Ироаи Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар заминаи он мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ яке аз рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ, нишон аз истиқлолияти комили сартосарӣ ва аз ҷумлаи рамзҳои асосии давлатдории демократию ҳуқуқбунёд маҳсуб меёбад.
Тамоми пешрафти ҷомеа, монанди рушди иқтисоди миллӣ, ташаккули маърифати ахлоқию сиёсии шаҳвандони кишвар, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, шакл гирифтани фазои фарҳангию маданӣ ва таъмини амнияти мамлакат, маҳз дар фазои сулҳу субот ва осудагии кишвар ба даст меояд ва ин неъмати бебаҳо тавассути фарзанди баруманди миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миллати куҳанбунёду соҳибтамаддун ва хушиқболи тоҷик насиб гардидааст.
Дар меҳвари сиёсати давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидо мафҳумҳои «мурувват»-у «мадоро» мақоми марказӣ дошта, маҳз пеша гирифтани ҳамин роҳ шуҳрати Пешвои маҳбуби миллатро дар ҷаҳон афзун гардонд. Таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон (28 декабри соли 2023) ин гуфтаҳоро тақвият медиҳад: «Ҳамкории Тоҷикистон бо ҳамаи созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳодҳои дигар, ба фароҳамсозии шароит ва имконот барои тақвияти мавқеи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва иштироки фаъоли он дар равандҳои глобалӣ ва барномаву заминаҳои мухталиф равона гардидааст».
Барои расидан ба бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ – сулҳу оромӣ, суботи сартосарӣ ва ваҳдати миллӣ, мушарраф гардидан ба зиндагии шоистаю босаодат ва бунёди Тоҷикистони навину муосир, ки ҳоло дар саросари ҷаҳон онро мешиносанду эътироф мекунанд, мардуми шарафманди тоҷик бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоти вазнинро паси сар намуда, бо хидматҳои шабонарӯзию фидокорӣ ва ҷоннисориҳои беназир як кишвари зебою дар ҷаҳон шинохтаю шуҳратёр бунёд намуданд.
Паёмҳои ҳамасолаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми ҷузъиёташ аз якдигар фарқ карда, ҳар Паём бо зикри нуктаҳои махсус ҷаҳонеро маъною ҳикмат аст. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун санади роҳнамо ба татбиқи тадриҷии ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла беҳтар намудани шароити иқтисодию иҷтимоӣ ва маърифатнокии аҳли ҷомеа нигаронда шуда, бо таҳлилҳои амиқ, натиҷагириҳои асоснок ва масъалагузориҳои мушаххас тамоми соҳаҳои давлатдории моро дар бар мегирад.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар шароити хоси иқтисодию иҷтимоӣ, вазъи мураккабу серташвиши минтақа ва ҷаҳон, рӯз аз рӯз шиддат гирифтани тақсимоту забти кураи замин, шакл гирифтани равандҳои муосири терроризму экстремизм, рушди бошитоби «ҷанги сард», дигаргуншавии вазъи иқлим ва таъсири бесобиқаи пандемияи COVID-19 ба миён омадааст, бо муроҷиат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ироа гардид. Чунончи таъкид шуд: «Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем».
Ҳамеша баъди ироа гардидани Паёми Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар рӯҳу неруи тоза касб карда, дар масири зиндагӣ дигаргунӣ ворид мекунад, худро дардошно ба ҷомеаи ҷаҳон меҳисобад. Дар Паёмашон Президенти ҷумҳурӣ дар баробари натиҷагирии рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, дар мавриди мушкилоту рӯйдодҳои ҷаҳон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ худро канор гирифта наметавонанд: «Гармшавии ҳарорати сайёра ва оқибатҳои манфии он – камобӣ, хушксолии паёпай ва дигар офатҳои табиӣ, аз ҷумла сардии бесобиқаи зимистони гузашта, яъне торафт бад шудани ҳолати муҳити зисти инсоният, илова бар ин, ки боиси торафт вазнин шудани таъминот бо маводи ғизоӣ ва оби босифати нӯшокӣ дар бисёр кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон гардида истодааст, ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва торафт устувор гардидани муқовимати воситаҳои дорувории мавҷуда бар зидди вируси чунин бемориҳо мусоидат карда истодааст».
Дар баробари дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ, пешравиҳои бахши инфрасохтори соҳаи маориф, рушди имкониятҳои сайёҳӣ, тадбирҳо ҷиҳати пешгирии омилҳои терроризму экстремизм, ҳифзи суботу оромии кишвар, гармшавии ҳарорати сайёра, камобӣ, хушксолии паёпай, бад шудани вазъи муҳити зисти инсоният, мушкил гардидани таъминот бо маводи ғизоӣ ва оби босифати нӯшокӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва амсоли инҳо нуктаи дигари меҳварии Паёми Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтар гардондани маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа ва ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ ва дар ин замина, тақвият бахшидани фарҳанги ҳуқуқии онҳо маҳсуб меёбад. Маҳз, барои тақвият бахшидани ин раванд ва ба муносибати 30-солагии қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».
Солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи илму маориф бештар гардида, дар ин росто, заҳамоти зиёд ба харҷ дода мешавад. Монанди бунёди муассисаҳои таълимӣ, ташкили инфрасохтори замонавӣ, бунёду ташкили даҳҳо навъи муассисаҳои таълимӣ, сол ба сол зиёд намудани маоши кормандони соҳаи маориф, ҷудо намудани квотаҳои президентӣ бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаром идома дорад. Дар ин бора Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ чунин иброз доштанд: «Соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону азнавсозии 139 иншоот анҷом дода шуд».
Ҳар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мазмуну муҳтаво ва фарогирию таҳлилҳо аз якдигар мутафовитанд. Паёми навбатӣ фарогири масъалаҳои ниҳоят ҳалталабу созгор бо таҳлилҳои амиқу ҳамаҷониба ироа гардид, ки лозим донистем чанд нуктаи онро зикр намоем:
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим, хушксолию камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаю содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар соли бобарор буд.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 2022 8,3 фоиз зиёд гардида, ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонда шуд.
Даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид.
Сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.
Сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд.
Барои оилаҳои камбизоат ва кӯдакони маъюб, инчунин, ҷубронпулии яквақта ба шаҳрвандони аз фалокатҳо зарардида 2 миллиарду 70 миллион сомонӣ равона карда шудааст.
Соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт-соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт-соат ё 28 фоиз зиёд мебошад.
Соли 2025 ба истифода додани агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар назар аст.
Соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо «энергияи сабз» таъмин мегардад.
Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037, воқеан, ба «кишвари сабз» табдил меёбад.
Ҳоло лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Роғун-Обигарм-Нуробод ба маблағи 3,3 миллиард сомонӣ ва бунёди пули калонтарин дар мамлакат бо дарозии 920 метр ба маблағи 625 миллион сомонӣ дар водии Рашт амалӣ шуда истодаанд.
Татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои Бекобод-Деҳмой, Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз ва Конибодом-Кучкак (52 километр) бо арзиши 635 миллион сомонӣ дар вилояти Суғд, Бохтар-Левакант-Лолазор-Данғара (69 километр) 672 миллион сомонӣ, Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт (59 километр) ба маблағи 740 миллион сомонӣ дар вилояти Хатлон идома дорад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷдиду барқарорсозии роҳи мошингарди Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 километр) бо сохтмони ду нақб бо дарозии 5,2 километр ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ, сохтмони ду пул бо дарозии 283 метр аз болои дарёҳои Ғунд ва Шорфдара, 4,5 километр роҳ ва долонҳои зидди тарма (550 метр) ба маблағи 342 миллион сомонӣ идома дорад.
Бунёди роҳҳои Гулистон-Кӯлоб (35 километр) 745 миллион сомонӣ, Данғара-Гулистон (49 километр) 1 миллиарду 314 миллион сомонӣ, Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ (137 километр-марҳалаи якум) 449 миллион сомонӣ ва марҳалаҳои боқимонда ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ дар давраи оғозшавӣ қарор дорад.
Танҳо дар соли 2023 дар пойтахти мамлакат 16 километр роҳҳои мошингард бо арзиши 700 миллион сомонӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ, мебошад.
Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда мешаванд.
Аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд мегарданд.
Аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда мешавад.
Аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар мегардад.
Тоҷикистон дар робита ба равандҳои ҷорӣ дар Афғонистон ва Ховари Миёна, бахусус Фаластин, хеле нигарон аст.
Мо таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар асоси қатъномаҳои қабулкардаи Созмони Милали Муттаҳид ва марзҳои соли 1967 ягона роҳи имконпазири таъмини сулҳу суботи пойдор дар ин минтақа медонем.
Дар Паёми навбатӣ зарурати омӯзиши таърихи пурифтихори халқи тоҷик, таҳкими ҳувияти миллӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, рушди сайёҳии ватанӣ, дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба таърихи гузаштаи халқу миллат махсус арзёбӣ гардид. Аз ҷумла, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки: «Бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ дар ин самт пешниҳод менамоям, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида — Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад».
Эҳтирому эътиқоди Пешвои миллат ба таърихи миллат дар меҳвари фаъолияташон қарор дошта, ҳамасола як рӯйдоди таърихие ва ё санаи таърихиеро эҳё месозанд. Аз ҷумла, бо иқдомоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 ёдгории таърихию фарҳангии миллат ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Дар ин робита иброз карда шуд: «Соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон бо эътимоду боварӣ ба қувваю ғайрат ва нангу номуси ватандории сокинони кишвар даъват ба амал оварданд, ки дар робита ба авзои сиёсии ҷаҳони муосир ва хатарҳои ҷаҳони муосир зиракии сиёсиро аз даст надода, давлату миллат ва сарзамини аҷдодиамонро аз қудуми нопок ҳифз намоем: «Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем».
Хулоса, дар масири пешрафти бемайлони Тоҷикистони азиз, ки аз ҳар як сокини кишвар меҳнату заҳмати содиқонаю софдилона, зиракии сиёсӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, кору пайкори якдилонаю дастҷамъона ва фаъолияти фидокорона тақозо мекунад, моро зарур аст дастуру супоришҳо ва суханҳои илҳомбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолият ва кору зиндагӣ қарор диҳем.
Абдусалом МИРАЛИЗОДА,
доктори илмҳои педагогӣ,
профессор