Паёми иқбол баҳри беҳбудии зиндагии оламиён аст

№ 09.11.2021

ИкболБо ташаббуси Маркази омӯзиши Покистон 9- уми ноябри соли равон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили илмӣ- фарҳангӣ зери унвони «Рӯзи Иқбол» баргузор гардид.

Ректори ДМТ профессор Қобилҷон Хушвахтзода чорабиниро ҳусни оғоз  бахшида, зикр намуд, ки Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар симои илму адаб ва тамаддуни умумибашарӣ мавқеи хос дошта, чун  воизи номбардор имрӯз ба тамоми башарият мутааллиқ аст. Зеро ин мутафаккири маъруф дар доираи илму адаб, фарҳанги ҷаҳонӣ, озодиву озодандешӣ ва худогоҳиву манзалати инсон саҳми арзанда гузоштааст.

Зикр гардид, ки замони Иқбол асри бедорӣ аз низоъҳои миллӣ буд. Муборизаи милливу озодиталабӣ ва маорифпарварӣ дар нимаи дуюми асри XIX  ва аввали асри XX адабиёти  урдуро  аз ҷиҳати шаклу мазмун хеле ғанӣ сохт. Муҳаммад Иқбол осори давраи аввали эҷодиёташро ба забони урду навишта, дар роҳи ривоҷу равнақи адабиёти урду саҳми арзанда гузоштааст. Баъдан тавре ки худаш иқрор шудааст, маҳз каломи форсӣ бо вусъату тавоноии худ ба фитрати андешаву афкори ин мутафаккири бузург созгор омад:

Гарчӣ ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,

Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.

Порсӣ аз рифъати андешаам,

Дархурад бар фитрати андешаам.

Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар  таъкид намуд, ки таъсир ва шуҳрати назми Иқбол дар шууру рӯҳияи зиёиёни мусулмони  нимҷазираи Ҳинд хеле зиёд аст. Ашъори ин мутафаккири шинохта дар бедории сиёсии мардуми Шарқ нақши муҳим бозид.

-Муҳаммад Иқбол ақвоми Шарқро ба  бедорфикрию хештаншиносӣ даъват мекард. Ӯ ба ҳайси як равшанфикр таблиғ менамуд, ки инсон бояд дар зиндагӣ ҷода (роҳ)-и хешро бисозаду бо он роҳ биравад. Шоир пайкари вуҷудро аз осори «худӣ» дониста, низоми оламро ба устувории он алоқаманд меҳисобад,- гуфт Имрон Ҳайдар.

Нуктаҳои болоро Аллома Иқбол дар ин мисраъҳо чунин баён кардааст:

Тарош аз тешаи худ ҷодаи хеш,

Ба роҳи дигарон рафтан азоб аст.

Гар аз дасти ту кори нодир ояд,

Гуноҳе ҳам агар бошад савоб аст.

Имрон Ҳайдар дар идомаи суханрониаш зикр намуд, ки Аллома Иқбол соли 1930 дар шаҳри Аллоҳобод бунёди давлати алоҳидаи мусулмонон дар нимҷазираи Ҳиндро пешбинӣ  карда буд. Ин гуфтаҳои шоир 14 августи соли 1947 ба ҳақиқат табдил ёфта, дар харитаи сиёсии дунё кишваре бо номи Покистон арзи ҳастӣ намуд.

Дар ин чорабинӣ як қатор олимони тоҷик дар бораи паҳлӯҳои гуногуни осори Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ сухан карда, зикр намуданд, ки шоир «Асрори худӣ», «Рамузи бехудӣ», «Паёми  Машрик», «Забури Аҷам», «Ҷовиднома», «Пас чӣ бояд кард эй ақвоми Шарқ?», «Мусофир» ва «Армуғони Ҳиҷоз»- ро ба форсӣ навиштааст. Китобҳои Аллома Иқбол ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, итолиёӣ, русӣ, арабӣ ва ғайра тарҷума шудаанд. Зеро паёми Иқбол ба беҳбудии зиндагии оламиён, новобаста аз забону ранги пӯсташон нигаронида шудааст.

Дар маҳфил донишҷӯёни шуъбаи урду аз осори форсию урдуи Муҳаммад Иқбол шеърҳо қироат намуданд.

Дар хотима сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар ба ДМТ якчанд китобҳоро ба забони урду тақдим намуда, ба иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ супурд.

С. АМИНИЁН,

«Садои мардум»