Паҳлавон

№41 (3678) 18.04.2017

Рачабали АхмадовРаҷабалӣ Аҳмад умри ҳаштодсолаи худро сарфи қаламфарсоӣ карда, муаллифи китобҳои «Саманди зебо», «Ҳикояҳо барои бачаҳо». «Аланга», «Бӯи шир», «Манзили меҳри шумо», «Қиссаҳои Ҷамшед», «Роғон — бахти рӯзафзун» ва амсоли инҳо мебошад.

Дар зер ҳикояи нави ӯро манзур мегардонем, ки воқеӣ ва ибратбахш аст.

Болои ҷогаҳ дурудароз хобидан ба дили паҳлавон зад. Хост берун барояд, аз ҳавои тоза нафас гирад. Бо ин ният тарафи дар ғел хӯрда, асояшро палмосида, ба даст гирифт. Ба девор такя дода, қоматашро рост карда, «ё пирам» — гӯён боэҳтиёт қадам гузошта, рӯи ҳавлӣ баромад. Завҷааш — кампири Солиҳаро, ки «қуввати дил» меномид, «очаш, ҳой очаш?!» гуфта, нидо кард. Овозаш беҷавоб монд. Донист, ки кампир дар ҳавлӣ нест, озурдаҳол оҳи сард кашида, ба баргҳои заъфарони дарахтони боғ, дару девори таъмирталаб, каҳдону аспхона, ки чанд сол пеш бунёд карда буд, назар афканд.

Боди сарди рӯзҳои охири тирамоҳ мевазид. Дар домани кӯҳҳо ҳар ҷо–ҳар ҷо барф борида, қуллаҳои баландро сафед карда, аз оғози зимис­тон дарак медод.

Мӯйсафед айёми ҷавониашро ба ёд овард: Он вақт лой шӯрида, девор бардоштан барояш ягон душворӣ надошт. Ғайраташ ҷӯш мезад, белу каланд дар дастонаш бозӣ мекарданд. Аз кӯҳ пуштора ҳезум мекашонд, ба осиё гандум бурда, орд карда меоварду мондашавиро намедонист. «Неъмати ноёб, бахти баланд будааст ҷавонӣ, -аз дил гузаронд вай, -  афсӯс, ки дер фаҳмидам он айёмро…».

Баъди ба камол расидан вай бо Солиҳаи соҳибҷамол хонадор шуд. Соҳиби чор фарзанд гардид. Онҳоро калон кард, барояшон хона сохт, оиладор кард. Ба қавле, қарзи падариро ба ҷо овард.

Солиҳахола мехост дар хонаҳои нав — назди набераҳо бо фарзандон бошад, аммо мӯйсафед инро намехост.

- Бо мо рафта истед, падарҷон, — мегуфтанд доим писаронаш.

- Ин ҷо беҳтар, — мегуфт вай дар хонаи куҳна, назди аспаш истоданро авлотар дониста.

Аҳмадпаҳлавон то даме қувват дошт, ба хонаи писаронаш рафта, онҳоро хабар мегирифт. Вале баъди он ки пирӣ асар карду аз дарди пойҳо бистарӣ шуд, ғавғои набераҳо ба гӯшаш намефорид ва тори асабҳояш овозро намебардошт. Дилаш кунҷи танҳоӣ мехосту нигоҳубини асп.

Аз хурдӣ ба асп унс гирифтаву аз падар асптозиро омӯхта буд. Ҳангоме ки Солиҳаро ба ӯ хостгорӣ намуданд, аввали баҳор буд, ҳини шукуфтани гули лола. Падарарӯсаш Ёрмаҳмад, марди баруманди ҳамсоядеҳа,ба хостгорҳо гуфт:

- Муҳимаш ин, ки домодшаванда дар паҳлавонӣ ном баровардааст, духтари маро пуштибонӣ карда метавонад…

- Агар чунин бошад, домод бояд дар шаҳтоз пешдастӣ карда, худро нишон диҳад, — изҳор намуд акаи арӯс.

- Бале, бале, — дигарон ӯро дастгирӣ намуданд.

«Шаҳтоз» лаҳзаи ҳаяҷоновар буд дар бузкашӣ. Барои ғолиб омадан домод бояд маҳорати худро нишон медод.

Баъди чанд рӯз маъракаи бузкашӣ оғоз ёфт. Аз дуру наздик човандозон ҳозир шуданд. Марди чорпаҳлу, савори аспи сиёҳ, бузи сафедро пеши зин оварда, эълон кард:

- Марҳамат, майдон аз далер!

