Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми феврал ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҷашн гирифта мешавад. Таҷрибаи таърихии давлатдории миллати тоҷик ва Тоҷикистони муосир нишон медиҳад, ки яке аз аркони муҳими давлатдорӣ дар баробари дигар унсурҳо мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳисоб меравад.
Мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳи ташаккулёфта яке аз воситаҳои асосии ҳифзи якпорчагии давлат ва манфиатҳои миллӣ маҳсуб меёбад. Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сулҳу субот, ҳифзи якпорчагии сарзамини аҷдодӣ чун рукнҳои асосии сиёсати давлатӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар баробари дигар аркони давлатӣ аз ҷумлаи сохторҳое мебошанд, ки дар самти ҳифзи оромӣ, сулҳу субот, ягонагии кишвар, марзу бум, тартиботи дохилӣ ва дигар масъалаҳои муҳими давлатдорӣ нақши асосӣ доранд. Боиси ифтихор аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анъанаҳои касбӣ, сифатҳои баланди ватандӯстию хештаншиносӣ ва савганди ҳарбии худ содиқ монда, аз рӯзи аввал, яъне баробари ташкилшавӣ дар давраи мураккабу сарнавиштсоз, ки пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии Ватанро хатарҳои зиёд таҳдид мекард, бетараф намонданд. Афсарони содиқи Ватану миллат барои ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсии кишвар, ҳимояи сохти конститутсионӣ ҷасорату мардонагӣ нишон доданд.
Таҳлили вазъи сиёсии солҳои 90-уми асри ХХ нишон медиҳад, ки яке аз омилҳои асосии авҷи моҷарои сиёсӣ, яъне ҷанги таҳмилӣ, дар набудани қувваҳои мусаллаҳи муташаккил ифода меёфт. Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва ташкили ҳукумати нав бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар гузошта шуд. Дар марҳилаҳои минбаъда Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар комил гардида, иқтидори муҳофизатиаш афзуд.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сипари боэътимоди давлат маҳсуб ёфта, сафи онро асосан ҷавонони шуҷову далер ташкил медиҳанд. Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, «Ҷавонони мо дар рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими кишвар то хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии мамлакат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад».
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар боиси ифтихори насли ҷавон буда, бори дигар аз якпорчагии Ватан хабар медиҳад. Инчунин, ҳамасола ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар садҳо ҷавон аз навоҳии мухталиф даъват гардида, дар қисмҳои ҳарбии манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ рисолати мардонагии хешро дар назди Ватан-Модар иҷро менамоянд. Дар давраи хизмати ҳарбӣ ҷавонон дар руҳияи меҳанпарастӣ, мардонагиву шуҷоат, қавииродагиву адолатгустарӣ тарбия ёфта, ҷиҳати ҳифзи амнияти давлат сафарбар мешаванд.
Сол ба сол барои боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии аскарон ва дар роҳи меҳанпарастӣ тарбия намудани онҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат шароити мусоид фароҳам мегардад. Махсусан, сафарҳои кории Сарвари давлат ба манотиқи мухталифи кишвар, ки бештар бо боздид аз қисмҳои ҳарбӣ оғоз мешавад, гувоҳи ғамхории махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳомиёни Ватан аст.
Сафарбӣ ҚАРАЕВА,
омӯзгори Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории шаҳри Душанбе