Писари нафақадузд

№97-99 (3082-3084) 01.08.2013

11

Инсон таърихи миллионсола дорад. Аммо муҳаққиқон ба инсон танҳо аз сад ҳазор соли охир пайдоиши аввалин         тасаввуротҳои диниро нисбат медиҳанд. Ташаккули давлатдорӣ дар ҳаёти инсон ба сеҳазорсолаи қабл аз мелод рост меояд. Ҳар ду падида аз дараҷа ва зинаҳои ақл, заковат, фаросат ва фарҳангу маданияти инсон шаҳодат медиҳад.

 

Ривояти арзишҳо

Дар масири таърих як умр ба бадӣ мубориза бурдан вазифаи инсон будааст. Бадиҳои ошкор, бадиҳои пинҳонӣ, рӯйпӯш, таҳти ҳазору як шиору пӯшиш, маккорӣ, тавассути алфоз, аъмол, ду ва чандрӯягӣ. Мушкилии мубориза бо бадӣ низ дар он аст, ки он таҳти шиори некӣ амалӣ мегардад. Фашизм таҳти шиори «Ҳуҷум ба хотири озодӣ аз коммунизм!», коммунизм «Ба хотири ваҳдати ҷаҳонии пролетариат!», Амрико «Барои нест кардани яроқи ядроӣ дар Ироқ!»,  душманони  давлати миллии тоҷикон дар солҳои навадум ва имрӯз бо шиори «Эҳёи дини мубини ислом» пардапӯш кардани ғаразҳои бадӣ худи онҳо аз номи демократия низ сӯиистифода бурданд.

Албатта, таърихи инсоният ба дин алоқаманд аст. Ҳаёти маънавии инсон, аз ҷумла аз эътиқодот ва тасаввурот-ҳои динӣ сарчашма мегирад. Инсоният тавассути китобҳои осмонӣ тавонист ҷаҳонро ба таври худ дарёбад, онро дар тарозуи ақлу хирад баркашад, ба арзишҳои ҳаёт арҷгузорӣ намояд. Агар дар дунё бадӣ, хиёнат ба хеш, ба дарвеш, ба Ватан намебуд, ниёзи инсон ба панду насиҳат, арзишҳо ва муқаддасот намемонд. Омӯзишу таҳлили китобҳои муқаддас нишон медиҳад, ки Парвардигор дар онҳо ҳикматҳоеро ҷо кардааст, ки зарурати ҳаётӣ доранд. Чун мавзуи китобҳои осмонӣ ҳалли масоили заминиро дар бар мегиранд, инсон онҳоро ба осонӣ дарк мекунад, мефаҳмад, аз худ менамояд, дил мебандад, аз онҳо истифода мекунад, нафъ мебарад. Китобҳои муқаддас маҳз барои ҳамин  арзиши абадӣ доранд. Дар тамоми ин китобҳо, баҳси асосӣ, ҷавҳари мавзуъ – муборизаи некӣ ва бадӣ мебошад. Некӣ, ростӣ ва росткорӣ дар нисбат ба сифати шайтон ва шайтанати инсон тасвир ёфтаанд. Шайтон дар китобҳои муқаддас бо ҳазорҳо намуд  зуҳур мекунад, бо ҳазорҳо афту андом, ришу рӯй, сару тан, мафкура, фикрронӣ, ҳаракот, либоспӯшӣ ва аъмоли авомфиребона худро ҷилвагар менамояд. Вобаста ба замон ва макон шайтон худро иваз мекунад, то мардум ӯро натавонанд ошкор созанд. Иблис барои муваффақ шудан ба мақсаду ниятҳои нопокаш ҳатто ба китобҳои муқаддас ҳам қасам мехӯрад. Аз онҳо сӯиистифода мекунад.

