Шарҳи қонун

Омӯзгор ва қонунгузорӣ. Аз ҳуқуқу уҳдадорӣ то имтиёз

№8 (4270) 21.01.2021

Мусаллам аст, ки агар санади меъёрии ҳуқуқӣ бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои ҳар чӣ бештари сокинони мамлакат, коршиносон, мутахассисон қабул карда шавад,  сифати он боло меравад. Инчунин, ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, рушди ҷомеа, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими давлати ҳуқуқбунёду демократӣ бештару беҳтар мусоидат менамояд.

 Ҳуқуқэҷодкунӣ, чунон ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» шарҳ дода шудааст, фаъолияти расмии субъекти ҳуқуқэҷодкунанда оид ба таҳия, қабул, интишор ва қатъи амали санади меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Марҳилаи таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул, интишор ва қатъи амали он, яъне беэътибор донистани санади меъёрии ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро ташкил медиҳанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» намунаи барҷастаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ маҳсуб меёбад.

Тибқи муқаррароти моддаи 49-уми он, фаъолияти омӯзгорӣ аз муносибати маҷмӯӣ ба таълим ва тарбия, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои таълимгирандагон, риояи принсипҳои умумибашарии ахлоқ ва арзишҳои маънавӣ, тарбияи таълимгирандагон дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан ва арзишҳои милливу умумибашарӣ, риояи принсипи муттасилии таҳсилот, муносибати эҷодӣ ба интихоби шакл ва усулҳои фаъолияти омӯзгорӣ таркиб ёфтааст.

 Ҳуқуқҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар моддаи 50-уми  қонун пешбинӣ шуда,тибқи он, ашхоси мавриди назар ҳуқуқ доранд, ки шаъну шарафи касбиро ҳифз намоянд, фаъолияти касбӣ, такмили ихтисос ва  бозомӯзиро таҳким бахшанд, барои мутолиа ва рушди маҳорати касбӣ шароит муҳайё намоянд.

 Муқаррароти моддаи 51-уми  қонуни фавқ фарогири  уҳдадорӣ ва масъулияти кормандони соҳа аст. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар раванди таълиму тарбия уҳдадоранд, ки оиннома, қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таълимиро риоя намоянд, сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, маҳорат ва малакаи касбиро такмил диҳанд, азхудкунии барномаҳои таълимию илмиро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот аз таълимгирандагон талаб намоянд, дарсҳои назариявӣ, амалӣ, таҷрибавӣ, истеҳсолӣ ва дигар намуди дарсҳо ва машғулиятҳоеро, ки барномаҳои таълимӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, дар сатҳи баланди касбӣ гузаронанд.

Илова бар ин, бесабаб аз фаъолияти омӯзгорӣ канор нагирифтан, таълимгирандагонро аз амалҳои зӯроварии ҷисмонию равонӣ ҳифз намудан, барои пешгирии истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку ва маводи сахттаъсир бурдани корҳои таблиғотӣ, аз доираи мавзӯе, ки барномаи таълимӣ муқаррар намудааст, берун набаромадан, дар вақти дарс аз телефони мобилӣ истифода набурдан уҳдадориҳои омӯзгор аст.

 Моддаи 52-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи маориф» -  «Ҳимояи шаъну шарафи омӯзгор» буда, тибқи муқаррароти он, шаъну шарафи омӯзгор вобаста ба мақоми касбиаш таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Аз иҷрои вазифаи касбӣ бе асосҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дур кардани омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф манъ аст. Ба фаъолияти касбии омӯзгор танҳо дар доираҳои касбӣ, тавассути шахсон ва мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи маориф дахолат карда мешавад.

 Яке аз масъалаҳои муҳим ва мавриди таваҷҷуҳ — имтиёзҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф меҳвари моддаи 53 маҳсуб мешавад. Қонунгузор муқаррар кардааст, ки муҳлати даъвати омӯзгорон ба хизмати ҳарбӣ ба таъхир гузошта шавад, ҳангоми беморӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доруворӣ ва табобати ройгон таъмин гарданд, аз хизматрасонии коммуналӣ ройгон ё аз тариқи имтиёзнок истифода баранд.

Муҳимтар аз ҳама, омӯзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилиашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд.

Тибқи муқаррароти мавҷуда, бояд ба омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, ки бори аввал хонаи истиқоматӣ месозанд, тибқи қонунгузорӣ, аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷетӣ ё ташкилотҳои қарздиҳанда қарзҳои бефоиз ё имтиёзноки барои омӯзгор мувофиқ муқаррар шавад. Барои омӯзгороне, ки дар хонаҳои истиқоматии фонди манзили давлатию ҷамъиятӣ зиндагӣ мекунанд, дар сурати доштани собиқаи кории омӯзгории на камтар аз 15 сол манзили истиқоматиашон ройгон хусусӣ карда мешавад. Шоистаи зикр аст, ки омӯзгорони ҷавон дорои имтиёзҳои иловагӣ мебошанд, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Дар моддаи 54  вобаста ба таъминоти моддии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф омадааст, ки андозаи музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи муассисаҳои таълимии давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад ва андозаи музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ набояд аз андозаи музди меҳнат дар муассисаҳои давлатӣ кам бошад.

Муассисаҳои таълимӣ дар доираи  маблағи ҷудокардашуда метавонанд мустақилона шаклу низоми пардохти музди меҳнат, меъёри иловагии музди меҳнат ва маоши вазифавии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро, тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррар намуда, шаклҳои тафриқадодашудаи пардохти иловапулӣ ва мукофотпулиро истифода баранд.

  Ба музди меҳнати омӯзгорон  ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар ноҳияҳо ва маҳалҳои шароити табиию иқлимӣ ва маишиашон номусоид кор мекунанд, коэффитсиент ва иловапулиҳо муқаррар карда мешаванд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот уҳдадоранд, ки омӯзгорони дар деҳот зиндагидоштаро дар баробари аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ бо қитъаи замин ва молу мулки дигари тақсимшаванда мутобиқи меъёрҳои барои маҳал муқарраршуда таъмин намоянд. Инчунин, давлат муҳайё кардани шароитро барои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.

Бегуфтугӯ, меҳвари соҳаи маориф омӯзгор маҳсуб шуда,  то чӣ андоза муваффақ гардидан ба таъмини сифати таҳсилот ва баланд гаштани сатҳи саводи шогирдон маҳз ба дониш, малакаю маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобаста аст.

Муҳтаво ва муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» далели он аст, ки барои дастгирии ҳифзи иҷтимоии омӯзгорон аз ҷониби давлат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Ин иқдом аз як тараф, барои ҷалби омӯзгорони ботаҷриба ба соҳа бошад, аз ҷониби дигар, саҳми онҳоро дар тарбияи насли нав дучанд мегардонад.

Парвина Сафарова,

омӯзгори МТМУ №77-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе