Дар рафи китобҳоям дар баробари маҷмӯаҳои «Парасту», «Лолаҳои кӯҳсор», «Пайки истиқлол», «Маром ва мақоми намоянда», «Дар коргоҳи қонун», «Рӯзноманигорӣ ватандорист» ва «100 инсони бузургтарин», ки дар саҳифаҳояшон очерк, мусоҳиба, мақола ва тарҷумаҳои нависанда ва журналисти шинохта Қурбон Мадалиев ба табъ расидаанд, боз як китоби тозаэҷоди номбурда «Устод Улуғзода ва ҳамдиёрони ӯ» (Душанбе, «Русская литература», 2016, 256 саҳ.) ҷой гирифт.
Китоби нав очерку суҳбатҳо, хотирот ва андешаҳои публитсистиро дар бар гирифта, дар бораи устоди сухан Сотим Улуғзода, ҳамдиёрону зодгоҳаш — деҳаи Варзики шаҳри Чусти вилояти Намангон Ҷумҳурии Ӯзбекистон маълумот медиҳад.
Бо муаллифи китоб Қурбон Мадалиев дар рӯзномаи «Садои мардум» (солҳои 1991-2006) ҳамкор будам. Азбаски рӯзноманигори ҷавон будам, барои пурсидани ин ё он масъала ба устодон Фотеҳ Абдуллоҳ, Бахтиёр Муртазоев, Умриқул Ҳақбердиев (рӯҳаш шод бод!), Ғанӣ Ҷӯразода ва Қурбон Мадалиев муроҷиат мекардам. Он солҳо ӯ ҳам ҷавон буд, аммо дар соҳаи журналистика таҷрибаи кофӣ дошт. Зеро дар рӯзномаҳои бонуфузи «Тоҷикистони советӣ» ва «Комсомоли Тоҷикистон» кор карда, бо журналистони шинохта Абдулло Зокир, Додоҷон Раҷабӣ, Бобо Расулзода, Бахтиёр Муртазоев, Нурмуҳаммад Табаров, Мутеъулло Наҷмиддинов, Мазҳабшо Муҳаббатшоев ва дигарон ҳамнишин буд.
Акнун вақти он расидааст, ки таҷрибаи тӯли солҳо андӯхтаашро ба шакли китоб пешкаши хонандагон гардонад. Китоби «Устод Улуғзода ва ҳамдиёрони ӯ» аз ин силсила мебошад.
Сотим Улуғзода дар деҳаи тоҷикнишини Варзики вилояти Намангон ба дунё омада, бо шарофати китоби «Субҳи ҷавонии мо» ҳанӯз аз овони наврасӣ бо варзикиён ғоибона шинос будем. Баъдҳо дарк кардем, ки аз байни варзикиён шахсиятҳои шинохта дар пешрафти ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳми назаррас доранд.
Чун Қурбон Мадалиев донандаи таърихи варзикиён чӣ дар Ӯзбекистон ва чӣ ҷумҳурии мо маҳсуб мешавад, ин маълумот оқибат ба шакли китоб чоп шуд. Тавассути китоб хонанда метавонад ба ҳаёти нахустин муҳоҷирони варзикӣ, ки водии Ҳисор ва даштҳои ташналаби водии Вахшро макони зисти худ интихоб карданд, ошно шаванд.
Китоби «Устод Улуғзода ва ҳамдиёрони ӯ»-ро метавон таърихномаи варзикиёни тоҷикистонӣ номид. Муаллиф бо факту рақамҳои мушаххас дар бораи варзикиён аз солҳои сиюми асри XX то имрӯз ҳикоят мекунад. Муҳоҷиршавӣ, сохтмони ҳаёти нави сотсиалистӣ, ташкили нахустин колхозҳо, эҳёи заминҳои солиён бекорхобида, иштирок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳаёти баъдиҷангӣ, ҳаёти хушу хуррами даврони советӣ ва шахсиятҳои шинохта муҳтавои китобро дар бар мегирад. Онро метавон чун намунаи ибрат ба муҳоҷироне, ки дар даврони истиқлолият пешкаш кард. Зеро муҳоҷирони варзикӣ кай ба Тоҷикистон кӯчида омада, дар кадом шароит кору зиндагӣ кардаанду муҳоҷирони имрӯзаи дохилии мо дар кадом шароит? Мутаассифона, муҳоҷирони имрӯза ба ҳамаи шароитҳои дурусти кору зиндагӣ нигоҳ накарда, як қисмашон бозпас баргаштанд ё ба Федератсияи Россия рафтанд.
