Ҳар як миллат ба неруи ақлонӣ ниёз дорад ва кишварҳое, ки аз ин неру ба хубӣ баҳраманд мегарданд, дар тамоми соҳаҳо ба муваффақият ноил мешаванд. Олимону донишмандон дар ҷомеа ҳамеша пешоҳанг ва бунёдкор маҳсуб меёбанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ доир ба соҳаи маориф ва моҳияти он чунин таъкид намуданд: «Ягон кишвари олам бе маориф рушд карда наметавонад» ва пешниҳод намуданд, ки «солҳои 2020 – 2040 бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда шавад».
Доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулхӯҷа Ҷангибеков аз ҷумлаи онҳоест, ки аз нахустин рӯзҳои ба олами илм ворид шудан собитқадамона дар пешбурди илми риёзии тоҷик саҳм гузоштааст. Мавсуф 2 феврали соли 1950 дар деҳаи Намадгути ноҳияи Ишкошим чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Таҳсилро дар мактаби миёнаи деҳаи худ оғоз намуда, соли 1962 дар мактаб – интернати № 2 — и шаҳри Душанбе идома додааст. Соли 1966 ба Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1967 дар Донишгоҳи давлатии Воронеж таҳсилро идома додааст. Соли 1971, баъди хатми донишгоҳ, дар Институти математикаи АИ ҶТ ба кор шурӯъ менамояд ва аввал, ба сифати лаборанти калон, баъдан ходими калони илмӣ, мудири шуъба ва котиби илмии пажӯҳишгоҳи мазкур фаъолият мекунад.
Солҳои 1973 – 1976 дар аспирантураи АИ ҶТ таҳсил ва таҳти роҳбарии яке аз машҳуртарин риёзидони Иттиҳоди Шӯравӣ, академики АИ ҶТ, профессор Л. Г. Михайлов рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Солҳои 1992 – 2002 дар вазифаҳои мудири кафедра ва муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи давлатии Хоруғ фаъолият кардааст. Солҳои 2002 – 2005 мудири кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалии ДМТ, 2005 – 2012 ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ буд. Аз соли 2012 профессори кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалии ДМТ мебошад.
Мавсуф соли 1993 дар Институти математикаи АИ Ҷумҳурии Гурҷистон рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Бо кӯшиши қаҳрамони матлаб бахшҳои мураккаб ва муҳимтарини илми математика, ба монанди назарияи ҷудошавии операторҳои интегралӣ, дар кишвари мо такмил ёфт. Ин нуктаро низ таъкид кардан бамаврид аст, ки Г. Ҷангибеков аз соли 1980 узви Ҷамъияти математикҳои Амрико мебошад.
Номбурда аз шахсиятҳои бузурге чун академики АИ ҶТ, профессор А. Ҷӯраев, академики АИ ҶТ, профессор, риёзидони сатҳи ҷаҳонӣ К. Бойматов сабақ омӯхтааст. Ҳамчунин, устодони ғамхору сахтгир — академикҳои АИ Федератсияи Россия М. Николский, А. Илин, Р. Дудучави Гулхӯҷаи ҷавон ва ташнаи илму донишро роҳнамоӣ ва ба фатҳи қуллаҳои баланди илмӣ ҳидоят намудаанд. Г. Ҷангибеков дар корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ низ хеле фаъол аст. Солҳои 2005 — 2015 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Саҳми ӯ дар тарбияи насли наврас хеле назаррас аст. Таҳти роҳбариаш ҳафт нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд. Илова бар ин, ашхоси зиёде бо маслиҳат ва роҳнамоии ин олими варзида дар соҳаи илм комёб шуданд. Даҳҳо нафари дигар таҳти роҳбарии эшон ба кори илмӣ машғуланд. Маҳсули эҷодии ин марди хоксор ва донишманд аз се китоби дарсӣ ва зиёда аз 160 мақолаи илмӣ иборат мебошад.
Вобаста ба фаъолияти илмии Г. Ҷангибеков 29 январи соли равон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши олимон баргузор мегардад. Дар он намояндагон аз Федератсияи Россия, Қазоқистон, Гурҷистон, Ӯзбекистон ва мамолики дигар ширкат меварзанд. Баргузории чорабинии мавриди назар аз он шаҳодат медиҳад, ки Г. Ҷангибековро ҳамчун олими пуркор дар аксари кишварҳои собиқ шӯравӣ мешиносанду қадр мекунанд.
Н. УСМОНОВ, профессор, Р. МУСТАФОҚУЛОВ, профессор, А. ДАДАБОЕВ, дотсент