Мусаллам аст, ки бурду бохти ҳар як давра бо муқоисаи он ба давраҳои дигар аз натиҷагирӣ муяссар мешавад. Аз ин хотир, бо мақсади рӯшан гардидани пешрафти кишвар ва рӯнамо сохтани дастовардҳои тайи сӣ соли соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сатмҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» нахуст ба солҳои аввали давлатдории навинамон ишора намуда, ёдовар шуданд, ки миллатро дар он давра хатари нестӣ таҳдид мекард, зеро бадхоҳон тавонистанд бо истифода аз неруҳои дохилии ноогоҳу беҳувияту ифротгаро давлати тозабунёдро ба коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ бикашанд.
Бар асари нооромиҳо аркони давлатдорӣ фалаҷ, беҳокимиятӣ ҳукмфармо, мардум сарсону саргардону иҷборан муҳоҷир ва даҳҳо мушкили дигар домангири халқамон гардид. Бояд ҳар чӣ зудтар тадбир андешида мешуд, то низом барқарор гардад. Ба эътидол овардани вазъияти ногувор ва дар кӯтоҳтарин фурсат хотима бахшидан ба ҷангу барпо кардани сулҳу субот аз умдатарин вазифаҳо ба шумор мерафт. Дар ҳамон шабу рӯз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки тавре Роҳбари давлат иброз доштанд: «…дар ҷараёни он нахустин қарорҳо ҷиҳати қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, сарҷамъ сохтани миллати тоҷик ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ қабул карда шуданд.».
Чун ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар барқарор гардид, вазъ ба эътидол омад, шиддати оташи ҷанги таҳмилӣ паст гардид, тадриҷан зиндагӣ ба маҷрои маъмулӣ баргашт, зарурати қабули Конститутсияи нав ба миён омад, то ки асосҳои бунёдии ҷомеа, шакли идоракунии давлатӣ ва дигар масоили муҳими давлатдорӣ муайяну мушаххас гарданд. Бо ин мақсад дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бори аввал аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсия қабул гардид.
Бешак, маҳз бо баракати қабули Конститутсия шаклҳои гуногуни моликият асоси иқтисодиёти кишвар эътироф шуд, фаъолияти озоди иқтисодӣ ҷорӣ гардид, шакли нави фаъолият, яъне соҳибкорӣ, ба миён омад, ки вуқӯи ин гуна таҳаввулот дар низоми иқтисод дар давоми солҳои минбаъда ба рушди зина ба зинаи кишвар мусоидат намуд.
Масъалаи баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан дар ҷомеа ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Дар робита ба ин, Роҳбари давлат дар Паёмашон таъкид намуданд, ки ба ҷо овардани иззату эҳтироми зан – модар, фароҳам овардани шароити мусоид барои донишандӯзӣ ва соҳиби касбу кор гардиданашон вазифаи ҷонии мо мебошад. Инчунин, супориш доданд: «…баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда, ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Бо дарназардошти ин ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад».
Дар Паём ба сиёсати башардӯстонаи Ҳукумати кишвар низ ишора шуд. Дар ин самт тайи солҳои соҳибистиқлолӣ корҳои назаррас ва шоистаи таҳсин сурат гирифт. Набояд фаромӯш сохт, ки бо гузашти 7 сол аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, яъне, дар даврае, ки аз берун омадани кишвари азизамон аз ҷанги таҳмилӣ муддати тӯлонӣ нагузаштааст, аз тарафи Роҳбари давлат иқдоми башардӯстона сурат гирифт, ки ҳатто дар кишварҳои орому пешрафтаву мутараққӣ, ки дар боби ҳимояи ҳуқуқи инсон ба дигарон панд медиҳанд, ба ҷорӣ кардани он то ҳол ҷуръат намекунанд. Манзур ба тасвиб расидани фармони Президенти мамлакат «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» аз 30 апрели соли 2004 ва дар заминаи он қабул гардидани қонуни дахлдор аст. Дар ин замина дар кишвар ба ҷазои қатл ва иҷрои он мораторий эълон гардид.
Дар чаҳорчӯбаи чунин сиёсати башардӯстонаи Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ 17 маротиба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв» қабул гардид, ки дар ҳошияи онҳо 170 000 нафар аз адои ҷазо озод карда шуданд. Соли 2021 бахшида ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ низ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв» қабул гардид, ки мутобиқи он, 11 500 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод шуданд.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки яке аз мушкилоти сангин бар асари ҷо доштани нооромиҳо дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми тоҷик ба он рӯ ба рӯ омад, камбуди ғизову таҳдиди гуруснагӣ буд ва он мубталошавӣ ба бемориҳои гуногунро низ дар пай дошт. Ҳукумат роҳи ягонаи ҳалли масъалаи бамиёномадаро дар роҳандозии ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ ёфт ва он иқдом бори нахуст дар давлатдории навинамон татбиқ карда шуд. Ҳамин тавр, истифодаи самараноки обу замин аз тарафи деҳқонон ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат таъмин гардид, ки натиҷаи хуб дод.
Дар ин замина Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём чунин ёдоварӣ карданд: «Ҳанӯз дар солҳои оғози Истиқлолият, яъне, дар солҳои бисёр вазнини 1992-1998 Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд».
Маҳз бо роҳандозии ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ тарзи истифода ва корбурди замин ҷоннок гардид, ки барои обёрӣ гардидани 54 ҳазор гектар замини нав ва ба кишти такрории зироат дар майдони наздик ба 200 ҳазор гектар замини обӣ замина гузошт.
Бо мақсади беҳтару хубтар кардани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки аз 1 январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз, дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз, аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият, идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияи донишҷӯён ва дигар навъи стипендия 20 фоиз, андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл, нимятимон, бинобар маҳрум шудан аз саробон, ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда шавад. Ҳадди ақали музди меҳнат аз 1-уми июли соли 2022-юм 50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар шавад.
Яке аз дастовардҳои нодири даврони соҳибистиқлолӣ барқарорсозӣ ва бунёди роҳҳост. Воқеан ҳам, рафтуомад ва ҳамлу нақли маҳсулот миёни минтақаҳои кишвар ва берун аз он маҳз ба коромад будани роҳҳо дар фаслҳои сол алоқамандӣ дорад. Дар Паём зикр гардид, ки дар ин самт: «59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд».
Ҳамчунин, дар панҷ соли оянда, яъне солҳои 2022 — 2026 зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма бунёд карда шуда, сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди сатҳи ноҳиявию ҷумҳуриявӣ идома хоҳад ёфт.
Дигар масъалае, ки Роҳбари давлат дар Паёмашон ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба ислоҳоти ҷиддии он дастур доданд, соҳаи маориф ва низоми таълим дар ҳама зинаи таҳсилот буд. Зикр гардид, ки таҳким ёфтани пояҳои давлатдорӣ маҳз ба сатҳи маърифату дониши аҳолии он иртиботи ногусастанӣ дорад. Ин тақозо мекунад, ки дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, низоми таълим ба шакли нав ва ба талаботи замон ҷавобгӯ ба роҳ монда шавад.
Президенти кишвар дар робита ба дигаргуниҳои соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуданд, ки: «Дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуданд».
Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар панҷ соли минбаъда бояд дар ҳама зинаи таҳсилот 1000 иншооти соҳаи маориф сохта, ба истифода супорида шавад.
Роҳбари давлат ба аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат низ ишора намуда, пешниҳод карданд, ки солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд. Дар ин давра бояд зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 95 миллард сомонӣ расонда, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангро омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих номида, изҳор доштанд, ки ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллат аз вазифаҳои муҳимтарин аст, зеро онҳо гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошанд. Ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо, ҷалби ҳар чӣ бештари мардум ба китобу мутолиаи он, эҳёву рушди суннатҳои мардумӣ, шиносоии бештари ҷаҳониён ба арзишҳои бостониамон, тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ корҳои назаррас анҷом дода шуданд, ки «Шашмақом», «Фалак», Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада, ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб, чопи силсилаи «Ахтарони адаб» дар 50 ҷилд, ба ҳар як оила ба таври ройгон дастрас намудани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз он шуморанд. Аз самараи чунин иқдомот буд, ки боз як намунаи мероси фарҳанги миллии мо, яъне «Фалак» соли 2021 аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардида, ба ин васила «Фалак» ва Наврӯз ҷаҳонӣ гардиданд. Ва пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди ворид намудани 2500-солагии «Тахти Сангин» ба рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022-2023 низ пазируфта шуд.
Ҳамчунин, Пешвои миллат бо таваҷҷуҳ ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, омӯхтану донистани таърихи гузаштаи миллат дастур доданд: «Олимони ҷомеашиноси моро зарур аст, ки якҷо бо зиёиёни эҷодкор дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳар чӣ бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд».
Волоияти қонун, таҳлили ҳамешагии қонунгузорӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, такмили раванди иҷрои онҳо, ба талаботи ҷомеа ва шаҳрвандон ҷавобгӯ гардондани қонунҳо, аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз мансубият ва шакли моликият татбиқ гардидани онҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз дигар нуктаҳои муҳим буд, ки дар Паём ба он ишора гардид: «Дар баробари таҳияву қабули қонунҳо риоя ва иҷрои қатъии онҳо низ муҳим мебошад, зеро риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад».
Президенти кишвар дар робита ба авзои сиёсии ҷаҳон изҳор доштанд, ки бо мақсади таъмини амнияти давлат ва ҷомеа Ҳукумати мамлакат ва сохторҳои дахлдор ба масъалаҳои марбут ба беҳтару хубтар кардани сифати хизмату зиндагии кормандони низомӣ, таҷдид ва ба талабот ҷавобгӯ гардондани техникаву таҷҳизоти Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии хизматчиёну кормандони марбута эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки вазъи ноороми кишвари ҳамсоя — Ҷумҳурии Исломии Афғонистон на танҳо ба минтақа, балки ба фаротар аз он низ бетаъсир наҳоҳад монд.
Зимнан, аз сокинони кишвар даъват ба миён оварда шуд, ки дар чунин шароити душвор бояд ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватани азизро аз ҷон бештар дӯст дорем, бо истифода аз мавқеи шаҳрвандӣ бо меҳнати ҳалолу содиқона барои таҳкими пояҳои давлатдории навину соҳибистиқлоламон саҳми бориз гузорем ва фарзандонро дар ҳамин рӯҳия ба воя расонем.
Дар хотима салоҳ медонем, ки матлабро боз ҳам бо сухани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст намоем: «…Мо бояд аз соҳибдавлату соҳибватан буданамон доимо шукрона кунем, ҳамеша ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем. Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, бо ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на Худо мебахшад ва на бандаҳои Худо. Мо хуб медонем, ки дар зиндагии мардумамон ҳанӯз мушкилоти зиёд вуҷуд доранд. Вале эътимоди комил дорем, ки тамоми мушкилоту камбудиҳоро худамон ва бо заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаландамон дар солҳои наздик бартараф месозем. Танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек, заҳмати софдилона ба нафъи Ватан ва давлат метавонад моро ба ҳадафҳои олиамон расонад».
Барно Саидвализода,
сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
генерал — майори милитсия