Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ бисёр миллатҳо шакли миллии ному насабгузориро нигоҳ доштанд. Чунончи, гурҷиҳо ному насабашонро бо пасвандҳои «швили», «адзе», «ия», арманиҳо – «ян», украинҳо – «ко», латишу литвониҳо- «ускас», «вичус» ва ғайра сабт мекарданд. Аммо халқҳои Осиёи Марказӣ насабашонро бо шакли русии «ов», «ев», «ова», «ева» менавиштанд. Бо вазидани насими истиқлолият ба тарзи миллӣ номгузорӣ кардани навзодон оғоз гардида бошад ҳам, то ҳол дар ин ҷода баъзе аз нофаҳмиҳо ба чашм мерасанд. Чунончи, чанд сол пеш иддае, бо баҳонаи он ки гӯё дар Федератсияи Россия бо ному насаби тоҷикӣ аз фурудгоҳ бармегардонанд, ному насаби миллиро ба русӣ табдил намуданд.
Саволи матраҳ он аст, ки «чаро ба озарию гурҷӣ, арману латиш ва ғайра бо ному насаби миллӣ ба Федератсияи Россия ворид шудан мумкин будаасту ба тоҷикон не?». Баръакс, баъзе аз кормандони САҲШ ба паҳншавии чунин овозаҳо мусоидат карда, аз зиёдшавии ин гуна мизоҷони камсавод хурсанд мешуданд.
Баъзе хизматчиёни давлатӣ ҳиммат карда ному насабро аз шакли русии даврони шӯравӣ ба тарзи миллӣ табдил намуданд, ки шоистаи таҳсин аст. Аммо ҳангоми дар матбуот чоп намудани матлаб имзояшонро сеҷузъа (насаб, ном ва номи падар) мегузоранд, ки ғайримаъмулӣ ва то андозае гӯшхарош аст. Масалан, Хайриддинзода Ҷамшед Насим ва ё Шарифзода Лола Карим. Ба андешаи мо, Ҷамшед Хайриддинзода ва Лола Шарифзода навиштан зебою гӯшнавозтар аст.
Дар ин хусус устоди ДМТ, номзади илми филология Азим Байзоев дар мақолае зери унвони «Номи зебо — ними ҳусн» чунин ибрози ақида намудааст: «Номҳои сеҷузъа аз замони шӯравӣ ба мерос мондааст, аниқтараш, аз фарҳанги русӣ гузаштааст. Дар он замон ҳатто ба номҳое, ки аз ду ҷузъ (насаб ва ном) иборат буданд, ба тарзи шартӣ ҳангоми муроҷиат номи падарро аз ҳамон насаб сохта, илова мекарданд. Масалан, ба шахсе, ки ному насабаш дар шиноснома расман Каримов Салим бошад, ҳангоми муроҷиат Салим Каримович ё Анварова Саодат бошад, Саодат Анваровна мегуфтанд. Дар номгузории аксар халқҳои ҷаҳон танҳо ному насаб истифода мешавад. (Пабло Неруда, Марк Твен, Маргарет Тетчер, Жорж Помпиду, Беназир Бҳутто, Азиз Несин). Дар ҳамон замони шӯравӣ низ номҳои анъанавие доштем, ки фақат аз насаб ва ном таркиб ёфта буданд: Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ. Имрӯз, низ чунин тарзи ному насабсозӣ (бе номи падар) маъмул аст». («Ҷумҳурият» 18 августи соли 2017).
Тавре мебинем қариб дар тамоми дунё аввал ном меояд, баъд насаб. Аммо баъзе аз кормандони мақомоти суду прокуратура, раисони шаҳру ноҳияҳо, вакилони мардумӣ ва раисони кумитаҳою вазирон ҳангоми муаррифӣ аввал насабро меоранд, баъд номи худу номи падарашонро. Бигзор шакли номгузории сеҷузъа дар шиноснома монад, аммо ҳангоми пешниҳоди мақола ё муаррифӣ ба шакли анъанавии ному насаб такя кардан беҳтар ба назар мерасад.
Масалан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва ғайра. Хуб мешуд ҳамин гуна номгузориро тарғиб намоем.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»