Муҳаққиқон бояд онро таҳқиқ намоянд
Чакан ва Наврӯз ду мероси фарҳангии тоҷикон, ки ЮНЕСКО онҳоро эътироф намудааст, бевосита таърихи миллати моянд. Моро на танҳо ба гузаштаамон мепайванданд, балки дар рӯҳияи зебоипарастӣ ва шинохти он тарбия менамоянд. Ин ду мерос, ки бозгӯи тамаддуни қадимаи миллатанд, мисле ки бо ҳам пайвандие дошта бошанд, Наврӯзро бе чакан ва чаканро бе Наврӯз тасаввур кардан муҳол аст.
Бино ба иттилои Мумина Шовалиева, номзади илми таърих, муҳаққиқи таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бонувони мо дар гузашта ба ҷашни Наврӯз омодагии махсус медиданд.
- Дар сарчашмаҳои таърихӣ омада, ки бонувони тоҷик ба пешвози ин ҷашн манзили зисти худро покиза менамуданд, косаю табақи шикастаро аз хона дур меандохтанд ва либоси нав медӯхтанд. Дар маъхазҳои таърихӣ чӣ гуна либос дӯхтани бонувон наомадааст, аммо омӯзиш ва таҳқиқе, ки мо солҳои тӯлонӣ дар ин самт доштем, гувоҳи онанд, ки беҳтарин либоси бонувони тоҷик чакан будааст, — гуфт ӯ.
Ҳамон гуна, ки Наврӯз таҷассумгари фарҳанги миллии мо мебошад, чакан низ дар худ хусусиятҳои миллӣ, шаклҳои тааҷҷубовар, қиссаҳои аҷибу наҷибро доир ба ҷаҳонбинию зебоишиносӣ ва зеҳнияти халқ тавассути нақшҳо бозгӯӣ мекунад. Андешае мавҷуд аст, ки ибтидо дар чакан салиб, ки рамзи ориёӣ арзёбӣ мешавад, (ҳоло ин рамзро бо каме тағйир дар чакан метавон мушоҳида кард) ҳам истифода мешудааст.
Собит гардида, ки дар қадим чакан бештар мазмуни динӣ дошт. Дар он нақши офтоб, моҳ, ҳайвоноти гуногун, оташ, ки одамон онро парастиш мекарданд, дӯхта мешуд. Чун дар гузашта офтоб муқаддас маҳсуб меёфт, дар чакан косагулро ҷой медоданд ва онро рамзи офтоб медонистанд. Ин нақш ба он хотир истифода мегардид, ки домон пок бошад ва Худованд нигаҳбон. Нақши забонаи оташ низ дар чакан мавҷуд аст, ки он пеш аз зуҳури ислом рамзи ҳаёт ва нур дониста мешуд. Дар он рамзи тӯмор, ки аслан ниёкони мо барои дафъи бало ва дигар нохушиҳо бозубанд мекарданд ё ҷойи дигари либос меовехтанд, низ ба назар мерасад.
- Гул рамзи зебоиву зиндагӣ ва рамзи ҳаёт аст. Бостоншиносон бори нахуст аз Қалъаи Муғ латтапораеро ёфтанд, ки дар он гул инъикос гардида, бо ҳуруф «дарахти ҳаёт» (ин латтапора дар Осорхонаи бостоншиносӣ ва мардумшиносии назди АМИТ маҳфуз аст) навишта шуда буд. Ин далели муътамад моро итминон мебахшад, ки гузаштагонамон гулро на танҳо рамзи зебоӣ, балки рамзи зиндагӣ низ медонистанд. Наврӯз зиндашавӣ, эҳёи табиат аст ва ҳамин рамз дар чакан инъикис ёфтааст,- афзуд М. Шовалиева.
Ҳамасола Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз пироҳани чакани бонувон гулпӯш мегардад. Ба таъбири устоди зиндаёд Зафар Мирзоён: «Дар рӯзҳои наврӯзӣ, ҳар гоҳ ки бонувон ба рақс меоянд, аз остинҳояшон партави офтоб ба кишвар нурпошӣ мекунад». Ин андеша ва тасвири мармузу зебо аз ҷониби нафаре баён шуда, ки солҳои зиёд чаканро омӯхтаву таҳқиқ намудааст.
Воқеан, бисёр рамзҳои Наврӯзро аз чакан низ метавон дарёфт. Метавон гуфт дар чакан на танҳо ҳунари ниёкони бошарафамон, зебоиҳои Ватан, балки осори ҷашни бошукӯҳи Наврӯз низ нуҳуфта аст, ки муҳаққиқон бояд онро таҳқиқ намоянд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»