Пешвои миллат: «Забони тоҷикӣ аз шевотарин забонҳои олам мебошад»

№123 (4706) 09.10.2023

Устод Шакурӣ: «Ҷаноби Олӣ ба вежа дар бораи забони модарӣ ва азиз­дошти он суханҳое гуфтаанд, ки банда дар ин умри дарозам аз ҳеҷ як сарвари Тоҷикистон нашунидаам. Агар Сарвари кишвар нисбат ба забон ва фарҳанг ба чунин ҳақшиносӣ сиёсат пеш бигирад, шак нест, ки аз ҳалли душвортарин масъалаҳои рушди ҷомеаи нави тоҷикон умед метавон кард».

Дар рӯйи олам роҳбароне аз давлату ҳукуматҳо ҳастанд, ки ба забон зиёд ғамхорӣ менамоянд. Президенти Фаронса Шарл де Голл ҳанӯз соли 1976 Қонуни забони Фаронсаро таҳия намуда, худ роҳбари ин забон буд ва намегузошт, ки ғалату иштибоҳе ба забони миллӣ ворид шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз зумраи чунин шахсиятҳои бузурги давлатию таърихӣ мебошанд, ки ба рушду равнақ гирифтани забони миллӣ саҳми арзанда гузошта, ҳар сол дар бораи забон, таърихи он, асолати забони миллии тоҷикӣ, оид ба фарзандони номбардори ин забон, имлои нави забони тоҷикӣ, луғату истилоҳот, робитаи забони тоҷикӣ бо дигар забонҳои олам ва даҳҳо чунин масоили наву тозаи забони миллиро баррасӣ менамоянд.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои ҳарсолаашон дар Рӯзи забон ва дар маврид­ҳои алоҳидаи суханронӣ забони тоҷикиро ҳамчун рукни асосии халқу миллат, пояи устувори давлату Ҳукумат ба қалам оварда, онро омили муҳими якдигарфаҳмии пайванд­гари риштаҳои дӯстӣ ва бародарии халқҳои олам медонанд.

«Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат мебошад. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд», — таъкид мекунад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Забонҳо хеле зиёд мебошанд. Мардум бо зиёда аз ҳафтуним ҳазор забон ҳарф мезаданд, лекин аз онҳо якуним ҳазор забон аз байн рафтааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни ин миқдор забонҳо забони тоҷикиро аз муҳимтарин, шевотарин ва лаззатмандтарин забонҳои олам мешиносанд, ки ҳангоми андешаю мулоҳиза, нутқи шифоҳию хаттӣ шеърияти сухан боло гирифта, маъниҳои наву нодир, тозаю пандомез пайдо гардида, тоҷиконро аз дигар намояндагони халқу миллатҳои ҷаҳон фарқ мекунонад. Ин забонро дар радифи машҳуртарин забонҳои ҷаҳон — англисӣ, фаронсавӣ, италянӣ ва русӣ ҷойгузорӣ кардааст. Ҷаноби Олӣ бештар маврид аз таърифи забон ба таърихи дурударози он сафар намуда, ватани забони тоҷикиро Хуросону Мовароуннаҳр, Эрон, боз фаротар рафта, то Қафқозу Осиёи Хурд, Ҳиндустону Ироқ ба мулоҳиза мегиранд, ки дар марзу буми кишварҳои гуногуни олам паҳн шудааст. Ин забон қариб ними оламро фаро гирифта, ҳазорсола дар зулму таассуби ғосибон низ монда, боз шукӯҳманд гардид.

Натиҷаи омезиш ёфтани чандин забонҳои нажоди ориёӣ, аз ҷумла, авестоӣ, паҳлавӣ, суғдӣ, бохтарӣ, хоразмӣ дониста, намунаҳои нави ёдгориҳои хаттиро аз асри VII ва ташаккули давраи нави забони тоҷикиро аз асрҳои IX-X дар давраи рушду қувват гирифтани Давлати Сомониён ба андеша гирифта, ба таъкид мегӯяд: «Забони мо дар тӯли садсолаҳо дар ҳавзаи бузурги таърихӣ аз баҳри Миёназамин то марзҳои Ҳинду Чин ҳамчун забони амалии давлатӣ ва забони муоширати байни қавмҳо ва халқҳои гуногун буда, дар осори хаттии ҳалқҳои ғайритоҷику эронӣ ҳам нақши зиёде дорад. Дар Ҳиндустон забони тоҷикии форсӣ ҳаштсад сол таъсири амиқ дошт. Аз ин рӯ, истиқлолияти давлатии тоҷикон ҳамчун омили воқеӣ метавонад нуфузи азалии забони тоҷикии форсиро дар ин қаламрав эҳё гардонад».

Дар замони собиқ Ҳукумати шӯравӣ таърихи забони тоҷикии форсӣ дуруст омӯхта нашуд, донишмандон ва ходимони давлату ҳукумат пас аз инқилоби русӣ, асосан ба забони адабии ҳозираи тоҷик диққат доданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон дар замони соҳибистиқлол шудани кишвар, маҳз ба чунин нозукиҳои таърих, таваҷҷуҳ намуда, бисёр масъалаҳои сиёсию иҷтимоиро дар таърихи дурударози илму адабиёт ва фарҳанг ошкор менамоянд. Дар бораи масъалаҳои гуногуни забони адабии тоҷикӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ронда, забони миллиро аз замонҳои хеле қадим, аз давраҳои ибтидоӣ ба мулоҳиза кашида, ба ин восита, гузаштаи дури таърихи забони миллатро пешорӯйи мутахассисону хонандагони сершумор ҷилва дода, гуфтан мехоҳанд, ки ба таҳқиқи таърихи забон бетараф набошем, чунки ин забон соҳиби илму маърифати хаттии беш аз сеҳазорсола буда, аз имтиҳонҳои сангин гузашта, намунаи барҷастаи пойдории миллат шуда омадааст. Вай се давраи бузурги таърихии Ҳахоманишиҳо, Сосониён ва Сомониёнро гузашта, ба ҷаҳониён мероси бузурги маънавӣ эҳдо кардааст. Дар тӯли асрҳо калимаю мафҳумҳои забонҳои бегонаи юнонию ҳиндӣ, хитоию сурёнӣ, арабию туркӣ, дар асри XX калимаҳои русию аврупоиро оҳанг­ҳои тоҷикӣ медод ва ҳоло ҳам ҳеҷ касе гумон намекунад, ки калимаҳои «пахта», «пиёла» юнонӣ, «обуна» фаронсавист. Ба қавли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ин забон бо вуҷуди рӯйдодҳои фоҷиабори таърих ба ҳамаи дигар забонҳои ғосибу ҳамсоя муқовимат карда, обутоб ёфта, дар лаҳзаҳои басо гуворо дар сухан лаззат мепарварид ва дар айёми ҷӯшу хурӯши ҷангу набард, воқеаю ҳодисаҳои нангини таърих тундию тезии сиёсию иҷтимоӣ касб менамуд…».

 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон (1989) ва соҳибистиқлол шудани кишвари азизамонро ҳамчун мафҳумҳои дугонаи сиёсию иҷтимоӣ ҳамеша рӯйи забон меоранд. Фаъолияти Қонуни забон махсусан дар замони соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, мардуми хирадманди кишвар дар ин давраи шукуфоӣ ба забон ҳамчун ба лаҳни поку гуворо назар андохта, бисёр камбудиҳое, ки бар асари таърих сар зада буданд, аз нав ислоҳ менамоянд. Халқу миллат аз дунёи қадим то имрӯз ба забон ҳеҷ гоҳ бетараф набуданд. Онҳо забони халқу миллати худро дӯст дошта, ба он муҳаббату садоқат ва арҷ мегузоштанд, ҳазорҳо сол барои аз байн нарафтани забон, дар бораи асолати он андеша намуданд. Давлатдорию шуҳрати азим доштани Куруши Кабир, Доро, Ардашер, Исмоили Сомонӣ ва дигар шахсони таърихро, маҳз ба хотири пос доштани забон ба таъкид эътироф менамоянд. Аз ин рӯ, Президенти мамлакат ба забон ҳамчун ба рукни асосии ҷамъият ва нигаҳдори заковати халқ муносибат карда, дар истиқлол ёфтани забони Ватан арзанда хидмат менамоянд ва чунин меҳрубонист, ки аз ҷониби ӯ ба забони миллӣ таълиф шудани китобҳои дуҷилдаи «Забони миллат-ҳастии миллат» ғамхории бемонанд нисбат ба забони миллат мебошад.

Пешвои миллатамон дар суханрониҳои худ забони тоҷикии форсиро забони аҳли биҳишт номидани Паёмбари ислом, ба забони модарӣ шеър гуфтанро ташвиқ намудани Яъқуби Лайси Саффор, ба тоҷикӣ гузоридани намоз, ба ин забон нашр намудани тафсири китоби муқаддаси «Қуръон», кӯшиши Исмоили Сомонӣ барои рушду такмил гирифтани забони дарии тоҷикӣ дар замони хилофати араб ва ҳоказоро муҳимтарин санади таърихии забони миллӣ баён менамоянд. Давлати Сомониён марҳилаи нави соҳибистиқлол шудани забон, давраи нави шукуфоии ин забон гардид. Маҳз Сомониён тавонистанд ба эҳёи миллат ва фарҳанг асос гузоранд, забони модариро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангиро ҳифз намоянд. Ҳамчунин, тулӯи оламшумули забони тоҷикӣ ба талошу фаъолияти ин давлат (Сомониён) ва сарварони соҳибхираду маърифатпарвари он иртиботи ногусастанӣ дорад.

Дар ҳазорсолаҳои таърих, чунон ки медонем, мардуми ғоратгар ҳокимият ғасб карда, кӯшиш менамуданд, ки номи тоҷикро аз саҳифаҳои таърих хат зананд, вале фарзандони фарзонаи миллат, — менависанд Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, — «бо илму фарҳанги воло, шеъру сухани оламгир, суннату оинҳои аҷдодӣ ва албатта, заковати азалии забони шево»-яшон халқро аз нобудӣ эмин медоштанд. Тоҷикон бо вуҷуди аз давлат маҳрум гардидан «тамоми корҳои ташкилу танзим, низоми мамлакатдорӣ, идораи девону дафтар, коргузорӣ доштанд, онҳо маҳз ба забони тоҷикӣ сурат мегирифтанд. Пеш бурдани сафорату тиҷорат, танзими дахлу харҷ, пояҳои иқтисодии кишвар, сарварии ҳавзаҳои илмию адабӣ ва ғайра суннати соф тоҷикона дошт, аммо мақоми подшоҳӣ ва зимомдории мамлакат дар дасти дигарон буд». Фарзандони асили миллӣ бо вуҷуди мушкилию душвориҳои зиндагӣ бори забону маънавиёти кишварро бар дӯш доштанд. Дар аҳди фарзандони фарзонаи миллат дар замони сиёсати навсозию бозсозӣ ҳамчун Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ ва иддаи дигар қонунсозони забон аз фурсат истифода карда, ба туфайли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар забон умри дигарбора бахшида, аз нав асолати забони миллиро барқарор карда, барои дар оянда боз ба авҷи тараққиёт расонидани ин забон кӯшишҳо карданд.

Ба мулоҳизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи калимаю истилоҳоти дигар забонҳо раванди маъмулист. Аз ин рӯ, «Ба хотири ҳифзи асолати забон ба масъалаи иқтибос ва иқтибоспазирӣ бояд муносибати масъулона ва таваҷҷуҳи доимӣ дошта бошем, аз таъсири тахрибкоронаи забонҳои дигар, тақлиди зараровари талаффузи сунъии калимаҳо парҳез намоем».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, дар таълиму тадриси забони давлатӣ ва алоқаманд омӯхта шудани он бо дигар забонҳо ба мулоҳиза омада, чеҳраи забони миллиро дар байни дигар забонҳо нодиру камназир нишон медиҳанд. Бо ҷиддият ва қатъияти том таъкид менамоянд, ки забони тоҷикии форсӣ аз дигар забонҳои олам бо ҳусну малоҳат ва назокати алоҳидаю хосааш фарқ менамояд. Сарвари ҷумҳурӣ қабат-қабат фикрҳои ҳикматомези фалсафию иҷтимоиро дар осори ниёгон дида, маъниҳои наву тозаи миллӣ ба мушоҳида мегиранд, ки дар кам забонҳои дунё дида мешаванд. «Дар аҳди Сомониён забони модарии мо бо покию шириниаш оламгир шуд ва албатта, ин мартабаи олиро ба забони модарӣ, пеш аз ҳама, осори адибону олимони хушкалом ва меҳанпарастамон бахшидаанд. Онҳо дар шеъру достонҳои хеш ба забон инчунин ранг, ҳусн ва дилрабоӣ ато менамуданд, ки пас аз суқути Давлати Сомониён ҳам соҳибқудратони аҷнабӣ мафтуни он шеъру адаб буданд ва пеши он сари таъзим фуруд меоварданд. Ҳатто ба дарбори худ адибону олимони зиёдро гирд меоварданд, ки дар васфашон бо забони тоҷикии форсӣ асар эҷод бикунанд». Бинобар ин, ҳам ба роҳу шеваҳои нави таълиму тадрис диққат додани омӯзгорон, аз ҷиҳати назарияву амалия таҷдиди назар кардани китобҳои таълимии забони тоҷикӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумию олӣ, ҳар чӣ зудтар таҳия кардани китоби нави грамматикаи забони тоҷикиро пешниҳод менамоянд. Ин забонро барои ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон ҳам тавсия менамоянд, барояшон шароитҳои зарурӣ, курсҳои забономӯзӣ, китобҳои дарсӣ, луғату муҳовараҳои умумии соҳавӣ таҳия ва тавсия карданро зарур мешуморанд.

Бо соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалӣ авҷ гирифт, акнун дар назди ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон вазифа пеш омадааст, ки ба ҷуз, хуб донистану омӯхтани забони модарӣ, боз чанд забони муҳими ҷаҳонӣ, махсусан русию англисиро аз худ намоянд. Забонҳои русию англисӣ аз ҷумлаи шаш забони коргузории СММ мебошад, ки онҳоро аз худ кардан ҷаҳонишавии илму фарҳанги миллиро осон менамояд.

Аз рӯйи мулоҳизаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, алҳол ба дусад забон эҳтимоли маҳвшавӣ таҳдид менамояд: «Дар таърих мардумони соҳибтамаддун кам нестанд, аммо бештаринашон имрӯз номи қавму миллатро аз таърих зудудаанд… Маҳви забон дер ё зуд сабабгори маҳви миллатҳо ва мардумони соҳибзабон мегардад… Ин панди таърих барои аксарияти халқу миллатҳои хурду бузурги сайёра омӯзанда аст».

Президенти мамлакат аз эътибору пешрафти фарҳангу забонҳои дунё сухан ронда, дастовардҳои забони модариро қайд намуда, боз ба таъкид соҳибтамаддуну соҳибзабононро ҳушдор месозанд, ки забону фарҳанги худро фаромӯш накунанд. Забони тоҷикии форсии воломақомро ҳам дар зери таъсиру нуфузи дигар қавму забонҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ нагузоранд.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шавқу рағбати зиёди ба забон доштанашон муҳаббату садоқати дигаронро низ ба забони миллӣ меафзоянд. Мардум, махсусан, дар замони соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба шарофати Президенти мамлакат асолати забонро эҳё намуда, дар ҳамаи соҳаҳо ҷорӣ намудани забони давлатӣ, таъмин намудани таълиму таҳқиқи забон, аз олоишҳои забони бегонаю унсурҳои маҳаллӣ пок кардани забони ноби тоҷикӣ, робитаҳои хориҷӣ васеъ истифода кардани забони давлатӣ, ташаккули ҳамаҷонибаи забон, луғату истилоҳоти навин масъул мегардонанд. Вазоратҳои маорифу фарҳанг, донишгоҳҳои олии ҷумҳуриро вазифадор месозанд, ки донишҷӯёнро бо маводу дастурҳои таълимии оид ба забони тоҷикӣ таъмин намоянд, Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин масъала масъул ­дониста, пешниҳод менамоянд, ки ҳар чӣ зудтар истилоҳот ва меъёрҳои забони давлатиро бо истифода аз осори хаттӣ ба роҳ монанд, граммматикаи таърихи забони тоҷикӣ ва фарҳангҳои тафсирӣ, дузабона, меъёрӣ ва фарҳанги имлои забони адабиро таҳия ва нашр кунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калимаю истилоҳоти аз нигоҳи дастури забон ғалат ва дурушту нохушояндро гоҳе истифода бурдани шахсони алоҳида, ба талаффузи арабӣ тобеъ кардани забони модарӣ, истифодаи бемавриди калимаю ибораҳои забонҳои бегонаро дар забони тоҷикӣ мушоҳида намуда, ин амали ноҷӯрро ислоҳпазир мешуморанд. Баъзе рӯзномаҳо калимаю истилоҳоти барои мардум нофаҳморо кор мефармоянд, иттилооту матбуот ба ғалатгӯӣ ва ғалатнависӣ роҳ медиҳанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи корхонаҳои мамлакатро сарфи назар аз шакли моликияташон вазифадор мекунанд, ки муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя намоянд, ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ, таҳияи истилоҳоти илмӣ, компютерӣ кардани забони тоҷикӣ, аз ҷониби роҳбарони воломақом дар сатҳи баланд донистани ин забон ва ҷиддӣ ба эътибор гирифтани китобҳои мукаммали таърихи забону адабиёти тоҷикро мавриди диққат ва пажӯҳиш қарор диҳанд.

Чунон ки мебинем, забону фарҳанги миллӣ ба ғамхории махсус эҳтиёҷ доранд. Давлату Ҳукумат, фарзандони фарзонаи миллат, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони имрӯз анъанаи бузургтарин нобиғагони замонро дастгирӣ карда, забону фарҳанги миллиро ҳамеша дар паноҳи худ мегиранд, зеро халқу миллат ба онҳо зиёд ниёзманд мебошанд. Забону фарҳанг омили шукуфоӣ, хуррамӣ ва додгустарӣ буда, ҳақиқатест, ки мардум тавассути он орзую ҳавас, марому мақсадашонро баён менамоянд.

Забони тоҷикӣ бо фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфта, аз муҳити кишвар то ҳамоишу анҷуманҳои байналмилалӣ густариш намуда, ба забони мукаммали сиёсӣ расид, лафзи тоҷикиро аз бузургтарин минбарҳо ба гӯши ҷаҳониён расонданд, ҳамин тавр, рисолати таърихию иҷтимоияшонро бо эҳтиром арҷгузорӣ адо намуданд.

Шоҳзамон РАҲМОН,

Профессор