Қонуне, ки баҳри тарғибаш ТУТ низ ҳавасманд аст

№65 (4015) 08.06.2019

ТУТБа касе пӯшида нест, ки солҳои охир кишварҳои ҳамсоя аз таҷрибаи ҷумҳурии мо дар қонунгузорӣ истифода менамоянд. Яке аз қонунҳое, ки айни замон мавриди таваҷҷуҳи онҳо, аз ҷумла, Ҷумҳурии Қирғизистон қарор гирифтааст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» мебошад, ки соли 2010 қабул шудааст.

 Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҷамшед Муртазозода зимни суҳбат иброз дошт, ки соли 2013 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба Конвенсияи қолабии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) доир ба мубориза бар зидди тамоку ҳамроҳ гардид. Бо дарназардошти ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутобиқ кардани қонунгузорӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, дар соҳаи тандурустӣ, уҳдадор шуд.

- Мушкилоти мавҷуда дар самти амалисозии қонуни мазкурро ба инобат гирифта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» дар таҳрири нав пешниҳод, қабул ва ҷонибдорӣ гардида, 2 январи соли 2018 аз ҷониби Президенти кишвар имзо шуд, — зикр кард номбурда.

Қонун аз муқаддима, 3 боб ва 10 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамоку бо мақсади ҳифзи солимӣ ва пешгирии беморшавии аҳолӣ танзим намуда, фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши ин гуна маҳсулотро муайян менамояд.

19 июни соли 2018 ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди тамоку роҳбари вақти Намояндагии ташкилоти умумиҷаҳонии тандурус­тӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Паканевич Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои нақши сазовор доштан дар таъмини солимии аҳолӣ бо «Медали Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ» қадр кард. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни қабули мукофоти зикршуда изҳор доштанд, ки ин қадрдонӣ натиҷаи кӯшишу заҳматҳои ҷомеаи Тоҷикистон ба хотири ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад.

Дар идомаи суҳбат вакил аз он изҳори нигаронӣ кард, ки вақтҳои охир як идда мехоҳанд ба қонуни мазкур ҷанбаҳои сабуккунанда ворид карда шавад. Ин дар ҳолест, ки он дар доираи принсипи башардӯстона ва ба хотири солимии аҳолии кишвар таҳияву қабул шудааст. Масалан, боби 2 қонуни мазкур, ки «Танзими фаъолият оид ба маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ном дорад, иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи тамоку, танзими фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку, манъи фурӯши маҳсулоти тамоку, тадбирҳои аз таъсири маҳсулоти тамоку ҳифзкунанда ва тарғиби зарари истифодаи маҳсулоти тамокуро фаро гирифтааст. Тавре аз номи моддаҳои он бармеояд, ба ғайр аз моддаи 5 (манъи фурӯши маҳсулоти тамоку) боқимонда моҳияти маҳдудкунӣ дорад.

Банди 3 моддаи 5-и қонун фурӯши маҳсулоти тамокуро ба таври донабайъ, бе борпечи истеъмолӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифати маҳсулот, банди 4 истеҳсол, фурӯш ва паҳнкунии маҳсулоте, ки ба маҳсулоти тамоку монанд мебошад, банди 5 паҳн кардани маҳсулоти тамокуро дар байни аҳолӣ ба таври ройгон ё ба ивази ягон мол, хизматрасонӣ ва ё фурӯши он дар дохили маҷмӯи маҳсулоти ғайритамоку, банди 6 бар ивази пардохти музди меҳнат додани тамоку ва маҳсулоти тамокуро манъ кардааст. Тибқи муқаррароти банди 7, намоиши маҳсулоти тамоку дар объекти тиҷоратӣ ба харидор тибқи хоҳиши ӯ пас аз шиносоӣ бо рӯйхати маҳсулоти тамокуи ба фурӯш гузошташуда, бо дарназардошти талаботи моддаи мазкур, амалӣ мешавад. Дар банди 8 муқаррар шудааст, ки маҳсулоти тамоку дар ҷойҳои фурӯш дар ҷевонҳои маҳкам нигоҳ дошта шавад. Ҷевонҳои мазкур аз ҷиҳати сохт бояд чунин бошанд, ки ҳангоми кушодани онҳо намоиши маҳсулоти тамоку ба харидорон ғайриимкон гардад.

Аз меъёрҳои овардашуда маълум аст, ки маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамоку маънои манъ кардани истифодаи онро надорад.

Мутаассифона, ба таври зарурӣ амалӣ нашудани муқаррароти қонун дар ҷомеа нофаҳмиҳоро ба вуҷуд оварда, онро аз «назар»-и нафарони ба маҳсулоти тамоку вобасташуда «вазнин» нишон медиҳад.

Дар поёни суҳбат вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» аз ҷониби коршиносони дохилу хориҷ баҳои баланд гирифта, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ онро тарғиб карда истодааст. Аз ин рӯ, ҳоло зарурат барои ворид кардани тағйиру илова ба он нест.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»

Қонуне, ки баҳри тарғибаш ТУТ низ ҳавасманд аст

Ба касе пӯшида нест, ки солҳои охир кишварҳои ҳамсоя аз таҷрибаи ҷумҳурии мо дар қонунгузорӣ истифода менамоянд. Яке аз қонунҳое, ки айни замон мавриди таваҷҷуҳи онҳо, аз ҷумла, Ҷумҳурии Қирғизистон қарор гирифтааст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» мебошад, ки соли 2010 қабул шудааст.