Омӯзгори асил

№44 (4940) 09.04.2025

Бо хонаводаи онҳо замони наврасӣ ошноӣ доштам. Дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Рашт истиқомат мекарданд. Аслан ин деҳа хеле баъд обод шуда буд. Соле, ки заминларзаи даҳшатнок ноҳияи номдори Ҳоитро батамом аз харитаи кишвар маҳв намуд, дар Ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт ҳам сенздаҳ деҳа вайрон шуд. Зиндамондаҳо поён фуромаданд ва сарҷамъ деҳ бунёд карданду ба деҳа Шаҳринав ном гузоштанд. Падари ӯ низ қатори дигарҳо аз деҳаи Мурутако ба ин ҷо кӯчид…

Амаки Сайдар аз майдони ҷанг баргашта буд. Кишвари паҳноварро қатори дигар ҷавонони шуҷоъ аз фашизм муҳофизат карду бо бадани пур аз оҳанпора ба зодгоҳ баргашт. То охири умр он оҳанпораҳо азияташ медоданд. Аз овони наврасӣ ба кишоварзию чорводорӣ меҳр дошт. Фарзандонаш Муҳаммад­раҳиму Мирзораҳим ва Маҳмад­раҷабу Сайъалиро бо нони ҳалол ба воя расонд. Соҳиби маълумоти олӣ кард. Муҳаммадраҳим нависанда шуд, нависандаи номдор. Мирзораҳим касби байториро интихоб карду Сайъалӣ табиб. Онҳоро ҳамеша андарз мегуфт, ки заҳматкашу ҳалолкор бошанд. Ба хотири ободии Ватан фидокорӣ кунанд.

Маҳмадраҷаб аз кӯдакӣ дар дили кӯчакаш касби омӯзгориро мепарварид. «Мактабро хатм кунам, ба донишкада дохил мешаваму илми кимиёро меомӯзам»,- ба пурсиши дӯстонаш посух мегуфт ӯ. Баъд аз дарс бачаҳои ҳамсолаш ҳамроҳи ӯ ба хона меомаданд. Соатҳо ба омӯзиш машғул мешуданд. Бобои Сайдар ифтихор мекард, ки фарзандони ӯ илмдӯстанд.

- Бачаҳо ба раҳматии бобояшон рафтаанд,- дар суҳбат ба ҳамсолон мегуфт амаки Сайдар. — Раҳматии Ғиёс пайи илм омӯхтан то кишвари Ҳиндустон рафта буд. Бисту панҷ сол аз хешу ақрабо дур дар мулки бегона илм омӯхт. Мулло Ғиёси мунаҷҷимаш мегуфтанд. Раҳматӣ гирифтани офтобу моҳтобро пешгӯӣ мекард. Ин кораш ба муллоҳои дигар писанд набуд. Дар ғайбаш мегуфтанд, ки ба Ибни Синову Умари Хайём пайравӣ мекунад…

Маҳмадраҷаб соли 1980 ба факултаи химия ва биологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуд. Соли 1985, баъд аз хатми донишкада, ба зодгоҳ — деҳаи Шаҳринави Ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт баргашт. Солҳои аввали кор дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 деҳаи Қалъанак диққати омӯзгорони соҳибтаҷрибаро ба худ ҷалб кард. Баъд аз як соли кор шогирдонаш дар озмунҳои фаннӣ ширкат варзиданд ва ғолиб омаданд. Овозаи омӯзгори ҷавони соҳибистеъдод дар ноҳия паҳн шуд ва роҳбарияти дигар муассисаҳои таълимӣ илоҷ мекофтанд, ки ӯро ба мактаби худ оранд. Ҳар гуна ваъдаҳо медоданд, вале сокинони деҳаҳои Қалъанаку Шаҳринав ҳеҷ гоҳ аз даст додани муаллими масъулиятшиносро намехостанд. «Маҳмадраҷаб маҳбуби дилҳо ва фарзанди мост, барои фарзандони ҳамдеҳаи худ бояд хизмат кунад, — мегуфтанд. — Агар ба ҷои дигар рафтанӣ шавад, мо хешу таборашро ҳамроҳаш аз деҳаамон мегуселонем». Ҳатто он рӯзҳо, ки мехост ба аспирантура ҳуҷҷат супораду дар донишкада дарс гӯяд, розигӣ надоданд…

Баъдтар муассисаи таҳсилоти умумии асосии деҳаи Шаҳринав ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шуд. Ҳамдеҳаҳо ӯро ба мактаби деҳа оварданд ва то имрӯз он ҷо ифои вазифа менамояд.

Бо хоҳиши волидон ва саъю талоши роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№25, 26, 49 ва 52 ба шогирдон аз фанни химия дарсҳои иловагӣ мегузарад.

- Вазифаи мо омӯзгорист. Бояд рисолати худро дар назди Ватан ва миллат софдилона адо намоем. Шукр, ки чунин Пешвои муаззаму ғамхор дорем. Соҳаи маорифро дар сиёсати пешгирифтаи худ дар зинаи аввал гузоштааст, — гуфт ҳангоми суҳбат бо ҳамкоронаш.

Маҳмадраҷаб Ғиёсов дар давоми фаъолият шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки ҳоло дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолияти пурмаҳсул доранд. 61 шогирдаш соҳиби таҳсилоти олӣ гашта, ки 12 нафар омӯзгори фанни химия, 30 кас табиб, 1 нафар геолог, 3 нафар байтор ва боқимонда дар соҳаи барқ ифои вазифа доранд. Соли гузашта 17 шогирдаш ба донишгоҳу донишкадаҳо, аз ҷумла 9 нафар ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, дохил шуданд.

- Маҳмадраҷаб ба маънои томаш омӯзгор аст, — гуфт мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт Шаҳобиддин Бозоров. — Ӯ касб, шогирдон ва Ватанашро бисёр дӯст медорад. Натиҷаи ҳамин садоқат аст, ки хурду калон дар ноҳия ӯро эҳтиром мекунанд. Барои мардум омӯзгори маҳбуб аст. Дар дилу дидаи ҳамдиёрон ҷой гирифтааст. 

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»