Яке аз дастовардҳои асосии башарият офаридани қонун аст, зеро маҳз қонун тамоми соҳаҳои ҳаёти инсониро танзим мекунад. Пайдоиши қонунҳо ҳам чун дигар унсурҳои ғайримоддӣ натиҷаи ниёзи инсонҳо барои танзими муносибатҳо мебошад. Аз ин рӯ, дар тӯли таърихи дароз одамизод ба он шарафёб шуд, ки барои зиндагии босаодати худаш меъёрҳоеро муайян ва риоя намояд. Дар давлатҳои демократию ҳуқуқбунёд қонун «санади ҳуқуқие мебошад, ки аз ҷониби мақоми олии қонунгузори ҳокимияти давлатӣ ва ё тариқи овоздиҳии умумихалқӣ бо тартиби махсус қабул гардида, муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро танзим месозад. Қонун асоси низоми ҳуқуқии давлатро ташкил менамояд ва қонун нисбат ба ҳар гуна санадҳои ҳуқуқӣ қувваи баланди ҳуқуқӣ дорад».
Чун дар низоми давлатдорӣ қонун мақоми баланд дорад, мо низ дар арафаи Рӯзи Модар тасмим гирифтем, ки матлаби ҷашниро дар қолаби қонун таҳия намоем.
Қонуни мазкур дар заминаи қоидаҳои нонавиштаи ҳаёт таҳия шуда, фарогири масъалаҳои ахлоқӣ мебошад.
Моддаи 1. Мафҳуми асосӣ
Қонуни мазкур аз як мафҳуми асосӣ – Модар иборат мебошад.
Моддаи 2. Сарчашамаи ҳаёт
Модар сарчашмаи ҳаёт ва самимитарин ва меҳрубонтарин фард дар сайёраи Замин аст.
Моддаи 3. Эҳтироми Модар
Эҳтироми Модар аз масъалаҳоест, ки дар адабиёти хаттии зиёда аз ҳазорсолаи мо ҳамеша инъикос шудааст. Инчунин, дар сарчашмаҳои таърихӣ, нақлу ривоят ва устураҳои миллати мо ҳамеша зери ҳимоя будан ва аз ҷониби фарзандону дигар қишрҳои ҷомеа эҳтиром шудани Зан-Модар васф шудааст. Аз ин рӯ, моро мебояд дар эҳтироми Модар саҳлангорӣ накунем, то асолат ва рисолати мо халалдор нашавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони занони кишвар (6 марти соли 2007) таъкид кардаанд: «Арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми Модарону занон қарзи фарзандӣ ва фарзи имонии ҳар як инсон аст. Ин рисолатро мо дар сурате адо карда метавонем, ки ба қадри шири поки Модарон, меҳрубониву ғамхории самимии занон ва хоҳарону духтарони худ бирасем».
Моддаи 4. Бузургон дар васфи Модар
Тамоми бузургони ҷаҳон парвардаи домони Модаранд. Аз ин рӯ, Модарро бо бузургтарин суханҳо васф кардаанд. Наполеон гуфтааст, ки «Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад». Муҳаммад Ҳиҷозӣ бошад, «Ягона доваре, ки гуноҳи моро мебахшад, Модар аст», мегӯяд. Балзак таъкид кардааст, ки «Модар воситаи эҷод ва рамзи хилқат аст. Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ наметавонед муҳаббате беҳтар ва воқеитар аз муҳаббати Модар биёбед».
Бузургии Модар ба ҳаддест, ки ҳеҷ сухан шаҳомати онро бозгӯ карда наметавонад. Аз ин ҷост, ки Лоиқ Шералӣ гуфтааст:
Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гӯянд,
Як байт ҳам наарзад андар санои
Модар.
Моддаи 5. Модар – Ватан, Замин — Модар
Модар бемислу қиёс аст, ки ҳамтои ӯро касе ёд надорад. Он ҳама осору ганҷгуфторҳо дар васфи Модар танҳо ҷузъиёте аз бузургии Модар аст, ки ба чизе ташбеҳ медиҳанд. Масалан, агар сухан дар бораи меҳри Модар равад, пас гармии онро ба хуршед монанд мекунанд, аммо Модар ҳамчун зарфияти ташбеҳ ҳангоми ба забон гирифтани номи арзиши муқаддаси дигар — Ватан ба кор бурда мешавад. Чун синоним истифода шудани Ватан-Модар дар фарҳанги мо собиқаи тӯлонӣ дорад. Аз ҷумла, Абурайҳони Берунӣ дар китоби худ «Осор-ул-боқия» аз ҷашни хоси занон бо номи «Исфандормуз» ёд карда мегӯяд, ки «Исфандормуз» эзади муаккал бар замин ва эзад ҳомӣ ва нигоҳбони занони шавҳардӯст ва порсо ва дурусткор буда. Ба ҳамин муносибат ин рӯз иди занон ба шумор мерафт. Мардум ба ҷиҳати гиромидошт ба онон ҳадя дода ва бахшиш мекарданд. Занон на танҳо аз ҳадоё ва деҳишҳое бархӯрдор мешуданд, балки ба навъе дар ин рӯз фармонравоӣ мекарданд ва мардон бояд, ки аз онон фармон мебурданд. Сипиндормузд нигаҳбони замин аст ва аз он ҷо, ки замин монанди занон дар зиндагии инсон нақши борварӣ ва бордеҳӣ дорад, ҷашни Исфандгон (испандгон) барои гиромидошти занони некукор баргузор мегардад. Эрониён аз дер боз ин рӯзро рӯзи зан ва рӯзи Модар меномиданд».
Моддаи 6. Рӯзи Модар
Дар кишвари мо ҳамасола 8–уми март ҳамчун Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад. Ин сана ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 3 ноябри соли 1995, №98, дар кишвари мо расмӣ шудааст, ки нишон аз таваҷҷуҳ ва арҷгузории давлат ба Модарон мебошад, аммо бузургони мо талқин кардаанд, ки барои гиромидошти Модар ҳар рӯз бояд саъй кард.
Моддаи 7. Зан-Модар таҳти ҳимояи давлат
Дар давлати соҳибистиқлоли мо — Тоҷикистон бонувон зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор доранд. Кишвари мо дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда конвенсияҳои байналхалқиро «Дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизи занон» (26 июни соли 1993), «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии зан» (14 майи соли 1999) ба тасвиб расонд. Инчунин, баъд аз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» қабул гардида, «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва 2021-2030), «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016, 2017-2022 ва 2023-2030) қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд.
Моддаи 8. Модар ва фарзанд
Модар, чун бузургтарин офаридаи Худованд, тамоми ҳастиашро ба фарзанд мебахшад. Аз ин ҷост, ки «Ҷаннат дар зери қудуми модарон» гуфтаанд. Донишманде аз ин ҳадис ҳикмати зебое эҷод кардааст:
«Аз Модар пурсиданд, ки вақте биҳиштро бароят ҳадя карданд, чаро онро зери қудумат гузоштӣ?
Гуфт:
- Ба хотире, ки бо дастонам фарзандамро ба оғӯш гирам.»
Вақте Модар ҳамаи ҳастиашро ба фарзанд бахшидааст, пас фарзанд низ бояд Модарро ҳамеша азизу гиромӣ дорад.
Пас ҳастии ман зи ҳастии
ӯст,
То ҳастаму ҳаст, дорамаш дӯст.
Моддаи 9. Модар — фаришта
Фаришта сокини олами қудсист. Аз ин рӯ, бузургони мо Модарро ба фаришта ташбеҳ додаанд. Фариштаи ҳаёт. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Модар ҳамеша дар тамаддуни зиёда аз шашҳазорсолаи мо поку муқаддас аст. Воқеан, муқаддастарин сокини сайёраи замин Модар аст. Аз ин ҷост, ки ҳар лаҳза калимаи Модар вирди забони мост. Агар нафареро ба суханонамон мутмаин карданӣ бошем, қасам ба шири сафеди Модар ёд мекунем, агар дарде тану ҷонамонро азият медиҳад, Модар мегӯем.
Одам ҳама умр хонаву дар гӯяд,
Фарзанду зану ёру бародар гӯяд.
То нон ба лабаш агар расад, бепарвост,
Чун ҷон ба лабаш расид, Модар гӯяд.
Пас, мебояд фариштаи ҳаёт аз ҷониби фарзандон дар мақоми фариштагиаш нигоҳ дошта шавад.
Моддаи 10. Муқаррароти хотимавӣ
Иҷро накардани меъёрҳои қонуни мазкур, ки баргирифта аз қоидаҳои нонавиштаи ҳаёт мебошад, ҳеҷ гуна пайомади ҳуқуқӣ надорад, аммо дорои ҷавобгарӣ дар назди виҷдон мебошад. Дар назди виҷдони худ. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ба қадри шири поки Модар нарасидан, заҳмати бедорхобиҳои ӯро фаромӯш кардан, ба Падару Модар ситам кардан ва дар пириву дармондагӣ ба қадри ранҷу азоби онҳо нарасидан бузургтарин гуноҳ аст».
Бале, агар мо хостори саодати ду ҷаҳонем, пас бояд ҳеҷ гоҳ аз заҳматҳои кашидаи Модар фориғ набошем.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»