Норасоии омӯзгорон кай рафъ мешавад?

№63 (4646) 12.05.2023

Икром Субхонзода — копияМусоҳиба бо директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода

- Вазъи соҳаи маориф чӣ гуна аст ва рушди устувори ин соҳаи муҳимро чӣ тавр таъмин кардан мумкин?

- Ба аҳли ҷомеа маълум аст, ки дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф самти афзалиятнок аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои рушду нумӯи ин соҳаи ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, пайваста дастуру супоришҳо медиҳанд. Дар даврони соҳи­б­истиқлолӣ соҳаи маориф ва илм ба дастовард ва комёбиву пешравиҳои бесобиқа ноил гардид.

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти ташкилотҳои илмӣ, самаранокии тат­биқи таҳқиқоти илмӣ-техникӣ, тайёр намудани мутахассисон ва кадрҳои илмиро, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ назорат карда, ба таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши хонандагону донишҷӯён, докторантон, тайёр намудани мутахассисон ва дигар самтҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ баҳо медиҳад.

Зимни натиҷагирӣ маълум гардид, ки дар заминаи ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат дар соҳа пешравиҳои назарррас ба амал омада истодааст. Бунёд, таъмиру тармими мактабҳо, таҷҳизонидани онҳо бо маводи зарурии хониш, нашри китобҳои дарсӣ, таъсиси муассисаҳои таълимии типи нав, ҷорӣ намудани усулҳои муосир ва пешрафтаи таълим аз ҳамин ҷумлаанд. Маблағгузории соҳаи маориф панҷяки буҷети мамлакатро дар бар мегирад. Соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё 12,6 фоиз зиёд буда, 19 фоизи хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.

Воқеан ҳам дар даврони соҳиб­истиқлолӣ, ҳар сол шумораи муассисаҳои таълимӣ меафзоянд, биноҳои нави таълимии замонавӣ ба истифода дода мешаванд. Шоҳид ҳастем, ки Пешвои миллат дар ҳама сафарҳои хеш ба минтақаҳои кишвар беш аз ҳама аз муассисаҳои таълимӣ боздид ба амал меоранд ва ба фаъолияти муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ оғоз мебахшанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Сиёсатмадоре, ки дари мактабро мекушояд, дари ҳабс­хонаро мебандад».

Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр гардид: «Дар 31 соли истиқлолияти давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд».

Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли 1991 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод ва афзоиши хонандагон дар ин давра 975 ҳазор нафар аст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд: «Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии Давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳими низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем».

- Зимни нишасти матбуотӣ, ки чанде пеш баргузор гардид, шумо аз ҳуҷҷатҳои қалбакии таҳсилоти давлатҳои хориҷа ва ба талабот ҷавобгӯ набудани баъзе муассисаҳои таълимӣ нигаронӣ кардед. Хоҳишмандам ин масъалаҳоро тавзеҳ диҳед.

- Соли 2022 иҷозатномаи 15 муассисаи таълимӣ, ки ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мувофиқат намекарданд, тибқи дархости муассисон дар асоси қарори ҷаласаи ҳайати мушовара бозхонд шуд.

Соли гузашта 972 ҳуҷҷат барои баробар­арзишӣ ва эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилоти давлатҳои хориҷӣ ворид гардида, 1800 ҳуҷҷат (716 ҳуҷҷат аз қабули соли 2021) бо фармоиши директори агентӣ эътироф ва баробарарзиш шуданд. Зимни гузаронидани ташхиси ҳуҷҷатҳои таҳсилоти давлатҳои хориҷӣ, ки барои эътироф ва муайян намудани баробарарзишӣ пешниҳод гардида буданд, 11 ҳуҷҷати қалбакӣ ошкор гардид ва тибқи талаботи муқарраргардида ба мақомоти дахлдори давлатӣ барои чораҷӯӣ пешниҳод гардид.

- Бо вуҷуди он ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ҳар сол мутахассисони зиёди соҳаи маориф омода мешавад, вале на ҳамаи онҳо барои кор ба муассисаҳои таълимӣ мераванд. Чаро?

- Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикис­тон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикис­тон ба номи С. Улуғзода, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М. Турсунзода, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт мутахассисони равияи омӯзгориро омода мекунанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ доранд, дар доираи нақшаҳои пешбинишуда амалӣ намешавад. Қисме аз хатмкардагони равияи омӯзгорӣ бе сабаб ва қисми дигар бо сабабҳои таҳсил дар зинаи магистратура, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, баргардонидани маблағи таҳсил, дипломи аъло, ба шавҳар баромадан, рухсатии ҳомиладорӣ ва нигоҳубини кӯдак ба ҷои кор ҳозир нашудаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ихтисос ва равияҳои омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишварро ба ҳисоби миёна ҳар сол 21 ҳазор нафар хатм мекунанд, ки аз ин шумора 8,5-9 ҳазор нафарашон хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷетӣ мебошанд. Сафарбарнамоии хатмкунандагон ва назорати ба ҷои кор ҳозиршавии онҳо метавонад пурра норасоии кадрҳои омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти умумии кишварро бартараф намояд.

- Дар рафти назорат камбудиҳо ошкор мешаванд. Барои рафъи онҳо чӣ корҳоро анҷом додан зарур аст?

- Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаб­бус ва дастгириҳои Пешвои миллат соҳаи маориф ба муваффақиятҳои беназир ноил гардида, иншооти зиёди таълимӣ, аз ҷумла мактабҳои президентӣ, гимназия, литсей, муассисаҳои нави таълимии таъмин бо заминаи моддӣ-техникӣ, озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ, толорҳои варзишию фарҳангӣ ва китобхонаҳои электронӣ сохта шуданд. Дар ин давра, китобҳои дарсӣ бо мазмуни нав дар заминаи арзишҳои миллӣ ва байналмилалӣ, бо назардошти дастовардҳои илми муосир таҳия ва даст­раси хонандагон гардиданд. Бо муҳайё намудани шароити мусоид дастовардҳои хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ зиёд гардидааст. Илова бар ин, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ислоҳот гузаронида шуда, маблағгузории соҳа ва музди меҳнати омӯзгорон давра ба давра зиёд гардид.

Дар баробари ин, мушкилот ва камбудиҳое ҷой доранд, ки ҳалли саривақтии онҳо барои рушди бонизоми соҳаи маориф муҳим арзёбӣ мегардад.

Барои омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва табиӣ-риёзӣ дар ҷумҳурӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2019 «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми январи соли 2020 солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидааст. Тибқи талаботи санадҳои мазкур, бояд кадрҳои омӯзгорӣ аз ин фанҳо омода ва норасоии кадрӣ пурра бартараф карда шуда, омӯзиши ин фанҳо тибқи талабот ба роҳ монда шавад.

Инчунин, маводи иловагии таълимӣ, аз қабили китобҳои дарсии алтернативӣ, хрестоматияҳо, дарс­ҳои видеоию телевизионӣ, маҷмӯи мисолу масъалаҳо аз фанҳои табиӣ-риёзӣ, маводи илмӣ-методӣ, энсиклопедияҳои илмии бачагона аз фанҳои гуногуни таълимӣ ба хонандагон ­дастрас шавад. Барои ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба равияҳои омӯзгорӣ зарур аст, ки пайваста бо хонандагон вохӯрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии равияи омӯзгоридошта доир шуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо мутахассисони аз имтиёзҳои тибқи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми майи соли 2006 таҳти №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» муқарраргардида баҳравар шаванд.

Дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизионӣ оид ба фаъолияти омӯзгорони пешқадам ва навовар барномаҳо ташкил карда, тарғибу ташвиқ ва паҳн намудани таҷрибаи чунин омӯзгоронро аз тариқи воситаҳои ахбори омма ба роҳ монда, нақшаи дурнамо (5-10 — сола) таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ, бо назардошти афзоиши аҳолӣ (ҳамасола зиёд гардидани хонандагони синфи 1) тасдиқ шавад.

Дар муассисаҳои таълимӣ равоншиносони касбӣ бояд фаъолият кунанд, кормандони методии раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо фаъолтар бошанд, фаъолияти эҷодии омӯзгорон бояд такмил дода шавад, онҳо ба дарсҳои ҳамдигар иштирок карда, таҷрибаи пешқадамро мавриди омӯзиш қарор диҳанд. Ҷавобгӯ набудани маҳорату касбияти баъзе роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, зиёд будани санҷишҳои ғайринақшавии ҷараёни таълим, ба талаботи замон ҷавобгӯ набудани сатҳи касбии бархе аз омӯзгорон ва худомӯзии онҳо монеи сифатнок роҳандозӣ шудани таълиму тарбия мегарданд.

Барои таъмини рушди устувори ин соҳаи калидӣ ва афзалиятнок бояд масъулини соҳа дастуру супоришҳо ва таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор диҳанд.

Мусоҳиб Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»