Ба саҳифаҳои таърихи башар бо чашми ақлу хирад назар афканем, ба хубӣ хоҳем дарк кард, ки инсоният дар ҳама давру замон дар талоши истиқлолу озодӣ аст. Агар эҳсоси истиқлолҷӯӣ дар вуҷуди инсоният намебуд, дар ягон соҳаи ҳаёти ҷомеа пешрафт ба вуҷуд намеомад, ҷомеаи ҷаҳон рушд намекард, илму фан инкишоф намеёфт, илми муосир ба дастовардҳои беназир ноил намешуд. Шоире бамаврид фармудааст:
То даме одаму олам боқист,
Орзуи башар истиқлол аст.
Воқеан, Истиқлол неъмати бебаҳост. Тоҷикону тоҷикистониён хушбахттарин мардуми рӯи олам маҳсуб мешаванд, ки давлати соҳибистиқлол доранд. Мусаллам аст, ки истиқлолият кафили бақои ҳар миллату давлати рӯи олам аст
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолият ба даст овард ва онро бештари давлатҳои ҷаҳон ба расмият шинохтанд, мавҷудияташро ба ҳайси яке аз давлатҳои мустақили демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд эътироф карданд.
Аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ халқи тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи тараққиётро муайян кард ва дар он қадамҳои устувор ниҳод.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар ҳама соҳа тараққӣ кард, сатҳи зиндагии сокинон боло рафт. Дар радифи дигар соҳаҳо, соҳаи маориф ва илм низ рӯ ба рушд ниҳод. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама гӯшаву канори ҷумҳурӣ биноҳои таълимӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Донишкадаву донишгоҳҳои замонавӣ дар ба рӯи наврасону ҷавонон боз карданд. Маоши муаллимону дигар коркунони соҳаи маориф борҳо зиёд карда шуд, ки ин ҳама дигаргуниву навгонӣ мусоидат ба пешрафти соҳа намуд.
Шукри даврони соҳибистиқлолӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумиву олии кишвар тамоми шароит барои таҳсили наврасону ҷавонон фароҳам омадааст ва ҳоло фарзандон дар фазои орому осуда таҳсил мекунанд. Иштирок дар симпозиуму олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва соҳиби ҷойҳои намоён шудани садҳо наврасу ҷавон гувоҳи он аст, ки соҳаи маориф тайи чанд соли охир пеш рафтааст.
Рисолати шаҳрвандии ҳар нафар тоҷику тоҷикистонист, ки бо дарки масъулият ва ҳисси хештаншиносиву ватандӯстӣ, дар ободиву пешрафти бештари сарзамин саҳми босазо гузорад ва дар таҳкиму пойдории истиқлолият талош варзад. Зеро зиндагии шоистаи фардои фарзандон аз хидмати софдилонаи ҳар нафар вобаста аст.
Лейлӣ НАРЗУЛЛОЕВА, муаллимаи МТМУ № 51-и ноҳияи Фирдавсӣ