Панди таърихии Пешвои миллат

№20 (4760) 12.02.2024

Он барои мардуми сайёра омӯзанда аст

ЗАБОНОМУЗИ (1) — копияПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони давлатӣ саҳми арзанда гузошта, ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ ва русӣ, таваҷҷуҳи хоса доранд. Маҳз, дар ин замина, забономӯзӣ аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид. Ин омил наврасону ҷавононро ангеза дод, то ба ғайр аз балад будану омӯхтани забони модарӣ, боз чанд забони ҷаҳонӣ, махсусан русию англисиро аз худ намоянд. Дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат 24 январи соли равон ин ­масъала мадди назар қарор гирифта, масъулин барои тадбирандешии бетаъхир вазифадор гардиданд.

Матлаб аз суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифтааст: «Дар таърих мардумони соҳибтамаддун кам нес­танд, аммо бештаринашон имрӯз номи қавму миллатро аз таърих зудудаанд. Маҳви забон дер ё зуд сабабгори маҳви миллатҳо ва мардумони соҳибзабон мегардад. Ин панди таърих барои аксарияти халқу миллатҳои хурду бузурги сайёра омӯзанда аст».

Роҳбари мамлакат аз марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ аҳли зиёро вазифадор кардаанд, ки ба таҳқиқи таърихи забон бетараф набошанд, чунки забон намунаи барҷастаи пойдории миллат аст. Ба назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «истифодаи калимаю истилоҳоти дигар забонҳо раванди маъмулист, вале ба хотири ҳифзи асолати забон ба масъалаи иқтибос ва иқтибоспазирӣ бояд муносибати масъулона ва таваҷҷуҳи доимӣ дошта бошем».

Иқдоми дигари муҳими марбут ба масъалаи мавриди назар он аст, ки барои забономӯзии наврасону ҷавонон дар ҳама зинаҳои таҳсилот шароити мусоид фароҳам шуда, ба кишварҳои хориҷӣ барои забономӯзӣ рафтани шаҳрвандонамон тамоюли коҳишёбиро касб намуд. Барои тавсеаи ин раванд аз тамоми имконият, аз ҷумла китобхонаҳо, самаранок истифода мешавад.

Пешвои миллат борҳо таъкид карданд, ки «дар шароити муосир ноил гардидан ба даст­овардҳои илму техника, технологияҳои нав ва баробар бо ҷомеаи пешрафтаи башар қадам гузоштан бидуни аз худ кардану хуб донистани забонҳои хориҷӣ бисёр мушкил ва ҳатто ғайриимкон мебошад».

Вобаста ба таъкиди мазкур ҳоло ҳар як донишҷӯ, сарфи назар аз ихтисоси интихобкардаи худ, забонҳои хориҷиро меомӯзад. Муҳимтар аз ҳама, ғайр аз забони давлатӣ ду забони хориҷиро дар сатҳи забони модарӣ донистан миёни насли наврас маъмул гардид. Ба ибораи дигар, зарурат ва аҳамияти донистани якчанд забон онҳоро водор сохтааст, ки барои рушди шахсият ва огоҳӣ аз иттилоот ҳатман ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул бошанд.

Тибқи пешбинии Роҳбари давлат, замоне мерасад, ки ҳангоми интихоб кардан ва ба вазифа таъйин намудани кадрҳо, яъне аъзои Ҳукумат, роҳбарону кормандони сохтору мақомоти назди Президент, Ҳукумати мамлакат ва вакилони мардумӣ, хулоса, ҳамаи хизматчиёни давлатӣ, донистани забонҳои хориҷӣ аз ҷумлаи талаботи асосӣ мегардад.

Пешвои миллат фармуданд, ки «омӯхтани забонҳои хориҷӣ бояд дар заминаи забони адабии тоҷикӣ, яъне бар асоси донистани меъёрҳои забони давлатӣ ва риояи хусусиятҳои он сурат гирад». Маҳз, чунин шеваи омӯзиш барои дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоиста пайдо намудан ва ба роҳ мондани робитаҳои гуногунҷанба мусоидат хоҳад намуд.

Қобили зикр аст, ки баҳри омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои чанд марҳала барномаҳои давлатӣ қабул ва татбиқ гардиданд. Ҳоло татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030», ки иҷрои он аз моҳи январи соли 2021 оғоз гардид, идома дорад.

Тибқи маълумоти дастрасшуда, дар муассисаҳои таълимии кишвар 22439 омӯзгори забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла 21130 нафар дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 506 нафар дар зинаи миёнаи касбӣ ва 803 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фаъолият доранд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба шарофати эъмори садҳо муассисаи нави таълимӣ шароит мусоид ва имконият фарохтар гардида, дар онҳо ҳазорҳо нафар забон меомӯзанд.

Илова бар ин, бо мақсади омода намудани мутахассисони баландпоя бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода табдил дода шуд. Қобили зикр аст, ки ҳоло дар ин донишгоҳи байналмилалӣ бо 12 забон аз рӯйи 40 ихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мутахассис омода мешавад.

Тибқи таҳлилҳо, аз 40 ҳазор донишҷӯе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил доранд, қариб 1200 нафарашон ба забономӯзӣ машғуланд.

Тавассути Барномаи стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» низ садҳо ҷавонони боистеъдод, ки ду ва зиёда забонҳои хориҷиро дар сатҳи баланд медонанд, барои таҳсил ба муассисаҳои илмию таълимии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон фиристода шуданд.

Вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳафтуми феврали соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ баргузор шуд. Дар он қайд гардид, ки дар раванди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, талабот ба мутахассисоне, ки забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонанд, бо техника ва технологияи ҳозиразамон шинос ҳастанд, меафзояд. Бинобар ин, андешидани чораҳои самарабахш баҳри инкишоф ва рушди минбаъдаи шаклу усулҳои нави таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, ҳамчун воситаи муошират бо ҷомеаи башарӣ, муҳим арзёбӣ мегардад.

Вазир аз тадбирандешиҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили синфхонаҳои лингафонӣ, аз курсҳои такмили ихтисос гузарондани омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ, таъсис додани маҳфилҳои забондон дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, беҳтар намудани фаъолияти марказҳои таҳсилоти иловагӣ вобаста ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ва ташкили гурӯҳҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ёдовар шуда, ҳадафи мулоқотро тақвияти ҳамгироӣ арзёбӣ кард.

Дар навбати худ, омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ, аз ҷумла Парвона Ҷамшед — доктори илмҳои филологӣ, корманди Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Саъдуллоҷон Неъматов — доктори илмҳои филологӣ, корманди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Насиба Нарзуллоева – мураббияи забони русии муассисаи таҳсилоти томактабии №111-и шаҳри Душанбе, Зулайхо Мозорова — омӯзгори фанни забони англисии гимназияи №4-и ноҳияи Фирдавсӣ ва дигарон дар мавриди нашри бештари фарҳангу муҳовараҳо ва китобҳои бадеӣ ба забонҳои русию англисӣ, китобчаҳо барои хонандагони синфҳои поёнӣ, такмил додани методикаи таълими забонҳои русию англисӣ дар мавриди истифодаи барзиёди қоидаҳои грамматикӣ, тавсеаи равобит бо волидайни хонандагон, таҳияи китобҳои дарсии насли нав, ҷорӣ намудани имтиҳонҳои хаттию шифоҳӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешниҳодҳои судманд ироа карданд.

Дар фарҷоми мулоқот Раҳим Саидзода иброз дошт, ки зимни омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва омода намудани кадрҳои баланд­ихтисоси ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳони муосир ҷавобгӯ ҳама бояд масъулият эҳсос намоянд.

Тибқи маълумоти интернетӣ, аҳолии сайёра бо ҳафтуним ҳазор забон ҳарф мезаданд, лекин аз онҳо якуним ҳазор забон бо мурури замон ва сабабҳои гуногун аз байн рафт. Ин далел барои аҳли фаҳму андеша моҳиятан ғизо буда, ифтихорманд бояд бошем, ки миллати тоҷик молики арзишҳо, расму оин, ­анъана ва собиқаи бузурги таърихӣ буда, дар такомули фарҳангу маънавиёти умумибашарӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бориз дорад.

Ҳоло зарурат пеш омадааст, ки афкори таълимии олимону адибони гузаштаю имрӯзаи тоҷик бо забономӯзӣ тавъам гардад, зеро тавассути муваффақонаю ҳадафманд анҷом додани ин амал ва дар сатҳи зарурӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ метавонем зарфиятҳо ва иқтидори миллату давлатамонро бештар намоем.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»