Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Пахта амнияти саноатиро таъмин менамояд

№70 (4490) 09.06.2022

Яке аз соҳаҳое, ки ба рушди саноати сабук, зиёд кардани ҳаҷми маҳсулоти он, инчунин содироти маҳсулот мусоидат мекунад, пахтакорӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба роҳбарону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, дастур доданд, ки «… дар 5 соли минбаъда барои таъмин кардани рушди саноати сабук доир ба таъсиси 5 маҷмааи коркарди ниҳоии нахи пахта бо ҷалби беш аз 11 миллиард сомонӣ чораҳои амалӣ андешанд. Инчунин, доир ба рушди тухмипарварӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмин намудани рушди саноати коркард ва хӯрокворӣ тадбирҳои саривақтӣ андешанд».

Аҳамияти стратегии пахта дар он зоҳир мегардад, ки он бояд амнияти саноатии ҷумҳуриро таъмин созад. Соҳаи пахтакорӣ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ мебошад, ки ба беҳдошти вазъи иқтисодии кишвар мусоидат карда, манбаи асосии таъмини истеъмолкунандагон бо озуқа, корхонаҳои саноати сабук бо ашёи хоми ватанӣ ва ҷалби аҳолӣ ба ҷои кор мебошад. Аз ин рӯ, кишт ва парвариши пахта дар ҷумҳурӣ моҳияташро гум накарда, зарурат ба истеҳсоли маҳсулоти он рӯз то рӯз меафзояд. Имкониятҳои истеҳсолии мамлакат имкон медиҳанд, ки дар сурати аз як гектар пахтазор рӯёндани ҳосили 30 сентнерӣ, метавон то 12 ҳазор м2 газвор, 277 кило равған, 726 кило кунҷора, 47 кило собун 108 кило линт ва дигар маҳсулоти барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ заруриро истеҳсол кард. Дар он сурат даромади умумии ҳосили пахта зиёда аз 12 ҳазор доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Ҳукумати ҷумҳурӣ инро ба инобат гирифта, оид ба корҳои селексионии навъ­барории марбут ба пахта ва вусъати фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор қарорҳои дахлдор ва тадбирҳои судманд ба тасвиб расондааст. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2004 «Дар бораи «Барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2002 ва 2005» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 — 2014» аз ҷумлаи ҳамин тадбирҳост. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар Сарвари давлат ба ин соҳа, ҳамчун соҳаи муҳими хоҷагии халқи кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Агар ба паёмҳои Пешвои миллат дақиқтар назар афканем, мебинем, ки қариб дар ҳама баромад дар бораи соҳаи пахтакорӣ диққати бештар медиҳанд. 20 апрели соли 2011 Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо мақсади таъмин кардани рушди соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои маблағгузории бевоситаи соҳаи пахтакорӣ дас­тур доданд: «Аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла барномаҳои рушди соҳаи пахтакорӣ, боғу токпарварӣ, чорводорӣ ва парандапарварӣ чораҳои иловагӣ андешида шавад». Ин дастуру супоришҳои Президенти кишвар ба он ҳидоят мекунанд, ки тибқи барномаҳои ислоҳоти кишоварзӣ, корро дар ин самт ҷоннок намоем, то ба рушди соҳа мусоидат намоянд. Тӯли 11 сол бояд андешаҳоро хулоса карда, аз он натиҷа мебаровардем, аммо дар соҳа то ҳол омилҳои ҷиддӣ ба чашм мерасанд, ки ба рушди соҳа монеъ мегарданд.

Кам гардидани заминҳои кишти пахта ва коҳиш ёфтани фаъолияти корхонаҳои коркарди он, дар ҳоли торафт афзун гардидани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти соҳа ба ҳеҷ кас пӯшида нест. Ин буд, ки Президенти кишвар дар паёмашон 22 декабри соли 2016 бо дарназардошти ин проблема зикр карданд, ки «…масъулинро зарур аст, ки вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат ҷиҳати мунтазам зиёд намудани масоҳати заминҳои кишти пахта, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин васила, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он, инчунин, беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон ба афзун гардонидани истеҳсоли пахта ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук тадбирҳои иловагӣ андешанд».

