14 апрел дар шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ» оғоз гардид. Он байни хонандагони синфҳои 5-8 ва 9-11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо ва гимназияҳои шаҳри Душанбе сурат гирифт.
Ҳадафи асосии озмуни мазкур ҷалби оммавии хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба забономӯзӣ буда, барои дарёфт, муаррифӣ ва ҳавасмандгардонии истеъдодҳои нав дар ин самт замина фароҳам месозад.
Озмун вобаста ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар ду бахш – назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуд. Аз рӯйи натиҷаҳои даври ноҳиявӣ 52 нафар ғолиб ба даври шаҳрии озмун роҳ ёфтанд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, ғолибони он бахшида ба Рӯзи пойтахт аз рӯйи ҳар як гурӯҳи синнусолӣ ва мақоми муассисаҳои таълимӣ алоҳида бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Н. МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»