Ба қарибӣ дар ВМКБ ду рӯйдоди муҳим — номгузории Институти гуманитарии дар вилоятбудаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи ҳамдиёр, академик, Баҳодур Искандаров ва конференсияи илмӣ – амалӣ ба ифтихори 100-солагии зодрӯзи ин олими шинохта баргузор гардид.
Дар ибтидо пардаи лавҳае, ки ному насаб ва акси академик Баҳодур Искандаров дар он сабт шуда буд, бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадшоҳ Илолов, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Масов ва олимони вилоят бардошта шуд.
Мамадшоҳ Илолов дар сухани ифтитоҳӣ иштирокдоронро бо ин рӯйдоди муҳим табрик намуд. Ӯ аз бузургӣ ва хидмати асилонаи Баҳодур Искандаров ёдовар шуда, зикр намуд, ки чунин мардони содиқ ва фидоии миллат бо осори гаронбаҳою манфиатбахш дар назди халқу кишвар нақши бориз бозидаанд.
Раиси вилоят Қодири Қосим аз он изҳори ифтихор намуд, ки Пажӯҳишгоҳи гуманитарии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ба номи ин марди шариф ва олими барҷастаи диёр номгузорӣ гардид.
- Мо хушбахт, аз онем, ки миллати мо чунин ҷавҳари асилро парварида, имрӯз мояи ифтихор ва сарбаландии мардум гардидааст. Номгузории ин манбаи илму ирфон рамзӣ буда, умед дорем, ки чандин олимон ва академикҳоро, чун Баҳодур Искандаров барои ояндаи миллат ва кишвар ба камол хоҳад расонд, -гуфт раиси вилоят.
Раҳим Масов ба он нукта ишора намуд, ки хизмати Баҳодур Искандаров дар назди таърихи Тоҷикистон бисёр калон аст. Асарҳои арзишманди ӯ, аз қабили «Бухорои Шарқӣ ва Помир дар нимаи дуввуми асри XIX», ки роҷеъ ба ҳаёту фидокории халқи тоҷик дар ин фосилаи таърих нақл мекунад, аҳамияти бузурги илмӣ дорад. Баҳодур Искандаров дар тарбияи шогирдон ва ба камол расонидани бисёр муаррихони варзида, аз ҷумла академикҳо, профессорон ва номзадҳои илм, саҳми назаррас дорад. Агар устод дар ҷодаи илму дониш қуллаи баланди маъруфиятро ба даст оварда бошад, аз ҷиҳати меҳрубониву инсонпарварӣ намунаи ибрати шогирдон ва ҳамкасбон буд.
Ҳамчун хеши наздики олим журналисти варзида Назардод Ҷонбобоев, аз ҳаёту фаъолияти академик Баҳодур Искандаров нақл кард ва барои дастгирӣ ба раиси вилоят ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Баъдан дар толори пажӯҳишгоҳ конференсияи илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба садсолагии зодрӯзи академик Баҳодур Искандаров баргузор гардид. Дар конференсия муаррихони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев М. Алимшоев, Э. Ҳоҷибеков, А. Шоинбеков дар мавзуъҳои «Пайроҳаи илмии муаррихи бузург», «Саҳми академик Б. Искандаров дар тарбияи олимони ҷавон», «Инъикоси масъалаи этногенези халқҳои Помир дар асарҳои академик» маърӯза карда, зикр намуданд, ки ҳатто дар даврони ҷанг лаҳзае аз ҷустуҷӯйи илму дониш ғофил намонд. Китобу маводи эҷодкардааш аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва сифатнокӣ аз ҷониби академикҳову профессорон баланд арзёбӣ шудаанд. Чунин муваффақият, гарчанде қурбониҳои зиёдро талаб карда бошад ҳам, шаҳодати садоқат ба илм, эҳсоси баланди номусу ватандории устодро баён мекунад. Тақдири устод бори дигар исбот намуд, ки дар роҳи илм рафтану дониш андӯхтан аз синну соли шахс вобастагӣ надорад. Муҳимаш ин ки дар роҳи илм устуворона қадам ниҳем. Ин гуна шахсон, ки тамоми ҳастияшонро барои пешрафти илм бахшидаанд, то абад дар қалбу ҷони мардум пойдор хоҳанд монд.
Дар охири конфронс ба директори пажӯҳишгоҳ аз тарафи раиси вилоят ва президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки дар фурсати кӯтоҳ як ҳуҷра ҳамчун осорхонаи академик Баҳодур Искандаров таъсис дода шавад.
Ш.ШОҲҚОСИМОВ,
«Садои мардум»