Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Паём – роҳнамои фардои неку босаодат

№20 (4282) 13.02.2021

IMG_3630Агар сарнавишти таърихии миллати тоҷик­ро пеши назар орем, Паём додан, яъне, мус­тақилона муайян кардани сарнавишт тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии гузаштагон дар бораи соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст. Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғоз то ба ҳол роҳнамои мушаххаси созандагиҳои кишвар, қадамҳои устувор барои иҷрои ормонҳои баланди миллӣ, нақшаҳои бузурги эҳёи дубораи халқ мебошанд. Дар Паёми имсола ҳам шоҳиди ҳадафҳои қавитару вазифаҳои тақдирсози наву баландарзиш гардидем, ки моро ба шукуфоиву ободонии бештар мерасонанд.

 Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои минбаъда муайян намуда, бо мисолҳо дар бораи пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва молия, маорифу тандурустӣ, фарҳанг, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа, таҳкими давлатдории миллӣ, оини ҳамсоядорӣ ва амсоли он ҳарф заданд.

Сарвари давлат зикр карданд, ки соли 2020 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмон барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон таърихӣ буд. Новобаста ба зуҳур ва паҳн шудани бемории сироятии COVID-19 сокинони кишвар бо меҳнати ҳалолу софдилона дар афзуннамоии дастовардҳо ба муваффақиятҳо ноил гаштанд. Чунончӣ, дар сатҳи баланд доир гардидани маъракаҳои муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, инчунин, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки ҳувият ва ифтихори миллии ҳар як сокини мамлакат баланд аст.

Пешвои миллат барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори миллӣ, самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ва ба ин васила расидан ба зиндагии шоиста дастуру супоришҳои созанда доданд. Пайғоми хуш дар ин зимн аз пардохти андози ягонаи замин озод кардани кишоварзони мамлакат мебошад, ки ба фаъолмандии деҳқонон ва маҳсулнокии кори онҳо заминаи мустаҳкам мегузорад.

Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон иброз доштанд, соли 2020 дар мамлакат 300 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи кор сохта ба истифода дода шуд. Дар натиҷа, соли гузашта шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардида, дар ҳафт соли оянда ба зиёда аз 3500 расонида мешавад, яъне, беш аз 54 фоиз афзоиш меёбад. Ин нукта гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бомаром пеш меравад.

Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқ, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат, вазифаи ҳар соҳибватан мебошад ва ин масъала дар Паёми Президенти мамлакат махсус зикр гардид. Барои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва таъмиру нигоҳдории онҳо, муаррифии ҳар чӣ бештари мероси моддӣ ва ғайримоддии кишвар ба аҳли олам ба масъулин дастурҳо дода шуд.

Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳон ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, низ дар Паём зикр ёфта, бо мақсади идомаи корҳо ва тақвият бахшидани тадбирҳо дар самти пешгирии омилҳои номатлуб ва таҳияи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 — 2025» супориш дода шуд.

Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, вазифаи асосии ҳар яки мо — аз Роҳбари давлат сар карда, то вакилони мардум, аъзои Ҳукумат, роҳбарони ҳама сохтору мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ — содиқона хизмат кардан ба халқи азизи Тоҷикистон, ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ будан аст.

Зимнан, ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро чун раҳнамо сармашқи фаъолият қарор дода, барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷидду ҷаҳд менамоянд.

ҒАФУРЗОДА Абдухалил Давлаталӣ,

ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор