Он чизе, ки рӯи чоп меояд, моли таърих мешавад

№33 (4295) 12.03.2021

DSC_1982Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» зодаи даврони Истиқлолияти давлатӣ ва маҳбуби хонандагони сершумор мебошад. Дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик бо сармуҳаррири он Шоҳона Одиназода мусоҳиб шудем.

- «Бонувони Тоҷикис­тон» яке аз нашрияҳои хонданбоби ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Сирри ба дили хонандагон роҳ ёфтани онро дар чӣ мебинед?

- Албатта, ҳама кор мушкилӣ дорад. Ҷое, ки фаъолият аст, ғайричашмдошт мушкилӣ пеш меояд. На ҳама вақт кор табъи дили инсон сурат мегирад. Инсон ҳатто аз камбудӣ меомӯзад, то дафъаи дигар аз мушкилӣ ба осонӣ барояд.

Вақте ки ман ба ҳайси роҳбари маҷалла ба кор шурӯъ намудам, дар оғоз душвориҳо буданд. Зеро ҳарчанд дар телевизиону радио фаъолияти густурда доштам, вале матбуот майдоне буд, ки бояд ҳамчун роҳбар худро муаррифӣ мекардам. Пеш аз мо қаламкаши чирадаст, бонуи муваффақ Ҳуринисо Ализода ҳамчун нахустин сармуҳаррир хеле заҳмат кашида, маҷалларо маҳбуби хонандагон гардонида буд. Аз ин рӯ, хеле мехостам, ки ман ҳам идомадиҳандаи кори ӯ бошам.

Қабл аз ҳама, бо коллективи нав унс гирифтан, корро бомуваффақият оғоз кардан, услуби хос ёфтан лозим меомад. Инро таърих баҳо медиҳад, ки хонандагон навиштаҳои моро чӣ гуна қабул карданд. Лекин баъди 5 сол гуфта метавонем, ки мо бонуи муосири тоҷикро муаррифӣ ва комёбиҳояшро нишон дода тавонистем.

Ҳар рӯз корро аз пурсидани саломатии кормандону аҳли оилаашон оғоз менамоям. Зеро агар табъи эҷодкор хира ва хотираш аз чизе озурда бошад, ӯ дуруст навишта наметавонад.

Инчунин, дар доираи 5 дақиқа нақшаи кориро ба кормандон фаҳмонида, барори кор таманно мекунам. Нақшаи корӣ вобаста ба ҷашнҳои миллию давлатӣ ва идҳои касбӣ таҳия карда мешавад. Мавзӯъҳои муайянро ба кормандон тақсим намуда, кӯшиш мекунем, ки бештар миёни мардум бошем. Ҳарчанд хабарнигорони минтақавӣ дорем, бо вуҷуди ин, барои инъикоси васеътар ба музофот меравем. Қаҳрамонеро ҷустуҷӯ мекунем, ки дар коллективи корӣ, маҳал ва ноҳияаш ҳамчун шахси ҳалолкору чашмикордон, ташаббускор, навовар ва дорои ахлоқи намунавӣ соҳибэҳтиром бошад. Зеро он чизе, ки рӯи чоп меояд, моли таърих мешавад. Бинобар ин, кӯшиш мекунем, ки ба хонандагон матолиби мондагору барои ҳама давру замон ибратбахш пешниҳод намоем.

- Мавзӯъҳоро чӣ гуна интихоб мекунед?

- Ду сол боз иқдомеро пеш гириф­тем, ки ҳангоми ба ягон ноҳия сафар намудан якбора 4-5 мақола тайёр мекунем, то ки фаъолияти бонувони ҳамон минтақаро мукаммалтар инъикос намоем. Зимни сафарҳо дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, саҳро ва муассисаҳои гуногун бо бонувон вохӯрда, бо фаъолияташон аз наздик ошно мешавем.

Чанде пеш ҳамкорамон Далер Сафар дар бораи бонуи занбӯриасалпарвар Сабоҳат Тоҳирова аз ноҳияи кӯҳистони Сангвор матлабе таҳия намуд. Сабоҳат дар он ноҳияи дурдаст, ки сардӣ қариб 5-6 моҳ давом мекунад, 20 сол боз ба парвариши занбӯри асал машғул шуда, муваффақ ва соҳибтаҷриба гаштааст. Вақте ки ҳайати мушовара барои интихоби акси рӯйи муқова ҷамъ шудем, ҳама бо як овоз он бонуи меҳнатқарини дорои чеҳраи тоҷикию либоси миллиро сазовор донистанд.

Ба ҳамин монанд дар ҳар шумора андешаи аъзои таҳририяро зимни ҷой додани мақолаҳо мепурсем ва матолиби ҳамдигарро пеш аз чоп мехонем. Ин масъулияти рӯзноманигоронро бештар мегардонад. Нависандаи рус Николай Грибачёв гуфтааст: «Агар журналист шавқовару дилчасп навиштанро ёд нагирад, беҳтараш касбашро иваз кунад».

