Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ соли бобарор буд». Ин нукта моро водор месозад, ки рӯйдодҳои соли сипаригардидаро дар зеҳн равшан намоем. Бо баррасию таҳлил дармеёбем, ки соли 2022, воқеан ҳам, барои мардуми шарифи мо соли пурфайзу бобаракат буд. Дар замоне, ки вазъи ҷаҳон ҳар лаҳза тағйир меёбад ва гурӯҳҳои манфиатдор бо корбурд аз василаҳои гуногун саъй бар он доранд, ки дар кишварҳо ва фаротар аз он дар минтақаҳо бо ноором намудани вазъ манфиат ҷӯянд, пойдор нигоҳ доштани оромиву осудагӣ, сулҳу субот ва гузашта аз ин, ба сӯйи ободию сарсабзӣ устуворона қадам ниҳодан беҳтарин неъмат аст.
Дар Паёми навбатӣ ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ таҳлилу баррасӣ гардида, дастовардҳо ва нақшаву дурнамои онҳо бо овардани далелу санад ба таври мушаххас инъикос ёфт. Мусаллам аст, ки рушду пешравии ҳар як кишвар ба сатҳи маърифати аҳолии он вобастагӣ дорад. Аз ин ҷост, ки дар Паём соҳаи маориф ва масъалаҳои марбут ба он дар мадди аввал қарор гирифт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар панҷ соли гузашта «… аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст». Ин арқоми зикргардида дар зеҳн ин андешаро бедор менамояд, ки чунин пешравӣ барои ҳар кишвари рӯ ба рушд дастоварди бузург аст. Роҳбари давлат ба мақоми баланди мактаб ва омӯзгор ишора намуда, ҳушдор доданд, ки агар ин ду набошанд, маърифат ба фаромӯшӣ рафта, ҷаҳолат боло мегирад ва оқибати он барои ҷамъият фоҷиабор хоҳад буд. Ҳамчунин, Пешвои миллат дар Паёмашон зикр намуданд: «… агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».
Пешвои миллат бори дигар таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат соҳаҳои маориф ва тандурустиро соҳаҳои асосӣ ва калидӣ дониста, ҷиҳати рушди босуботи ин соҳаҳо минбаъд низ ҳамаҷониба кӯшиш менамояд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи музди маоши кормандони соҳа таваҷҷуҳ намуда, пешниҳод намуданд, ки музди маоши кормандони соҳаи маориф, илм ва стипендияҳо аз 1-уми июли соли 2023 ба миқдори 20 фоиз баланд бардошта шаванд.
Мусаллам аст, ки муҳайё кардани ҳаёти осоишта ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳадафи оливу умдаи Давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад. Маҳз тадбирандешии саривақтӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва муҳайё кардани шароити мусоид замина фароҳам овард, ки сатҳу сифати зиндагии мардум сол то сол беҳтару хубтар гардад. Паёми имсола ҳар як сокини кишварро дилпур намуд, ки ин раванд минбаъд низ идома ёфта, ӯро зиндагии хубтару беҳтар дар пеш аст. Роҳбари давлат вобаста ба масъалаи мавриди назар таъкид намуданд, ки барои роҳандозии амалкарди муносиб дар ин самт «… Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишварро нигоҳ дошта, соли 2023 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намояд».
Дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ҳамеша дар мадди назари Давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Сол то сол ҳаҷми нафақа, кумакпулӣ, ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар меафзояд. Дар соли 2022 низ ин раванд идома ёфта, ба ин самт 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Бо мақсади таъмини минбаъдаи шароити мусоиди зиндагии ин қишри ҷомеа Роҳбари давлат дар Паёми хеш ишора намуданд, ки: «…то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрвандони эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ, кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад ва ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ равона мегардад».
Муяссар гардидани Истиқлолияти давлатӣ дар баробари бахши давлатӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ ва таъсиси коргоҳҳои хусусӣ дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ заминаи мусоид фароҳам овард. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳазорҳо корхонаҳои хурди хусусӣ таъсис ёфт, ки ба ин васила, ҳам сатҳи бекорӣ коҳиш ёфт ва ҳам иқтисоди хонаводагии аҳолӣ беҳтар шуда, буҷети давлат ғанитар гардид. Барои соҳибкорони ватанӣ шароити мусоид фароҳам омад, ки дар баланд бардоштани сатҳи иқтисоди кишвар ва ободтару зеботар гардонидани кишвари азизамон саҳмгузор бошанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала ишора намуда, ёдовар шуданд, ки «Танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шудааст». Ҳамчунин Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паём ба он ишора гардид, ин мақом ва ҷойгоҳи зан — модар дар ҷомеа буд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати ҷалби духтарон ба таҳсил ва соҳибмаълумот гардонидани онҳо тадбирҳои назаррасу бесобиқа андешида шудааст. Имрӯз соҳае нест, ки занону духтарони мо дар он фаъолият накунанд. Роҳбари давлат бонувонро дар ҷомеа қувваи бузург арзёбӣ карда, чунин таъкид намуданд: «Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем.
Мо ба нақши зан-модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».
Роҳбари давлат ҷавононро неруи ояндасоз ва захираи стратегии миллӣ дониста, барои фарогирии онҳо ба таҳсил, соҳиби касбу ҳунар гардидан, бо ҷойи кор таъмин намудан ва ҳатто таъини онҳо ба вазифаҳои масъул пайваста ғамхорӣ зоҳир месозанд. Таъкид намуданд, ки аз ҷавонони кишвар ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушду густариши давлат ва ободии Ватани азизамон саҳм мегузоранд, марзу буми кишвари азизамонро ҳимоя мекунанд, бонангу номус ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд. Дар самти роҳандозии сиёсати ҷавонон минбаъд низ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ хоҳанд шуд. Дар робита ба ин, Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки «Мо имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027»-ро қабул намудем».
Роҳбари давлат ба вазъи ноороми ҷаҳон дахл намуда, бори дигар ҳушдор доданд, ки таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паёмадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳо шиддат гирифта, оғози марҳилаи «ҷанги сард» муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии миёни давлатҳоро халалдор кард. Таъкид гардид, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бо корбурд аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо истифода аз роҳу василаҳои гуногун барои гумроҳсозии ҷавонони ноогоҳ ва ҷалби онҳо ба сафҳои худ пайваста талош мекунанд. Сарвари давлат мақомоти ҳифзи ҳуқуқро супориш доданд, ки дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ фаъолияти худро ҳамоҳанг созанд. Воқеан ҳам, ин масъала хеле нигаронкунанда аст ва набояд касеро бетараф гузорад, зеро тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгаро ва созмонҳои террористӣ барои амнияти ҷомеаи башарӣ хатари бузург эҷод мекунанд.
Хушбахтона, дар кишвари мо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷалби дигар ниҳодҳо бо додани баҳои дуруст ба ин хатар ҷиҳати пешгирии гароиши ҷавонон ба чунин ҳаракатҳо талошҳои ҷиддӣ намуда, дар самти таъмини амнияти Ватани азизамон хидмати бузургро анҷом медиҳанд. Тақозо мешавад, ки алайҳи мубориза ба ин гуна гурӯҳҳову ҳизбҳову ташкилотҳо пайваста тадбирҳои мушаххасу боровар андешида шаванд. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат дар Паёмашон супориш доданд, ки «Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад». Воқеан ҳам, ҷиҳати муқовимат ба ҳуҷумҳои иттилоотии муташаккилона ба муқобили кишвари азизи мо, ки солҳои охир роҳандозӣ гардидааст, таъсиси чунин марказ тадбири саривақтӣ ва ногузир аст.
Бо бардошт аз муҳтавои фарогир, бо итминон метавон гуфт, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як сокини шарафманди кишвар паёме буд аз дирӯз ва ояндаи дурахшону саодатовар, ки мебояд онро ба сифати дастури воло ва муфиду созандаву роҳнамо дар кору пайкори хеш сармашқ қарор бидиҳем.
Барно САИДВАЛИЗОДА,
сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илми ҳуқуқшиносӣ