Ғолибони озмун қадрдонӣ мешаванд

№10 (4750) 19.01.2024

419887611_1928561807546290_6157876925562894896_nДар вилояти Хатлон 150 ғолиби даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2024 ва 50 нафар омӯзгорони онҳо қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Бо ин мақсад аз ҳисоби буҷети вилоят барои соли 2024-ум 470 ҳазору 235 сомонӣ ҷудо гардида, ғолибони ҷойҳои якум бо мукофотпулӣ ба маблағи 5000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 3000 сомонӣ ва барандагони ҷойҳои сеюм бо 2000 сомонӣ қадрдонӣ мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор шуда, мақсади он муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»