Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ояндаи мамлакат аз меҳнати софдилонаи сокинон вобастагӣ дорад

№38 (3675) 11.04.2017

1020592709Ягона омиле, ки дилхоҳ давлату ҷомеаро ба гул — гулшукуфӣ мерасонад, илму маорифи пешрафтаи он мебошад.

Шиори «ҳама чизро кадрҳо ҳал мекунанд»-и асосгузорони ҷомеаи сотсиалистӣ ҳам ба гуфтаҳои боло сахт алоқамандӣ дорад ва мантиқан дуруст мебошад. То мо дар соҳаи маориф ва илми кишвар ба натиҷаҳои дилхоҳ муваффақ нагардем, то сатҳи таълиму тарбияро боло набарем, беҳбудиеро дар ҷомеа интизор шудан имкон надорад. Хоса, барои давлати ҷавони мо, ки якбора аз як сохт ба сохти дигари муносибатҳои иқтисодӣ гузаштааст. Дар масъа­лаи бунёди мактабу донишгоҳ ва донишкадаҳо гуфтан мумкин аст, ки натиҷаҳо хеле хуб ҳастанд, ки дар муқоиса ба даврони шӯравии аз лиҳози иқтисодӣ тавонманд, теъдоди зиёди муассисаҳои таълимиамон қобили таҳсин мебошад. Акнун вазифаи муҳиме, ки дар назди масъулони соҳа, омӯзгорон меистад, беҳтар намудани сифати тайёр кардани мутахассисони дар ҳақиқат мусаллаҳ бо донишҳои баланди замон ва дорои имкониятҳои васеи кор бо таҷҳизоту техникаи муосир ба шумор меравад.

Қобили қайд аст, ки Ҳукумати кишвар ба хотири рушду такомули соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ба буҳрону мушкилиҳо нигоҳ накарда, маблағгузориро ҳар сол боло мебардорад. Шароит фароҳам меорад, ки ҳар мактабу синфхона бо техникаю таҷҳизоти даркорӣ таъмин бошанд. Омӯзгорон дар дарсҳо аз нарасидани ин ё он ашёи таълимӣ душворӣ накашанд. Аз ҷумла, дар муқоиса ба солҳои пешин музди меҳнати омӯзгорон, устодону олимони муассисаҳои олии касбӣ низ зиёд шуда, қарздорӣ аз музди меҳнат хеле коҳиш ёфтааст.

Чунончӣ, дар Паём омадааст: «Соли 2016 барои тараққиёти соҳаи маориф 3 миллиарду 150 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2015 — ум 10 фоиз ва дар муқоиса бо даҳ соли пеш 13 баробар зиёд мебошад».

Соли гузашта аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» қабул гардид, ки тибқи он дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо марказҳои таълимию тарбиявӣ барои кӯдакони лаёқатманд ташкил карда мешаванд.

Бо супориши Роҳбари давлат имсол дар шаҳри Душанбе бори нахуст дар сохтори Академияи илмҳои Тоҷикистон мактаби инкишофи зеҳнӣ таъсис ёфта, Вазорати маориф ва илм вазифадор шудааст, ки ба Ҳукумати мамлакат барномаи давлатии таъсиси чунин мактабҳоро дар маркази вилоятҳо пешниҳод намояд. Бояд гуфт, ки муҳлати татбиқи «Барномаи компю­теркунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010-2015» ба охир расида, 106 фоиз иҷро шуд. Дар баробари ин, масъулони соҳаи маориф вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати таҳия ва ба баррасии Ҳукумати кишвар пешниҳод намудани «Консепсияи таҳсилоти муттасил барои солҳои 2016 — 2022» чораҷӯйӣ карда, барои дурусту замонавӣ роҳандозӣ намудани таҳсилот тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Мо — масъулони соҳаи таълиму тарбия вазифадорем, ки фаъолияти худро ҷавобан ба ин ғамхориҳо дар сатҳи хеле баланд ба роҳ монем. Фаромӯш накунем, ки аз заҳмати ҳалолу софдилонаи мо пешрафту ояндаи мамлакатамон, некуаҳволии сокинони он вобастагии калон дорад.

 Зайнаб ШУКУРОВА,

омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики

МТМУ № 101-и шаҳри Турсунзода