Мусоҳиба бо ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Маҳмадалӣ Қурбонзода
- Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзӯи маориф ва илм дар меҳвар қарор дорад. Роҳбарият ва устодони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз чӣ бардошт карданд ва баҳри татбиқи он чӣ тасмим доранд?
- Ифтихормандем, ки Пешвои миллат пайваста ба рушди соҳаи маориф ва махсусан муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Ба андешаи ман, баҳри татбиқи ин ҳуҷҷати муҳим тамоми қишри ҷомеа бояд фаъол бошанд. Зеро ягон соҳа аз мадди назари Пешвои миллат дур намонда, мавриди таҳлили мӯшикофона қарор гирифт. Бо дарки масъулият мегӯям, ки омӯзиш ва татбиқи нуктаҳои он моро беш аз пеш комёб мегардонад.
Пешвои миллат зимни ироаи Паёмашон барҳақ фармуданд, ки «Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем».
Баҳри тақвияти ин суханон бамаврид аст ёдовар шавам, ки тӯли ин солҳо дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ 28 муассиса бунёд гардида, теъдодашон ба 41-то расид.
Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки вобаста ба иҷрои ҳар як нақша — чорабинӣ, барнома ва стратегия дар Шӯрои олимони донишгоҳ дар як сол на камтар аз ду маротиба гурӯҳи корӣ таъсис дода, натиҷаи иҷрои маълумотномаи онро дар сатҳи сохторҳои таркибӣ, садорати факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ назорат намоем.
Ҳамчунин, шӯроҳои методӣ ва кафедраҳои тахассусии факултетҳо муваззаф гардиданд, ки барои рисолаҳои дипломӣ ва магистрӣ мавзӯъҳои фарогири дастоварди замони истиқлолиятро интихоб намуда, рушди илмҳои дақиқу табиатшиносӣ, дастовардҳои илмию техникии олимонро дар ҳамбастагӣ бо ҷаҳони муосир мавриди пажӯҳиш қарор диҳанд.
- Панҷ сол қабл Пешвои миллат зимни ироаи Паёмашон гуфтанд, ки «Дар замоне ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, дар илми тоҷик навгонӣ ва ташаббусҳои илмӣ кам ба мушоҳида мерасанд, афроди лаёқатманд, ихтироъкор ва навҷӯ ба ҷодаи илмҳои дақиқ ҷалб карда намешаванд ва мавзӯъҳои фармоишӣ барои талаботи давлат равона намегарданд». Шумо дар ин маврид чӣ назар доред?
- Воқеан ҳам, дар шароити ҳозира рушди илм муҳим ва афзалиятнок буда, пешбурди корҳои илмиву таҳқиқотӣ вазифаи аввалиндараҷаи масъулони соҳа маҳсуб меёбад. Бегуфтугӯ, дар ҷаҳони муосир илм мақому манзалати баландро соҳиб мебошад ва бидуни он тараққиёти давлатро умедвор шудан ғайриимкон аст.
Ҳаждаҳуми марти соли 2020, дар мулоқот бо зиёиёни кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, гуфтанд, ки «Татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ва ҷорӣ кардани таҷрибаҳои инноватсионӣ дар корхонаву ширкатҳои саноативу истеҳсолӣ муҳаррики асосии рушди илм мебошад. Аз ин рӯ, ба мақсад мувофиқ аст, ки баъзе таҳқиқоти илмии олимони ихтироъкор, магистру аспирантҳо ва докторантҳо дар ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидор иҷро ва дар истеҳсолот амалӣ карда шаванд».
Ҳукумати мамлакат дар сӣ соли гузашта чораҳои заруриро андешид, ки пешрафти илми ватанӣ таъмин гардад. Бинобар ин, олимони кишварро зарур аст, ки баҳри рушди мамлакат корҳои таҳқиқотиро вусъат бахшанд.
- Тавре Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон таъкид карданд: «Таҳияи усулҳои пешгӯии хавфҳои эҳтимолӣ ва таъсири манфии омилҳои гуногун ба иқтисоди миллӣ, хизматрасониҳои рақамӣ, пешрафти «энергияи сабз» ва «иқтисоди сабз» ва дар робита ба ин, ба роҳ мондани омӯзиши ҳамаҷонибаи манбаъҳои алтернативӣ, ихтироъкориву навоварӣ, коркарду татбиқи технологияҳои нави каммасраф ва роҳу усулҳои аз ашёи хоми ватанӣ истеҳсол кардани доруворӣ ва нуриҳои маъданӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар мебошад». ДДТТ дар ин самт чӣ дастовард дорад?
- Олимони донишгоҳ мувофиқи нақшаи дурнамои корҳои илмию таҳқиқотӣ барои солҳои 2021 — 2025, ки дар Маркази миллии патенту иттилоотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 майи соли 2021 ба қайд гирифта шудааст, дар 5 самт, 20 мавзӯъ ва 382 зермавзӯъ таҳқиқоти илмӣ бурда истодаанд.
Соли сипаришуда аввалин маротиба дар таърихи 34 — солаи донишгоҳ 22 омӯзгори донишгоҳ рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ ҳимоя намуданд. Ҳамчунин, 716 матолиби илмии омӯзгорон аз чоп баромад, ки аз 25 монография, 205 мақола дар маҷаллаҳои КОА Ҷумҳурии Тоҷикистон, 306 фишурдаи мақолаҳо дар конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ва 181 мақола дар дигар маҷаллаҳо таркиб ёфтааст. Дар умум, соли 2021 нисбат ба соли 2020 теъдоди матлабҳои илмии омӯзгорони донишгоҳ 5,1 фоиз зиёд шудааст.
- Пешвои миллат зимни ироаи Паём зикр карданд, ки «Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад. Зеро бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷое намерасад»…
- Шумо ба яке аз масъалаҳои муҳим дахл намудед. Насли наврас, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба онҳо бениҳоят зиёд аст, бояд дарк намоянд, ки ҷаҳолату хурофот ва сарфи назар намудани қонуну тартибот метавонад пайомадҳои ногувор ба бор орад. Тақвиятбахши ин гуфта ҳодисаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аст, ки як идда ҷавонон хурофотзада шуда, аркони давлатӣ фалаҷ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сарфи назар ва силоҳ мақоми ҳукмфармоиро соҳиб гардид. Пешвои миллат бамаврид таъкид намуданд, ки «хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад».
Таваҷҷуҳ зоҳир намудани Роҳбари мамлакат ба он ки «падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чӣ духтару чӣ писар бояд хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд» ҳикмати зиёд дошта, бори дигар ҳушдор медиҳад, ки дар замоне ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад.
- Таҷрибаи таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлолу озодӣ кори саҳлу осон нест, вале ҳимояи неъмати озодӣ ва дастовардҳои истиқлол кори ба маротиб душвортар мебошад. Ҳоло дар кишвар сулҳу ваҳдат устувору побарҷост, вале ин ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки фориғболу бетафовут бошем. Хоса дар тарбияи насли наврас, ки то андозае аз даҳшати ҳаводиси солҳои навадуми асри гузашта бехабаранд.
- Бо шумо комилан ҳамфикрам. Ҳарчанд ба ёд овардани он айём хушоянд нест, вале аз лавҳи хотир зудудани он низ қобили қабул буда наметавонад. Ҷавононро ҳушдор бояд дод, ки набояд ҳаводиси пурфоҷиаи замони ҷанги шаҳрвандиро, ки ҳаёти осоиштаи халқро ба фоҷиаи миллӣ табдил дод, фаромӯш кунем. Онҳое, ки шоҳиди ҳол маҳсуб мешаванд, бояд ба насли наврас мунтазам ва дар такя ба далелу рақамҳо шарҳу тавзеҳ диҳанд, ки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон осон ба даст наомадааст.
Ба ёд овардани он рӯзҳо ба зирактар будан аз лиҳози сиёсӣ даъват менамояд, водор месозад, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро чун гавҳараки чашм эмин нигоҳ дорем. Вазифаи ҷонии мо — омӯзгорон аст, ки ба муҳассилин шарҳу тавзеҳ диҳем, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат, тайи сӣ соли соҳибистиқлолӣ шароиту имкони заруриро фароҳам овардааст.
- Соли гузашта таърихӣ буд. Зеро 30 — солагии Истиқлолияти давлатиро бошукӯҳ таҷлил намудем. Аҳли ДДТТ ин санаи фархундаро бо чӣ дастовардҳо пешвоз гирифт?
- Корҳои зиёд ба сомон расид. Аз ҷумла, биноҳои таълимӣ, синфхонаҳо ва утоқҳои кориро таъмиру тармим карда, системаи гармидиҳӣ дар биноҳои донишгоҳ ва хобгоҳ пурра гузаронида шуд. Бинои асосӣ ва бинои таълимии №1-ум аз таъмири умумӣ бароварда шуда, намуди беруна ва боми бинои таълимии №2-юм ва маркази тестӣ навсозӣ гардиданд. Инчунин, маҷлисгоҳи донишгоҳ таъмир ва бо мизу курсиҳои мулоим муҷаҳҳаз гардида, ошхона ва се озмоишгоҳи таълимӣ таҷдид карда шуд.
Шинонидани шумораи зиёди дарахтҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ, ки мунтазам сурат мегирад, идомаи корҳои амалигардида аст.
- Зимни суҳбат кормандону донишҷӯён аз дастгирии мунтазами муассиси донишгоҳ – Иттифоқи «Тоҷикматлубот» изҳори қаноатмандӣ карданд.
- Роҳбарияти донишгоҳ низ аз сатҳу сифати ҳамкорӣ ва дастгириву ғамхории муассис розӣ буда, ин ҷанбаро таҳрикбахши фаъолият арзёбӣ менамоем. Қаноатмандии кормандону донишҷӯён ба он рабт дорад, ки аз ҷониби роҳбарияти Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба донишҷӯёни болаёқат 1200 сомонӣ идрорпулӣ муайян шудааст. Илова бар ин, аз ҷониби роҳбарияти Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва ректори донишгоҳ донишҷӯёни ятим, нимятим ва камбизоат мунтазам дастгирӣ меёбанд. Барои мисол, як қисми ин қабил донишҷӯён аз пардохти маблағи таҳсил пурра озод буда, боқимонда онро 50 фоиз пардохт менамоянд. Дар ҳамовозӣ ба иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мувофиқа бо Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 11 январи соли 2022 омӯзгорон ва кормандоне, ки дар хобгоҳи донишгоҳ истиқомат мекунанд, аз пардохти маблағи истиқомат барои соли 2022 пурра озод гардиданд. Мавриди зикр аст, ки дар хобгоҳи донишгоҳ алҳол 60 оилаи омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ истиқомат доранд ва маблағи моҳонаи иҷора 360 сомонӣ мебошад.
- То ҷое иттилоъ дорем, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ягона муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар аст, ки дар байни устодону донишҷӯён назарсанҷӣ баргузор намуда, фаъолиятро аз рӯи натиҷаҳои он ба роҳ мемонад. Бештар ба кадом мавзӯъҳо таваҷҷуҳ зиёд аст?
- Дар ҳақиқат, шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими донишгоҳ дар асоси пурсишномаи тасдиқшуда соли гузашта назарсанҷии омӯзгоронро анҷом дод. Он дар байни омӯзгорон аз тариқи электронӣ дар барномаи идоракунии раванди таҳсилот, барномаи «ALFA Xpress» гузаронида шуд, ки теъдоди умумии омӯзгорони дар назарсанҷӣ иштирокдошта 158 нафарро ташкил дод. Он пинҳонӣ сурат гирифта, ҳадаф муайян намудани фикру андешаи омӯзгорон ҷиҳати беҳтар намудани раванди таълим, сатҳу сифати таълим, корҳои тарбиявӣ ва корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ маҳсуб мешавад.
Мавриди зикр аст, ки оид ба бартараф намудани камбудиҳои дар назарсанҷӣ зикргардида аз ҷониби раёсати донишгоҳ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардидааст. Тасмим дорем ин корро байни донишҷӯёну устодон ва дигар кормандони донишгоҳ низ анҷом диҳем.
- Равобит бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ дар кадом сатҳ аст?
- Соли гузашта барои густариш додани ҳамкорӣ бо донишгоҳҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омӯхтани таҷрибаи пешқадам бо якчанд донишгоҳу донишкадаи Ҷумҳурии Халқии Хитой, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Кореяи Ҷанубӣ ва Британияи Кабир шартнома ба имзо расонидем. Ҳамчунин, пас аз ба эътидол омадани вазъи эпидемиологии сайёра соли 2021-ум 10 омӯзгору донишҷӯ, тибқи барномаи табодули академӣ, ба донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ сафарбар шуданд.
Ҳоло дар донишгоҳ 60 нафар аз Афғонистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон дар риштаҳои гуногун таҳсил доранд, ки барои тавсеаи ҳамкориҳо таъсири мусбат мерасонад.
- Соли гузашта номи ДДТТ чандин маротиба ба шарофати ибтикороти ректор дар сархати расонаҳо қарор гирифт…
- Дар Паёмашон Пешвои миллат таъкид карданд, ки «Мо хуб медонем, ки дар зиндагии мардумамон ҳанӯз мушкилоти зиёд вуҷуд доранд. Вале эътимоди комил дорем, ки тамоми мушкилоту камбудиҳоро худамон ва бо заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаландамон дар солҳои наздиктарин бартараф месозем». Ин суханони пурҳикмату ба маънои томаш таҳрикбахшандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон водор месозад, ки фаъолиятро ба нафъи миллату Меҳан тавсеа бахшем. Панҷ фоиз зиёд гардидани музди меҳнат ва озод намудани омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ аз пардохти маблағ барои истиқомат дар хобгоҳ корҳое мебошанд, ки ба таъкиди аз Паём иқтибосовардаам рабт доранд. Дар Паём, ҳамчунин, зикр шуд, ки «Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на Худо мебахшад ва на бандаҳои Худо». Дар ин робита, раёсати донишгоҳ фаъолияти эҳсонкорӣ ва ҳавасмандгардониро низ идома дода, бо ин мақсад 1005941 сомонӣ сарф намуд. Ҷудо намудани 7865 сомонӣ ба мактаб — интернати нобиноёни шаҳри Ҳисор, кумаки моддӣ ба омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ ба маблағи 9500 сомонӣ, барои истироҳату табобат 81490 сомонӣ, барои ҳавасмандгардонии омӯзгорон 590662 сомонӣ, ҳавасмандгардонии донишҷӯён бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 54900 сомонӣ, ҳавасмандгардонӣ барои ҳимояи рисолаи номзадӣ 56500 сомонӣ аз ҳамон ҷумлаанд. Боиси ифтихор аст, ки тадбирандешиҳои раёсати донишгоҳ аз мадди назари воситаҳои ахбори омма дур намонд. Минбаъд низ кӯшиш менамоем дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат барои ҳамкорон шароити муносибтарро роҳандозӣ намоем, то дастовардҳо афзун гарданд.
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»