Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷик бо роҳбарии Президенти ватанпарвар ва дурандеши худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми талошҳоро ба хотири нигоҳ доштани якпорчагии давлат ва ваҳдати миллат ба харҷ дод. Тоҷикистони ҷавон бояд дар ин майдони пуртуғёни таърих имтиҳони басо сахт месупорид. Хушбахтона, имрӯз халқи тоҷик тамоми барномаҳоеро, ки Сарвари давлат пешниҳод карда буданд ва пешниҳод менамоянд, бо ҷидду ҷаҳди ватанпарастона амалӣ месозад. Яке аз нишонаҳои суботи имрӯзаи Тоҷикистон Паёми ҳарсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ мебошад.
Дар ҳар Паёмашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии кишварамонро таъкид намуда, роҳҳои амалӣ сохтани барномаҳои давлатии баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолии мамлакатро пешниҳод мекунанд. Мисоли он таҳкими ҳар чӣ бештари истиқлолият, якпорчагии давлат, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтани иншооти стратегӣ, тадриҷан фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, сатҳи маърифати ҷавонон ва монанди инҳо мебошад, ки ҳама шоҳиди марҳила ба марҳила амалӣ шудани чунин барномаҳо ҳастем. Ҷорӣ намудани дастовардҳои илму технологияи замонавӣ низ яке аз масъалаҳои муҳими ҳалли проблемаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Бахусус, таваҷҷуҳ ба рушди илму маориф хеле бештар шуда, имрӯз ҳар як фарзанди тоҷик имкон дорад, ки на фақат дар дохили кишвар, балки берун аз он дар донишгоҳҳои машҳури сатҳи ҷаҳонӣ дониш омӯзад ва соҳиби касб гардад.
Дар Паёми навбатиашон Президенти кишвар қайд намуданд, ки «Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксолию камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаю содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд».
Аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурифтихори гузаштаи халқи куҳанбунёдамон, эҳё намудани оину анъанаҳои неки миллӣ, тарғиби осори ниёгон ва ҳифзи ёдгориҳои моддию маънавии миллати азизамон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Маҳз, бо ҳамин васила мо метавонем гузаштаи худро дурусту воқеъбинона дарк ва эҳсоси муҳаббат ба таърихи Ватани маҳбубамонро дар қалби наврасону ҷавонон ҷо намоем. Вобаста ба ин Пешвои миллат чунин қайд намуданд: «Тайи солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг, ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ як қатор иқдомоти назаррас амалӣ гардиданд. Соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид. Бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ дар ин самт пешниҳод менамоям, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида — Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад».
Чунин сохтор баҳри тармим ва барқарорсозии мероси таърихию фарҳангии кишвар бо ҷалби маблағи дохилӣ ва сармояи хориҷӣ, барои баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, худогоҳию ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои бузурги ниёгон, муаррифии таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёд ва тамаддунсози тоҷик такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Тоҷикистони имрӯза аз Тоҷикистони бист соли пеш куллан фарқ мекунад. Сарфи назар аз мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ дар ин давра тавонистем, ки асосҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократии худро таҳким бахшида, сатҳи некуаҳволии халқро беҳтар намоем.
Баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Президенти кишвар супориш доданд, ки нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия шавад ва маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо, музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шаванд.
Дар Паём таъкид гардид, ки «авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад». Амалӣ шудани ин дастури Пешвои миллат аз мақоми омӯзгору сатҳи донишандӯзӣ вобастагии зич дорад, зеро танҳо илм метавонад роҳи паҳн шудани радикализми динӣ ва ҳар гуна амалҳои зарароварро гирад. Зиёд кардани соати фанҳои мантиқ, фалсафа, ҷомеашиносӣ, этика ва эстетика дар мактабҳои олӣ боиси ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва мафкураи солими ҷавонон мегардад. Президенти кишвар борҳо таъкид намудаанд, ки дар ҷаҳони имрӯза танҳо тавонистани хондану навиштан нишонаи босаводӣ нест. Ҳар як ҷавони тоҷик бояд на камтар аз ду забонро донад ва технологияи компютериро аз худ намояд. Саводи кофӣ бештар бо хондани китоб ба даст меояд. Танҳо бо ин роҳ мо метавонем дониши худро васеъ намоем. Ҳар як падару модар ва омӯзгор вазифадор аст, ки кӯдаки худро чунон тарбия намояд, ки хондани китобро дӯст дорад. Дар мактабҳои миёна хонандаро ба хондани китобҳои фалсафӣ бояд ҷалб намоем, зеро яке аз роҳҳои ташаккулёбии ҷаҳонбинии илмӣ донишҳои фалсафӣ ва мантиқ мебошад.
Баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии насли наврасу ҷавон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бениҳоят муфид мебошад. «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ин самт мусоидат менамояд. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ин равандро тавсеа бахшидааст. Баҳри муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» саҳми бориз дорад.
Ба ифтихори 30-солагии Конститутсия эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» давоми мантиқии сиёсати давлату Ҳукумат баҳри рушди давлат ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишвар мебошад. Давлати мо ҳуқуқбунёд аст ва бояд насли наврасро ба эҳтироми қонун, меъёрҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳисси масъулияти иҷтимоӣ, ҳамчун муҳимтарин хислатҳои неки инсонӣ талқин намоем.
Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади муҳими стратегӣ мебошад, ки дар он иродаи халқ, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва давлат бо як низоми муайяни таҳлилию мантиқӣ ироа карда мешавад.
Вақте ки сухан дар бораи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меравад, бояд дарк намоем, ки Паём муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ буда, аз соҳибистиқлол будани давлат гувоҳӣ медиҳад. Агар истиқлолият муқаддастарину азизтарин дастовард, неъмати бебаҳо, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободию саодатмандӣ, суботу осоиштагӣ ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо бошад, Паёми Президенти кишвар низ яке аз муҳимтарин рамзҳои давлати соҳибистиқлоли мост.
Насиба СОДИҚӢ,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, доктори илмҳои
фалсафа, профессор