27 ноябри соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар мавзӯи «Заминаҳои бунёдии рушди инноватсионии илм ва таълим» бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» 68-умин конференсияи солонаи байналмилалии илмӣ – амалӣ баргузор гардид, ки дар он олимон ва ходимони сиёсии ватанӣ, ҳамчунин олимон аз Германия, Федератсияи Россия, ИМА, Украина, Белорусия, Қазоқистон, Озорбойҷон, Қирғизистон ва Узбекистон ба тариқи онлайн ширкат варзиданд.
Ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ зимни ҷаласаи пленарии конференсия аз ҷумла гуфт:
- Басо рамзист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд: «Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардондани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаи илму маориф мебошад»
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун муассисаи муваффақи кишвар бо дарки масъулият баҳри татбиқи супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати раванди таълиму тарбия, дар ин самт чорбиниҳои судмандро амалӣ менамояд, ки баргузории ин ҳамоиши илмӣ аз он зумра аст.
Дар барномаи конференсия 12 масъалаи актуалии вобаста ба тибби муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инчунин, дар конференсия дастовардҳои олимони маъруфи Тоҷикистон ва олимони шинохтаи кишварҳои хориҷӣ ба доираи васеи иштирокчиён пешниҳод гардида, роҷеъ ба соҳаҳои гуногуни илми тиб, технологияи муосиру инноватсионӣ дар тибби назарӣ ва клиникӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Зикр гардид, ки хулоса ва қарорҳои дар конференсия қабулшуда ба ворид намудани дастовардҳои олимони ҷаҳонӣ ва ватанӣ ба амалияи илми тиб, пешрафти соҳаи тандурустӣ ва солимгардонии ҷомеа мусоидат карда, чорабинӣ боиси густариши равобити илмию амалии олимони ҷавон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои гуногун мегардад.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»