Нусхаи хаттии «Девон»-и Ҳофиз харидорӣ шуд

№89 (4195) 23.07.2020

КитобМуассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» нусхаи хаттии «Девон» — и Ҳофизи Шерозиро харидорӣ намуд.

Шоири ғазалсарои форсу тоҷик Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ аз ҷумлаи адибон, мутафаккирони барҷаста ва оламшумулест, ки осори гаронбаҳояш дар ганҷинаи адабиёти ҷаҳонӣ ҷой гардидааст ва ӯ ҳамчун бузургтарин шоири классик шинохта шудааст. Аз қадим дар хонадони ҳар тоҷик осори Ҳофизи Шерозиро чун гавҳараки чашм нигоҳ медоштанд, ҳатто девони шоири лисонулғайбро бо нияти нек дар гаҳвора, зери болини кӯдак мегузоштанд

- Нусхаи «Девон» — и Ҳофизи Шерозӣ бо хатти настаълиқ дар асри XVII навишта шудааст, аз нигоҳи илми нусхашиносӣ арзиши баланд дорад, — мегӯяд корманди илмии шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашри МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» М.  Бойматова.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»