Дар як кунҷи ҳавлии урфӣ зери айвоне марди тақрибан 65 — сола камарро бо рӯймол маҳкам баста, 5-6 сатил лойи мисли хамир расидаро дар болои шоле паҳн карда, мушт мезанад.
Дар паҳлуи ӯ дар паҳнои аз ин хурдтари қисмати дигари шол писарбачае низ нисфи ҳамин миқдор лойро муштзанӣ дорад. Аз зарбаи муштҳои хурдакаки ӯ лойи кулӯла паҳну мудаввар мешавад.
Ба кори бобою набера зеҳн мемонам, ҳар ду ҳам беист лойро мушт мезананд. Чунин амал соатҳо идома меёбад, то лойи хом ба таъбири эшон бояд «пазад».
-Ин буридаҳои лойро мо зувола меномем. Тартиби тайёр кардани лойи танӯр мисли хобонидани хамири нон аст. Барои сохтани як танӯри урфӣ, ки як метр бару 85 см қад дорад, тақрибан шаш сатил лой сарф мешавад. Мо якбора барои сохтани 9-10 адад танӯр лой мехобонем. Ин лой аз ду ароба гили бӯта, чор ароба хоки зард иборат мебошад ва як аробаи мо тақрибан шаш сатил хок аст.
- Гили бӯтаро аз куҷо меоред ва он чӣ гуна аст?
- Гили бӯта низ як навъи хок аст, вале он дар ҳолати тарӣ маҳлул (лой) намешавад, барои он ки гили бӯтаро маҳлул созед, аввал онро нағзакак хушконидан лозим аст. Лойи хушкшудаи гили бӯта ниҳоят мустаҳкам мешавад ва намиро ба худ намекашад ва тамоми маснуоти кулолӣ аз ҳамин гуна гил сохта мешавад. Кони гили бӯта дар деҳаи Қалъачаи Гули Зарди Истаравшан мавҷуд аст.
Барои сохтани як танӯр ду сатил гили бӯта, чор сатил хок ва як килограмм пашми гӯсфанд ва ё буз ба кор меравад. Ин ҳамаро ба ҳам омехта, об зада, лой мехобонем ва онро тақрибан 10-12 соат омехта карда, пой мезанем ва баъд болояшро пӯшида мемонем. Лой дар зарфи як шабонарӯз мерасад.
- Давраи даҳони танӯр тангтар мешавад, аз 40 то 50 см, бинобар ин «зувола»-и гирифтаи набераам Ҳусейнҷон хурдтар аст,- мегӯяд усто ва лойи паҳнкардаи худро ба як чизи қолибмонанд мепечонад.
- Ин асбобро «доира» меноманд,- мегӯяд ӯ ва боз ду асбоби дигареро ба даст мегирад: — Ин яке «ғундак» ва дигарӣ «даста» ном дорад. «Ғундак» аз дохил ва «дастак» аз беруни танӯр ба кор меравад.Ин асбобҳо лойи шахшударо як навъ «пресс» карда, ба танаи танӯр табдил медиҳанд,- шарҳ медиҳад усто.
Бобою набера дар зарфи 3-4 соат ин қисмати кори худро анҷом доданд.
- Мардум танӯрсозиро кори осон мепиндоранд, вале ин тавр нест. Барои сохтани як танӯр камаш 4-5 рӯз сарф мешавад.
Марди ҳунарманде, ки як лаҳзаи кораш дар боло тасвир шуд, Аъзамҷон Шарифов ном дошта, сокини маҳаллаи «Боғот»-и шаҳри Истаравшан аст. ӯ устои одӣ нест, балки соҳиби маълумоти олӣ ва омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ буда, зиёда аз 45 соли умрашро сарфи таълиму тарбияи насли наврас кардааст.
- Мавсуф Аълочии маорифи Тоҷикистон, Мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳиби чандин ифтихорномаҳои бозиҳои байналмилалӣ мебошад.
Дар зарфи умри бобаракати хеш садҳо шогирдро тарбият карда, ба воя расонидааст ва дар байни онҳо қаҳрамонҳои мусобиқоти сатҳи ҷумҳуриявӣ, осиёӣ, ҷаҳонӣ ва омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ бисёранд, — мегӯяд сардори раёсати маорифи шаҳри Истаравшан Ортуқбой Икромов.
Аъзамҷон Шарифов рӯзгори хешро ягон лаҳза бидуни мактабиён тасаввур карда наметавонад. Фаъолияти омӯзгориро соли 1971 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 32 ба номи С. М. Киров (ҳоло ба номи Зуфархон Ҷавҳарӣ) ба сифати муаллими тарбияи ҷисмонӣ оғоз кард.
Мавриди зикр аст, ки бозии варзишии мактабиён — «Офарин» нахустин маротиба дар Истаравшан бо саъю талошҳои ин марди фидоӣ созмон ёфтааст. ӯ соҳаи варзишро ривоҷу равнақ дода, майдончаҳои зиёди варзишӣ бунёд кардааст.
таҷҳизоти гуногуни варзиширо дастрас намуда, барои мактабиён имконияти ҳар чӣ бештару беҳтар бо футболу волейбол, варзиши сабук, тенниси рӯимизӣ, бадминтон ва ғайра машғул шуданро фароҳам овардааст.
- Қобилияти кордонию ташкилотчигии муаллим Аъзамҷон Шарифов махсусан дар Шуъбаи маорифи шаҳри Истаравшан ба сифати дастурдеҳ оид ба фанни тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ҳарбӣ бештар маълум гардид. Солҳои 1984 — 1987 дар ҳавзи шиноварии маркази шаҳр ташкил гардидани мусобиқоти шиноварӣ байни мактабиён маҳз ба такопӯ ва ҷидду ҷаҳди ҳамин кас вобаста буд. Дар ин давра намоиши театрикунонидашудаи омодасохтаи ӯ, ки дар он зиёда аз 1000 нафар мактабиён иштирок доштанд, аз нигоҳи мазмуну муҳтаво ва ороишот аз ҷониби роҳбарияти шаҳр ва бинандагон баҳои баландро гирифта, боиси бенавбат соҳиби автомашинаи сабукрави «Москвич» гардидани Аъзамҷон Шарифов шуд,- мегӯяд собиқ раиси комиҷроияи шаҳр Фотима Шарифова.
Аъзамҷон Шарифов, ки худ дорои дараҷаи якум дар варзиши сабук — гимнастика мебошад, дар таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Зарнисор низ корҳои қобили таваҷҷуҳро ба ҷо овардааст. Бо ташаббуси ӯ моҳҳои феврал — марти соли 2008 спартакиадаи шаҳрӣ оид ба шаш намуди варзиш доир гардид. Ҳама гуна чорабиниҳои варзишии шаҳр, аз ҷумла дави миллӣ, низ бидуни иштироки фаъолонаи ӯ намегузарад.
Шаҳри Истаравшанро маскани ҳунарҳои халқӣ меноманд. Аксари устоҳои касбу кори гуногун дар ин ҷо ҳунари худро аз падару бобо ва бобокалонҳо мерос гирифтаанд. Аз Аъзамҷон Шарифов пурсон шудем, ки касби танӯрсозӣ барояш меросӣ аст?
- Не, падарам корманди милитсия буданд, — посух медиҳад ӯ. — Ин касбро ҳанӯз дар солҳои донишҷӯӣ, ҳангоми таҳсил дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд дар хонаи Мухтор Юнусов ном як марди танӯрсоз зиндагӣ карданам, омӯхта будам. ӯ устои хуби тозакор буд ва ман нисфирӯзӣ аз дарс меомадаму дафтару китобҳоямро гузошта, либосҳоямро иваз карда, зуд ба назди усто мешитофтам. Омӯзиши ин касб бароям бисёр аҷиб буд. Усто Мухтор ҳам дид, ки ман аз таҳти дил танӯрсозиро ёд гирифтаниам, ба шогирдӣ қабул кард. Бештар аз се сол дар паҳлуи устоям қарор доштам ва аз паси даромади ҳамин касб мехондам.
- Халқи тоҷик мақоли хубе дорад: «Ба як ҷавон чил ҳунар кам аст». Зиёда аз 40 сол аст, ки баробари таълиму тарбияи шогирдон ба ҳамин касб машғул ҳастам. Ин касб аз ҳунарманд қувваю бозуи пурқувватро талаб мекунад. Аз ин рӯ, аксари шогирдон касбро аз худ мекунанд, вале то охир намебаранд. Масалан, писари худам Валиҷон, ҳарчанд аз хурдсолӣ дар паҳлуям қарор дошт, имрӯз соҳибкориро пеша кард, вале азми писари ӯ Ҳусейнҷон дар ин ҷода қавист, — мегӯяд усто Аъзамҷон.
- Асосан ба тариқи фармоиш кор мекунам. Танӯрҳои маро ба ҷуз аз шаҳри Истаравшан боз ба шаҳру ноҳияҳои Айниву Панҷакент, Ғончиву Зафаробод ва ҳатто ба Кӯҳистони Мастчоҳ мебаранд. Дар замони шӯравӣ аз давлати ҳамсояи ӯзбекистон ҳам ба ман танӯр фармоиш медоданд.Ба ҳисоби миёна дар як сол 60-70 адад танӯр месозем.
Соли 2010, бахшида ба ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаҳои кори худро дар шаҳраки ҳунармандон, ки дар Хонаи таълиму истироҳати шаҳри Истаравшан ташкил шуда буд, гузошта будам. Сарвари давлатамон чанд дақиқа бо ман суҳбат карда, ривоҷ додани ин касб ва тайёр кардани шогирдонро тақозо карданд. «Барои миллати мо оташдону танӯр рамзҳои муқаддасанд, зеро ин ҳар ду ба инсоният ғизо мебахшанд, хоса танӯр, ки дар он нон пухта мешавад, нону об бошад, мояи асосии зиндагист», — гуфтанд Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон. Ман, ки дар он ҷо ба дастфишории ин шахси бузург мушарраф гаштам, аз ин ифтихор мекунам ва кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки дар кори таълиму тарбия, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва тарбияи ҳунармандон саъю талош намоям, — изҳор дошт Аъзамҷон Шарифов.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО,
«Садои мардум»