дар Озаргушасп, Тахти Ҷамшед, оташгоҳи Баҳори Балх аз Готҳо ва Ясноҳо дар ситоиши офтоб, баҳор ниёиш ва намоз мехонданд.

Решаи таърихии Наврӯзро чанд навъ таъбир мекунанд. Абӯрайҳони Берунӣ, Ибни Ҳавқал, Фахри Розӣ ва олимони бузурги дигар тасдиқ мекунанд, ки Наврӯз барои эрониён аз рӯзи ба тахт нишастани Ҷамшед шурӯъ мешавад. Рӯзе, ки барои ӯ тахти забарҷад сохтанд ва онро ба осмон бардоштанд. Ин ҳақиқат дорад ё не, мо кор надорем. Муҳим он аст, ки шаш ҳазор сол боз Наврӯзро ҷашн мегиранд.

Дар замони ислом ниёишҳову намозҳои зардуштиро манъ карданд. Кӯшиданд, ки ба он оҳанги исломӣ бахшанд. Ҳатто тахти Ҷамшедро тахти Сулаймон ном ниҳоданд. Озаргушаспро, ки оташгоҳи бузургтарини зардуштиён он ҷо буд, тахти Сулаймон ном гузош­танд. Дигар оташгоҳҳои муқаддасро низ номи исломӣ доданд. Вале асолаташро аз байн бурда натавонистанд.

– Дар кӯҳистон мардум нишонҳисоб мекарданд ва ҳоло ҳам дар аксар ҷойҳо ин анъана идома дорад…

– Дар як қисми Бадахшон, чанд ноҳияи Кӯлоб, Қаротегин ва Ҳисор тақвими деҳқонӣ буд, ки онро Нишонҳисоб мегуфтанд. Ҳисобгарон аз рӯи ҳаракати  офтоб тағйире, ки дар ҷисми инсон рух медод, ба инобат мегирифтанд. Ҳама узви инсон, аз нохун то сар, дар ин Нишонҳисоб ворид буд. Ҷисми инсон ба таҳаввулоти табиат ва дигаргун шудани он бисёр мутобиқат мекард.

Бузургтарин рамз ё ҳақиқати Нишонҳисоб он аст, ки тағйирот ва таҳрикоти олами кабирро дар олами сағир, яъне дар вуҷуди инсон ба хубӣ дарёфтааст. Масалан, нишони Қамар, ки дар он шабу рӯз баробар мешавад, Соли нав оғози нек мегирад, бадӣ ё сардӣ поён мепазирад.

Аз рӯи ин ҳисоб, чиллаи калон ё худ «панҷоҳи мард» аз якуми феврал сар шуда, ба чунин нишонаҳо тақсим мешавад:

Нишони якум — «Пайик» (кафи по), ки чор рӯз буда, аз 1 то 4 февралро дар бар мегирад. Ба қавли ҳисобгарон, дар ин рӯзҳо дар таговиҳо патак – патак барф меборад.

Нишони дувум — «Нохун» ҳафт рӯз, аз 5 то 12 феврал, давом карда, миҷози хунуке дорад ва дар он асосан ҳаво хушки бенам мешавад. Дарёҳои хурду калон ях мебанданд, ки дар кӯҳистон аз болои онҳо пиёда мегузаштанд. Мардум дар нишони «Нохун» барои аҳли хонавода либос пора менамуданд.

Нишони савум — «Харк» (буҷулак) ҳафт рӯз, аз 13 то 19 феврал давом мекунад, дар ин рӯзҳо барф бисёртар борида, буҷулаки поро мепӯшондааст. Яхи болои дарёҳо дар зери фишори барф мешикананд ва яхселҳоро ташкил медиҳанд, ҳаво ниҳоят сард мешавад.

Нишони чаҳорум — «Линг» ҳафт рӯз, аз 20 то 26 феврал буда, барфи калон меборад, «Линг» (соқи по) –ро мепӯшондааст. Шамолу бодбарфҳои хунук вазидан мегиранд, ки дар забони халқ «шамоли сари поча» номида мешавад. Ин шамолҳо ниҳоят тоқатфарсо мебошанд. Дар ин нишон ба  маҳаллаҳои кӯҳистон сафар кардан хатарнок аст. Дар нишони «Линг» мардум ба хонабарорӣ, яъне хонатозакунӣ камар мебастанд

Нишони панҷум — «Зону» ҳафт рӯз буда, аз 27 феврал то 5 март давом мекунад. Давоми ин рӯзҳо барфи бошиддат, вале бе шамолу бе бод меборад. Табиати ин нишон нисбатан гарм мебошад. Дар ин нишон, ба қавли ҳисобгарон, дар иқлими боду ҳаво гардиш ба вуҷуд меояд ва табиат ба гармиву нармӣ рӯ мениҳад.