Барои истеҳсоли маҳсулоти пахта, воқеан ҳам, дар ҷумҳурӣ шароити истеҳсолӣ ва базаи ашёи хом мавҷуд аст, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои иқтисодии давлат созгор мебошад. Аз ин ҷиҳат, бо ҳеҷ ваҷҳ наметавон масъу­лиятро аз худ дур кард.

Аввалан, ба ҳама маълум, ки ҳосили фаровон ба тухмии навъ­ҳои пахтаи серҳосил вобастагӣ дорад. Бояд, тухмии навъҳое, ки мутобиқи шароит ва захираҳои табиии кишвар ба вуҷуд оварда шуданд, тавсеа дода шаванд.

Дуюм, технологияи парвариши пахтаро ба дастоварду комёбиҳои ҷаҳонӣ ва техникаву технологияи он мутобиқ кардан зарур аст. Ҳар як зинаи нашъунамои пахта, ибтидо аз омодагардонӣ ва кишти тухмӣ, саб­зонидани он, панҷа задан, ҳосил бастан, нигоҳ доштани ҳосил, дар маҷмӯъ, 15 — 16 коркарди он бояд сари вақт, мутобиқ ба хусусиятҳои физиологии ниҳолҳои пахта таъмин карда шавад.

Пахта зироате ба нуриҳои органикӣ ва маъданӣ серталаб ва давраи ғизогириаш дароз мебошад. Таҳлилҳо нишон дод, ки ин хосияти зироат то дараҷае кишоварзонро берағбат мекунад. Барои ҳамин ҳам, дар системаи ба кор бурдани нуриҳои органикию маъданӣ дар пахтазор дуруст муайян кардани меъёри солона аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Мувофиқи таҳқиқоти илмии олимони кишоварзи ҷумҳурӣ, ба ҳисоби миёна вобаста ба навъ ва ҳосилхезии хок сарфи ғизоҳои нитрогенӣ ба ҳар сентнер пахта 5 — 6 кило, фосфорӣ 3,5 — 4, калийгӣ қариб 3 килоро ташкил медиҳад. Кишоварзон бояд донанд, ки заминҳое, ки барои пахтакорӣ ҷудо мегарданд, дар кишвар вобаста ба хоку иқлими минтақа, гумуснокии онҳо ба ҳисоби миёна 1,2%, яъне бе ғизодиҳии сунъӣ то 6 — 8 с/га, пахта гирифтан мумкин аст.

Аз ҳамин лиҳоз, дар чор сол як маротиба додани 40 тонна нурии органикӣ, аз ҷумла поруҳои пӯсида ё партови заводҳои пахтатозакунӣ барои гирифтани ҳосили фаровону нахи хушсифат мусоидат карда, ба касалию ҳашароти зараровар пуртоқат гардидани ниҳоли пахта замина мегузорад. Инчунин, ғизодиҳии пахтазорро бояд ба таври дифференсиалӣ гузаронда, меъёри солонаи нуриҳои маъданӣ риоя шавад.

Миқдори солонаи нуриҳо барои рӯёнидани ҳосили баланди 45 — 50 сентнерии пахтаи миёнанах чунин аст: нуриҳои органикӣ 20 тонна /га (дар чор сол як бор), нитроген аз 180 — 200 кг/га, фосфор, 120 — 130 кг/га, калий 60 — 40 кг/га, моддаи таъсирбахш барои пахтаи маҳиннах: нитроген 210 — 230 кг/га, фосфор 140-150 кг/га, калий на кам аз 70 — 80 кг/га (м.т.).

Муҳлати муносиби кишти пунбадона ҳангоми 14 — 16 дараҷа будани гармии ҳаво ва 100С будани ҳарорати хок дар қабати 10 см мусоид аст. Дар асоси корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибаи олимону мутахассисони кишоварзӣ ва бо дарназардошти тағйирёбии иқлим муҳлати оптималии кишти пунбадона дар минтақаҳои ҷумҳурӣ чунин аст: дар вилояти Хатлон аз 15 март то 20 апрел ва дар вилояти Суғду ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 25 март то 25 апрел.

Яксара неш задани пунбадонаи патдор ҳангоми кишти қатории байни ҷӯякаш 60 см дар як метри тӯлонӣ 35 — 40 дона меафтад ва сарфи он 80 — 100кг/га, дар кишти дақиқ (тоқа — тоқа) дар ҳар чуқурча 2 — 3 дона пунбадонаи луччак афтида, сарфи тухмӣ 25 — 30 кг/га, яъне дар як метри тӯлонӣ 12 — 15 дона афтида, дар 3 см ва дар хоки сабук 4 см зери хок гардад, ба мақсад мувофиқ аст.

