Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 январи соли 2015 ироа гардид, меҳвари асосии суҳбати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода бо устодону донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Ин мулоқот 6 феврали соли ҷорӣ дар донишгоҳи зикргардида баргузор гардид.
Олим Салимзода, пеш аз ҳама, ин нуктаро баён кард, ки Паёми имсолаи Президенти кишвар масъалаҳои нисбатан муҳими ҷомеаро дар бар гирифта, таваҷҷуҳи аҳолиро бештар ба худ ҷалб намуд. Ба гуфти ӯ, Паёми соли гузашта дар 52 бахш тарҳрезӣ шуда буд, Паёми имсола бошад, дар 69 бахш тарҳрезӣ гардид, ки ин фарқият ва бартарияти Паёми мазкурро нишон медиҳад.
Мавсуф нақши Паёми нави Президентро дар баланд бардоштани неруи инсонӣ аз нуктаҳои асосӣ арзёбӣ карда, дар ин замина иброз дошт:
-Инсон бо тамоми арзишҳояш — ҳам аз нигоҳи ҳифзи иҷтимоӣ, ҳам аз нигоҳи таъмини сиҳатӣ ва ҳам таъмин будан бо ҷойи кор, дар Паёми имсола ҷойгузин гаштааст.
Дар робита ба сайқал додани дониши донишҷӯён вакили Маҷлиси намояндагон аҳамияти Паёми Президентро дар вусъат додани ҳамкории паркҳои техникӣ ва инноватсионии назди Академияи илмҳо бо паркҳои илмӣ — истеҳсолии донишгоҳҳо ном бурд:
-Бигзор илм бештар бо истеҳсолот омехта шавад, то тавонад як гӯшаи рӯзгори мардумро осон кунад. Дар замони муосир ривоҷ додани маҳфилҳои илмӣ-эҷодӣ, тақвият бахшидани иқдомҳои донишҷӯён ва ҳамзамон аз худ кардани забонҳои хориҷӣ аз ҷумлаи вазифаҳои асосии донишҷӯён мебошанд,- таъкид кард Олим Салимзода.
Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»