Нишони шашум — «Кордавсун» ҳафт рӯз аст, аз 5 то 12 март. Ниҳоят шамолҳои сахт дорад, ки шохи дарахтон ба ҳам бармехӯранд. Дар урфият онро боди васл гӯянд. Ин мавсими ишқварзии дарахтон аст. Дар маҳаллаҳои кӯҳӣ барфи куҳнаро бод бардошта, дар ҳаво чарх мезанонад. Дар роҳҳо ва чуқурию ҳамвориҳо барфтӯдаҳо  барпо мекунад, ки рафтуомад қариб ғайриимкон мешавад. Деҳқонон дар ин маврид муболиғае доранд: «Кордавсун» мегуфтааст, ки ман кураи  байталро дар шиками модараш хушк мекунам». Дар ҳақиқат, дар ин муҳлат молу говҳои хароб мемиранд ва ё ҳамли худро мепартоянд.

Нишони ҳафтум – «Харомез (харобиомез) ҳафт рӯз аст, аз 13 то 19 март. Дар ин нишон боришҳои тороноб (барфи тар) рӯй медиҳад. Боришҳои тороноб шабу рӯз бошиддат давом мекунанд, ки иморатҳо хароб мешаванд. Барфҳои сардараҳо, камарҳои кӯҳ ва бармолҳои ҷар вазнин шуда, тармаҳои калони мудҳишро ташкил медиҳанд. Ин тармаҳо дар сари роҳашон ҳамаро рӯфта мебаранд ва роҳҳои рафтуомад­ро хароб мекунанд.

Нишони ҳаштум — «Камар» нуҳ рӯз аст, аз 20 то 28 март идома меёбад. Се рӯзи ин нишон аз зимистон ва шаш рӯзаш аз Наврӯз аст. Мақсад аз саъю кӯшиш ва майдаҳисобҳои деҳқонони қадим он буд, ки дӯсти меҳрубони худ, дояи неъматҳо ва бахшишҳои фаровони табиӣ – Наврӯзро пешвоз гиранд. Бо даромадани Наврӯз деҳқон уқубатҳои зимистонро фаромӯш мекард.  Камар чун олами улвӣ ва олами хок аст, яъне инсон то камараш пок аст. Аз камар поён олами нос, яъне, ки олами касиф ва олами замин аст. Нишони «Камар» аломати гузариши фасл ба покӣ, хирадмандӣ, офаридгорӣ ва халлоқӣ буд. Камар аз рӯи пайванди ҷисмонӣ миёнҷои бадан аст. Аз назари маънавӣ фосилаест миёни покӣ ва касрат, аз назари космогонӣ қитъаест миёни олами улвӣ ва олами сифлӣ. Аз назари тибби Сино неруи хирад, иродат аз мағзи сар то камар ва неруҳои дигар аз ҳароммағз маншаъ мегиранд. Чун сухан ба ин ҷо расид, пайванде миёни тақвими Нишонҳисоб ё тақвими авестоӣ ва тақвими мусиқии борбадӣ  пайдо мешавад. Пеш аз ҳама, ҷиҳати зоҳирии тақвими Нишонҳисоб ва тақвими  мусиқии борбадиро бигирем, ки як сол – як силсилаи комили мусиқии борбадӣ 365 рӯз ва ҳамин рақам савтро дар бар мегирад ва ба чор фасл, ҳашт рубъ тақсим мешавад.

Бояд гуфт, ки базми Борбадӣ,  пеш аз ҳама, ниёиш буд, баъдан бар асари мусиқии паҳлавӣ таронаҳое дар васфи Наврӯз, Сада, Меҳргон, ишқ, ҳусн, ҷавонмардӣ ва хусравонӣ ба он илова шуданд. Бори нахуст Борбад ниёишро дар мусиқӣ даровард ва то ҷое ин анъанаро. Ин шеваи ниёиш аз тариқи Ҳинд омад, ки он ҷо бахшҳои Ригдево, Рамаянаро бо рақсу суруд ифода мекарданд.

