Пешгирии суиистифода аз мансаб

№3 (3640) 12.01.2017

503709008Кирдорҳои коррупсионӣ, ки рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварро халалдор менамоянд, боиси нигаронии шаҳрвандони мамлакат гардидааст. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли  2016 махсус таъкид  карданд ва аз ҷумла, иброз доштанд: «Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза  тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд  ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат  коҳиш диҳем».

Ҳақ ба ҷониби Сардори давлат аст. Барои решакан кардани ин амали номатлуб дар ҷомеа фарҳанги зиддикоррупсиониро тарғиб бояд кард. Дар қатори дигар сохторҳо ходимони дин низ бо овардани мисолҳо аз ҳаёти саҳобагону тобеин метавонанд дар тарғиби ҳалолкорӣ ва пешгирии суиистифода аз мансаб ҳиссаи босазо  гузоранд.

Дар китоби «Ҳаёти саҳоба» омадааст, ки боре ҳазрати Умар  разияллоҳу анҳу бемор шуд. Табибон ба ӯ истеъмоли асалро тавсия доданд. Дар он вақт дар Байтулмол (хазинаи давлатӣ) зарфе пур аз асал мавҷуд буд. Бо вуҷуди он ки ҳазрати Умар (р) халифа буду сарварии қариб  нисфи  қитъаи Осиёро дар ихтиёр дошт, аз хазина бе иҷозат асал нагирифт. Ба масҷид рафта, аз қавм иҷозат пурсид.

- Табибон барои муолиҷаи ман истеъмоли асалро тавсия додаанд. Агар шумо розӣ бошед, ман аз Байтулмол каме асал мегирам, вале агар розӣ набошед, гирифтани асал бар ман ҳаром аст, — гуфт ӯ.

Мардум инро шунида, бо хушҳолӣ иҷозат доданд, то ҳазрати Умар (р) аз асали Байтулмол истифода намояд.

Молик ибни Авс (р) мегӯяд, ки боре сафири Рум назди ҳазрати Умар (р) омад. Зани Умар (р) аз касе як динор қарз карда, атр хариду дар зарфе ба сафир фиристод, то онро ба зани шоҳи Рум расонад. Чун сафир он атрро  ба зани шоҳи Рум дод, зани шоҳ зарфро пур аз ҷавоҳирот карда, тавассути сафир ба зани ҳазрати Умар (р) баргардонид. Зани Умар (р) ҷавоҳиротро  рӯи гилем рехта, тамошо мекард, ки Умар (р) омада пурсид: — Ин чист?

Ҳамсари ҳазрати Умар (р) ҳодисаро баён кард. Ҳазрати Умар (р) баъди аз асли воқеа огоҳ шудан  ҷавоҳиротро фурӯхта, ҳамон як динорро ба ҳамсари худ доду боқимондаро ба Байтулмол  супурд.

Дар китоби «Марворидҳои дурахшон» омадааст, ки Абдуллоҳ писари Умар (р) чанд шутур харида, бо шутурони Байтулмол (хазинаи давлатӣ) дар чарогоҳ гузошт, то фарбеҳ шаванду онҳоро фурӯхта, даромад гирад. Пас аз чанд моҳ Абдуллоҳ ибни Умар (р) шутурҳои фарбеҳшударо ба бозор бурд. Дар он вақт ҳазрати Умар (р) низ ба бозор рафту  он шутурҳои фарбеҳро  дида, пурсид: — Ин шутурҳои фарбеҳ аз они кист?

Чанд нафар гуфтанд, ки шутурҳои Абдуллоҳ ибни Умар (р) аст. Чун Абдуллоҳ (р) номашро шунид, давида омаду пурсид, ки «чӣ гап аст?».

Ҳазрати Умар (р) аз писараш пурсид:

- Ин шутурҳо дар куҷо буданд?

Абдуллоҳ ибни Умар (р) посух дод: — Инҳоро харида, дар чарогоҳи Байтулмол барои фарбеҳшавӣ гузошта будам, то фурӯхта, сарфи зиндагӣ кунам.

Ҳазрати Умар (р) гуфт: — Дар чарогоҳи  Байтулмол? Шояд мардум ба якдигар гуфта бошанд, ки «шутурҳои писари Амиралмуъмининро хубтар бичаронед, шутурҳои писари Амиралмуъмининро серӣ об диҳед». Яъне, ба хотири фарзанди Амиралмуъминин буданат ба шутурҳои ту таваҷҷуҳи бештар  шуда бошад. Аз ин рӯ, писарам, ин шутурҳоро бифрӯш, он миқдор пулеро, ки сарфи харидан карда будӣ бо худ нигоҳ дор, фоидаи аз фурӯш бадастомадаро ба Байтулмол биспор!

Чунин мисолҳои воқеӣ зиёданд. Агар мо аз ин гуна ҳикматҳо ибрат гирифта, ҳалолкорӣ, бовиҷдонӣ қаноат кардан ва адолатпарвариро пеша кунем, ҳодисаҳои суиистифода аз мансаб ва ришваситонӣ  аз байн меравад.

С. НАҶМИДДИНЗОДА