Ҳошим Гадо — нависанда

№105 (4367) 31.08.2021

Хошим Гадо1Пеш аз ҳама, гуфтаниам, ки Ҳошим Гадо пас аз чопи мақолаи инҷониб дар бораи эҷодиёти ӯ (дар зарфи 10 моҳ) 16 ҷилд китоби нави дигар нигошта, ба чоп расондааст. Барои омӯзишу таҳлилу пажӯҳиши офаридаҳои ӯ фурсати зиёд мебояд дар ихтиёр дошт. Аммо чизе нагуфтан дар бораи навиштаҳои нобиғае, ки ҳаммиллату ҳамзамонамон аст ва ба теғаи кӯҳи андешаҳои ӯ на ҳар кас баромада метавонад, гуноҳи нобахшиданист.

Мардуми зоҳирпараст ба ҷаҳони андешаҳои жарфи Ҳошим Гадо наметавонанд ба таври боиста дарбираванд, зеро ин донишманду файласуфи тавоно аз ҳамзамонон фарсахҳо пеш рафтааст. Ӯ шояд зери таъсири омӯзишу парвариш дар Донишкадаи санъати театрӣ (ГИТИС) — и Россия, китобхонии бешумори адабиёти ҷаҳонӣ ончунон ба шеваи андешаронии русҳову аврупоиён омезиш ёфтааст, ки табиати тоҷикиаш дар чашми ноогаҳон дигаргуна менамояд. Аз суҳбат бо касони ба ҷаҳони андешаронии ӯ дарнарафта пай бурдаем, ки бо сабаби ноошноӣ ба шеваи биниши ин бинишвари доно ва албатта, андакхон будан, нобиғаи ӯро кам мебинанд. Масалан, кадом ҳамдиёрамонро ном бурда метавонем, ки ҳунари беҳамтои ӯро дар офариниши намоди Хлестаков, аз осори Гогол сутуда бошад? Ва ё аз «Ҳамлет»-и Шекспир дар бозтоби Ҳошим Гадо ба ваҷд омада, ифтихор карда бошад? Бо таассуф мебояд гуфт, ки дар даҳсолаҳои охир бар ивази бештар омӯхтани адабиёти мардуми дар кашфҳои техникиву фаннӣ пешрафта (яъне аврупоиён), рӯ ба адабиёти ирфонӣ овардаем, ки дарунмояаш асосан ҳамон миститсизми ирфони исломӣ мебошад.

Иддаи зиёди хонандагони офаридаҳои Ҳошим Гадо заҳматҳои камаршикани нависанда ва он ҳам нависандаи пажӯҳишгар (критик) ва гузашта аз ин, пажӯҳишгари адабиёт ва ҳунари театрии ҷаҳониро осон медонанд. Баъзеҳо гумон низ мекунанд, ки Ҳошим Гадо аз ин заҳматҳои камаршиканаш фоидаи молӣ мебарад, пулу сармоя гирд меоварад. Дар ин маврид гуфтаи як дӯстамро ёдовар мешавам: «Ҳоло китоб менависӣ, худат пул пайдо карда, онро ба чоп мерасонӣ ва худат мехонӣ…»

Аммо Ҳошим Гадо он қадар содаандеш нест, ки нафақаи худро, балки бештар маблағи ёфтаашро сарфи чопи китобҳояш мекунад. Ӯ медонад чӣ кор мекунад. Медонад пас аз  гузашти чор — панҷ даҳсола, ки дигар худаш нест, донишҷӯён, донишварзон, донишхоҳон, синамогарон, театршиносон, таърихнигорон дар китобхонаҳо офаридаҳои ӯро ҷустуҷӯ хоҳанд кард. Аммо медонед, пайдо кардани китобҳояш осон нахоҳад буд. Шумо ба саҳифаи охири китобҳои ӯ бингаред, хоҳед дид, ки дар сатри адади нашри 320 ҷилди китобҳои ӯ навишта шудааст — адади нашр: 50 нусха. Ин сирро ман медонам ва албатта, худашон, зеро пайдост, ки инро бо овози баланд ба касе нагуфтааст ва хонандагон аслан ба ин вижагии полиграфӣ бетафовутанд. Бубинед, Ҳошим Гадо агар худаш аз ин 50 нусха 30 нусхаашро гирифта, ба дӯстону ҳаводорони муқими Москваву Санкт- Петербург ва Тошканду Боку тақдим кунад, 20 нусхаи дигараш дар китобхонаҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб  ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим шаванд, тасаввур кунед, ҳоли он пажӯҳишгарон ва театромӯзон чӣ гуна хоҳад буд.

Ва бояд донист, ки бо забони русӣ навиштани асарҳояш низ ҳикмат дорад, ки дар нигоҳи мо чунин аст: мехоҳӣ ҳунарманди шоиста барои офаридани намодҳои осори нобиғаҳои Ғарб бошӣ ва ҳунари театриро дуруст бишносӣ, забони русиро биомӯз, ёд бигир. Агар забони русиро надонистиву офаридаҳои драмнависони русу аврупоиро наомӯхтӣ, метавонӣ актёре бошӣ, аммо актёри ноқис, драманависи нокомил.

Аксарият намедонанд, ки дар офариниши асарҳои ҷиддӣ бо жанрҳои ихтироъкардаи аврупоиён, яъне роман, повест, ҳикоя, новелла, пйеса мо аз Аврупо 200 — 300 сол вопас мондаем. Аврупоиён бо инқилоби фаннӣ, яъне, пешравиҳои ҷаҳишсон дар илмҳои механика, кашфи неруи барқ, аэродинамика ва даҳҳо кашфиёти дигар, дар офариниши асарҳои адабӣ низ пеш рафтанд. Гузашта аз ин, фарҳанги тоҷикону Шарқи мусалмон, ки бештар ба сухан (арабиаш калом) такя дорад, пас аз воридшавии дини ислом ба сарзамини онҳо, ғолибан фарҳанги каломӣ (сухан) мебошад. Дар сарзамини офарандаҳои «Авасто», пас аз ислом ба иллати носавоб дониста шудани ҳунари наққошӣ, мусиқиву пайкаратарошӣ, завқу ҳунари ориёӣ ва фаъолияти зеҳниву фикрӣ, дар чаҳорчӯбаи сухан (калом) ба кор бурда шуда, сухан бори ҳунарҳои дигарро бар дӯш гирифт ва гузашта аз ин, сухан бештар бо забони шеър баён гашт. Шеъру достонсароӣ, албатта, наметавонист, чун роман, повест, ҳикоя, асарҳои драмавии саҳнаҳои тамсилӣ, баёни андешаро ба таври пурра таъмин созад. Чунон ки ҳама медонанд, танҳо дар даҳсолаи сеюми садсолаи XX устод Садриддин Айнӣ нахустин шуда, бо офариниши повести «Одина» ба нигориши жанри нав пардохт ва адибони тоҷик пас аз ду даҳсолаи дигар ба навиштани  асарҳои драмавӣ каму беш оғоз карданд.

Агар бигӯем, ки фарҳанги сухан ҳанӯз ҳам дар ҷомеаи болотар аз ҳунарҳои дигар аст, иштибоҳ нахоҳем кард. Ҳанӯз ҳам чун ҳазорсолаҳо пеш насиҳатофариниҳо ва ошиқонасароиҳо дар маркази бозтоби адабии зиндагӣ ҷой доранд. Ҳунари  драманависӣ ва бозтоби он аз саҳнаи театрӣ, ки душвор аст, бо вуҷуди дар тарбияи мардум пуртаъсир будан дар сафи дуюм ҷой дорад. Ва шояд ба ҳамин сабаб донишу биниши беҳамто ва сад дареғ гузарои Ҳошим Гадо то андозае ба ҷавонон нокоромад мондааст.

Ман бо Ҳошим Гадо се — чор бор гуфтугӯи телефонӣ доштам, ки аслан ӯ мегуфту ман мешунавидам. Аз гуфтораш пай бурдам, ки ӯ хеле зиракона намегузорад, ки ба беҳудагӯиҳои ҳамсуҳбаташ гӯш фаро диҳад. Барои ӯ дар ин лаҳзаҳо назокату ҳусни гуфтугӯ арзише надорад ва ин дуруст ҳам ҳаст, зеро бисёре аз ошноён вақти ҳамсуҳбатро ночиз пиндошта, бо беҳудагӯӣ онро харҷ мекунанд. Ман ки саросемагии ӯро мефаҳмидам, ба дил камтарин малолеро роҳ намедодам, ки сухани  маро мебуррад, гуфтаҳои маро то охир гӯш намекунад ва мекӯшад маро биомӯзонад, аммо медонам, ки бисёре аз ошноёну ҳамтоён ва мартабаву унвондорон аз суҳбати ӯ худро канор мегиранд ва ҳатто навиштаҳои гаронарзишашро бо чашми омӯзанда намехонанд. Дар яке аз гуфтугӯҳои телефониамон гуфт: -Ту «Данко» — и маро хондаӣ? Медонӣ Данко кист? Ин пурсиш ба он сабаб буд, ки маро аз одамони андакхонда мепиндошт ва пиндораш дуруст ҳам буд, зеро дар паҳлуи мо касони андакхонда, дар нисбат ба китобхондаҳо зиёдтаранд. Ва аз худ пурсидам, ки чаро ӯ «Данко» — и Горкийро аз худ медонад?

Данко. Ҳошим Гадо ҷилди 290 — уми осори худро «Дили Данко» (Сердце Данко) унвон гузошта ва дар он ҷилд устураи юнонии Прометейро низ ҷой додааст. Мо бо ин ҳар ду достон аз ҷавонӣ ошно ва ба нобиғаи Эсхил ва Максим Горкий аз он рӯзгор қоил будем. Аз шиносоӣ бо қаҳрамонони он достонҳо дарёфтаем, ки дар рӯи замин будаанд касони ба хотири зиндаву осуда зистани мардум ҷон дареғ надошта, дили пурхунро аз даруни сина канда, барояшон чароғи раҳнамо дуруст кардаанд.

Пас аз гуфтугӯи телефонӣ китоби «Дили Данко» — и Ҳошим Гадоро саҳифагардон кардам ва бардошт аз ин хондани тозаам дар нисбат ба дарёфтҳои ҷавонӣ тафовут дошт. Гӯё Ҳошим Гадо ба ман ишора мекард, ки ба ин нукта аз гуфтаҳои Горкий бо забони Данко аҳамият бидеҳ. Ӯ ҳангоми мардумро аз пушт барои берун баромадан аз ҷангали ба истилоҳи Фирдавсӣ, гашн, яъне, аз миёни анбӯҳи дарахтон раҳнамоӣ мекард, аммо одамон, ки хаставу афсурда аз по дармеафтиданд, аз Данко ноумед шуда, ба ӯ лаънат мефиристанд ва таҳдид мекарданд, ки мекушандаш. Дар ин лаҳза Данко ба одамон менигарад, ки ӯро иҳота карда, бо нафрат чун даррандагон ба сӯяш менигаранд. Ва он нуктае, ки пас аз 50 сол бо ишораи Ҳошим Гадо ба он аҳамият додам, маро акнун ба дарунмояи достони Горкий ворид сохт, ки он ин аст:

« — Ты, — сказали они, — ничтожный и вредный человек для нас! Ты повёл нас и утомил, и за это ты погибнешь!

Во мне есть мужество вести, вот потому я повёл вас. А вы? Что сделали вы в помощь себе? Вы только шли и не умели сохранить силы на путь более долгий! Вы только шли, шли, как стадо овец!

Много людей стояло вокруг него, но не было на лицах их благородства, и нельзя было ему ждать пощады от них. Тогда и в его сердце вскипело негодование, но от жалости к людям оно погасло. Он любил людей и думал, что может быть, без него они погибнут……».

Яъне, ту, гуфтанд онҳо, барои мо инсони нобакор ва зарароварӣ! Ту моро раҳнамоӣ кардӣ ва афсурда сохтӣ ва барои ин хоҳӣ мурд.

Дар ниҳоди ман мардонагӣ ҷой дорад ва барои ҳамин ҳам шуморо раҳнамоӣ кардам. Аммо шумо? Шумо чӣ кардед барои ёрии худ? Шумо танҳо роҳпаймоӣ кардед ва натавонистед неруи даркориатонро барои  роҳпаймоии масофаи дарозтар нигоҳ доред. Шумо танҳо роҳ гаштеду роҳ гаштед, ба монанди рамаи гӯсфанд!

Одамони зиёд ӯро иҳота карда буданд, аммо дар рӯи онҳо накӯӣ падидор набуд ва аз онҳо набояд тараҳҳумро интизор дошт. Ва як замон дар дили ӯ низ нафрат ҷӯш зад, вале аз раҳми бар одамон дошта нафраташ хомӯш гашт.

Акнун ба ҳикмати офаридаи Горкий ва дарёфти дурусти Ҳошим Гадо пай бурдам, ки дили одамони чун Данкоро тӯдаҳо ва ё авом ҳаргиз нахоҳанд фаҳмид. Тӯдаҳо бо камтарин ноумедӣ омодаанд ба раҳнамои худ ҳазорон таъну лаънат бифирастанд ва умуман, аз по дарафкананд. Мо ин худфидоии сарварону давлатсозон ва ё эҷодгаронеро чун Ҳошим Гадо дар рӯзгор мебинем. Онҳо ҳар чӣ доштанд, ба одамон доданд, зиндагии озод, бепарвоӣ ва маҳрумият ба сайру тамошо, бо хости дил писандидани ҳар роҳу рафтор, гуфтору кирдори хоси як инсони хокиро. Акнун танҳо коре мондааст, то дилро аз сина канда, афзори рӯшноибахши мардум созанд.

Ҷолиб он аст, ки ҳикояи ҳаяҷонбарангези «Пиразани Изергил»-ро Максим Горкий дар навҷавонӣ навиштааст ва аз мундариҷаи фишурдаи он саҳнаороёни театрӣ намоишномаи дусоата бо номи «Шуълаи оташ» офаридаанд.

Соли гузашта навиштаеро бо унвони «Кист Ҳошим Гадо?» ба ин нобиғаи беқарор бахшида, пурсишеро ба миён гузоштам, ки «Чӣ мехоҳад Ҳошим Гадо?» Ва посухи ман ба ин пурсиш пурра набуд, нотамом буд, зеро осон нест хоҳиши дар дилдоштаи Гиганти соҳиби беш аз 320 ҷилд китоби пур аз пурсишҳо, бидуни камтарин бузургбинии сохта, Суқроти зиндаро дар рӯи чанд варақ ба қалам овард. Албатта, навиштам, ки  Ҳошим Гадо мехоҳад миллаташ аз тангназариҳои бар асари ғуломӣ зери юғи маънавии арабу турку муғул дар замираш ҷойгирифтаро аз сар берун партояд. Ӯ ранҷи рӯҳӣ мебарад, ки мардум аз андешаҳои ҷаҳонгири нобиғаҳои илму ҳунару фарҳанги Аврупо ҷудо шуда, биниши офаридгорони ҳазорон осори бузургони ҷаҳонӣ барояшон бегона хоҳанд шуд. Бим дорад, ки садҳо беистеъдод, камҳунар, нотавонони аз андешаварзӣ бенасиб, худбузургбинони камхондаву андакхонда, бахилони бетабъу завқ, ки ҳилаву найрангро илму доноӣ донистаанд, бар маснаду мартаба расида, ба истилоҳи Ҳаким Фирдавсӣ, ҳунарро хормоя месозанд. То ки каме ҳам бошад, садди пеши роҳи чунинҳо шавад, роҳи донишхоҳонро равшантар созад, кӯшидааст ҳамватанонро бо нобиғагони Ғарб ошно созад, хоҳ ҳунарманди театр бошад, хоҳ суратгир, хоҳ файласуф ё фарҳанговару оҳангсоз. Барои ин дар баробари беш аз 320 ҷилд китобе, ки мавзӯи марказиашон ҳамон фарҳанговарӣ аст, ҷилди алоҳидаеро зери унвони «Нобиғагони беақл» («Гениальные безумцы») таълиф намудааст. Сарсухани китоб бо чунин суханони фалсафии донишманди бузурги англис Ҷон Трайден оғоз меёбад, ки хонандаро ба андеша вомедорад: «Ақли баланд (расо) ҳамсояи беақлӣ аст ва байни онҳо сарҳад вуҷуд надорад».

Дар ин китоб ба таври фишурда хонандаро бо саргузашт ва осори 16 нафар нобиғаи нотакрори илму фарҳанги ҷаҳонӣ, ба сони Даниил Хармс, Микалоюс Чюрлёнис, Ванн Гог, Франсиско Гойя, Карл Брюллов, Фёдор Достоевский, Эжен Делакруа, Салвадор Дали, Имануил Кант ва дигарон ошно месозад. Аз осори нотакрорашон бо як ваҷд ёдовар мешавад. Хонандаро ба монанди модаре, ки кӯдакашро барои ба хӯрдани хӯрок водоштан, ноларо ба даҳон бурда, лаб мелесаду маза мекунад, асарҳои он нобиғаҳоро васф мекунад. Ҷолиб он аст, ки зиндагӣ ва эҷодиёти он бузургон бо якдигар ҳамсоние доранд. Дар рӯзгорашон аз дасти бахилону сардорони худбину чалласавод ранҷ бурдаанд, офаридаҳояшонро дар зинда буданашон ба пули сиёҳ арзиш надоданд, вале пас аз марг миллион доллар харидаанд. Ончунон ки Ванн Гог Винсет зиндагиро бо хориҳо гузаронид. Дар ин маврид мехоҳам аз гуфтаҳои адиби беҳамтои Эрон, зиндаёд Меҳдӣ Ахавони Солис намуна орам. Ӯ навиштааст: «Эй Офаридгор, охир чӣ мекунӣ бо ман баринҳо? Ҳамон гуна, ки Ванн Гогро намедонам занаш буд ё маъшуқааш, асарҳои сари роҳаш гузоштаи суратгарро ба канор зада мегӯяд: бигир, ин ашғолҳоятро (партовҳоятро). Ҳамаро пур кардаӣ бо ин расмҳои бемаъният, аммо ҳар рӯз сабзифурӯш (кабудифурӯш) меояд, ки пули қарзро бидиҳед, нонфурӯш меояд, соҳиби хона меояд, ки қарзи иҷораатонро бидиҳед….». Вале яке аз тоблуҳои (суратҳои) кашидаи Ванн Гог пас аз 100 сол дар фурӯшгоҳ — ауксион ба маблағи ним миллион доллар фурӯхта шуд. Ҳамон гуна, ки Ҳофизи бузургвор бо дард мегӯяд: «То обрӯ наравадам, нон намерасад…».

Дар «Нобиғагони беақл», инчунин, сарнавишти эҷодкорони бузургро бозгӯ намудааст, ки онҳоро ҳамрӯзгоронашон писанд намекардаанд ва истеъдоди ғайриодии онҳоро чашми дидан надоштаанд. Воқеан, дар зиндагӣ ва корубори офарандагони бузурги асарҳои бадеӣ ҳамсоние дида мешавад. Инро ба ҳангоми хондани китоби зикршудаи Ҳошим Гадо хубтар дарк мекунӣ. Бахши зиёде аз он офарандагони асарҳои ҷаҳонӣ кирдорҳои ғайриодӣ доранд, ки девонагуна мебошанд ва ҳатто иддае аз онҳо дар тимористон умр ба сар бурдаанд. Барои исботи ин Ҳошим Гадо дар «Нобиғагони беақл» кирдорҳои девонавори нобиғагоне чун Хармс, Нитсше, Салвадор Дали, Ванн Гог, Шуман ва дигаронро дар оғоз ва фасли алоҳида унвонии «Гениальность и безумие — грани различия» (Нубуғ (нобиғагӣ) ва беақлӣ — сарҳадҳои тафовут) шарҳ додааст.  Ва хеле хуб дарёфтааст: «Нобиғагон дар нисбат ба одамони муқаррарӣ ба гунаи дигар ба ҷаҳон менигаранд. Ғолибан онҳо аз он чӣ мебинанду мешунаванд, қаноатманд нестанд. Онҳо пайваста талош меварзанд, ки ҷаҳонро дигаргуна бозсозӣ кунанд».

Ҳошим Гадо ҳолатҳои рӯҳии пур аз ранҷу дардро ба ҳангоми офаридани намодҳои бузургон бозгӯ намуда, ҳамчунин, ба истилоҳ, актёрҳои маъмулии сатҳи миёнаро ба ёд овардааст, ки кору зиндагиашон ҳамвору нарм мегузарад, ҳаргиз нақшҳои асосиро бозӣ намекунанд, истеъдодашон иборат аз маҳорати намоиш додани камҳунарӣ  мебошад.  Бо чунинҳо на танҳо дар рӯзгори аҳли театр дучор меоем, балки онҳоро бештар дар байни аҳли тақво ва олимнамоён метавон фаровон дид. Дар миёни онҳо касоне ҳастанд, ки бо талоши зиёд (албатта, на аз роҳи ранҷи мутолиа ва омӯзиш) ба худ унвонҳои ҳоҷӣ, суфӣ, шайх ва монанди онро часпонда, хешро бузургу табаррук намоён мекунанд ва дигароне бо ҳар роҳ (онҳо низ на аз роҳи ҷусторҳои илмӣ) унвонҳои илмии номзади фанҳо, доктор, профессор  ба даст оварда, бо худбузургбиниҳои нозебо ба атроф  менигаранд ва дар фарҷом боис ба шах шудани андешаҳои илмии кашфиётзо дар ҷомеа мегарданд. Ононе, ки нобиғаҳоро ба девонагӣ тела медиҳанд, аксаран дар байни чунинҳо ҷой доранд. Дар ҳақиқат, лашкари андешаҳои нав ба нав даста-даста ба зеҳни нобиға ҳамлавар гашта, мағзи сари ӯро фаро мегиранд, муаммоҳои ҳастӣ ҳазорон кунҷу ниҳонгоҳи сарашро чун кирм мехӯранд ва  дарёфтҳои ӯро ҷавфурӯшони гандумнамо гирд оварда, масалан, ҳукм мебароранд, ки офаридаҳои он нобиға «ба халқ нофаҳмо аст…».

Дар ин маврид Ҳошим Гадо гуфтаҳои Ромен Ролланро дар бораи эҷодиёти Микалоюс Чурлёнис иқтибос оварда таъкид кардааст, ки Чурлёнис қонуни тӯдаҳоро вайрон кард, зеро аз рӯи қонуни онҳо ҳар як гӯянда бояд тавре бигӯяд, ки ба истилоҳ, халқ — ҳама тӯдаҳо онро бифаҳманд. Ба суратҳои кашидаи Чурлёнис зеҳни одӣ наметавонад дарбиравад… Чурлёнис дар офаридаҳояш ҷое барои шарҳу тафсир нагузоштааст. Он маъниҳои жарфро танҳо зеҳни бинишвар метавонад дарк кунад.

Дарёфти файласуфону равоншиносон, дар мавриди танҳо рӯҳи ҷунуномез, яъне девонасон тавони кашфи асрори нуҳуфтаи замину замон ва неруи падидоварандаи инқилобро дорад. Падари назарияи «психоанализ» (таҳлили рӯҳӣ) Зигмунд Фрейди австриягӣ буда, ҷонибдорони ҷараёни фрейдизм бар онанд, ки Ленин, Сталин, Гитлер, Сиолковский ва нобиғаҳои дар боло ёдшуда ҳама беморони рӯҳии шизофрения будаанд.

Гумон намекунам, ки ин назарияро мебояд дар баҳодиҳии ҳама шахсияти содиқ ба ормонҳо ба кор бурд. Одамони чун Ҳошим Гадо, аз ин ки ҳамсони дигарон нестанд, дар байни омма наметавонанд ҳамсуҳбату ҳамгуфтори шоистаро пайдо кунанд, шеваи зиндагиашон монанди дигарон дар пайи сарвату унвону ҷоҳу ҷалол нест ва одамони одӣ, ба вижа, одамони худхоҳу бахил коре мекунанд, то онҳоро девонаву савдоӣ бидонанд ва барои ҳадафро ба даст овардан то ба бемористони бемориҳои рӯҳӣ кашиданашон талош меварзанд.

Ҳамин буд ки аз омодагириҳову тамринҳо то ба саҳнаи театр роҳ пайдо кардани шоҳкории беҳамтои Ҳошим Гадо «Эдип» 10 соли ҷонканиро дар бар гирифт.

Дар ҳақиқат, роҳи паймудаи Ҳошим Гадо барои бознамоён сохтани фарҳанги пурандешаи Юнону Руми бостон ва Россияву Аврупо аз хористонҳои пурнешу пурпехи бадсиголону бадкешон гузаштааст. Танҳо иродаи устувор ва шикастнопазири Ҳошим Гадо, ки аз рӯзгорони сарсахти нодориву ятимӣ ва бесарпаноҳии маънавӣ, обутоб ёфтааст, тавони бурдбориҳои шиканҷаборро пайдо карда, барои абад миллати тоҷикро бо фарҳанги ҷаҳонгири Аврупо ҳамроҳ кардааст. Дар ин ҷо мехоҳам ба таври гузаро ёде аз навҷавонӣ кунам, ки баръакси Ҳошим Гадои сахрасина (сахра — гранит), бо камтарин носозгориҳо пойтахтро тарк гуфта, ба деҳа барои панаҳ бурдан аз аҳриманони бухлу бадӣ рафтам. Пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултети шарқшиносӣ ба кор даромадам. Ҳамчун унвонҷӯ мавзӯи таҳлили аналитикии феълҳои забони тоҷикиро бо забонҳои форсии Афғонистон ва Эрон бароям пешниҳод карданд, ки бояд ба исбот мерасондам забони форсӣ дар садсолаҳои охир, ба се забони аз ҳам дар тафовутҳои қатъӣ ҷойгирифта ҷудо шудаанд. Пас аз ду — се соли ҷусторҳову пажӯҳишҳо натиҷагирӣ кардам, ки кори ман барои забони тоҷикӣ хиёнате беш нест, моро бо дасти худамон ҷудо сохтан аз ганҷинаи ҳазорсолаи забону адабиётамон мебошад. Ман донишгоҳро тарк карда, ба деҳа рафтам ва соле пас аз роҳбари илмиам донишманди барҷастаи илми ховаршиносии сатҳи ҷаҳонӣ Алберт Леонидович Хромов номаи табрикии ҷашнӣ бо чунин матн гирифтам: «Преступнику своей нации Зафару Мирзоеву мои поздравления в…». (Ба ҷинояткори — яъне хоини миллати худ Зафар Мирзоев). Соле баъд устодро дар сари роҳ тасодуфан дидам ва зимни гуфтугӯ пурсидам: «Устод, аз чӣ сабаб дар номаи табрикиатон маро ҷинояткор хондед?». Ӯ бо як ҷиддият гуфт: «Албатта, ту хиёнаткори миллати худ мебошӣ. Бо донишҳои доштаат, ки забонҳои русию форсиро дар сатҳи баланд медонӣ ва роҳбари кори дипломиат — нобиғаи ховаршинос аз Москва Даниэл Семёнович Комиссаров, ки дар 30 соли фаъолияти илмӣ 3 нафарро аз Тоҷикистон ба шогирдӣ пазируфтааст, туро барои кори илмӣ тавсия дод ва мову ту дар муддати кӯтоҳ корро ним карда будем, ҳамаро тарк карда, ба деҳаат рафтӣ. Ҳол он ки аз унвонҳои баланд бархӯрдор гашта, аз роҳи чопи мақолаҳои баландпояи пурдалел, забони миллиатро ҳимоя мекардӣ ва аз ошуфтагиҳо берун мебаровардӣ…».

Албатта, зиндагии моро наметавон бо муборизаҳои Ҳошим Гадо муқоиса кард. Барои расидани ҷавони деҳотӣ ба мартабаҳои баланд, ҷуз донишу андешамандӣ, неруи устувори иродатмандӣ ниҳоят муҳим будааст. Саргузашти Ҳошим Гадоро дар пайдо кардани роҳе барои таҳсил дар маркази Иттиҳоди Шӯравӣ қаду қомати боло, чеҳраи дилрабо, пайкари тануманду расо, овози гиро, ҳушу зеҳни доно ва бинишу бозбинии маниши дигаронро бозтоб карда тавонистан созгор кард. Аммо бо ин ҳама, агар бинишу дарёфти имтиҳонгирандагони рус намебуданд, шояд сарнавишт ҳамааш шуда боз ҳавонаварди дигареро ба мо медод, на нобиғаи ҳунар Ҳошим Гадоро. Чунон ки дар ҷилди  291-и осораш зери унвони «Ман? На манам» ёдовар шудааст, ки бо пофишории омӯзгори Донишкадаи санъати театрии Россия, хонуми донишманд А. Л. Островская ӯро ба факултети актёрӣ пазируфтаанд.

Оҳангҳои шикваомези Ҳошим Гадо на аз носозгории рӯзгор, бо вуҷуди шахсияти бузурги фарҳангии кишвар будан, на аз шароити зиндагии одияш ва монанди он, балки сабабҳои бархоста аз нафси инсонҳо мебошад. Гуфтаҳои шиквагуна аз он дорад, ки мардум ба биниши дигаргуна ва дақиқи ӯ, офаридаҳои бо хуни ҷигар ба саҳна гузоштаи ӯ, ба таври умда шахсияти ягона ва нотакрори ӯ ҳанӯз ҳам баҳои боиста намедиҳанд. На танҳо ҳамкорони одии нақшҳои офаридаи ӯ, балки коргардонҳои овозаманд, муаллифони филмномаҳо таҳрирҳову хӯрдагириҳои Ҳошим Гадоро ба хурдтарин норасоиҳои матнӣ ё техникӣ таҳаммул надоштаанд. Аммо он чӣ бинишвари жарфбин Ҳошим Гадо медид, гаҳе чашми муаллифи асари саҳнавӣ нотавон буд. Ҳамон гуна ки ҳангоми таҳия ва басаҳнагузории намоишномаи «Рустам ва Сӯҳроб», аз рӯи шоҳкори ҷовидонии «Шоҳнома» — и Ҳаким Фирдавсӣ, рух дода буд. Нукта ин ҷост, ки ба офариниши нақши Сӯҳроб Ҳошим Гадо пазируфта шуд ва ӯ пофишорӣ мекард, ки гуфтори Сӯҳроб аз  рӯи матни нусхаи асл, яъне офаридаҳои Ҳаким Фирдавсӣ бозгӯ шавад, на аз бофтори Ғанӣ Абдулло. Ҳошим Гадо дар ин бора дар ҷилди XI (соли 2010) унвонии «Мой Сухроб» (Суҳроби ман) навиштааст, ки ҳангоми ба саҳна гузоштани «Рустам ва Сӯҳроб» хилофандешӣ ва зиддият ба миён омад.

Ба Ҳошим Гадо равшан буд, ки дар гуфтори саҳнаи Сӯҳроб жарфнову намаки суханофариниҳои Ҳаким Фирдавсӣ пай бурда намешуд. «Ман, — мегӯяд Ҳошим Гадо, — бо муаллиф Ғанӣ Абулло розӣ нашудам ва пофишорӣ доштам, ки гуфтори Сӯҳроб аз нусхаи асл, яъне аз «Шоҳнома» бардошт карда шавад. Мо ҳамдигарро фаҳмида наметавонистем ва дар паси пардаи театр бар ивази ман актёри дигареро пайдо карданд ва кор то ҷое расид, ки дигар бо ман маслиҳат намекарданд…». Аммо иродатмандӣ ва далелҳои қотеъ ӯро ба пирӯзӣ расонд, ки намоишномаи «Рустам ва Сӯҳроб» ҷуз дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ, дар шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар ва дар пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ — Москва ба намоиш гузошта шуд ва даҳҳо театршиносону мунаққидони бузурги кишвар дар мақола ва гузоришҳояшон ба ҳунарманд баҳои олӣ доданд. Яке аз театршиносони рус ҳунари баланди ӯро ҳамсони нобиғаи овозаманди театри рус Павел Мочалов донист. Саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ фарогири мақола ва расмҳои Ҳошим Гадо дар офариниши нақши Сӯҳроб буд.

Дар ин ҷо мехоҳам бо шигифт бигӯям, ки то чӣ андоза худхоҳу бадандеша буданду ҳастанд баъзе аз эҷодкорони андакхонда, дар сурате ки сатрҳои заррини Ҳаким Фирдавсӣ -  паямбари суханро бо чашми кӯри худ дида, онҳоро бо гуфтори одӣ иваз мекунанд. Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» аз забони Сӯҳроби дилбохтаи Гурдофарид суханонеро сара кардааст, ки ҳар вожааш бо овои «ҳ» як навои саршори меҳрро аз синаи паҳлавони ҷавон берун меоварад:

Бад — ӯ гуфт Сӯҳроб, к: «Эй хубчеҳр,

Ба тоҷу ба тахту ба Моҳу ба Меҳр

Ки ин бора бо хок паст оварам,

Туро, эй ситамгар, ба даст оварам».

Ба пиндори ман, ҳамон гуна ки коргардон намебоист пешниҳоди Ҳошим Гадоро дар мавриди иваз накардани суханони заррини паямбари сухан Ҳаким Фирдавсӣ нодуруст шуморад, филмноманавис Колтунов намебоист лаҳзаи хабари марги фарзанди ягонаашро шунидани Таҳминаро бо хости худ дигаргуна пешкаш кунад. Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» он лаҳзаи фоҷиаро дардноктару пурмаънитар офаридааст. Яъне, мояи ранҷу азобҳо ва бо хатари марг зоидани ҷаҳонпаҳлавон Рустам аз тарафи Рӯдоба, паёмадаш бо дасти худ куштани писар мебошад. Ва, ҳамчунин, дар ин ҷо тухмаи Соми Наримон аз рӯи замин нест мешавад.

Таҳмина бо шунидани хабари кушта шудани писараш бо дасти падар як солро бо оҳу нолаи ҷонгудоз гузаронида, мемурад. Фирдавсӣ сӯзу гудозу нолаву фиғони зани писармурдаро дар симои Рӯдоба — модари Рустам — модарбузурги Сӯҳроб бозгӯ менамояд. Рӯдоба аст, ки побараҳна, мӯпарешону рӯйканон ба сӯйи Рустами тобути писар рӯи даст ба Зобулистон меояд:

Чу Рӯдоба тобути Сӯҳроб дид,

Зи чашмаш равон ҷӯи хуноб дид.

Ҳаме гуфт зор, эй гави сарфароз,

Замоне зи сандуқ сар барфароз.

Ба зорӣ ҳаме мӯя оғоз кард,

Ҳаме баркашид аз ҷигар боди сард.

Чунон ки дар ҷилди 194 ёдовар шудааст, Борис Кимёгаров пас аз ҷустуҷӯи ҳунарманди арзанда барои офариниши нақши Сӯҳроб ба истилоҳ, Осиёи Марказиро такурӯ мекунад, вале шахси дилхоҳро пайдо карда наметавонад. Актёрҳо ғолибан машқу тамринҳои варзиширо он қадар хуш надоштанд. Коргардони овозаманд пас аз наворгирии филми «Рустам ва Сӯҳроб» дар ёддоштҳояш навиштааст, ки актёри бозтобкунандаи Сӯҳроб мебояд зебоӣ, зӯрмандӣ, сифати варзишгарӣ, ҷавонӣ, шуҷоат, қаҳрамонӣ, ҳунари иҷро карда тавонистани нақши   қаҳрамони асари назмиро ҳамнаво карда тавонад. Кимёгаров ба Ҳошим Гадо таваҷҷуҳ накарда буд ва касе хабар овард Ҳошим Гадо чанд моҳ аст, ки ба машқи вазнбардорӣ шуғл меварзад. Кимёгаров аз миёни шаш нафар Гадоевро ба нақши Сӯҳроб мепазирад ва ӯ ба омӯзиши  пурраи «Шоҳнома» машғул шуда, шабу рӯзро дар тамрини шиноварӣ, вазнбардорӣ, аспдавонӣ, шамшерзанӣ мегузаронад. Се моҳ ҳунари бо найза задани нишонро меомӯзад ва ба бозии нақши Сӯҳроб мепардозад.

Ҳошим Гадо ва арзиши беҳамтои китобҳои ӯ

Ман ба худ иҷозат додам, ки дар зери ин суханҳо якчанд саҳифаро ба баъзе аз паҳлуҳои асарнигории Ҳошим Гадо бибахшам. Шояд ягон каси китобҳои ӯро бо чашми хирад хонда, ба якчанд каси дигар бигӯяд: «Ман асарҳои фалон — фалон нависандагони бузурги Аврупову Осиёро хондам, аз дарду ранҷҳои бурдаашон огоҳ шудам, аммо китобҳои Ҳошим Гадоро хондам, ки аз нигоштаҳои он бузургон кам набуданд». Албатта, нигорандаи ин сатрҳо, садҳо бор бо ҳамсуҳбатон аз таассуроти шигифтовари офаридаҳои ӯ гуфтугӯ доштам. Дар шигифт буданро низ изҳор кардаам. Гуфтаам, ки дар кишвар бо амри оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сеюм аст озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир мегардад, вале ягон нафар аз аъзои ҳакамон саволеро, масалан, ба миён намегузорад, ки «кадом асари драмавии адабиёти классикии рус ё адабиёти муосири тоҷикро хондаед?». Ё «Кадом асари Ҳошим Гадоро дар бораи осори драмнависони Юнони бостон хондаед?».  Ҳатто ба як ҷавони китобхонда, ки имсол сазовори ҷои аввал дар хондани китобҳои адибони муосири ҷаҳон гашт, 5 — 6 китоби Ҳошим Гадоро дода, гуфтам, бихон ва дар рӯйхати адабиёти мутолиакардаат номи он асарҳоро бинавис. Он ҷавон чунин кард, вале ягон нафар аз ҳакамон дар рӯйхат ба номнависи асарҳои  Ҳошим Гадо аҳамият надод. Ин бепарвоӣ ба офаридаҳои нобиғагони асарҳои драмавии ҷаҳонгир аст ё дастандаркорон ба бахши драмавии адабиёт хати батлон кашидаанд.

Чунин муносибат ба осори драмавии адабиёти ҷаҳонӣ ва адабиёти муосири тоҷик таассуфовар аст. Ба назар чунин мерасад, ки дар баъзе аз мавридҳо ба ҳангоми таҳлили адабиёти классикии форс — тоҷик адабпажӯҳони Тоҷикистону Эрону Афғонис­тон ба худбузургбинӣ роҳ медиҳанд. Онҳо дар корҳои пажӯҳишӣ нақши адабиёти Юнони бостонро дар адабиёти классикии форс — тоҷик нодида мегиранд. Албатта, ин ҳама аз он сарчашма мегирад, ки тазкиранависони номӣ таҳлилу муқоисаро дар офариниши образҳои бадеӣ раво надидаанд ва ё аз сабаби дастрасӣ надоштан ба адабиёти асотирии Юнон ва Рими бостон баргирифтаҳо аз офаридаҳои онҳоро нодида гирифтаанд. Чунон ки мавзӯи калидии «Маснавии Маънавӣ»-и Мавлавӣ ва «Девони Шамси Табрезӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ мубориза бар зидди нафс мебошад ва модари ҳама иллатро нафс дониста, гоҳ — гоҳе бо сароидани достонҳои берун аз ахлоқ падидоварандаи душмани ахлоқро бо назми баланд бозтоб намудааст. Аммо Софокл ва ҳамтоёни ӯ мавзӯи нафсро дар маркази эҷодиёт ҷой дода, онро дар чаҳорчӯбаи асари драмавӣ бозтоб намудаанд. Яъне, мавзӯи мубориза бо нафсро ду ҳазор сол пеш бо забони дигар сурудаанд, ки дар нисбат ба гуфтори шеърӣ хубтар ба дили одамон роҳ пайдо мекунад.

Дар ин бобат, шоҳкории Софокл — «Эдип», ки онро Ҳошим Гадо беҳтар аз аврупоиён бознамоён кардааст, беҳамто мебошад. Ҳамон дарёфти Афлотун ба гунаи «Ҳама дар ҷаҳон қурбонии нафси инсон аст, вале инсон қурбонии нафс аст, Софокл дар бозтоби ин муаммои зиндагӣ як паҳлуи фоҷиаи инсониро ёдовар гаштааст, ки инсонҳо ҳар гуноҳе, ки содир мекунанд, кайфарашро ҷавоб хоҳанд дод, вале дар бисёре аз мавридҳо ҷавобгӯи гуноҳи содиркардаи падар писари бегуноҳ (ё набераи бегуноҳ) мегардад.

Ин дарёфти қонунмонанди Афлотунро Ҳошим Гадо пешсухани тафсири «Эдип» сохта, ниҳоят жарфбинона, ба сони файласуф диди ғайриоддиашро китобат кардааст. Дар ин маврид бори дигар достони ҳузнангези «Эдип»-ро ёдовар мешавем.

Чунон ки мундариҷаи ин фоҷиаро дар мақолаи пештара овардаем, шоҳ Эдип гуноҳ надошт, гунаҳкор падараш Лай буд, ки дар меҳмонии шоҳ Пелопс, нону намаки ӯро хӯрда, бо нияти нопок дил ба писари зебояш мебандад. Лай писари шоҳро дуздида, бо худ мебарад ва ба пиндори устурашиносон ин нахустин гуноҳе буд дар ҷаҳон бар пояи меҳри нопок. Агар Лай нону намаки шоҳро хӯрда, даст ба он гуноҳи кареҳ намебурд, он силсилафоҷиаҳо сар намезаданд. Аммо решаи гуноҳҳо фаротар аз рабудани писари навҷавони шоҳ буд. Навҷавон бори бенангиву бешармиро бардошта натавониста худкушӣ мекунад. Аммо гуноҳи аз ин ҳам сангин пештар рӯй дода буд. Пелопс аз ин бадкирдориҳои меҳмони бехудояш ба Лай нафрин хонда, дуои талх мехонад, ки ӯ ҳаргиз писардор нашавад ва агар ҳам писардор шуд, бигзор бо дасти писар ҳалок шавад. Ба ин тартиб, гардунаи гунаҳкорӣ дар замонҳо ба чархиш медарояд. Лай пас аз гунаҳкории фаҷеҳ дӯшизаи зеборо бо номи Иокаста ба занӣ гирифта, писардор мешавад. Лай чун пай бурд, ки бо дасти писар кушта мешавад,  амр мекунад пойҳои Эдипи навзодро сӯрох карда, ба чӯпон бисупоранд, то дар биёбон бимирад. Чун дили чӯпон ба навзод месӯзад, ӯро ба чӯпони дигар медиҳад ва кӯдакро чӯпони дуюм ба шоҳ Пелопси бефарзанд месупорад. Эдип ҳамчун шоҳзода ба воя мерасад ва дар яке аз нишастҳои дарборӣ, ашрофзодаи ҷавоне аз рафтори ҳавобаландонаи ӯ  дар ғазаб бо тамасхур ишора мекунад, ки шоҳзода фарзанди асили шоҳ нест. Эдип бо огаҳӣ аз фарзанди нотании шоҳ будан шикастадил дарборро тарк карда, ба сайругашти кишварҳо мепардозад. Дар чорроҳе бо марду зане бармехӯрад, ки бо аробаи вайрон интизори ёрӣ буданд. Эдип ба мард дарафтода ӯро мекушад ва зану силоҳашро азхуд мекунад. Пас аз чанд сол он зан — Иокаста пай мебарад, ки Эдип писари падаркуши ӯст, ки модарашро ба занӣ гирифтааст. Дар он замон Эдип аз модар соҳиби ду духтар буд. Бо гузашти замон Эдип аз паёмади кирдор бохабар шуда, бо ҳазёну дарду дареғи бепоён ба чашмон ханҷар зада, худро кӯр мекунад.

Ба ин тартиб, аз ошноӣ бо офаридаҳои Юнони бостон дармеёбем, ки инсонҳо дар ҷараёни худнигарӣ ҳанӯз дар садсолаҳои фаротаърихӣ натиҷагирӣ карда будаанд, ки фоҷиаҳо ғолибан аз сарчашмаи нафс сар мезананд. Ва ҳанӯз ду ҳазор сол пеш мавзӯи асосии фарҳангиро бо нерумандии хоса мавзӯи муқовимати қаҳрамононаи инсон бо неруҳои бадкори ҷаҳони носозгор қарор дода будаанд.

Софокли хирадманд ҳанӯз ду ҳазор сол пеш, нафс — ин модари норасоиҳои инсонҳоро ба шакли асари драмавӣ бозтоб намуда, нишон додааст,  ки худоён (худоҳои юнониён) гуноҳҳои аз нафс сарзадаро набахшида,  кайфари онҳоро ваҳшатбор таъин кардаанд. Ҳамин аст, ки садсолаҳо пас аз Софокл паямбарони динҳои гуногун, ҳангоми баёни паёми Худованд, чӣ аз роҳи «Таврот», чӣ аз роҳи «Инҷил» ва ё «Қуръон»-у «Авасто» мубориза бо нафсро дар ҷойи намоёни худошиносӣ гузоштаанд.

Бори дигар мебояд таъкид кард, ки барои равшанандеш ва олимшавандаи ҳозира надонистани адабиёти Юнони бостон аз надонистани адабиёти классикии форс — тоҷик камтар нест. Ҳатто барои чунинҳо айб аст, агар бидонанд Рӯдакиву Саъдӣ кист, вале аз осори Эсхилу Софокл огоҳии боиста надошта бошанд. Ин бузургон ҳазорсолаҳост дар андешаҳои фарҳангии ҷаҳониён ҷой гирифтаанд ва метавон гуфт, дар парвариши зеҳнҳои варзидаи аврупоиён нақши созгор бозидаанд.

Ҳошим Гадо кори равшанандешону олимшавандагонро осон кардааст, зеро бо заҳматҳое, ки миёни филро мешиканад, дар ҷилд — ҷилд китобҳо осори онҳоро ба таври фишурда ҷамъ ва худашро дар симои қаҳрамонони ҳазорсолаҳои пеш бознамоён кардааст. Монанди онҳо ранҷ бурдааст, гиря кардааст, ба бадкорон кина варзидааст, ҷангидааст. Бояд ба таъкид низ гуфт, ки ин истеъдоди осмониро Худо ба тоҷикон арзонӣ доштааст ва на кам аз 50 — 60 миллати дигар, ки нуфусашон 20 — 30 миллион аст, аз доштани чунин нобиға бархӯрдор нестанд. 

Ҳошим Гадо ва мардуми одӣ

Ҳошим Гадо дӯст медорад бо мардуми одӣ ва дар чашми дигарон назарногир гуфтугӯ дошта бошад ва дар назди мартабадорон худро гарданбаланд нишон медиҳад, вале дар назди одамони, ба истилоҳ, хокӣ, бо гардани хам, бо забони одии онҳо суҳбат меорояд. Барояш бештар хушоянд аст, ки бо поккорони партовгоҳҳои шаҳр суҳбат ороста, аз кору зиндагиашон пурсон шавад. Ҳамон гуна ки боре аз якеи онҳо пурсида буд: «Рос­ташро бигӯ ва ту дониву Худо, аз қуттии партовҳо чӣ чизҳои қиматбаҳо ёфтаӣ?». Гуфт: «Як бор 500 доллар ёфта будам ва бори дигар китоби шуморо, ки дар пушташ сурататон буд».

Ҳошим Гадо гуфт: «Чӣ ном дошт китоби ман?»  Гуфт: «Ба фикрам, «Асо» ном дошт…». Ҳошим Гадо хоҳиш мекунад, ки он китоби аз миёни партовҳои бӯйнок пайдокардаашро ба ӯ бидиҳад, вале аз забони як хошокрӯб суханонеро шунид, ки аз нӯки қалами як адиби китобнавис шуниданаш амри муҳол буд: «Не, ман ин китобатро намедиҳам, ҳатто агар 500 доллар ваъдаам кунӣ». Ин китоб барои хотира ба наберагонам ёдгорӣ хоҳад монд. Дар ин ҷо ман — нависандаи ин сатрҳо андешидам, ки шояд он хошокрӯб ба он сон бохираду дурандеш будааст, ки воқеияти пас аз даҳсолаҳо бо нархи гарон ба фурӯш рафтани китобҳои Ҳошим Гадоро пай бурдааст. Ва дуруст ҳам ҳаст, чунон ки гуфтем, шояд пас аз 50 — 60 соли дигар мардум ҷиддӣ рӯ ба китоб ва театр оварда, дар ин миён дар пайи осори Ҳошим Гадо хоҳанд шуд.

Бори дигар бо коргари партовгоҳе рӯ ба рӯ шуд, ки гуфт: «Даҳ ҷилди китобатро дар даруни ду халтаи селофанӣ ёфтам ва ба рустаборе фурӯхтам ва бо пулаш ду халта орд харидам. Баъд фаҳмидам, ки он даҳ ҷилд китоби Ҳошим Гадо аз ҷавоне будааст, ки падараш худро мулло мепиндоштааст ва офаридаҳои ӯро куфр медонистааст. Он ҷавон барои ёфтани китобҳояш ба партовгоҳ меояд, вале алаккай дер шуда буд…».

Ман бар он боварам, ки агар сесад ҷилд китоби Ҳошим Гадо дар дасти хошокрӯби боақл мебуд, онҳоро он рустабор мехарид.

Шахсе гуфтааст: «Барои мағлуб сохтани миллате шарт нест, ки китобҳои онро бисӯзонӣ. Беҳтараш, коре бояд кард, ки он миллат аз китобхонӣ бозмонад». Аммо маҳз китоб миллати тоҷикро ва умуман, форситаборонро аз гум кардани ҳувияти миллӣ, аз бохтани забон наҷот додааст.

Миллати тоҷик дар сарнавишти ошуфтабор чунин хатарро аз сар гузаронидааст. Донандагони таърихи адабиёти форс — тоҷик натиҷагирӣ кардаанд, ки Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар замони ҳассос­тарини сарнавишти забон ва ҳувияти миллии тоҷикону эронитаборон «Шоҳнома» — и беҳамторо офаридааст. Дар он замоне ки кишварҳои пурзӯри Миср, Лубнон, Сурия, Ироқ забону фарҳанги поядору бошукӯҳи финиқӣ ва бобулиро аз даст доданд ва низ якчанд давлати дигари пешрафтаи Шарқ аз байн рафта, забону фарҳанги арабӣ ҷояшонро гирифта буданд ва ин ангеза дар фалоти Эрону Хуросон бошитоб гус­тариш дода мешуд, ҳамчунон, туркони қарахонӣ ва қарахитоиву сабуктегинӣ дар ҳамсозӣ  бо халифаҳои араб зери парчами ислом бар тахти каёнӣ такя зада буданд ва ин ҳама таҳдид ба аз байн бурдани асолати тоҷикии мардуми таҳҷоӣ дошт, Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба офариниши «Шоҳнома» — шиносномаи миллии тоҷиктаборон пардохт. Ҳаким Фирдавсӣ дар офариниш ва дар байни мардум паҳн кардани ормонҳои меҳанпарастӣ ва нигаҳбонии забону ҳувияти миллии эронитаборон танҳо набуд. Ӯро устондори Тӯс, ҳокими Табирон ва дастаи калони нусхабардорону ёварон ҳамроҳӣ мекарданд. Чун нигориши достоне ба поён мерасид, хушхатҳо ба зудӣ онро рӯнавис карда, ба дасти паҳнгарони «Шоҳнома» мерасонданд ва онҳо нусхаҳои омодагаштаро дар байни мардуми шаҳру музофот, то ба Бухорову Самарқанду Марв паҳн мекарданд. Ба ин тартиб, омӯзиши «Шоҳнома» аз рӯзи оғози офариданаш дар дарозои 35 сол давом дошт, ки ҳамчун садди оҳанин дар рӯёрӯи таҷовузи забони арабӣ бо роҳи шинохти гузашта ва нигоҳдошти забони зебои форсӣ — тоҷикӣ гашт.

Ошиқонасароиҳои нависанда

Бояд ин нуктаро ба адабиётшиносон низ бирасонам, ки забони навиштаҳо ва ошиқонасароиҳои Ҳошим Гадо дар сатҳи ниҳоят баланд аст ва аз пояи романҳои лирикии адабиёт поёнтар қарор надоранд. Мо дар оғоз ҳангоми хондани фаслҳои ба зиндагиномааш бахшида дар рӯзгори навҷавонӣ ба ёдоварии лаҳзаҳои дил ба дӯшизае бастани ӯ дучор намеоем ва ҳатто гумон ҳам кардем, ки барои ин шахсияти бозтобкунандаи нақшҳои мардони гирифтори зиндагонии пурфоҷиа, ошиқонасароиҳо, суханрониҳо дар пиромуни зебоӣ ва меҳри занон бегона аст. Аслан, адибон дар ёдкарди замони навҷавониашон аз нахустин ишқварзӣ  чизҳое менависанд ва мо то хондани ҷилди 291 — уми китоб­ҳояш гумон доштем ин мавзӯъ барояш бегона аст. Аммо дар ҳикояи алоҳидае бо номи «Баҳор» («Весна») муаллиф ин гумони моро барҳам зад ва гузашта аз ин бо бозтоби ошиқонаву шоиронае ошно шудем, ки ҳар адиби ошиқонасаро тавони офариниши чунин суханҳои меҳрборро надорад:

«… Оҳ, Худоё! Охир ӯ ҳамон аст, ношиноси ман. Ӯ бошад, бо табассум ба сӯям наздик мешуд… Домани дарози аз матоъи шоҳӣ дӯхтаву парчинзада дар баданаш чун оби резаборон ҷорӣ шуда, пайкари нозук ва поҳои зебову муназзами ӯро навозиш медод. Пироҳани сафеди рахи сурхдор синаи бошукӯҳи вайро дар бағал гирифта, тугмаи болоии он гӯё беихтиёр кушода шуда, пеши барашро намоёнда буд ва сафедии тан бо дандонҳои садафини аз пушти лабони пуртабассум ҳувайдо гашта, чашмҳоро хира мекард. Ман хешро нашунидаву надида ҳас­тиамро барои пешвозаш партофтам. Ана чӣ гуна будаӣ ту? Пас ман туро ин қадар дурудароз интизор будаму дар ҳама ҷо меҷустамат. Аммо ту ба назди ман бо истиқболи хуршеди пагоҳӣ,  омадӣ, бо шохакҳои заррини дарахтон, бо таронахонии мурғон ва субҳи бикри беолоиш. Ту ва танҳо  ту маро асиру гирифтори худ кардаӣ. Намедонам ин суханҳоро ман ба забон оварда будам ё дили ман чунин таронасароӣ мекард, аммо дар посух шунидам: — Салом, субҳ ба хайр, ман вақти зиёдест шуморо надидаам…

Овози дилнишинаш ба сони ҷӯякҳои босафои ҷӯйбори кӯҳӣ ба гӯш расида, бо накҳати гарм рӯҳи ранҷбурдаи маро навозиш медод ва ман мехостам гаштаву баргашта ба ӯ савол бидиҳам, гарчи худ намедонистам чӣ бипурсам, танҳо барои ӯро водоштан, то ягон сухане ба лаб оварад…

Аз чашмони сабзи ӯ, ки онҳоро миж­гонҳои сиёҳи махмалин ҳошиябандӣ карда буданд, ба назар мерасид, ки ба ин чашмон сабзии ҳама роғҳову ҷангалистонҳо ғарқ шудаанд ва мепиндоштам, ки ман низ бо онҳо дар ҳолати ғарқшавӣ қарор дорам ва ба ҳеҷ ваҷҳ намехостам пеши ин лаззати ширини дарднокро бигирам, аммо ӯ ором табассум карда, бо нигоҳи навозишбор ба ман менигарист. Ба ман чӣ шудаст? Чӣ шудаст бо дили ман? Дар бораи чӣ андеша дорам?».

Бубинед ин суханороии Ҳошим Гадоро, ки аз ошиқонасароиҳои Сергей Есенин кам нест. Бингаред ба ин дарёфти ташбеҳу истиороти нав, ки дар бозтоби зебоии зан бикру нобу тозаанд.

Намедонам шумо — хонандагони гиромӣ ин суханони аз забони русӣ баргардондаи маро чӣ гуна дарёфтаед, аммо тасвири лаҳзаи дилбохтан ба дӯшизаи дилхоҳро Ҳошим Гадо бо шеваи нобу нотакрор навиштааст. На ҳар суханвар зани зебову дилхоҳро чунин тасвир карда метавонад. Ҳамин порчаҳо аз навишторҳои ошиқонасони ӯ гӯёи истеъдоди беҳамтои ин бинишвари бузург дар романнигорӣ низ мебошад.

Ҷилди 291 эҷодиёти Ҳошим Гадо бо диди мо бештар бо шеваи гуфтугӯ бо худ офарида шудааст. Гуфтугӯҳои нобу вижа, ки танҳо аз баёни як андешаманди дарунгаро берун бармеоянд. Бо омӯхтани ин гуфтугӯҳо метавон чанд насли тоҷикро тарбия кард. Чанд тоҷикро аз роҳҳои каҷи дурӯғбофӣ, чоплусӣ, хиёнатпешагӣ, бухлу рашку носипосиву нотавонбинии дигарон раҳо дод.

Тамсилнигориҳои файласуфона

Дар адабиёти форс — тоҷик достонҳои тамсилии зиёд вуҷуд доранд, ки бо баъзе аз онҳо дар рӯзгори таҳсил дар мактаби миёна ошно шудаем. Ба монанди «Мушу гурба»-и Убайди Зоконӣ, «Баҳориёт»-и Сайидои Насафӣ. Ин тамсилнигорӣ ҳанӯз аз замони фаротаърихӣ мерос мондааст. Достони «Калила ва Димна» — ро падари шоирони форс — тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ ба назм даровардааст, вале ба ҷуз чанд байти ӯ то замони мо он асари бузург нарасидааст. Дар адабиёти рус масалнигори барҷаста Иван Андреевич Крилов мебошад, ки осори ӯ дар тарбияи насли навраси русҳо ва умуман, мардумони Иттиҳоди Шӯравӣ нақши беҳамто гузоштааст. Масалнависиро ба он хотир ёдовар шудам, ки Ҳошим Гадо дар эҷодиёт бо масалнависӣ низ гоҳе сарукор гирифтааст ва бояд гуфт дар ин жанр низ ба дастовардҳои баланд комёб мебошад. Дар ҷилди 294 — уми осор зери унвони «Ширинкорони театр ва кино» («Комики театра и кино»), муаллиф ҳикояеро бо номи «Маҷлиси ҳайвонот» ба чоп расондааст, ки бидуни хурдтарин зиёднависӣ метавон онро яке аз ҳикояҳои хуби тамсилии адабиёти муосири тоҷик арзёбӣ кард. Муаллиф дар масали «Паррандаяк» мавзӯи чун ин ҷаҳон куҳнаро дар пиромуни ногузир будани марг ва беарзиш шудани пайкари инсон пас аз реҳлат аз ҷаҳон ва ин ҳикматро дониста, кас набояд худхоҳу ҳавобаланд бошад, бо услуби вижа намоён кардааст. Ҳошим Гадо, агар чунин натиҷагирии моро иштибоҳ нашуморанд, дар жанри масал назиранависиро ворид кардааст. Ончуноне ки масали машҳури  «Рӯбоҳ ва зоғ» — и Иван Криловро ба гунаи дигар бозофарида, ба он шарҳи тоза афзудааст. Ҳикмати бозёфти Ҳошим Гадо дар он аст, ки чун нолаи ширин ба даст овардӣ, онро бо рафиқат бихӯр, вагарна дар наздикиат рӯбоҳи ҳилагар дар сайр буда, содадиле чун туро пайдо мекунад ва фирефта карда, он ноларо аз ту мерабояд.

Дар ҷилдҳои 295 ва 300 — ум низ ба ин мавзӯъ ба таври гузаро чанд саҳифаеро бахшидааст. Ба гуфтан меарзад, ки  ҷилди 294 -уми осори ӯ ба шарҳу тафсири яке аз гӯшаҳои камомӯхтаи адабиёти ҷаҳонӣ ба танзу ҳазл бахшида шудааст. Муаллиф, дар баробари шарҳу тафсири зиндагӣ ва эҷодиёти танзнависону ширинкорони овозаманди ҷаҳонӣ, кӯшидааст хонандагонро бо чеҳраҳои то ҳанӯз ноошно ба ҷомеаи тоҷикӣ шинос кунад. Чеҳраҳои ба аксарияти ҷаҳониён ошное чун Ллойд Гаролд, Бастер Китон, Пат ва Паташон, Фернандел, Алберто Сорди, Норман Уиздом, Пиер Этекс, Бурвил, Тото, Андре Дид, Ян Верих, Эраст Гарин ва дигарон ба тоҷикони мо ноошно мебошанд, ки ин ба фарҳангшиносии мо таъсири хуб надорад.

Дар ҷилди 194 — уми асарҳояш («Уходящие» — «Равандагон») муаллиф фаслеро унвонгузорӣ кардааст ба гунаи «Завещание Хошима Гадо потомкам, будущим актёрам, режиссёрам» («Васияти Ҳошим Гадо ба наслҳои оянда, актёрҳои оянда, режиссёрҳо»), ки шахси ноогоҳ гумон хоҳад кард ин шахсияти бузург дороии даҳсолаҳо гирдовардаашро барои мерос васият карданист. Ва ҳангоми хондани ин фасли китоб, ба зудӣ пай хоҳад бурд, ки он навиштаҳо аслан ба васияти як доро ба авлодаш монандие надорад. Муаллиф дар ин фасл аз ранҷи актёрҳои тоҷике, ки барои офаридани намодҳои барҷаста, чӣ худфидоие намекунанд ва аз он худсӯзиҳову аз ҳеҷ чиз образтарошиҳо (намодсозиҳо), бардошти сармояву ситоишҳои шоиста барнамегиранд. Аммо актёрҳои Ҳоливуду Боливуд, чун Швартснегер, Сталлоне, Амитах Бачан ва дигарон ба сафи миллионерҳо ворид мешаванд ва актёри иҷрокардаи нақшҳои Гамлет, Отелло ва Эдип  - Лорис Оливе дар Британияи Кабир ба мартабаи лорд бардош­та шуда, дар қатори курсиҳои қайсари (короли) Англия ҷой дода мешавад. Албатта, ҷомеаи моро расидан то сатҳи кинопрокати  Ҳоливуду Боливуд замони бешуморе лозим аст. Танҳо барои тайёр кардани актёрҳо замони зиёде лозим меояд, ки ҷуз Ҳошим Гадо коршиносони варзидаи соҳаи театру киноро ба воя расонд.  Тас­вирҳову омӯзишҳои тасаввуфу ирфонро маҳдуд сох­та, мебояд донист, ки ҷавонон дар нисбат ба донистани «ваҳдати вуҷуд» ва ин дунёро муваққат шуморида, фикри он дунё кардан бештар, ба сохтани ин дунё ниёз доранд. Ба ҷавонон табъу завқи бадастовардаи аврупоиёнро мебояд омӯзонд. Ба сони замони шӯравӣ ҷавонони дорои табъу завқи худододро хуш карда мебояд ба мактабҳои олии театрии Москва ва Санкт — Петербург равон кард. Ҳар як омӯзгор, корманди фарҳанг ва умуман, зиёиёнро мебояд водошт, ки намоишномаҳои театриро ҳатман тамошо кунанд ва даҳҳо тадбири корсози дигарро барои театрӣ кардани мардум мебояд ба роҳ андохт.

Ишқ, Зан ва Мард

Ҳошим Гадо ба мавзӯи ишқ, зан ва мард, муаммоҳои дар ин се мафҳум ниҳон ба сони эҷодгарони адабиёт вақти зиёдро сарф кардааст ва дуруст ҳам кардааст, зеро ҳастӣ реша дар ин се мафҳум дорад. Ӯ бештар дар миёни силсилаи андарзсароиҳо (афоризмҳо) хостааст посухи кӯтоҳу пурмоя пайдо кунад. Мо наметавонем бигӯем, ки Ҳошим Гадо аз ҳама хубтар печидагиҳои ин мавзӯъро боз кардааст, зеро ин мавзӯъ чун ҷаҳон куҳна аст ва оғоз дар рӯзгори Одаму Ҳавво дорад.

Ҳанӯз нависандаи бузурги шӯравӣ Максим Горкий пиромуни пайвастагии зан ва мард чунин гуфтаҳои ҷолибе дорад: «Одамизод, аз оне ки дар дунёи равшан зиндагӣ мекунад, қарздори зан аст. Агар кунҷковии Зан намебуд, инсоният дар ҳамон биҳишти якнавохту якранг мемонд. Зан буд, ки бо кунҷковиаш мардро водошт себро бихӯрад, то онҳоро ба дунёи равшан биронанд. Ва Зану Мард дар рӯи Замин талхиву ширинии Ишқ, меҳри фарзанд ва як ҷаҳон эҳсосоти рӯзгори равшанро дар пайкари худ парвариданд».

Андарзҳои муаллиф дар атрофи ишқ, зан ва мард тозаанд ва дар тарбияи ҷавонон метавонанд нақши хубе дошта бошанд.

Ҳошим Гадо дар ҷилди 299 осораш, ки «Ожерелье» («Гарданбанд») ном дорад андарзномаҳои зиёдро пешкаши хонанда кардааст. Инро низ бояд гуфт фасле аз ин ҷилд ба сони рӯзнома аст, ки таърихи рӯзи ба қалам овардани он андешаро ба сабт расондааст. Чунон ки дар таърихи 10. 12. 2010 рӯи се саҳифаи китоб 80 паҳлуи калимаи «Ишқ» — ро тагурӯ кардааст. (Гарчи ин мавзӯъ дар ҳама асарҳояш, аз ҷумла дар ҷилди 286 — ум дунболагираш мебошад, ки ишқро дар баробари беморӣ шуморидан онро Галактика — Олами афлок, сӯрохиҳои сиёҳи фалак номидааст). Дарвоқеъ, ишқ садҳо паҳлу дорад, ки муаллифи китоб танҳо 80 паҳлуи онро бозгӯ намудааст ва яке аз паҳлуҳои он, ки аз ҳама равшантар ишқро намоён месозад, дар нигари мо «Ишқ  ин асрор аст» («Любовь — это тайна»).