Тақвими Нишонҳисоб баробари тақвими Ҷалолӣ ва «Наврӯзнома» — и Хайём ҳам аз ҳамин анъанаи бисёр қадима, ки шояд аз аҳди Ҳахоманишиён оғози худро мегирифта бошад, пайдо шудааст. Дар шабу рӯзи дохилшавии Наврӯз маросимҳо дуруст мешуд. Ин маросимҳо ҳам деҳқонӣ буда, ҷанбаи маънавӣ, ахлоқӣ ва кайҳонӣ доштанд. Дар ҷанбаи деҳқонӣ мардум то Наврӯз ба заминҳое, ки офтобрӯя набуданд, хок мепошиданд то барф ва яхи онҳо об шавад. Заминҳое, ки офтобрӯя буданд, ба онҳо пору мекашиданд ва  ба ҷуфт омода мекарданд. Вақте  ки шамоли сари поча ё ки шамоли сари шох меомад, пеш аз Наврӯз, дар ҳут, дарахтон ба ҳамдигар ишқ меварзиданд. Ин ишқи наботӣ буд. Шохҳои дарахтон дар вақти шамол ба ҳамдигар мерасиданд ва аз карахтӣ бедор мешуданд, шира дар навдаҳои ток ва дарахтон медавид.

Деҳқонон барзаговҳои парваришкардаро мебароварданд ва говхунук мекарданд. Ҷуфти аввалин дар Наврӯз аз 8 то 12 қӯш буд. Аз ин зиёдтар ин корро намекарданд, зеро ин чизи маросимӣ буд. Фақат як анъанаро ба ҷо меоварданд, ки ин мавридро говхунук мегуфтанд, яъне омодагӣ барои киштукор ва корҳои деҳқонӣ.

– Нишонҳисоб баробари фарорасии Наврӯз ба поён намерасад, балки се моҳи баҳор ҳам давом мекунад…

– Бале. Фасли баҳор низ Нишонҳисоб дорад, ки инҳоянд:

Якум, нишони «Қамар», ки шаш рӯз буда, аз 23 то 29 март давом мекунад. Дар ин нишон, ба гуфти халқ, талхаи замин мекафад ва аз он бухори гарм мебарояд.

Дувум, нишони «Дил», ки ҳафт рӯз буда, аз 29 март то 4 апрел аст. Дар он боронгарӣ ва ҳаво сард мешавад, ки онро «борон» ё «абри найсон» мегӯянд.

Савум, нишони «Бару бозу», ки чордаҳ рӯз аз 5 то 18 апрел давом мекунад. Он нисбат ба нишонҳои пештар гармтар буда, айни об шудани барф ва авҷи кори зироат мебошад.

Чаҳорум, нишони «Даҳан», ки ҳафт рӯз аст. Аз 19 то 25 апрел. Дар он дарахтҳои боғию роғӣ нофаи ғунчаҳои худро кулӯла карда, омодаи даҳонкушоӣ мешаванд.

Панҷум, нишони «Ханда», ки ҳафт рӯз аст, аз 26 апрел то 3 май. Ғунчаҳои бодом, зардолу, олуча, олуболу, гелос дар як вақт мешукуфанд.

Шашум, нишони «Чашма», ки он низ ҳафт рӯз аст, аз 3 то 9 май. Гул хоб мекунад, яъне чашм мепӯшад. Боронгарӣ, жола ва боди сард ҳам рух медиҳад, ки меваро хунук мезанад.

Ҳафтум, нишони «Ҷунбиш», ки ҳафт рӯз аст, аз 10 то 16 май. Дар олами наботот, ҳашарот ва зироат ҷунбиши азиме ба вуҷуд меояд, дарёҳо, чашмаҳо сероб мешаванд. Офтоб ба хатти истиво наздик шуда, шуояшро ба замин на уреб, балки рост нигарон мекунад.

Ҳаштум, нишони «Ҷаврас» аст, ки ҳафт рӯз, аз 17 то 23 май давом мекунад. Дар ин давра тут пухта, ҷав мерасад.

