Ноҳиябандии иқтисодӣ самаровар аст, зеро…

№62 (4802) 17.05.2024

КоллажАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафти иқтисодиёти кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ, дар солҳои истиқлолияти давлатӣ иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба пешравиҳои беназир ноил шуда, мақому манзалати кишвари мо дар миқёси байналмилалӣ баланд гардид.

Бо ташаббуси Пешвои миллат аз солҳои аввали замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат бунёдкорию созандагӣ шурӯъ гардида, ислоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ амалӣ шуд ва дар ин самт як қатор стратегия ва барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд.

Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид, ки бо роҳи амалӣ кардани стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ба дастовардҳои бузург ноил гардад. Паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз 81 фоизи соли 1999 то 26,3 фоиз, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, таъсиси ҷойҳои кории нав ва марҳила ба марҳила зиёд гардидани маош ва ғайра аз ҳамон ҷумлаанд. Ҳоло бо ҳидояту дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам вусъат бахшидани корҳои созандагӣ, кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқ «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030» мавриди амал қарор дорад.

Нишондиҳандаҳои зикршуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки рӯз ба рӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳу сифати зиндагии мардум хубтару беҳтар мегардад.

Ҷавҳару меҳвари сиёсати ­иҷтимоии Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ин баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, кам кардани сатҳи бекорӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, моро мебояд, ки беш аз пеш сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар саҳм гузорем.

 Бояд гуфт, ки барои тараққиёту шукуфоии бештари ҷумҳурӣ ноҳиябандии иқтисодӣ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад ва аҳамияти хоса дорад. Он, пеш аз ҳама, роҳбарӣ ва идора кардани қаламрави кишварро осон менамояд, робитаи иқтисодии қисмҳои алоҳидаи мамлакатро муқаррар менамояд. Асоси ноҳиябандии кишварро тақсимоти минтақавии меҳнат ташкил менамояд. Ноҳиябандии иқтисодӣ яке аз масъалаҳои асосии тадқиқотии геог­рафияи иқтисодӣ ба шумор меравад.

Барои саҳми ноҳияҳои иқтисодии кишварро дар пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ муайян кардан тадқиқоти пурраи ҳамаҷониба гузаронидан лозим аст.

Ноҳияҳои иқтисодии Тоҷикистон инҳоянд: Суғд, Ҳисор, Рашт, Вахш, Кӯлоб ва Бадахшон. Дар ин матлаб саҳми ноҳияи иқтисодии Рашт мавриди назар аст. Ноҳияи иқтисодии Рашт шаҳракҳои Ғарм, Навобод ва ноҳияҳои маъмурии Рашт, Тоҷикобод, Сангвор, Нуробод ва Лахшро дар бар мегирад. Масоҳати ноҳия 17,1 ҳазор километри мураббаъ буда, аҳолиаш 323,1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ноҳия дар водие воқеъ аст, ки бо қаторкӯҳҳои сарбафалак ҷудо шудаанд. То замони ҳокимияти шуравӣ тавассути пайроҳаҳои кӯҳии танг алоқаҳои иқтисодӣ барқарор гашта, дар ноҳия асосан ғаллакорӣ ва чорводорӣ вуҷуд дошт.

Масоҳати он 14255,4 ҳазор гектар, аз ҷумла замини кишт — 891,1, марғзору чарогоҳ — 2918,2 ва ҷангалзор 349,1 ҳазор гектарро ташкил мекунад.

Кони ангишти Назарайлоқ, ки дар баландии 3200-4000 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст, манбаи ашёи хоми пурқимати (антратсид) саноатӣ мебошад. Захираи тахминии ин кон 500 млн. тонна арзёбӣ шудааст. Хокистари таркиби ангишти он ҳамагӣ 3-4 фоизро ташкил мекунад, ки соли 1987 аз тарафи Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти химиявии канданиҳои сӯзандаи шаҳри Свердловски Федератсияи Россия муайян шуда буд. Ангишти Назарайлоқ антратситҳои камхокистар ва майдадона буда, дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ҳамто надорад ва барои истеҳсоли маҳсулоти ангиштдори баландсифат ашёи хоми технологӣ ба ҳисоб меравад.

Кони ангишти Миёнаду 46 км дуртар аз шимолу шарқии маркази ноҳияи Сангвор, дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Пётри I ҷойгир шуда, аз 7 қабати ангишт иборат аст, ки захираи геологии он 635 млн. тонна мебошад.

 Кони сиенити нифелинии Турпӣ, ки дар водии дарёи Ясмани ноҳияи Рашт воқеъ аст, дар оянда пойгоҳи боэътимоди ашёи хоми саноати алюминӣ дар ҷумҳурӣ шуда метавонад.

Дар ҳавзаи дарёи Ярхич ва дар нишебии шарқӣ, шимолу шарқии қаторкӯҳи Пётри I маъдани оҳан, магнитит ва маъдани абрақдор ёфт шудааст.

Минтақаҳои асосии тилло дар ноҳия ҳавзаи дарёи Муғсу, болооби дарёи Оби Хингоб, қаторкӯҳи Пётри I ва Дарвоз ба ҳисоб мераванд. Дар қисмати шарқии қаторкӯҳи Пётри I маъдани мис, сулфит ва пайвастагиҳои оксид, инчунин, мис дар ҳавзаи дарёи Ярхич ва нишебии дарёи Оби Хингоб дар ағбаи Ёфуч мавҷуд аст.

Дар солҳои ҳокимияти шуравӣ, баъд аз сохтмони роҳи автомобилгард, иқтисодиёти ноҳия босуръат боло рафт. Аҳолӣ асосан ба деҳқонӣ ва чорводорӣ машғул мебошад. Шароити табиӣ ва иқлим, инчунин, мавҷудияти қувваи корӣ ба инкишофи картошкапарварӣ (ҳосилнокиаш 300 с/га), боғдорӣ ва ғаллакории лалмӣ мусоидат мекунад. Ҳоло ноҳияи иқтисодии Рашт дар ҷумҳурӣ яке аз истеҳсолкунандагони асосии картошка мебошад.

Солҳои охир дар ноҳия ба боғдорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Меваҷоти ин ҷо хеле хуштаъманд, хусусан себу нок. Барои мисол, дар хоҷагии «50-солагии Тоҷикистон»-и ноҳияи Рашт дар 800 гектар нишебии талу теппаҳо зинабоғ бунёд шудааст, ки ҳосилнокии боғҳои нав 180-200 с/га-ро ташкил медиҳад.

Дар нишебии кӯҳ ва водиҳо дарахтони худрӯй: себ, бодом, чормағз ва олуча низ вомехӯранд. Солҳои охир кирмакпарварӣ низ ба соҳаи пешқадам табдил ёфта, хоҷагиҳои ноҳия аз кирмак даромади зиёд мегиранд. Саноати ноҳияро корхонаҳои хурди сабуку хӯрокворӣ ташкил мекунанд.

 Соли 2012 дар ноҳия 7 корхонаи саноатӣ, маркази ҷамъоварии пӯсти чорвои калону хурд ва 3 неругоҳи барқи обии хурд ба истифода дода шуд.

 Дар маҷмӯъ, истифодаи самараноки имконияти ноҳияи Рашт рушди беш аз пеши иқтисодиёти ҷумҳуриро таҳрик мебахшад.

Ҳ. МАҶИДОВ,

Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Х. АМИНОВ,

ассистенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

С. Замонова,

ассистенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон