Пешвои миллат ва рушди устувори кишвар

№146 (4408) 07.12.2021

Солҳои навадуми асри ХХ, замоне ки Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб шуд, Тоҷикистони тоза­истиқлол рӯзҳои вазнинро аз сар мегузаронд. Ҷангу низоъҳои шаҳрвандӣ ба хисороти зиёди моливу ҷонӣ боис гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллат таҳдид мекард. Аммо бо иродаи қавӣ, матонату фидокории Роҳбари давлат ихтилофу кашмакашҳо хотима дода шуда, дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошта шуд ва сохтори идоракунии давлат зина ба зина ба низом даромад.

Ба ибораи дигар, дар ташаккулу таҳаввули таърихи навини давлатдории тоҷикон, муаррифии даст­овардҳои замони соҳибистиқлолӣ дар арсаи байналмилалӣ ва эҳё намудани арзишҳои волои фарҳангии ниёгон саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро аз сари нав ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва халқи онро ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ муаррифӣ кард, мардуми гирифтори ҷанги дохилиро аз нобудшавӣ наҷот дод, гурезаҳоро ба Ватан баргардонда, барои расидани миллат ба ваҳдату якдилӣ талош намуд.

Ҳоло ба раванди ташаккули давлатдории миллӣ назар афканда, бо итминони комил метавон гуфт, ки халқи тоҷик таҳти сарварии ­Эмомалӣ Раҳмон роҳи басо душвор ва мураккабро бо сарбаландӣ тай карда, Тоҷикистонро ба кишвари рӯ ба тараққӣ табдил додааст. Истиқлолияти давлатиро кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ба расмият шинохта, Тоҷикистон бо 179 кишвари дунё муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангию илмӣ ба роҳ мондааст.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳо Сарвари давлат баробари мушкилоти Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, таъминоти оби тоза низ ҷалб кард. Хусусан, бо пешниҳоди Президенти мамлакат Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 — ро «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015-умро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт», соли 2013-умро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» эълон кард, ки як навъ баёнгари ғамхорӣ нисбат ба сарнавишти инсоният дар сайёра мебошад. Аз ин лиҳоз, Эмомалӣ ­Раҳмонро метавон асосгузори дипломатияи об номид.

Бояд гуфт, ки ноил шудани ҳар як кишвари ҷаҳон ба рушди устувору босубот ба ташаб­бусу тасмимгириҳои роҳбарияти олии он робитаи бевосита дорад. Дар Тоҷикистон ташаббусҳои Роҳбари давлат барои таъмини ҳаёти осоишта, некуаҳволии мардум, рушди соҳаҳои барои кишвар муҳим нигаронида шудаанд.

Ҳаҷми зарари иқтисодии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 10 млрд. доллари амрикоиро ташкил медод. Дар баробари ин, низоми ягонаи иқтисодии Иттиҳоди Шӯравӣ низ аз байн рафт, ки мушкилии зиёди иқтисодиву иҷтимоиро барои кишвари тозаистиқлоли тоҷикон ба бор овард, ки ҳама соҳаи иқтисодии кишвар, хосатан соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва ғайраро фаро гирифт.

Хуллас, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо талошҳои хирадмандона ва дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон дар кишвар сулҳу суботро пойдор намуда, масъалаи таъмини рушди устувори иқтисодии кишварро ҷиддӣ пайгирӣ намуданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи минбаъдаи кишвар  ҳадафҳои  стратегӣ -  расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро муайян намуд.

Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳама соҳаи мамлакат бо неруи барқ ғайриимкон мебошад. Аз ин лиҳоз, барои истифодаи имкониятҳои дохилӣ ва берунӣ барои рушди энергетика, ки яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисодии кишвар дониста мешавад, бояд саъй кард.

Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар қатори  дигар ҳадафҳои стратегӣ ҳамчун вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими пешрафти кишвар шуморида шудааст. Тарҳҳои дар ин самт амалишаванда дар Тоҷикистон хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта, дастрасии ҷумҳуриро ба бандарҳои баҳрӣ ва роҳҳои транзитии дигар кишварҳо таъмин хоҳад кард. Бо ин мақсад дар кишвар иншооти азими стратегӣ бунёд гардида, барои ба ҳам пайвастани ҳама гӯшаву канори мамлакат сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, оҳан, пулҳо, нақбҳо, фурудгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ, тибқи стандартҳои байналмилалӣ, ба роҳ монда шуд.

Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокоронаи халқи Тоҷикистон ва иқдому ташаббусҳои қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслакони содиқаш мебошад. Натиҷаи ҳама корнамоӣ маҳбубият ва маъруфиятест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кардааст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» омадааст, «Мо — тоҷикон мероси гаронбаҳову ҷовидонаи ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл ба ёдгоргузоштаи ниёгони худро бе ягон мушкилӣ мехонем, мефаҳмем, барои тарбияи наслҳои навраси халқамон истифода мебарем ва ба мардуми олам муаррифӣ мекунем.

Халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад».

Албатта, халқи Тоҷикистон Президенти кишварро, ки ба ҳама созандагиву ободгарӣ тайи сӣ соли соҳибистиқлолӣ замина гузошт, сидқан дӯст медоранд ва ҳамеша сиёсати пешгирифтаву хирадмандонаи ӯро дастгирӣ менамоянд. Ин аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгириву маҳбубияти мардуми шарифи кишвар шабу рӯз барои боз ҳам ободу зеботар гаштани Ватани аҷдодӣ заҳмат мекашанд.

Эркин ДОСТИЕВ,

декани факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент