Осорхона ҷоест, ки сарнавишти талху пурфоҷиа, шодию нишот, аз дастрафтаҳоро дар шебу фарози таърих бо рамзу розҳо бозгӯ менамояд. Осораю нигораҳо муаррифгари ҷаҳони гузаштагон, орзую омол, фаъолияти аҷдодӣ аз даврони ҷамъияти ибтидоӣ то имрӯзанд.
Мусоҳибаи хабарнигори рӯзнома бо директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» Абдувалӣ Шарифзода фарогири паҳлуҳои гуногуни ин макони ҳифзи ёдгориҳои таърихист.
- Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун маркази илмӣ — маърифатӣ чӣ корҳоро ба сомон расонд?
- Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон тибқи рисолати касбӣ ҷаҳд менамоянд, ки диққати намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаро ҳар чӣ бештар ба тамошои экспонатҳои осорхона ҷалб ва бо ин роҳ онҳоро ба фарҳангу тамаддуни гузаштаи аҷдодӣ ошно намоянд. Масалан, соли 2018 аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мушаххас 120 ҳазор нафар дидан намуданд, ки аз ин шумора 4465 нафарро тамошобинони хориҷӣ ташкил доданд. Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн, котиби Шӯрои амнияти миллии Ҳиндустон Роҷиндер Кҳанна, вазири корҳои хориҷии Уммон Муҳаммад — ал Зарафӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқӣ – Демократии Корея аз зумраи онҳо мебошанд. Дар маҷмӯъ, соли 2018 намояндагони 31 кишвари дунё аз экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.
Ҳамчунин, осорхона ба сифати маркази илмӣ — маърифатӣ баҳри дар сатҳи баланди касбӣ омода намудани мутахассисони оянда бо донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ ҳамкорӣ мекунад. Аз ҷумла, соли гузашта 90 донишҷӯйи муассисаҳои олии гуногуни кишвар дар ин даргоҳ таҷрибаомӯзӣ карда, бо фаъолияти осорхона шинос шуданд.
Ба ин восита, осорхона дар тарбияи ҷомеа, хусусан, ҷавонон, дар рӯҳияи худшиносӣ, меҳанпарастӣ, арҷ гузоштан ба дастовардҳои дирӯзу имрӯз нақши муассир мегузорад.
Дар он беҳтарин офаридаҳои инсоният, аз ҷамъияти ибтидоӣ то замони истиқлолият, ба маъраз гузошта шудааст, ки ҳар нафари хоҳишманд имконият дорад бо онҳо ошно шуда, аз сарнавишти гузаштагон огаҳӣ ёбад.
- Соли 2018 кадом корҳои илмӣ-тадқиқотӣ сурат гирифтанд? Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Камина ва Давлатхоҷа Довудӣ китоби «Шаҳраки кушонии Сайёд»-ро ба табъ расондем, ки натиҷаи ҳафриёти бостоншиносиро дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муаррифӣ менамояд. Бо сарварии Давлатхоҷа Довудӣ аз 23 июл то 7 сентябри соли 2018 дар ёдгории Сайёдқалъаи ҳамин ноҳия ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи ковишҳо ибодатгоҳҳои зардуштӣ пайдо ва таҳқиқ карда, 7 хуми бузургҳаҷм, 72 сиккаи аҳди Кӯшониён (асрҳои I-IV), ҳайкалчаи гилии эзадбонуи зардуштӣ, дӯкҳои мармарини ресандагӣ ва ангуштариҳои биринҷӣ ёфт шуданд.
Кормандони илмии шуъбаи мероси хаттии миллӣ 61 китоби дастнавис ва чопи сангиро ташхиси илмӣ ва феҳристнигорӣ карданд. Инчунин, аз тарафи кормандони шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ таҳияи феҳристи илмии 1405 сикка ба анҷом расонида шуд.
Ба нашр расидани мақолаҳои илмии сардори шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ, доктори илми таърих Давлатхоҷа Довудов дар расонаҳои Ҷумҳурии Тотористон ва Италия бозгӯйи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо кишварҳои дуру наздик мебошад.
15 ноябри соли 2018 аз номи ректори Донишгоҳи байналмилалии таълими бунёди Маҳамта Шанти П. Ҷоясекера ба унвони баланди «Доктори фалсафа» (дар соҳаи фарҳанги ҷаҳонӣ) сазовор гардидани банда, фикр мекунам, ки мояи ифтихор аст. Ин донишгоҳи байналмилалӣ муассисаи илмӣ — тадқиқотӣ буда, соли 1998 дар Федератсияи Россия таъсис дода шудааст.
Дар натиҷаи таҳқиқот ду ёдгории эпиграфӣ — катибадӯзии ду ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғазали Алишери Навоӣ дар ҷойнамоз ёфт гардид. Зикр бояд кард, ки ин катибадӯзиҳои лирикӣ шаҳодат медиҳанд, ки бонувони хирадманду ҳунарманди тоҷик дорои завқи баланди эстетикӣ буда, розу ниёзро ба ин васила ифшо мекардаанд. Бояд гуфт, ки олимони катибашинос то ба ҳол дар ягон ёдгории эпиграфии кишварҳои Осиёи Марказӣ ашъори шоирони классики туркзабонро ба ин сурат дарёфт накардаанд. Хушбахтона, дар арафаи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ин ғазали дар ҷойнамоз катибадӯзишудаи Алишери Навоӣ навиштаҷоти катибаҳои зикршуда ҳувайдо гардид.
- Осорхона аз чанд шуъбаи экспозитсионӣ иборат аст?
- Осорхона дорои чор шуъбаи экспозитсионӣ — шуъбаи табиат, таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин ва санъати тасвирӣ мебошад. Дар шуъбаи табиат намунаи сангҳои қиматбаҳои конҳои Тоҷикистон, пайдоиши ҳаёт дар рӯи замин, гӯшаи палеонтология (организмҳои сангшуда) барои тамошо гузошта шудаанд, ки ҳаёти ҷамъияти ибтидоиро дар кишвар бозгӯйӣ менамоянд. Дар толори он дарахте ба баландии 3 метру 40 сантиметр мавҷуд аст, ки дорои 19 ҳазору 536 барги аз сангҳои қиматбаҳо — нишоне аз боигариҳои маъдании Тоҷикистон мебошад.
Яке аз калонтарин шуъбаҳои осорхона – шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна аст. Нигораҳои толорҳои намоишии он аз бозёфтҳои мансуби асри санг дар Тоҷикистон, деҳшаҳри Саразм, фарҳанги зардуштӣ, империяи Ҳахоманишиҳою Кӯшониён, Сосониҳою Ҳайтолиён ва Панҷакенти қадим маълумот медиҳанд. Ёдгориҳои аз Панҷакенти қадим (асрҳои V-VII) ёфтгардида аз гузаштаи пурифтихори ин маркази тамаддуни тоҷикон, ки дар олам бо номи «Пампеи Шарқ» маъруф аст, шаҳодат медиҳад.
Дар осорхона толори махсусе низ арзи вуҷуд мекунад, ки дар он ҳадяҳои ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дигар роҳбарони давлатҳои олам эҳдошуда ба маъраз гузошта шудааст.
- Cоли 2018, ки «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуд, фонди Осорхонаи миллӣ чӣ чораҷӯйӣ кард?
- Аз ҷониби Комиссияи фондӣ ва хариди Осорхонаи миллии Тоҷикистон бештар ба маҳсули ҳунарҳои мардумӣ афзалият дода шуд.
Дар ин сол аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҷаъбаи сангӣ – аз маҳсулоти аввалини Корхонаи металлургии шаҳри Истиқлол ва намунаи ҳунари кашидадӯзӣ бо симои ҳамсари Манас – Каникей аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон — Сооронбай Жээнбеков ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон эҳдо гардид. Ҳамчунин, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 105 сиккаи мисии кӯшонӣ (асрҳои I-IV), аз Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 2 сиккаи мансуби Россияи подшоҳӣ ба фонди осорхона супурда шуданд.
Дар маҷмӯъ, соли гузашта ба фонди осорхона 2596 нигораи таърихӣ ворид гардид.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»