Ҷаҳони муосир давраи мураккабу муқовиматбори инкишофро аз сар мегузаронад. Хосияти асосии он ҷаҳонгароӣ мебошад, ки вобаста ба макону замон дар сатҳ ва шаклҳои гуногун ба зуҳур меояд.
Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз бархӯрдҳои замона дар канор намонда, мақоми хешро меҷӯяд. Барои дар ин раванд беосебу бегазанд нигоҳ доштани давлату миллат ва ҷойгоҳи муносиб дар ҷомеаи ҷаҳонӣ касб намудану ба зиндагии шоиста расонидани мардуми кишвар мо ба таҳкими бештари пояҳои ваҳдати миллӣ ниёз дорем.
Дар адабиёт ва фалсафаи муосир мафҳуми ваҳдати миллӣ бештар маънои умумияти иҷтимоӣ ва муттаҳидии аҳли ҷомеаро дошта, қариб дар ҳама тамаддунҳо омили субот ва таъмини пешравии кишвар ба ҳисоб меравад. Ваҳдати миллӣ аз як тараф, ба ҳалли масъалаҳои муҳим ва мураккаби дохили кишвар мусоидат намояд, аз ҷониби дигар, ҳалли низоъҳо ба таҳкими ваҳдати миллӣ сабаб мегардад.
Зарурат ва аҳамияти ваҳдати миллӣ махсусан дар давраи соҳибистиқлолии давлатӣ эҳсос мешавад, зеро, ки соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як халқу кишвар кори осон нест, вале ҳифзи он мушкилтар аст. Роҳи расидан ба истиқлолият ва ваҳдати миллӣ шояд дар тасаввур осон намояд, вале ҳаёт нишон медиҳад, ки ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ аз ҳар як сокини кишвар ҷаҳду талошҳои зиёд, маърифатнокӣ ва фарҳанги сиёсии волоро тақозо менамояд.
Дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ бо сабаби пароканда шудани Иттиҳоди Шӯравӣ кишвари мо ба истиқлолияти давлатӣ ноил гардид. Умед буд, ки дар шароити нави таърихӣ барои таҳкими ваҳдати миллӣ беш аз пеш шароити мусоид фароҳам меояд.
Қувваҳои моҷароҷӯи сиёсии дохилӣ бо дастгирии ҳомиёни хориҷиашон, ки мустақилияти давлатии кишварамонро намехостанд, дар ҷомеа тухми кинаву адоват, низоъ ва ҷудоихоҳиро пошида, оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхтанд, ки ваҳдати миллӣ ва якпорчагии мамлакат зери хатар қарор гирифт.
Бинобар ин, чораҳои муассире зарур буданд, ки ҷанги шаҳрвандиро хотима дода, ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро таъмин намоянд. Бо дарки ҳамин зарурати таърихӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд, ки дар он масъалаҳои муҳими ҳаёти мамлакат, аз ҷумла интихоби роҳбари нави сиёсӣ, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳи комил, баррасӣ шуданд.
Дар иҷлосия қувваҳои солими сиёсии ҷомеа муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари давлат интихоб намуданд. Пешвои миллат зимни суханронии хеш изҳор карда буданд: «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем». Сарвари давлат он вақт бо ин суханони худ барномаи сулҳ ва ваҳдати миллии ояндаро эълом дода буданд.
Дар ҳамин замина роҳбарияти нави сиёсии мамлакат ягона роҳи дурусти ба сулҳи комили миллӣ расиданро дар гуфтушунидҳо бо мухолифин медид, бинобар ин марҳилаи гуфтушунидҳо оғоз шуданд, ки якчанд давр баргузор гаштанд. Ниҳоят 27- уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон анҷом ёфтанд. Дар аксари ин гуфтушунид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида, дар ҳаллу фасли масъалаҳои баҳсталаб саҳми беназири таърихӣ гузоштанд.
Истиқрори сулҳ заминаи ваҳдати миллиро фароҳам овард, вале барои он ки ин сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба таври воқеӣ устувор гардад, зарур аст, ки омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ хуб корбаст шаванд. Дар ин раванд, пеш аз ҳама, омили иқтисодӣ басе муассир аст.
Зарурати таърихии инкишофи ояндаи ҷомеа талаб менамояд, ки фаъолияти амалии мақомоти гуногунзинаи давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ баҳри рушду такомули давлат, соҳибмаърифат намудани шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа мақсаднок ва пурсамар равона гардад. Воқеияти зиндагӣ ва таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки агар шаҳрвандон маърифати баланди сиёсӣ надошта бошанд, дар байни онҳо ваҳдату якдилии устувор ба вуҷуд намеояд. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки аз тамоми нерую имкониятҳои хеш ҳамарӯза барои баланд бардоштани сатҳи маърифату шуури миллии мардуми кишвар, фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвияти ваҳдату якдилӣ, беҳ намудани шароити иқтисодию иҷтимоии аҳли ҷомеа ва рушду тараққиёти мамлакатамон беш аз пеш истифода намоем.
Шароити таърихие, ки дар аввали асри XXI дар ҷаҳон ба миён омадааст, ҷомеаи моро ба падидаҳои нави ҳамгироӣ ва бархӯрди манофеи қудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ рӯ ба рӯ намудааст. Зуҳури падидаи ваҳдати миллӣ аслан марбут ба ташаккули давлатҳои миллӣ аст, зеро маҳз дар доираи давлати миллӣ зарурати ба даст овардани эҳсоси умумияти ягонаи сиёсии мардум, ки дар як воҳиди маъмурӣ зиндагӣ доранд, боло меравад. Аз ин рӯ, ваҳдат хусусияти миллиашро танҳо дар доираи ташаккули давлати миллӣ пайдо намуда, мавриди татбиқ қарор мегирад. Бинобар ин, нақши давлат дар таҳкими ваҳдати миллӣ меафзояд, зеро он барои таъмини рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ ва равнақи фарҳанги миллӣ манфиатдор аст.
Ваҳдати миллӣ, воқеан ҳам, марбут ба омилҳои гуногунҷанбаест, ки дар он нақши муассирро ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ мебозад. Ҳаёти ҷамъиятии баъзе аз кишварҳои пасошӯравӣ, ки бар асари ихтилофи байниҳамдигарии ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ мубталои муноқишоти дохилӣ гаштанд, собит карданд, ки дар доираи қонунҳо ҳамоҳанг сохтани ниҳодҳои давлатӣ, ки дар кишварамон ба вуқӯъ пайваст, барои амалияи ҷомеасозиамон комилан дуруст буд, зеро яке аз вазифаҳои муҳими ниҳодҳои давлатӣ ин худ танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани сатҳи эътимоди аъзои ҷомеа ба дурустии арзишҳои дар заминаи ин муносибатҳо қарордошта мебошад. Қобили зикр аст, ки ҳамоҳангии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ дар ин самт заминаи мусоидро дар ҷомеаамон барои ташаккули ваҳдати миллӣ муҳайё сохт.
Сиёсати пайгиронаи Пешвои миллат, ки барои татбиқи он мо масъулем, дар ҳама соҳаҳои пешбурди ҳаёти кишвар тадриҷан шароити арзандаро барои инкишофи озодона ва роҳандозии потенсиали ҳар як аъзои ҷомеа таъмин месозад. Ин аз вазъи ороми сиёсӣ ва фаъолияти пурсамару шабонарӯзии сохторҳои амниятиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сарчашма мегирад, ки бо бедории касбӣ вазифаҳои таъинотиашонро иҷро менамоянд. Аммо, тавре воқеияти зиндагӣ шаҳодат медиҳад, ин субот ва раванди эъмори давлати соҳибистиқлоламон то ба ҳол баъзе қувваҳоро дар хориҷ ва дохили кишвар ором намегузорад ва онҳо аз паи халалдор кардани авзои сиёсию иҷтимоӣ дар кишвари мо мебошанд.
Бинобар ин, набояд аз таҳдиди омилҳои берунӣ низ сарфи назар кунем. Ҳодисаҳои охири ҷаҳон шаҳодати шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳост. Василаи асосии аз ин хатарҳо эмин нигоҳ доштани ҷомеа боз ҳам боло бурдани эътимоду боварии шаҳвандон ва тавсеаи робита бо ҷомеа мебошад.
Зарур аст, ки дар низоми тағйирёбандаи манфиатҳои геополитикию геостратегӣ корҳои таблиғотию маърифатӣ беҳтару густурдатар ба роҳ монда шавад.
Исомиддин ШАРИФЗОДА,
мудири кафедраи гуманитарии ДТТ, номзади илмҳои фалсафа