- Зимни мулоқот бонувон аз мушкилиҳо низ ёдовар мешаванд?

- Бале, аксари онҳо бекориро мушкили асосӣ мешуморанд. Мутаассифона, бештари онҳо соҳиби маълумоти касбӣ нестанд. Ҳатто баъзеашон маълумоти миёна надоранд. Зеро давраи мактабхониашон ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рост омада, аз таҳсил дур мондаанд. Аммо як чиз касро хушҳол мекунад, ки онҳо хоҳиши маълумот гирифтану кор кардан доранд. Ба онҳо танҳо каме роҳна­моию дастгирии ҳуқуқӣ лозим аст.

Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 январи соли равон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд, ки кишоварзони мамлакат як сол аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд. Ин иқдоми нек бонувонеро, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мекунанд, хеле рӯҳбаланд намуд.

- Барои бонувон сабаби зиёдшавии ҳолатҳои зӯроварии хонаводагиро дар чӣ мебинед?

- Яке аз сабабҳои рӯй додани зӯроварӣ надонистани ҳуқуқҳои хеш аст. Ман ҳам зан — модар ­ҳастам ва ин мушкили бонувонро хуб мефаҳмам. Мутаассифона, баъзе аз модарон фарзандонашонро ба зиндагии оилавӣ тайёр накарда, ба шавҳар медиҳанд. Аз ин рӯ, бисёр наварӯсон нозукиҳои зиндагиро дарк накарда, лаб ба шиква мекушоянд. Вақте ки духтар дар хонаи падару модар нозпарвард таъмин ба воя расида, мушкилӣ надидааст, дар хонаи шавҳар ба дигар шароит рӯ ба рӯ шуда, ҳайрон мемонад. Хонаводаи шавҳар ба ҷои келинро ҳамчун духтар қабул кардану ба шароит мутобиқ намудан айб мегузоранд, ки «модарат ину онро ёд надод…». Мутаассифона, ана ҳамин гуна нофаҳмию сабабҳои ночиз баъзан боиси ҷангу ҷидол ва ҷудошавии оилаҳо мегарданд.

- Дар ин бобат нақши кумитаҳои маҳалларо чӣ гуна баҳо медиҳед?

- Мутаассифона, ҳоло бетарафӣ ба маънои манфиаш зиёд мушоҳида мешавад. Агар ду — се нафар шахсро зери мушту лагад гиранд, дигарон бепарво аз канори онҳо мегузаранд ё тамошо мекунанд. Солҳои пеш касе дар ҳузури омма ба авбошӣ даст намезад. Агар касе авбошӣ мекард, то омадани кормандони милитсия мардум ё ӯро дастгир менамуданд ё аз кирдори бадаш бозмедош­танд. Қаблан, агар дар хонаводае нофаҳмӣ рӯй медод, раиси маҳалла, занони фаъол, ходимони дину мӯйсафедони обрӯманд ҳар ду тарафро насиҳат карда, ҷудошавиро пешгирӣ менамуданд. Аз ин рӯ, солҳои пеш дар як деҳа дар чанд сол як ҳодисаи ҷудошавӣ рӯй медод. Ҳоло ҳодисаи пошхӯрии оилаҳо бисёр ба назар мерасад.

Хуб мешуд шуъбаҳои кор бо занони шаҳру ноҳияҳо ҳамкориро бо раисони маҳаллаҳо зичтар ба роҳ монда, дар бобати пешгирии зӯроварии хонаводагӣ ва ҷудошавии оилаҳо фаъолиятро вусъат бахшанд. Масъулони бахши кор бо занон ва оила бояд худашон оилаи солим ва ахлоқи намунавӣ дошта бошанд. Дар он сурат сухани шахсе, ки дар ин ҷода фаъолият дорад, қурб пайдо мекунад.

- Чун аз таълиму тарбияи фарзандон сухан гуфтед, хуб мешуд, ки андешаатонро дар хусуси нақши озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар маърифатнокии ҷомеа баён мекардед.

- Озмуни зикршуда, ки бо ташаб­буси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон баргузор мегардад, барои ҷалби сокинони мамлакат ба китобхонӣ такон бахшид. Ҳатто аз дуртарин деҳаҳои мамлакат хонандагон дар он ширкат меварзанд. Бе ягон муболиға мегӯям, ки он таваҷҷуҳи насли ­наврасу ҷавонро ба китобхонӣ зиёд кард. Вақте ки ҷомеа ба хондан рӯ орад, ояндаи дурахшон дорад. Пешравии Японияю Германия ва дигар кишварҳои мутараққӣ ба сермутолиа будани сокинонашон вобастагӣ дорад.

- Ягон нафар аз фарзандони Шумо касби рӯзноманигориро интихоб кардааст?

- Шукри Худо се фарзанд дорам, ки онҳо дар интихоби касбашон озоданд. Духтари калониам Беназир дар синфи 10 мехонаду орзуи тарҷумони забони кореягӣ шуданро дорад. Духтари дуюмам Марям дар синфи 8 мехонаду майлаш ба илми тиб зиёд аст. Ӯ аз синфи панҷумӣ дафтаре дорад, ки дар он маслиҳатҳои тиббиро сабт мекунаду бисёрашонро азёд медонад.

Писарам Абубакр дар синфи 4 мехонад ва ҳама рубоиҳои Хайёмро ба забонҳои русию тоҷикӣ азёд кардааст. Ӯ ба фанни математика шавқу рағбати зиёд дорад. Мақсад гузоштааст, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ширкат варзад.

- Коллективи «Бонувони Тоҷикистон» тарбияи мутахассисони ҷавонро чӣ гуна ба роҳ мондаанд?

- Тайи 5 соле, ки ман сармуҳарририи маҷалларо ба уҳда дорам, ҳайати он хеле ҷавон шуд. Ҷавононеро, ки мактаби олиро хатм кардаанд, ба кор гирифта, ба собиқадорон вобаста намудем. Яъне, аз рӯи принсипи «устод-шогирд» тарбияи мутахассисони ҷавонро ба роҳ мондем. Рӯзноманигорони собиқадор ба кадрҳои ҷавон мавзӯъ медиҳанд, навиштаҳояшонро таҳрир мекунанд ва сабку услуби қулайи омода кардани матлабро меомӯзонанд. Аз ин рӯ, хоҳишмандони кор дар маҷалла зиёданд. Мо таҷрибаомӯзонро низ бо мамнуният қабул намуда, дар таҳияи мақолаю омода кардани мусоҳибаю гузориш кумак мерасонем.

Баъзеҳо барои ба кор қабул кардан шарт мегузоранд, ки се сол собиқаи корӣ дошта бошад. Ман ба ин зиддам. Агар сохторҳо се сол собиқаи кориро шарт гузоранд, мутахассиси ҷавон дар куҷо соҳиби собиқа шавад? Мо бояд ба онҳо роҳ кушоем, дасташонро рост кунем, то дониши андӯхтаашонро дар амалия истифода баранд.

Мутахассисони ҷавон нигоҳи нав, идеяи тоза ва неруи бузурги корӣ доранд. Бояд ба онҳо имкон диҳем, ки неруи зеҳниашонро баҳри пешрафту ободии кишвар сарф намоянд.

- Дар арафаи Рӯзи матбуот мехостем аз устодонатон ёдовар шавед.

- Пеш аз ҳама, ба ҳама устодоне, ки дар мактаби миёнаю донишгоҳ ба ман сабақ омӯхтанд, арзи сипос мекунам.

Сабабгори ба журналистикаи радиою телевизион рӯ оварданам бонуи соҳибмаърифат, арбоби шинохтаи давлатӣ Бозгул Додхудоева мебошанд. Солҳое, ки ман дар Маркази иттилоотӣ (ҳоло АМИТ «Ховар») кор мекардам, Б. Додхудоева муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Мо ҳамроҳи он кас барои истиқболи гурезаҳое, ки аз Афғонистон баргаштанд, 10 рӯз якҷо дар гузаргоҳи Панҷи поён будем. Ман дар он айёми душвор ба бузургии дили муаллима қоил шудам. Ҳар рӯз вақте гурезагон ба Ватан бармегаштанд, мо ҳам баробари онҳо ашк мерехтем. Додхудоева духтаракеро, ки сару рӯяш чиркину либосҳои жанда дошт, модарвор бӯсида, ба гурезагон гуфтанд: «Хуш омадед ба Ватану сарзамини аҷдодӣ, осудагии шуморо Сардори давлат кафолат медиҳад. Худо хоҳад, боз соҳиби хонаву дар ва зиндагии осуда мешавед». Чунин суханҳои тасаллибахш дар дили онҳо ба ояндаи нек шуълаи умед барафрӯхт.

Мӯйсафедеро дидем, ки ба зону афтода, гирякунон хоки Ватанро ба дидаҳояш молид. Ин лаҳзаҳоро бе риққат пеши назар оварда наметавонам…

Вақте аз минтақаи наздисарҳадӣ баргаштем, сабти садои баргаштагонро тавассути радио пахш намудем. Силсилаи хабару гузоришҳоям дар Маркази иттилоотии «Ховар» нашр шуда, дар рӯзномаҳо ба чоп расид.

Бозгул Додхудоева сабаб гардиду тариқи гузариш аз «Ховар» ба Радиои Тоҷикистон ба кор омадам. Аз он ҷо муддате ба телевизион (шабакаи аввал) рафта, боз дар радиои «Садои Душанбе» ва телевизиони «Сафина», дар вазифаҳои сармуҳаррири барномаҳои иттилоотӣ, котиби масъул ва муовини директор фаъолият намудам.

Мусоҳиб Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»