Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон

№ 16.02.2025

 Барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2025 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон менамояд.

Ҳадаф  аз таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ қадршиносии хизматҳои шоистаи олимони ҷавон дар назди ҷомеа ва давлат, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодии олимони ҷавон ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ, техникӣ, технологӣ ва инноватсионӣ мебошад.

Бояд қайд намуд, ки довталабони то 35-сола ҳуқуқи иштирок дар ин озмунро доранд. Дар озмуни мазкур натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникие, ки дар номгӯи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд, инчунин, коркарди намунаи техникаи нав ва технологияҳои инноватсионие, ки иқтидори истеҳсолии ҷумҳуриро таҳким мебахшанд, афзалият дода мешавад. 

Ф. АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»