(Андешаҳо оид ба китоби доктори илмҳои сиёсӣ, профессор С.Ятимов «Идеология ва манфиати миллӣ», Душанбе, соли 2014)
Дар асоси методологӣ асарро фаҳмиши тараққиёти ҷамъият ҳамчун протсесси табиии таърихӣ ташкил мекунад. Идеология ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ тибқи ҳамин қонун ба вуҷуд меояд, тағйир меёбад ва тараққӣ мекунад. «Идеология ҳамчун воқеияти ҷамъиятӣ, сарфи назар аз хоҳиш ва шуури одамон, зуҳур мекунад. Идеологияи сиёсӣ ҳамчун як дараҷаи ратсионалии ҳастии сиёсӣ ба асоси материалии худ мутобиқат намекунад,- менависад муаллиф. Дар муҳокима ва мулоҳизаҳои овардашуда дар назар дошта мешавад, ки дониши ҳиссӣ ва дониши ратсионалӣ инъикоси субъективии олами объективӣ мебошад. Ва идеологияи ҷамъиятиро низ бояд бо дарназардошти ин таълимоти гносеологӣ маънидод кунем. Инро дар назар дошта, муаллиф дуруст ва бамаврид таъкид мекунад, ки «дар сатҳи идеологӣ шуур метавонад муддаии бештар таҳриф намудани воқеияти объективӣ ҷой дошта бошад».
Дарвоқеъ, ҳама гуна идеология мақсади тасхир кардани дилҳоро дорад ва идеология ҳамон вақт ба қувваи материалӣ табдил меёбад, ки оммаро фаро гирифта тавонад. Омма зери парчами ҳизби сиёсие муттаҳид мешавад, ки манфиатҳои рӯзмарраи ӯро ифода ва ҳимоя карда тавонад.
Вобаста ба ин масъала муаллиф фикри ҷолиберо баён мекунад, ки «қудрати ҳар миллат ва ояндаи он ба сифати ақл ва фикрронии ҳамон миллат вобастагӣ дорад».
Мафҳуми идеологияро дар ҳамин самт маънидод карда, дар бораи «табиати идеология» хотирнишон мекунад, ки «мо бештар ба таълифи идеология ҳамчун маҷмуи мулоҳизот ғоя ва назарияҳо: сиёсӣ, ҳуқуқӣ, динӣ ва эстетикиву фалсафӣ муттақид ҳастем». Ба ин таъриф лаҳзаи муҳимеро, ки аҳамияти назариявӣ ва амалӣ дорад меафзояд, ки «таъбиркунандаи» воқеияти объективӣ аз мавқеи манофеи гурӯҳҳои сиёсӣ, синфҳо ва афроди ҷудогона мебошад.
Муаллиф дар бораи тафовути идеология аз дигар шаклҳои шуури ҷамъиятӣ сухан ронда, ба хулоса меояд, ки он нисбат ба дигар шаклҳои шуури ҷамъиятӣ ихтилофангезтар, моҷароангезтар мебошад ва асоси ин моҷаро ва ихтилоф он аст, ки «одамон аз лиҳози манфиати онҳо ба олам назар мекунанд» ва дар ин маврид барои тасдиқи фикраш аз Арасту иқтибоси бамавқеъ меоварад: «донистани факт аз дониши ангезашудаи факт тафовут дорад».
Дарвоқеъ, ҳар кас мувофиқи мафкурааш ё худ идеологияаш далеле меорад, ки он фикри ӯро тақвият мебахшад. Бинобар ин, асос на факт, балки ангезандаи он аст, ки боиси ба миён омадани факт ва муҳокимаи он мегардад.
Дар давоми ин муҳокима дар бораи факт ва ангезиши он масъалаи идеологияи илмӣ ба миён меояд. Идеологияи илмиро муаллиф ҳамчун ҳақиқати объективӣ шуморида афзудааст: «идеология дониши объективӣ, пурра ва системанок мебошад… аз рӯи ин тавсия идеология шакли инъикоси олами объективӣ буда, аз ин ҷиҳат илмист».
Идеология манфиати ин ё он гурӯҳ, ин ё он синф, ин ё он ҷамъиятро ифода карда, илмӣ ва ё ғайриилмӣ мешавад. Аз рӯи ақидаи муаллиф илмӣ ва ё илмӣ набудани он вобаста ба мақсадҳои субъекти таърихӣ ва манфиатҳои таърихӣ мебошад.
Минбаъд ӯ ин фикрашро давом дода менависад: «мафҳуми идеология, агар он илмӣ бошад, ба мафҳуми ҳақиқат пайвастагии зич дорад. Ҳама гуна идеология, сарфи назар аз мавқеву мақомаш ҳақиқӣ будан ва ё ҳақиқӣ набуданаш даъво дорад, ки ӯ ҳақиқат аст». Вале меъёри илмӣ будани идеология, зикр мекунад муаллиф, дар дуруст инъикос кардани ҳақиқати объективист. Агар идеология ҳақиқати объективиро инъикос кунад, он гоҳ метавонад ба манфиатҳои миллӣ ҷавобгӯй бошад.
Дар боби «манфиати миллӣ ва идеология» сухан ронда, муаллиф таври возеҳ ба ҳам омадани манфиати миллӣ ва идеологияро манзури назари хонанда мегардонад. Ӯ дар асоси иқтибосҳо аз сарчашмаҳои хориҷӣ ва ватанӣ ва таҳлили онҳо ба хулосае меояд, ки: «консепсияҳои ба худ хос ва бағоят универсалӣ, ки барои давлат ҳаётан муҳим мебошанд, ба монанди худмуҳофизаткунӣ, мустақилият, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, амнияти ҳарбӣ ва шароити хуби иқтисодӣ мебошанд». Бар он сабаб, ки ҳеҷ кадом аз мафҳумҳои зикрёфта наметавонанд истисно ва ё дар алоҳидагӣ бартарӣ дошта бошанд, дар маҷмӯъ онҳоро ба таъбири «манфиати миллӣ» ифода мекунанд.
Дар таҳлили мафҳуми идеология муаллиф назари васеъ ва чуқур дошта, манфиатҳои дигар миллатҳоро низ ба эътибор гирифта, хотирнишон мекунад, ки идеологияи илмӣ ва воқеъбинона аз манфиати дигар миллатҳо сарфи назар намекунад ва манфиати онҳоро низ ба ҳисоб мегирад.
Дар ҳамин самт ба таҳлили таносуби идеология ва геополитика гузашта менависад, ки: «барои ҳар миллат он ҳолатеро метавон фоҷиабор ҳисобид, ки манфиатҳои бозигарони минтақавӣ ва ё геополитикӣ ба мақсадҳои ғаразноки шахсиятҳо ва гурӯҳҳои дохили давлатӣ мувофиқ омада, охиронҳо мекӯшанд манфиатҳои нопок ва худхоҳонаашонро ҳамчун ормонҳои миллӣ вонамуд созанд».
Бинобар ин, дар роҳи амалӣ гардонидани идеалҳо ҳама вақт пинҳон ё ошкоро мубориза давом дорад ва ҳамчунон, ки муаллиф ишорат мекунад: «барои давлат масъалаи ҷаҳонбинӣ аз лиҳози стратегӣ ҳаётан муҳим мебошад».
Дар асари мазкур дар боби таносуби дину сиёсат низ фикрҳои ҷолибе омадааст. Дар мавриди маънидод кардани дин муаллиф Ғарбу Шарқро ба якдигар муқоиса карда, ба хулосае меояд, ки: «пешравии давлатҳои ғарб дар баробари дигар омилҳо аз он вобаста аст, ки онҳо тӯли асрҳо теъдоди бузурги олимонро ба воя расонидаанд, ки на танҳо худашон аз ҳама гумроҳиҳои динӣ, хурофотӣ, мифологӣ ва ғайра, ки дар номувофиқатӣ бо воқеият, илм, материя, рушди иқтисодӣ қарор дорад, фосила мегирифтанд, балки бо ихтирооти худ оммаро аз гумроҳӣ трансендентӣ наҷот додаанд».
Дар асар, инчунин дигар тамоюлҳои мафкуравӣ ва идеологӣ таҳлил шуда, китоб метавонад ангезаи фикри солим ва ҳодии роҳи ҳақиқат бошад.
Нодир ОДИЛОВ, узви пайвастаи Академияи педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия, профессори кафедраи фанҳои гуманитарии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон