Забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир аст, ки мо дар Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон кардаем. Ин забони қадиму асил сарвати бебаҳо ва аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мост.
Забони модарии мо — забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад.
Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ, аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб меравад ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд.
Бо ифтихори тамом метавон гуфт, ки дар амри бақову ҳастии миллат ва забони мо сулолаи некноми Сомониён нақши калидӣ дорад. Ватанхоҳиву истиқлолталабии Сомониён сабаб гардид, ки забони тоҷикӣ дар рӯзгори давлатдории онҳо қудрату тавоноӣ ва рушду такомули беназиру бесобиқа пайдо кард ва барои поягузории адабиёту фарҳанги оламгир, ки таъсиру нуфуз ва анъанаҳои бузургаш то замони мо идома доранд, заминаи мусоид фароҳам овард.
Дурахши истеъдодҳои нотакрор, ба мисли Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абумансури Дақиқӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абулқосими Унсурӣ, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Шайх Саъдӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Мавлоно Ҷомӣ ва дигарон, ки ҳам дар шеъру адаб ва ҳам дар илму фан забони модарии моро барои ифодаи маъниҳои нозуки бадеӣ ва андешаҳои дақиқи илмӣ қудрату тавон бахшидаанд, аз баракати сулолаи Сомониён ба ҳисоб меравад.
Таҷрибаи таърихӣ собит сохтааст, ки ҳар як миллат ва давлати миллӣ бо доштани забони миллии худ устувор ва пойдор мемонад.
Бо дарназардошти собиқаи тӯлонии таърихӣ ва захираи бузурги луғавӣ забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар асри ҷаҳонишавӣ низ метавонад иқтидори пешинаи худро эҳё ва ҳифз намояд.
Дар аҳди Сомониён забони тоҷикӣ ҳамчун забони ягонаи сарзаминҳои давлатдории тоҷикон қарор гирифт ва ҳамчун забони ташаккулёфтаи дорои меъёр ба сарзаминҳои ғарби Эрон ба ҷои забони паҳлавӣ густариш ёфт.
Мо имрӯз забонеро ба мерос дорем, ки ба он ҳанӯз аз оғози даврони исломӣ тарҷумаҳо ва тафсирҳои китоби муқаддаси «Қуръон» анҷом гирифтааст. Ин тарҷумаҳо ва тафсирҳо намунаи сабки беҳтарини забони мо дониста мешаванд.
Забони ноби модариамон моро ба даврони бисёр дури таъриху фарҳанги мардумамон пайванд медиҳад. Гузаштагони мо ҳанӯз аз ҳазорсолаҳои пеш аз мелод то замони пайдоиши хат ва алифбо достонҳои бузурги шифоҳӣ офариданд, ки намунаи беҳтарини онҳо сурудҳои Авесто маҳсуб мешаванд.
Забони мо дар мақоми забони давлатӣ ва расмӣ пеш аз замони Сомониён низ собиқаи бисёр тӯлонӣ ва таърихӣ дорад. Гузаштаи он дар се давраи таърихи ташаккулаш бо давлатҳои мутамаддини Ҳахоманишиён, Сосониён ва Сомониён марбут аст.
Яке аз шоҳкориҳои бузург ва намунаи беҳтарини забони ноби тоҷикӣ «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ маҳсуб меёбад. «Шоҳнома» таҷассумгари забони шево ва тавонои форсии дарии тоҷикӣ ва сабки сода ва зебои он дар оғози ташаккули ин забон маънӣ мешавад. Ҷовидонии «Шоҳнома» пойдориву ҷовидонии забони мост.
Забони мо дар аҳди Темуриён дар сарзамини Ҳинд густариш меёбад ва то шаш аср дар мақоми забони расмии ин кишвар дар умури давлатӣ мавриди истифода қарор мегирад. Бояд тазаккур дод, ки ба ин забон дар Ҳинд осори арзишманди адабӣ, аз ҷумла фарҳангномаҳо ва дастурҳои омӯзишӣ, таҳия ва таълиф гардидаанд.
Донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд. Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад.
Шояд дар ҷаҳон миллату халқият ва ё қавмеро камтар метавон пайдо кард, ки забони имрӯзаи он бо забони беш аз ҳазору дусадсолааш чунин пайвастагии наздик дошта бошад. Мо забони Рӯдакӣ ва Фирдавсиро, ки аз он даврон то ба кунун дар ҷаҳон ҳамчун забони шеъру шоирӣ маъруф гардидааст, мисли забони имрӯзаи хеш мефаҳмем ва дарк мекунем.
Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон омили муҳимтарини муттаҳидкунандаи миллат буд. Ва мо ифтихор дорем, ки забони ноби модарии мо ин рисолати таърихӣ ва нақши тақдирсози худро дар замони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ низ иҷро карда истодааст.
Аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва дар баробари ин, беэътиноӣ зоҳир кардан ба омӯзиши забони модарии худ нишонаи бефарҳангӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст ва, пеш аз ҳама, падару модарон масъуланд, ки ба чунин амали нораво роҳ надиҳанд. Мо бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон нахуст забони модариро аз худ кунанд, ба он эҳтирому арҷ гузоранд ва сипас ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ оғоз намоянд.
Забони тоҷикӣ имрӯз дар мақоми расмиву давлатии худ на фақат дар коргузорӣ ва муоширати дохилӣ, балки дар робитаҳои хориҷиву байналмилалии мо низ васеъ истифода мегардад.
Қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем.
Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд.
Бузургдошти забони давлатӣ ин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат аст. Аз ин рӯ, Рӯзи забони давлатӣ ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ва рамзи худшиносиву худогоҳӣ дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навин ва ояндаи пурсаодати он пойдор ва ҷовидон хоҳад монд.
Таҳияи Тобонбӣ ИВАЗОВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 77-и шаҳри Душанбе