Баъди бориши зиёд замини киштшуда сафолак мебандад. Сафолак на танҳо ба сабзиши пунба халал мерасонад, балки пунбадонаи нешзадаро нобуд месозад. Бинобар ин, сафолакро фавран баъди як — ду рӯз бо хокнармкунак ё ситорачаҳои рататсионӣ дар чуқурии 4-5 см шикастан лозим аст.

Дар пахтакорӣ таъмини пурраи миқдори буттаҳо яке аз омилҳои асосии рӯёнидани ҳосили баланд маҳсуб меёбад. Баъди саросар неш задани пунбадона бояд ба ягона шурӯъ намуд. Кишоварзон бояд донанд, ки навъҳои солҳои охир баровардаи олимони селексионер дар ҷумҳурӣ, ба монанди навъҳои «Дӯстӣ-ИЗ», «Суғдиён-2», «Сорбон», «Ҳисор», «Бӯстон», «Хуҷанд-67», «Хатлон-2014», «Шарора-1020», «9326-В» минтақабоб гардидаанд.

Барои нашъунамои хуби пахта коркарди байни қаторҳо, чобуқи дастӣ, нест кардани алафҳои бегона, ғизодиҳии саривақтӣ ба таври диференсиалӣ ва тибқи гидромодулҳои минтақаҳои пахтакор, аз 5 то 10 маротиба об мондан тавсия дода мешавад.

Баъди ғизодиҳии якум обмонии ҷӯяк­дармиён коркарди саривақтист, ки ба нашъунамои хуби ниҳолҳо мусоидат мекунад. Обёрии минбаъда бошад, аз рӯи ҳолати ниҳолҳои пахта вобаста ба намигарӣ ва ҳолати заминҳо муайян карда мешавад.Барои сахт нашудани қабатҳои хок ва кам кардани коркарди байни қаторҳо нармкуниро бе ҷӯяккашӣ, ғизодиҳӣ ва заҳрпошӣ бар зидди касалию ҳашароти зараровар якҷо гузаронидан беҳтар мебошад.

Хоку иқлими мамлакат имкон медиҳанд, ки ҳосилнокии зироати пахта бо риояи агротехникаи ҷорӣ ва истифодаи самаранокии захираҳои обу замин на кам аз 45 — 50 с/га бошад. Барои гирифтани ҳосили баланди пахта сари вақт сарчин кардан дар буттаҳо 2 — 3 кӯрак зиёд гардида, 15 — 20 кӯраке, ки дар 12 — 14 шохаи симподиолӣ (ҳосилдеҳ) омадаанд, вазни пахтаи як ғӯза 0,2 — 0,5 грамм афзуда, ғӯзаҳо 3 — 10 рӯз барвақттар мерасанд. Таҳқиқоти муассисаҳои илмӣ ва таҷрибаи деҳқонон собит сохтанд, ки сари вақт гузаронидани сарчинкунӣ ҳосилнокиро 4 — 5 сентнер аз ҳар як гектар зиёд мегардонад. Муҳлати гузаронидани сарчинкунӣ ба пайдо шудани навдаҳои ҳосилдеҳ вобаста аст. Дар пахтаи миёнанах пайдо шудани 12 — 14 навдаи ҳосилдеҳ, дар маҳиннах 15 — 17 навдаи ҳосилдеҳ вақти хуби сарчинкунӣ мебошад.

Мушкилоте, ки ҳоло дар соҳа рӯ ба рӯи кишоварзон истодааст, ҳалли он ду чиз — масъулият ва дилсӯзиро тақозо мекунад. Ҳосилхезии хок, боло бурдани ҳосилнокӣ, даромаднокию баҳрабардорӣ ва сифати нахи пахта низ ба ҳамин ду амал вобастагӣ дорад. Дар сурати гирифтани ҳосили дилхоҳи хушсифат метавон рақобатпазирии маҳсулотро тақвият бахшида, ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар роҳ кушода, амнияти саноатиро таъмин намоем.

Сарвиноз СУЯРОВА,

мудири кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур,

номзади илмҳои кишоварзӣ,

Саидҷамол САИДЗОДА,

узви вобастаи АИКТ,

 профессор