Тавре аз китоб дарёфтем, ҳанӯз соли 1935 занҳои ҷасур Тӯхтахон Зиёева, Малоҳатхон Зиёева, Равшанбибӣ Тӯйчиева дар баробари мардон дар саҳро кор карда, заминҳои пахтаро об монда, нигоҳубин мекарданд.
Ибтидои солҳои шастум аз Ҷамоати деҳоти «Меҳнатобод» собиқ ноҳияи Октябр (ҳоло ноҳияи Бохтар) чор ҷавондухтар Ибодатхон Маҳмадалиева, Тоҷигул Тӯйчиева, Тоҷинисо Қодиралиева ва Мукаррам Эркинбоева нахустин шуда, ба шаҳри Душанбе, ба хондан омаданд. Ин духтарон ба ояндагон роҳ кушоданд ва аз байни бонувон шахсиятҳои шинохта ба воя расиданд. Инҳо Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Уғулой Қаҳҳорова, атласбофи шуҳратманд, дорандаи ордени Ленин ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи саноат Бозорой Аҳмадова, ходими ҳизбию давлатӣ Лутфинисо Иномова, устоди Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Файзинисо Иномова, номзадҳои илм Матлуба Исмоилова, Тоҷинисо Турсунова, Манзура Азизова ва дигарон мебошанд.
Хонандаи китоб метавонад дар бораи роҳи тайнамудаи ходими шинохтаи ҳизбӣ ва давлатӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Ваҳҳобҷон Иномов, Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон Солеҳҷон Турғунов, қарокулпарвар, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дорандаи ордени Ленин Мамадалӣ Имомалиев, мелиоратори шинохта, собиқ муовини вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунбой Абдуҷабборов, нависандаҳо ва журналистони шинохта Мутеъулло Наҷмиддинов, Ҳабибулло Имодӣ, Мирзомаҳмуд Мирбобоев, олимони шинохта доктори илми физикаю риёзӣ Шарофиддин Тӯйчиев, доктори илми фалсафа Расулҷон Солиҷонов, номзадҳои илм Ҷамолхон. Ҷалолхон ва Камолхон Мурувватовҳо, Замонҷон Қурбонов, Хурсандой Эркинбоев, мутриби чирадаст, Корманди шоистаи Тоҷикистон Носирҷон Азизов очерку мақолаҳои ҷолибро мутолиа намояд.
Бар замми ин, китоби нав дар бораи паҳлуҳои то кунун норӯшани устод Сотим Улуғзода низ далелҳои фаровоне дорад. Ин маълумотҳо метавонанд, дар улуғзодашиносӣ саҳифаҳои наверо боз кунанд. Дар маҷмӯъ, ба василаи ин китоб деҳаи Варзик, симои нуронии С. Улуғзода ва корномаи ҳамдиёронаш дар назари мо боз ҳам равшантар гардид ва меҳри мо ба бародарони варзикӣ дар симои журналисти шинохта Қурбон Мадалиев дучанд шуд.
Шоир Шафоати Назар дар сифати ҳамкасби мо хеле бамаврид гуфтааст:
Гарчӣ ба сухан кам не, ҳақиқатпеша,
Аммо ту дар ин раҳ дигарӣ, эй Қурбон.
Одамгариат мактаби омӯзиш аст,
Соҳибназарӣ, тоҷи сарӣ, эй Қурбон.
Тиллои НЕКҚАДАМ,
«Садои мардум»