Аҳмад ҷавони тануманди оромтабиат, дар бар корҷомаи алоча, дар по мӯзаи такагӣ, «чу, чу» — гӯён аспашро маҳмез зада, байни анбӯҳи човандозон даромад. Пас гӯшаки қамчинро бо дандон газида, тарафи чап хам шуда, бузро бо осонӣ аз замин бардошт, зери узангу кашид. Аспи бодпо аз байни саворон тирвор гузашт.

- Доред, доред ӯро, бузашро кашида гиред! – мегуфтанд ҳангоматалабон.

Аҳмад аспро қамчин зада, роҳи хонаи падар­арӯсашро пеш гирифт. Ба тӯйхона зада даромад. Бузро пеши пои арӯсаш Солиҳа партофту бо ҳамон суръат берун баромад.

- Офарин, офарин! – овози тамошобинон ба осмон печид.

Аз имтиҳон гузашт паҳлавон. Рӯзи дигар, аз рӯи маслиҳати пешакӣ, падараш як сар гӯсфанд, даҳ кило биринҷ ва як дона милтиқи шикорӣ оварда, ба падари арӯс доду Солиҳаи соҳибҷамолро келин карда, ба хонааш бурд.

Аҳмад дасту бозувони бақувват, иродаи қавӣ дошт. Баробари човандозӣ чун гӯштингир ном бароварда, солаш ба бист нарасида, бо паҳлавонони номӣ ба майдон мебаромад. Лаҳзае мерақсиду баъд «ё пирам» — гӯён ҳарифашро чунон башаст ҳалук андохта, ба тахтапушт меғалтонд, ки ҳама дар ҳайрат мемонданд.

Ҳаққонӣ гӯштин мегирифт, ба ҳукми довар итоат мекард. Буданд гӯштингироне, ки ба тахтапушт ғалтида, ба довар гӯш накарда, боз ба майдон мебаромаданд. Барои шуҳрат зӯр зада, бозиро дуранг кардан мехостанд. Тамошобинон онҳоро ҳаромбоз меномиданд.

Дар як маъракаи бузкашӣ ҳаромбозҳо як пои Аҳмадпаҳлавонро бо узангу зада шикастанд. Вай сир бой надода, аз асп нафаромада, ба хонааш омад. Бо мадади завҷааш аз асп пиёда шуда, ба хона даромаду мӯзаҳояшро кашид, хун аз пои чапаш фаввора зад. Аҳмадпаҳлавон гӯё дардро ҳис намекарда бошад, худро орому бепарво нишон медод. Ҳамин гуна пуртоқат буд ӯ.

Ҳикоят мекунанд, ки гузаштагонаш ҳам зӯру тавоно будаанд: падар ва амакҳояш ҳар кадом рӯзе майдони як гектар ғалларо даравида, дусад кило борро пуштора ба осиё мебурдаанд.

Паҳлавон марди одӣ ва шикастанафс буд. Ба амволи кас чашм ало намекард. Кишт карда, ҳосил мебардошт. Баъзе вақтҳо бо аспаш ба Душанбе ва аз он ҷо ба водиҳои Ғарму Кӯлоб кироякашӣ менамуд. Ҳаққи ночиз гирифта, осудаҳолона ба сар мебурд.

Солҳо паси сар мешуданд. Бо мурури замон аспаш пир шуд, базӯр роҳ мерафт. Рӯзе рӯи ҳавлӣ ғалтиду дигар нахест. Човандози номӣ, марди майдон, ҳини ҷон додани аспаш гирист. Чанд рӯз мотам гирифт.

Ёлу думи диловез, чашмони зебо дошт аспаш. Дар хоб аввал овозашро мешуниду баъд худи бодпоро медид. Шиҳа кашида, чунон медавид, ки аз сумҳояш оташ мерехту аз баданаш ҳавр мебаромад.

Баъдтар, ба Аҳмадпаҳлавон роҳбарони колхоз аз ҳамон зоти аспаш як той туҳфа карданд. Чашму гардани той ба падараш монанд буд, рангаш сурхча, ду пояш то зону сафед.

Онро машқ доду баъд ба буз даровард. Ҳамин ки паҳлавон хам шуда, бузро аз замин мебардошт, гӯё қанот мебаровард ҷонвар. Чунон тез медавид, ки ягон асп ба он расида наметавонист.

Меҳри паҳлавон нисбат ба асп торафт зиёд мешуд. Пеш аз маъракаи бузкашӣ хоб надошт, бадани аспро качоғу (шона) зада, чунон мешуст, ки ялаққос мезад. Сипас, онро зин зада, ҷули хушгул пӯшонда, лаҷоми нуқрагини кандакориро ба сараш меандохт, ки ҳаваси кас меомад. Асп не, арӯс буд барои паҳлавон.

Аспи паҳлавон нисбат ба соҳибаш меҳр пайдо карда, то ҳадде унс гирифта буд, ки ӯро намедид, коҳу ҷав намехӯрд, дасту по кӯфта, беқарорӣ мекард, шиҳа мекашид.

- Ҳа, мардакҷон?! – аз дарвоза даромада бо тааҷҷуб пурсид Солиҳахола ва узрхоҳона илова намуд, — бубахшед, дер мондам. Келинам писар таваллуд кард, як сари қадам рафта, хабар гирифта омадам.

Тоқати паҳлавон тоқ шуда буд аз интизорӣ. Аз қаҳр ба завҷааш танбеҳ доданӣ буд, аммо пайғоми таваллуди набера оташи ғазаби ӯро хомӯш сохт.

- Худо бахташ диҳаду ман барин шавад, – даст ба рӯ кашида, дуои нек дод ва бо мадади завҷааш вориди хона гардид. Болои ҷогаҳ дароз кашид.

Солиҳахола одати шавҳарашро медонист: ҳамин ки кишти баҳориро анҷом медод ё аз маъракаҳои гӯштингирию бузкашӣ меомад, хешовандону дӯстонашро сари дастархон даъват намуда, ба торҳои дутораш нохун зада, суруд замзама мекард. Мехост ҳамеша дар иҳотаи онҳо бошад. Аммо умр кӯтоҳ, вақт гузарон гуфтаанд.

Як бегоҳ ҳарорати бадани паҳлавон баланд гардид. Инро шунида, фарзандону хешовандон, ҳамсояҳо ва шогирдон ҳозир шуданд. Дасту рӯяшро шушта, нохунҳояшро гирифта, ришу мӯйлабашро ба тартиб оварда, либоси нав пӯшонданд. Ба назар хонаи бемор тӯйхонаро мемонду вай соҳибҷашнро. Аз боби паҳлавонӣ суҳбати тӯлонӣ баргузор гардид. Ҳангоме ки Солиҳахола назди ҳозирон дастархон мегустурд, Аҳмадпаҳлавон амр дод:

- Барои меҳмонҳо оши палав паз. Аспамро зин карда берун барор!…

Солиҳахола зину авзол задани  аспро аз шавҳараш омӯхта, ин корро борҳо ба ҷо оварда буд. ҳарораташ баланд шуда, марг таҳдид мекард ва аз чунин амр дар ҳайрат монд, ба андеша рафт.

Одатан, пеш аз марг, шахси бемор некию бадии ҳаётро пеши рӯ оварда, аз атрофиён узрхоҳӣ мекунад, то ки ӯро бубахшанду аз олам поку бегуноҳ гузарад.

Солиҳахола гапи шавҳарашро ба замин намонд. Баъди чанде оши палавро дам андохта, ба аспхона даромад. Аспро зину авзол зада, берун баровард, дар гулмехи байни ҳавлӣ баст. Сипас, ба хона даромада, хост ба шавҳараш гӯяд, ки гуфтаҳояшро ба ҷо овардааст. Лекин дер шуда буд. Чашмони сермижгони сиёҳи паҳлавон фурӯ рафта, бинии баландаш теғ кашида, ранги рӯяш коҳида, дар пешона ва рухсораҳояш донаҳои арақ чун шабнами саҳарӣ ба назар мерасиданд.

Ин лаҳзаи видоъ кардани Аҳмадпаҳлавон буд. Вай дигар аспашро надид. Вақте ки ҷасади ӯро аз хона берун бароварданд, асп чунон шиҳаи ҷонгудоз кашид, ки дар кӯҳу пушта акси садо дод.

Вақте одамон аз қабристон баргаштанд, асп ҳамоно гирди гулмех мисли паргор давр мезад, беқарорӣ карда, шиҳа кашида, фиғон мебардошт. Баъди фавти паҳлавон аспро касе савор шуда натавонист, мезад, мегазид. Солиҳахоларо ҳам наздик шудан намемонд.

Боре асп бандро канда, аз ҳавлӣ ғайб зад. Фарзандону шогирдони паҳлавон ҳама ҷойро кофта, онро ёфта натавониста, ба чунин хулоса омаданд: «Ё ба ягон гала ҳамроҳ шудааст ё аз ягон баландӣ ҷар шуда, ҷон додааст…».