Нуҳум, нишони «Сабзмоҳ», ки 29 рӯз аст. Аз 24 май то 21 июн. Мева мепазад. Доси тез дар ҷилва омада, дарзаю ғанакҳои ғалла рӯи ҳам мехобанд. Дар охири ин нишон рӯзҳо ниҳоят дароз ва офтоб пурқувват мешавад.

– Яке аз анъанаҳои Наврӯз ҳусн­гирон мебошад, ки хоси занон аст. Он чӣ хел оғоз мешавад?

– Занҳо либосҳои фақирона ва куҳна мепӯшиданду ҳусни худро то ҷашни Наврӯз пинҳон медоштанд. Баъд аз он дар шаби Наврӯз беҳтарин либос ва хилъат мепӯшиданд, худро зиннат ва ороиш медоданд. Сафеда ва сурхиҳои аҷоибе дар кӯҳистон буд: сафедаи абр, сафедаи қалъинӣ, сурхиҳои гуногун. Занҳо бо онҳо худро ороста мекарданд. Як санги дигар аз маъдан аст, мисли шиша, вале нарм, онро дар халтаи карбосӣ мекӯфтанд. Баъд аз ороиш бо он халта ба рӯи худ мезаданд, ки дар рӯяшон ҷило пайдо мешуд. Мӯйҳоро аз рӯи синну сол мебофтанд: сегак, чоргак, қамчинак. Кокулро ба мӯ ҳамроҳ мекарданд ва пӯпак мебастанд. Пӯпаки кокули занҳо кушода, аз они духтарҳо дар сурати ғунча ва ин навъи кокул ҷамолак ном дорад. Ашрофзодаҳо дар кокулҳо садаф мезаданд. Ситораҳои нуқрагиро мисли тугмаҳо медӯхтанд: ситораҳое, ки дар шакли моҳи нима ва моҳи пурра буданд.

– Ороиши дастурхони наврӯзӣ чӣ хел буд?

- То Наврӯз тармева ва меваи хушкро нигоҳ медоштанд. Аз сабзаву гиёҳҳои навхез мегирифтанд ва хони наврӯзӣ дуруст мекарданд. Ҳар хонавода аз рӯи дороӣ ва имконият хон дуруст мекард. Ҳар кас кӯшиш менамуд, ки табақаш бологузар бошад, ба пеши меҳмонҳои муътабар афтад. Табақро мардҳо бардошта меоварданд, чунки бузург буд.

Ҷашн дар ҳар маҳал сурат мегирифт. Паҳлавонҳо ба деҳаи калонтар меомаданд. Гӯштинро бо найрез шурӯъ мекарданд, баъд бо қалъабандиву дигар савтҳо. Дар марҳалаи тезутунд шудани гӯштин мусиқӣ ҳам тезутунд мешуд ва мардуму паҳлавонҳоро ба ҳолати ваҷд меовард. Ин анъана то солҳои шастум маҳфуз буд.

Дар Наврӯз одамро хафа кардан мумкин нест. Бинобар ин, гӯштини ҷиддӣ намегиранд. Бозиву намоиши ҳунар мешавад. Пиёдапойгаҳ  баргузор мегашт, пойгаҳи савора ҳам мешуд.

– Гулгардонӣ буд, ки бештар бачаҳо бо он шодӣ  мекарданд…

– Дар рӯзҳои Наврӯз бачаҳо гулдастаеро дар сари як чӯб баста, гулгардонӣ мекарданд, сурудҳои наврӯзӣ мехонданд. Ба онҳо тухми рангкарда ва ё чизе мебахшиданд. Ин бисёр савоби азим ҳисоб мешуд.

Баъд аз ин озмуни шоирон ва мутрибон оғоз мегашт. Дар он аҳде, ки бачагии ман гузашт, дар Дарвоз сӣ мутриб ва ҳофизи шинохта буд. Баъди озмун баҳси ҳофизон, мутрибон, шоирон ва зарофатгӯён шурӯъ мешуд. Наврӯз бо ҳамин рӯҳияи эҳёӣ ба поён мерасид.  Табиати инсон дар мувозӣ бо табиати кайҳон эҳё мешуд. Мардум бо нияту имони нав қадам мегузоштанд ва метавонистанд муъҷизаҳо эҷод кунанд, неруи халлоқии худро ба ҷомеа нишон диҳанд.

- Барои суҳбат ташаккур.

Мусоҳиб Ҳокими АЗИЗ,

рӯзноманигор