Муаллиф ишқи замони ҷавонии хеш ва ошиқони дар асарҳои классикӣ, аз ҷумла «Ромео ва Ҷулетта»-и Шекспир бозтоб гардидаро бо замони мо муқоиса карда, ҳамчун як хирадманди дар олами таҳлилу таҷзия бесобиқа дар шигифт мондааст, ки зиёданд ҷавонони аз ин подоши муқаддаси Худованд бенасиб ва сад дареғ, ки аз забони онҳо мешунавӣ: «Ишқ? Магар девона шудаед? Кадом Ишқ? Ишқ дар китобҳост, дар кинофилмҳост». Ва ин аст ки Ҳошим Гадо дар ҷилди 71- уми осораш ба одамони рӯйи Замин, аз ҷумла донишмандону зиёиён, бо дарду фиғони ҷонкоҳ муроҷиат мекунад: «Эй, инсонҳои рӯйи Сайёра, чӣ шудааст шуморо? Як даме силоҳи қатли ом ихтироъ мекунед. Дами дигар дар саҳфаи телевизион, маҷаллаву рӯзномаҳо саҳнаҳои фаҳшу алоқаҳои ҷинсиро таблиғ мекунед. Бас кунед, ин кирдорҳои нопокро. Агар бас накунед Оллоҳ, Худоён шуморо, фарзандони шуморо гирифтори кайфари гуноҳонатон мегардонад…».

Ва Ҳошим Гадо дар пайи ҷустуҷӯи асрори Замину замон ва розҳои нуҳуфтаи он, ситоиши нобиғагони адабу донишу ҳунар гоҳе қаламро ба навиштани порчаҳои шеърӣ низ меронад. Порчаи назмие, ки ба паямбари шеъри порсӣ, ба Ҳаким Абулқосим Фирдавсии Хуросонӣ бахшидааст, намунаи шеъри баланд бо забони русӣ мебошад

Ӯ дар мавриди шарҳи розҳои зан як пурсишеро ба миён гузоштааст, ки хеле сода ба чашм мехӯрад, вале дар он асрори идомаи наслҳо, бастагии зан ба хонадон ва ба воя расондани фарзанд ҷой дорад: «Як зан накҳати атрҳоро хуш кард, зани дигар бӯйи фархакҳои (порчаҳои таги пойи) кӯдакашро пазируфт. Кадоме аз он ҳар ду роҳи дурустро пазируфтааст?» — (Одна женщина выбрала запах духов, другая женщина выбрала запах пелёнок своего ребёнка. Кто из них права?)

Дар эҷодиёти Ҳошим Гадо чунин андарзгӯиҳои роҳнамо хеле зиёданд, ки ба онҳо боястӣ бо чашми омӯзиш нигарист, зеро онҳо пандҳои шахси хирадманде мебошанд, хиради файласуфони Руму Юнони бостон, садҳо ҳикматҳои бинишварони Аврупо ва дарёфтаҳои андешаварзони бузурги форс — тоҷикро аз танӯри андешаи жарфи худ бароварда, рӯи дастархон гузоштааст.

Эҳтиёт бояд кард Ҳошим Гадоро

Дар бораи ҳунари беҳамто, чеҳраву пайкари беҳамто, донишу биниши беҳамто, ки андаруни онҳо метавон чеҳраҳои қаҳрамонони асарҳои классикиро ҷой кард, театршиносони барҷастаи рус, актёрони бузурги рус ва дигар бинишварони овозаманди ҷаҳонӣ суханҳои баланд гуфтаанд ва аксаран ба мо тоҷикон ба таъкид гуфтаанд, ки ӯро эҳтиёт кунем, то замоне ки ҳаст, нобиғаи худододи ӯро ба кор барем, омӯзем. Дар ин маврид гуфтаи санъатшиноси доно, театршиноси барҷаста Евгений Морозро бо забони аслаш меоварем, ки чунин аст: «Хошим Гадоев для Республики Таджикис­тан это уникальное явление, и поэтому его надо ценить, беречь и создать для него все условия для его творческой деятельности, чтобы он пока жив, безпрепятсвенно мог работать, творить, сколько  у него на это хватить сил, здоровья и времени…» — (Ҳошим Гадоев барои Ҷумҳурии Тоҷикистон зуҳуроти ноёфте мебошад ва ин аст, ки бояд ҳама шароити шоистаро барои фаъолияти эҷодиаш муҳайё кард, бад — он хотир, ки то замоне зинда аст, битавонад бидуни халалрасонии дигарон ба андозаи тавоноӣ доштан, то неру, тандурустӣ ва вақт имконаш додан, кору эҷод кунад).

Аммо Ҳошим Гадо дар ҳамон ҷилди 299, баробари андарзгӯӣ ва рӯ овардан ба фалсафаи ишқ ва зану мард, шиква аз зиндагӣ дорад, ки гумон мекунам, бигзор дар ин маврид дастандаркорони Вазорати фарҳанг пешниҳодҳои санъатшиносони русро бо шикваҳои Ҳошим Гадо дар рӯи миз гузошта, муқоиса ва каме андеша кунанд. Мо барои равшантар шудани матлаб беҳтараш шикояти ӯро аз саҳифаи китобаш бо забони тоҷикӣ бозмеоварем, ки он чунин аст: «Ходимони азизи санъат ва ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон! Савол ба миён меояд — «Магар мешавад актёри номии дар сатҳи ҷаҳонӣ қарордоштаеро, ки факултаи актёрии театру киноро дар ГИТИС — и ба номи Луначарскии Москва ва курсҳои олии режиссёрии Москва хатмкардаро бо доштани ҳама унвони актёрӣ, аз ҷумла: Артис­ти хизматнишондодаи ҶСС Тоҷикистон, Артисти халқии ҶСС Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги  Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ, Артисти халқии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ, барандаи Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор, дорандаи нишони олии «Ситораи Президент», муаллифи 200 ҷилд китоб (ҳоло 400 ҷилд китоб)  нодида гирифт, нисбат ба ӯ беэътиноӣ зоҳир кард? На дар кино ва на дар театр ва ҳатто на дар Институти санъат ҳунару дониши ӯро ақаллан барои дарс омӯзондан иҷозат надод? Ин чист? Ин чӣ гуна неруи боздорандаи пешрафт (прогресс) аст ва ин барои кӣ лозим аст? Ва боре напурсиданд, ки чӣ ҳол дорад ин кас, аз кадом ғариза бармехезад?…».

Ин навишторҳои Ҳошим Гадоро хонда, онҳоро росту дуруст дарёфтам. Инҷониб низ соле дар донишгоҳе аз фанни риторика дарс мегуфтам ва дар ҷараёни дарсомӯзонӣ пай бурдам, ки дар зарфи се соли таҳсил журналистони оянда ба одитарин қоидаҳои сарфу наҳви забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик, таърихи тоҷикон, назмшиносӣ, баёни андеша бо забони тоҷикӣ, таърихи фарҳанги тоҷикон ошноӣ надоранд ва то он ҷое фурсат доштам, ба онҳое мехостанд омӯзанд, чизе омӯзонам. Дар нимсолаи дувум касе маро барои омӯзондани шогирдон даъват накард ва боре дар сари роҳ декани факултаро дида, бо танз гуфтам: «Магар мо даркор нашудем, ки барои дарсдиҳӣ даъватам накардед?». Декан, ки ҷавон буд ва аз олимони навин дониста мешуд ва албатта, ба ҷавонӣ худбузургбинӣ хос аст, гуфт: «Агар лозим шавед, даъвататон мекунем». Яъне, мо, ки назмшиносиву забону адабиётро хуб медонем, ҳанӯз лозим буданамонро раво надонистаанд. Ин дар муассисаи таълимоти олие, ки 35 сол ба ин тараф омӯзгори соҳаи назмшиносӣ надорад ва омӯзгоронаш ҳатто шеър­ҳои фолклорӣ ва як идда вожаҳои тоҷикиро бо сактаи дағал мехонанд. Ҳамин аст, ки дар шабакаҳои радио­телевизионӣ ва расонаҳои хабарӣ, ғалатнависӣ дар сатҳи шогирди мактаби миёна мондааст.

Пас, агар моро чунин мебинанд, гумон мекунам, ниҳоят тарс доранд, ки чун истеъдоди нобиғасони Ҳошим Гадо дар паҳлуи андакхондаҳо ва ба гуфтаи худаш, «актёракҳо» рост шавад, онҳо ба худии худ хираву тира шуда аз байн мераванд. Ва мебояд гуфт, агар дастандаркорони театр ва Донишкадаи санъат нози Ҳошим Гадоро бардошта натавониста, бо баҳонаи нафақахӯр буданаш потенсиали бузурги ӯро дар омӯзондани ҷавонон нодида гирифта, ба кор намебаранд, ҳайфашон бод! Гумон мекунам кор нагирифтан аз истеъдодҳои илму фарҳанг, новобаста ба синну сол, дар паёмади худ таассуф дорад. Ба вижа, дар он сурате ки Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боре ишора доштанд: «Агар саломатии нафақахӯр имконияташ диҳад, чаро кор накунад? Бигзор кор кунад…». Ва тандурустии Ҳошим Гадо, Худоро шукр, бад нест. Марҳамат, адиб ё профессори пурзӯрро ном баранд, ки дар ду даҳсола 400 ҷилд китоби таҳлилӣ навишта ба чоп расонда бошад.

Агар такрор ҳам шавад, бозгуфтани ин дарёфтамро муҳим медонам, зеро 400 ҷилд китоби Ҳошим Гадо беҳтар аз энсиклопедияи фарҳангу санъат мебошад. Он донишҳое, ки дар ин китобҳо гирд овардааст, фаротар аз чаҳорчӯбаи театр ва ҷоннисориҳои муаллиф барои театри тоҷикро ба арсаи ҷаҳонӣ баровардан мебошад. Муаллиф навиштаҳояшро бо ҳунари кино, таърихи пайдоиши филмбардорӣ, кинои безабон (гунг), офаридаҳои санъати тасвирӣ ва мактабҳои гуногуни он, ҳунари суратгарони барҷастаи ҷаҳон, доираҳои суратгарӣ ва сарнавишти шоҳкориҳои онҳо, офарандагони мусиқии баланди классикии Ғарб пайваста, роҳи тарбияи маънавию фарҳангиро осон кардааст.

Ӯ дар ҷилди 295 — уми осораш бо як ваҷду шефтагӣ дар бораи кинои безабон (гунг) андешаҳои вижаеро баён кардааст. Кинои безабон, ки ҳоло дигар хаёли касеро ба сӯйи худ ҷалб намекунад ва дар чашми одамон ибтидоиву номукаммал менамояд, Ҳошим Гадои бинишварро ба паҳлуҳои норавшан ҷалб кардааст ва ӯ дар нигариши хушбини хеш бартариҳои бадеиву ҷолиби кинои безабонро дарёфтааст, ки синамошиносон ҳанӯз ба он паҳлуҳо нигоҳе накардаанд. Ҳошим Гадо бар он аст, ки кинои безабон актёрҳояшро водош­тааст, то барои бозтоб намудани намоди қаҳрамони асар, бознамоёндани риштаҳои эҳсоси ӯ, ранҷу дарду нолаву шеван, парешониву танҳоӣ, хиёнату таҳқиру нотавонбиниҳо, чӣ худфидоиҳое накардаанд. Ӯ дар шигифт мемонад, ки чӣ гуна бесухан он актёрҳо тавонистанд бо як маҳорати ғайриодӣ аз роҳи имову ишора, ҳаракати чашму лабу абрӯву даступо маъниро ба тамошобин бирасонанд. Ҳамин аст, ки нобиғаи саҳнаву кинои тоҷик Ҳошим Гадо  яке аз актёрони бузурги кинои безабони ҷаҳон Чарли Чаплинро «Гунги бузург» номида, ӯро  «Актёри рақами 1» унвон додааст. Ва саргузашти ӯро ба таври гузаро ёдовар шуда, гуфтааст: «Ба чӣ  таъқибҳо тоб наовардааст ӯ дар зиндагиаш… Бо худ меандешам, чӣ гуна метавон бо ин зиндагии фоҷиабор актёри мазҳака буд. Ман инро мефаҳмам».

Мо ва фарҳанги русҳо

Мо чанд бор ҳиссаи забони русӣ ва муҳити мардуми русро дар ташаккул ёфтани шахсияти Ҳошим Гадо ва ба мартабаҳои олии эҷодӣ расидани ӯ ёдовар шудем ва дар мақолаи дигарамон ба ҷилди 120-уми осораш бо номи «Рус» ишора карда, хостаҳои бисёрамонро дар ин маврид рӯи коғаз овардаем. Аммо бозгуфтани мавзӯи «Мо ва русҳо», ки бо таҳлили густурдаи он бисёре аз иллатҳои тоҷикон рӯ мезананд, барои худнигарӣ ва худсозии тоҷикон беаҳамият нахоҳад буд.

Хотираҳои муаллифи ин 400 ҷилд китобро хонда, ба он нукта аҳамият додаам, ки ба нобиғаи фарҳангистони тоҷик — Ҳошим Гадо аз ҳама беш коршиносон, донишмандон, тамошогарон ва ҳамкорони рус баҳои баландтарин додаанд. Маҳз театршиноси рус аз мо тоҷикон хоҳишу тавалло намудааст, ки мо Ҳошим Гадоро нигоҳубин кунем, нагузорем, ки нобиғаи нақшофаринии ӯ дар театру кино хира шавад, чашмаи истеъдоди аз синаи кӯҳ баромада хушк шавад.

Чаро чунин аст? Аз чист, ки дар даҳлезҳои мактаби миёнаи ба номи Ленини шаҳри Кӯлоб, (мактаби № 4) як навиштаи кӯтоҳе ба чашм намехӯрад, ки «Ин мактабро Артисти халқии Тоҷикистон, дорандаи нишони олии  «Ситораи Президент» Ҳошим Гадо хатм кардааст?»  Шояд маниши ин мардум чунин бошад, ки бегонагони ҳамлавар, кушандагони бобокалонҳояшонро тавсиф мекунанд, аз онҳо пайғамбар метарошанд. Ба сони Искандари Макдунӣ, Саъди Ваққос, Ибни қутайба, Темури ланги Курагонӣ ва монанди онҳоро дар осорашон ситоиш мекунанд, на шаҳидони роҳи ватанпарастӣ ба сони Синдбод (с. 756), Бӯ Осими Бустӣ (с. 757), Сайид Ҷулоҳ (с. 757), Ҳазини Риқо (с. 758), Озарӯя, Марзбон, Муҳаммади Шаддод (с. 767), Юсуфи Барам (с. 776) ва ҳазорон тоҷикони сарсупурдаи ҷони ҷавон барои Ватан дареғ надоштаро.

Аммо русҳо на Чингизхону Субалаю Ботухону Мамай, на Бонапарт Наполеон, на Гитлерро боре ҳам ба хубӣ ёд накардаанд. Онҳо ҳаргиз ба андешаашон роҳ дода наметавонанд, ки бегонаи бо шамшер ба марзҳои муқаддасашон пойи нопок гузоштаро ба таври умда фарҳангсӯзону фарҳангдуздони худро ситоиш кунанд. Мутаассифона, мо аз русҳо ин арзиши баланди миллатсозиро наомӯхтем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои ҳақиқии тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худшиносӣ ва худсозиро бавуҷудоваранда ва зояндаи донишу биниш медонанд ва дар таърихи сарзамини мо ҳастӣ ва кистии моро пос доштаанд, ба хурдтарин рукнҳои миллатсозиву давлатсозӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд ва мутаассифона, на ҳама вобастагони шохаҳои ҳукуматронӣ аз ташаб­бускорие бархӯрдоранд, то хирадашон барои аҳволпурсии Ҳошим Гадо бирасад ва ин дорулмаъонии санъату ҳунарро дар миллатсозии тоҷикон ба кор баранд. Аммо Ҳошим Гадо аз он махмали мулоим сиришта нашудааст, ки онро болишт сохта, рӯяш дам бигирӣ. Бихоҳӣ, ки аз гули маънии Ҳошим Гадо гулоб омода кунӣ, хорҳояшро фаромӯш накун. Ҳошим Гадо гуфтори ҳарзаро намепарастад, шахси андакхондаву худхоҳи дар пешонааш унвони баланди илмӣ ё фарҳангӣ часпондаро намеписандад, ба кори бенатиҷа даст намебарад, дар гуфтугӯи кӯтоҳ ҳамсуханро дар тарозуи донишу биниш варандоз мекунад… Чунин ғаризаро бештар метавон дар замири мардуми рус пай бурд. Маниши шарқӣ он қадар бо кӯчиёни биёбонгарду рамагардони хурофотпараст олуда шудааст, ки аз байнашон пайдо кардани мардони ҳампаймону вафодор, ростгӯву фидокору бетамаъ осон нест.

Гоҳе ба гуфтори баъзе аз сабукандешон гӯш фаро медиҳам ва пай мебарам, ки онҳо бо он донишаки сарсарии ҳосилкардаашон дастовардаҳои илмии аврупоиён ва аз ҷумла, русҳоро ночиз мебинанд ва падидаи ношоистаи гурез аз онҳоро паҳн мекунанд. Дар сурате ки Пешвои миллат пайваста дастур медиҳанд мебояд забони пурзӯри русӣ, адабиёти ниҳоят пешрафтаи русро омӯхт. Албатта, адабиёти бузурги форс — тоҷикро мебояд ҳар чӣ бештар омӯхт, вале дар тарбияи ҷавонон бинишҳои сӯфигарӣ ва суханбозиҳои пурдавоми он мебояд тамкин ҷуст.

Бояд ба қатъияти том гуфт, ки офаридаҳои Ҳошим Гадо ҳаргиз кам нахоҳанд шуд, ҳаргиз куҳна нахоҳанд шуд, ҳамеша дар тарбияи ҷомеаи фарҳангӣ, ба вижа омода кардани насли интеллектуалҳо (андешаварзон) фарҳанг­нома (энсиклопедия)-и беҳамто хоҳад буд.

Хлестаков

Ҳамчун намуна мехоҳам ин ҷо нақши Хлестаковро аз асари Николай Гогол, «Ревизор» дар офариниши Ҳошим Гадо ёдовар шавам. Ифтихори бепоён дорем, ки ҳунари баланди актёри бузурги моро дар офариниши нақши Хлестаков театршиносони номии Россия дар расонаҳои хабарии кишварашон сутудаанд. Гумон мекунам, агар чархи гардон пас мегашту Гоголи зиндаро ба Театри академӣ — драмавии ба номи Лоҳутӣ ба намоишномаи «Ревизор» меовард, муаллиф ин ҷаҳонро ноумед тарк намекард, зеро ҳангоме ки дар рӯзгори зиндагии ӯ актёри шинохта Николай Осипович Дюр нақши Хлестаковро иҷро мекард, Николай Гогол пас аз тамошои намоишнома бо шикоят гуфта буд: «Дюр як мӯ ҳам дарнарафтааст Хлестаков, яъне чӣ…».

Николай Гогол ноумед намегашт, зеро нақши Хлестаковро Ҳошим Гадо соли 1979 бо маҳорати баланд тавонист рӯйи саҳнаи тоҷик бозоварад. Театри тоҷик бо коргардонии Х. Майбалиев, ҳунармандии М. Тоҳирӣ, Б. Раҷабов мавзӯи дар ҳама замона ба пешравии ҷомеа халалрасон — хлестаковизмро пеши дидори мардум намоён сохт. Дар бораи ҳунари беҳамтои нақшофаринии Ҳошим Гадо театршиноси рус Лес Танюк саҳнаи охирини намоишномаро чунин бозгӯ намудааст, ки то ҳанӯз куҳна нагаштани шоҳкори Николай Гогол «Ревизор» — ро гувоҳӣ медиҳад: «Появление жандарма с известием о приезде настоящего ревизора ошеломило всех. Но вот городничий, придч в себя, достает из кармана пачку ассигнаций и швыряет её на авансцену. Все чиновники делают то же самое. Метафора на тему «откупимся и от этого» завершает этот интересный полный открытий спектакль…»  (Пайдо шудани жандарм бо хабари омадани ревизори ҳақиқӣ ҳамаро карахт кард. Аммо шаҳрдор якбора ба худ омада аз кисааш як баста пул бароварду рӯйи саҳна партофт. Ҳама маъмурон низ чунин мекунанд. Киноя ба гунаи «инашро ҳам бо пул мехарем», ин намоишномаи ҷолибу саршори ­бозёбиҳо ба поён мерасад.) (Нашрияи «Советская культура» — «Фарҳанги шӯравӣ», 9 феврали соли 1979).

Сухани ниҳоӣ

Пеш аз ба поён расондани матлаб мехоҳам нигоҳи шахсиро пиромуни оҳангҳои шикоятии Ҳошим Гадо бигӯям, ки онҳо гарде ҳам ишора ба Давлату Сарвари мо надоранд. Сипосгузории ӯ аз шоиста донис­танаш ба нишони олии «Ситораи Президент» ва лутфу эҳсони шахсии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ба шахсияти ӯ аз гуфтор дар рӯзи 80 — солагиаш ҳувайдост. Дили Ҳошим Гадо аз ишқи ягонаи худ — аз Меҳани зеботарини зебоҳояш Тоҷикистон саршор аст. Дар ҷилди 290 — уми осораш омадааст, ки чанде дар кишвари дигар бо коре шуғл меварзид ва бо бозгашт ба шаҳри азизаш Душанбе онро нашинохт. «Шаҳри азизи ман, — бозмеоварад гуфтори ӯро, театршинос ва рӯзноманигори пуркори рус, хамдиёрамон Евгений Мороз, — наву тозаву равшану хуррам гашта буд. Дар ҳама гӯшаҳои шаҳр биноҳои истиқоматии ба қаср монанд сохта мешуд. Ман хушнуд гаштам аз шукуфоии ватани худ…».

Мо ба ояндаи шукуфони театри тоҷик пурра боварӣ дорем. Барои омода сохтани ҳунармандони ояндаи театри тоҷик роҳро нобиғаи беҳамто Ҳошим Гадо равшан кардааст. Хушбахт хоҳад буд он ҷавоне, ки осори ин андешаманди ноёбро омӯхта, шеваи кору зиндагиашро бо дастовардҳои ӯ наздик карда тавонад.

Ин андешаро бо гуфтаҳои ҳунарманди бузурги рус, Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Кирилл Лавров, пурра мешавад кард, ки онро дар рӯзгори ошуфтагиҳои солҳои 90 — уми садсолаи ХХ баён кардааст: «Мегӯянд театр мемирад, вале ман мегӯям: театр нахоҳад мурд, то замоне ки актёроне чун Ҳошим Гадо дар он бошанд».

Зафар Мирзоён,

омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