Нақши созандаи сулҳу ваҳдат дар амри таҳким ва такмили рукнҳои давлатдорӣ бағоят муҳим арзёбӣ мегардад. Дар ин хусус зимни суҳбат бо хабарнигорамон ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, профессор Нуралӣ Шоев чунин ибрози назар кард:
-Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳадаф ва вазифаи таълимгоҳро дар тарбия ва тайёр намудани мутахассисони арзанда, рақобатпазир ва ҷавобгӯй ба талаботи замон эътироф намуда, баҳри дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва гиромидошти Ваҳдати миллӣ тарбия намудани донишҷӯён таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Бо ин мақсад нақшаҳои таълимии ҳамаи ихтисосҳои донишгоҳ дорои як силсила фанҳои таълимии умумиҷамъиятӣ мебошад, ки онҳо аҳамияти тарбиявӣ ва тарғиботӣ-фаҳмондадиҳӣ дошта, бавуҷудорандаи шахсият ва мафкураи солим мебошанд. Чунин фанҳо аз соли аввали таҳсил таълим дода мешаванд. Барои расидан ба ҳадафҳои зикршуда дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барномаи мукаммали корҳои тарбиявӣ таҳия ва тасдиқ гардида, зина ба зина дар амал татбиқ мешаванд. Дар ин раванд аз ҷониби масъулини таълимгоҳ китоби махсус бо номи «Дастурамали заминавии барномаи ягонаи тарбиявӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» таҳия ва нашр гардид.
Самти муҳими фаъолияти тарбиявиро омӯзиши суханрониҳо ва масъалагузориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил менамояд. Ҳамчунин раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» зери назорати доимӣ гирифта шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки кормандону омӯзгорони донишгоҳ ба баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон аҳамияти хосса зоҳир менамоянд. Дар машғулиятҳо ва берун аз он ба ҷавонон талқин карда мешавад, ки Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва пойдории Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон омили муҳими некуаҳволии мардум ва пешрафти диёрамон мебошанд.
Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»