Об сарвати бузурги кишвари мост

№98 (4518) 08.08.2022

58ca43f9f7f4aec7f5c4fcee1d009cd1Об ҳастии ҳаёт аст. Тоҷикистон ба хотири табиату иқлим ва обҳои софу зулолаш дар миқёси ҷаҳон шуҳратманд гардидааст. Бо ин мақсад, бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон давраи дуюми Форуми байналмилалии умумиҷаҳонии «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар миқёси ҷаҳон баргузор гардид.

Тақрибан 70 дарсади кураи Заминро об ташкил медиҳад, аммо аз ин миқдор танҳо 2 фоиз ҳаҷми оби тоза барои истеъмоли инсон истифода бурда мешаваду халос. Гузашта аз он дар шароити кунунӣ дар ҷаҳон тақрибан 1,2 млрд. сокини сайёра аз норасоии оби ошомиданӣ азият мекашанд. Тоҷикис­тон аз рӯи захираҳои об дар ҷаҳон ҷои 6-умро ишғол менамояд. Ин сарвати бебаҳои давлати Тоҷикистон мебошад.

Об, инчунин, таконбахши рушди иқтисодии ҳар як давлати мутамаддин ба ҳисоб меравад. Алалхусус он қувваи азими ба ҳаракат даровардани неругоҳи барқи обӣ буда, ин хусусияти об дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дучанд мебошад, зеро 98 дарсади неруи барқи кишварамон  дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Ҳалли ин масъалаи ниҳоят заруру мураккаб, яъне таъмини об, хеле маблағталаб буда, давраи шӯравӣ лоиҳаи гузаронидани оби дарёи Енисеи Сибир ба Осиёи  Миёна ба нақша гирифта шуда буд. Аммо аз сабаби ҳангуфт будани маб­лағи сармоягузорӣ ин масъалаи хеле муҳим ҳаллу фасл нагардид.

Асоси захираҳои оби Тоҷикистонро пиряхҳо ва дарёҳои тоза ташкил менамояд. Тибқи хулосаҳои муҳаққиқон, дар Тоҷикистон қариб 14 ҳазор пирях ва 950 дарёи хурду калон мавҷуд аст, ки ин захираи табиӣ дар баробари таъмин намудани талаботи аҳолии кишвар, инчунин омили асосии рушди соҳаи энергетика  ва кишоварзӣ мебошад.

Дар кӯлҳои Тоҷикистон зиёда аз 46,5 км3 об буда, аз ин миқдор 20,5 метри мука­а­башро оби нӯшокӣ ташкил медиҳад.

Ҳоло дар миқёси ҷаҳон зиёда аз 3,5 млрд. нафар аз хизматрасониҳои зарурии беҳдошт ва ҳудуди 2,3 млрд. нафар аз шароити одии гигиенӣ баҳравар нестанд. Ҳар сол қариб ним миллион нафар аз бемориҳои сироятии марбут ба об ба ҳалокат мерасанд. Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз доштанд, ки талабот ба об дар оянда боз афзоиш хоҳад ёфт. Тибқи маълумоти оморӣ, шумораи аҳолии ҷаҳон то соли 2050 тақрибан  ба 9 млрд. нафар афзоиш меёбад, ки ин боиси афзоиши чандинкаратаи талабот ба об хоҳад гардид.

Аз ин рӯ, сокинони сайёраро зарур аст, ки обро сарфакорона истифода бурда, ба ифлосшавии манбаъҳои об роҳ надиҳанд, зеро беэъти­ноӣ ва беҳурматӣ нисбат ба ин неъмати бузург боиси сар задани бемориҳои сирояткунанда, офатҳои табиӣ ва дигар бадбахтиҳо  мегардад.

Шайқул ҲАМРОҚУЛОВ,

устоди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент