Ордени қиматбаҳотарини ҷаҳон

№36 (3673) 04.04.2017

Орден-Победа-450x431Дар дунё ордену нишонҳое мавҷуданд, ки бо дарназардошти истифодаи  металлу сангҳои қиматбаҳо арзиши ниҳоят баланд доранд.

Агар ин ордену нишонҳо ба шахсиятҳои машҳур тақдим шуда бошанд, арзиши онҳо дучанд ва ҳатто даҳчанд меафзояд, ки аз тариқи музоядаҳо муайян мешавад. Алҳол ҳамчун ордени қиматбаҳотарини ҷаҳон дар ҷой якум ордени «Ғалаба» меистад. Орденҳои Нишони ҷавоҳиротдори апостоли Муқаддаси Андрей нахустдаъватшуда дар ҷойи дуюм, Ситораи  ҷавоҳиротдори  Екатеринаи Муқаддас сеюм, Салиби Виктория чорум, ордени «Фил»- и Давлати Дат дар ҷойи панҷум қарор доранд.

 ОРДЕНИ «ҒАЛАБА»

Ордени «Ғалаба» аз ҷиҳати ҳаҷм, ва арзиш олитарин ордени  Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор меравад.

Тарҳи орден аз  ситораи панҷгӯша, ки бо алмоси дурахшон ва лаъл ороиш дода шудааст, иборат мебошад. Дар таркиби он маводи қиматбаҳо, ба монанди  платина — металли қиматбаҳои сафедранг, ки арзишаш аз тилло ҳам баландтар аст, нуқра ва тилло мавҷуд аст. Вазни холиси он 78 грамм аст, ки 19 грамми он нуқра, 2 грамм тилло ва 47 граммаш платина мебошад.

Маркази орденро акси Мавзолейи Ленин, Манораи Спасский ва Сенат, Тоҷи ифтихор аз барги дарахтони  булут ва ғор, ки онро чун  нишони зафар ба сар мепӯшиданд, дар доираи кабуди эмалӣ тиллокорӣ шудаанд, зеб медиҳад. Аз болои давраи орден «СССР» ва дар зераш лента бо навиштаҷоти «Победа» ҳаккокӣ шудааст.

Алҳол орденҳои «Ғалаба» дар ҷойҳои махсус ва  осорхонаҳои Федератсияи Россия маҳфузанд.

Нархи ордени «Ғалаба» дар бозори имрӯзаи атиқафурӯшӣ 16 миллион доллари амрикоӣ муайян шудааст. Вале ҳастанд шахсоне, ки барои ба даст овардани он 20 миллион долларро низ дареғ намедоранд.

Бо ордени «Ғалаба» аз рӯзи таъсисёбиаш ҷамъ 17 нафар мукофотонида шудаанд. Инҳо Маршалҳои Иттифоқи Советӣ Георгий Константинович Жуков (ду маротиба – 10 апрели соли 1944 ва 30 марти соли 1945), Александр Михайлович Василевский (ду маротиба — 10 апрели соли 1944 ва 19 апрели соли 1945), Иосиф Виссарионович Сталин (ду маротиба – 29 июли соли 1944 ва 26 июни соли 1945), Иван Степанович Конев (30 марти соли 1945), Константин Константинович Рокоссовский (30 марти соли 1945), Родион Яковлевич Малиновский (26 апрели соли 1945), Фёдор Иванович Толбухин (26 апрели соли 1945), Леонид Александрович Говоров (31 майи соли 1945), Семён Константинович  Тимошенко (4 июни соли 1945), Кирилл Афанасевич Мерецков (8 сентябри соли 1945), генерали армия Алексей Иннокентевич Антонов (4 июни соли 1945) мебошанд.

Аз намояндагони давлатҳои хориҷа бо ин орден генерали армияи  Иёлоти Муттаҳидаи Америка Дуайт Эйзенхауэр (5 июни соли 1945), Фелдмаршал Бернард Монтгомери (5 июни соли 1945), Шоҳи Руминия Михай Гогенҷоллерн- Зигмаринген (6 июли соли 1945), Маршали Полша Михал Роля – Жимерский (9 августи соли 1945) ва Маршали Югославия Иосип Броз Тито (9 сентябри соли 1945) қадрдонӣ шудаанд.

Бори охир (20 феврали соли 1978) ордени «Ғалаба» ба Котиби генералии ПК Иттифоқи Советӣ, Маршали Иттифоқи Советӣ Леонид Илич Брежнев тақдим гардид. Аммо айёми «бозсозӣ»- и горбачёвӣ (21 сентябри соли 1989) Леонид Илич Брежнев (баъд аз вафоташ) аз ордени «Ғалаба» маҳрум карда шуд.

 Фароҳамсоз

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»