Баъзе домуллоҳо, эҳтимолан бисёр сахт ба ҳайрат афтанд: фаразан, гӯем: «Агар аз ҷамъи китобҳои муқаддас шайтон андешаи адоват ба инсонро (иблисро, дяволро, аҳриманро) куллан гирем, арзишмандии китобҳои осмонӣ зиёдтар мешуда бошад, ё баръакс». Онҳо бо шунидани ин суханҳо ба фикр фурӯ мераванд. Аммо зуд дарк мекунанд, ки бе андешаи шайтонат шинохти эътибор ва аҳамияти муқаддасот нокомил, паёмҳои Худо нопурра, суханҳо бе далелу бе ҳуҷҷат мемонанд. Бинобар ин, барои дараҷаи некиро фаҳмидан ва фаҳмонидан, онро қадр кардан шайтон дар паёмҳои муқаддас  ҷойгоҳи муҳимро доро гаштааст.

Агар андешаи гуфтори бад, пиндори бад ва рафтори бад намебуд, оё сухани муқаддаси «Гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек» — и  Зардушт зарурату ҳикмат медошт?

Тимсоли бадон ва  бадӣ дар рӯйи замин ана ҳамин шайтонҳо мебошанд. Ашхосе, ки дар замин тухми бадӣ, кинаву адоватро корида, хиёнатро дар рафтори худ ҳамчун касб ва воситаи нонхӯрӣ интихоб кардаанд, аз аъмоли худ ҷисман ва рӯҳан лаззат мебаранд, гумон мекунанд, ки онҳо дар ин замин ва дар ин замон, аввалинҳоянд. Не, ин тоифа давомдиҳандагони кори шайтонанд, ҳамтабақони эшонанд. Таваҷҷуҳ кунед, ба қиёфа — чини пешонӣ, чашму абрӯ, дастакзанӣ, савти гуфтор ва сабки хиромидану рафтор. — Гуфтани дурӯғ, буҳтон, хиёнат ба Ватан як бор мушкил аст, баъд – «Гадо, ки аз як дар гузашт, шарми рӯяш мепарад». Чӣ расад ба он ки агар фаҳш пешаи зиндагӣ гардад. Магар дар зиндагӣ дидааст касе, ки дузд, авбош, зани сабукпо ва монанд ба онҳо боре ҳам аз рафтори хеш эҳсоси хиҷолат карда бошанд? Албатта, не. Чунки ин аъмол барои  онҳо аллакай касаба – воситаи нонхӯрӣ ва шуҳраталабӣ шудааст.

 

Дурӯғгӯйӣ ва кизб ҳамчун ихтисос

Дурӯғ ҳамчун предмети мантиқ ва дурӯғгӯйӣ ҳамчун сифати баъзе одамони нопок падидаҳои қадимтарини ҳаёти инсонӣ ба шумор мераванд. Ҳама гуна дурӯғ аз  манфиатҷӯйӣ бармеояд. Таъкиди Арасту нисбати фалсафаи дурӯғ бар ин аст: «Дурӯғ – таҳрифи ҳақиқати ҳол бо мақсади фиреб кардани нафаре ва ё ҷумлаи мардумон аст, ба қасди ғараз. Дурӯғ,  каҷ ифода кардани ростӣ ва ё умуман дар бораи ростӣ,  аз ҳақиқати ҳол лаб фурӯ бурдан аст».

Дурӯғ аз бузургтарин олот ва воситаи сиёсатбозиҳо ҳам ҳаст, ки ҳамқадами ҳаёти инсонист. Ба ҳамин хотир дурӯғгӯён ва фиребкорони имрӯза маъбуди худро доранд, ки таҷассумгар ва тимсоли онҳо, ҳамчуноне ки хотиррасон гардид, шайтон — аз образҳои китобҳои муқаддас мебошад. Мураккабтарин образи манфӣ – шайтон исботи хешро дар ҳаёти ҳаррӯзаи одамҳои алоҳида пайдо мекунад. Он ҳаводис ва мураккабии ин дунёи куҳан ва пурасрорро таҷассум менамояд. Ба гуфти истеҳзоомези Афлотун – «Шайтон хеле доност, барои он ки ниҳоят пир аст. Аммо ба дарки қасд ва ғарази шайтонӣ расидан, аз вазифаи аввалини инсони комил аст». Барои ҳамин ғаразҳои шайтон зери ниқобҳо бо гуфтори пӯшида, бо сухану шиорҳои авомфиребона ва дар чашми мардуми нодон бисёр таъсирбахш  садо медиҳад. Аммо дурӯғгӯйӣ ва кизб ҳунари ҳар кас шуда наметавонад. Ин хислати табиии инсон низ мебошад. Ҳамин  тавр бояд таваллуд шуд. Ин хислат ҳатман бояд авлодӣ, хунӣ, ирсӣ бошад. Ба қавле, Худо одамро ба ҳамин роҳ мебарад. Чунки Парвардигор «боисти шайтон офаридан» (ба таъбири Носири Хисрав).

 

Хиёнаткорӣпадидаи ирсӣ

Олами пешрафтаи Ғарб кашфиёти бемисл дорад. «Дунёи куҳан» ба инсоният тавассути илм, маърифат ва донишу таҷриба муъҷизаҳои зиёд офаридааст. Имрӯз бе онҳо наметавон ҳаётро тасаввур кард. Инкор кардани чунин муъҷизот — аз мушаку маҳвора то телефонҳои мобилӣ бо садҳо ҳазор далели дигар ғайриимкон аст ва дурустии илму таҷрибаи ҳамин фарҳанг-ҳоро нишон медиҳад. Илми ирсиятшиносӣ – генетика, яке аз ҳамин муъҷизаҳост. Ҳамин тариқ, тибқи тадқиқоти олими ирсиятшиноси англис А. Грег, «таъкид бояд кард, ки ҳаёти рӯҳонии инсон, самтгирии он дар зиндагӣ ҷанбаи ирсӣ дорад. Наметавон онро иваз кард,  магар ин ки ирсиятро. Афсӯс, ки илм дар ин ҷода мувоҷҷеҳ ба мушкилист. Бисёр ҷабҳаҳои ахлоқии инсонро аз ҷанбаи этологӣ, яъне аз мавқеи рафтори ҳайвонҳо бояд баҳо дод. Бубинед, ки ҳар ҳайвон авлод ба авлод рафтор, хулқи фарқкунандаи ирсии хешро нигоҳ медорад. Ивазнашаванда аст».

Дунёи илму маърифат ба таъиноти Дарвин, олими дигари англис нисбати пайдоиши инсон эътиқоди қавӣ дорад. Мисли он ки Бедил ҳам ба таъкид мегӯяд: «Ҳеҷ шакле беҳаюлло қобили сурат набуд» ва идома медиҳад,  «Одамӣ ҳам пеш аз он Одам шавад, бузина буд». Дар такя ба ҳамин тасдиқи Бедил, ки одамӣ барои одам шудан марҳилаи ҳайвониро аз сар гузаронидааст, Дарвин бо афсӯс ва надомати аламовар мехоҳад ба ҷаҳониён  хотиррасон карданӣ шавад, ки «Эй инсонҳо, дар ёд дошта бошед ва эҳтиёт кунед, фақат тасдиқи он ки Одам аз ҳайвон пайдо гаштааст, ҳеҷ вақт имкон намедиҳад, ки ӯ дар тӯли таърихи тараққии худ ба пуррагӣ аз он хислатҳое, ки ҳайвон дорад, ҷудо шавад».

Ба ҳамагон маълум аст, ки Дарвин нависандаву шоир ва ё файласуф набуд, биолог буд. Бо майнаи инсон ва физиологияи ӯ сарукор дошт. Сухани бадеиро намепарастид. Аммо чун методикаи муқоисавии хусусиятҳои пайдоиш ва тараққии организми инсон ва ҳайвон аз мавзуоти таҳқиқи ин нобиғаи дунёӣ буд, ӯ маҷбур шудааст, хулосаи ҳаёти илмии хешро ҳамчун ҳушдор ба мардум, ба инсоният эълом дорад.

Сухани нав нест, агар гӯем, ки илм маҳсул – зодаи таҷриба ҳаст. Ҳамин таҷрибаи дунёи куҳанро аҷдодони мо ҳам дар насру ҳам дар назм борҳо таъкид кардаанд: дар дунё чӣ навъ ҳайвоне бо рафтору кирдор, хулқу атвор мавҷуд бошад, дар рӯйи замин айни он ва ба ҳамонҳо монанд одам вуҷуд дорад. Масалан, шер, саг, булбул, гов, гург рӯбоҳ, мор, каждум, кафтор (мурдахӯр), чуғз, албатта, ҳайвони гӯшдароз ҳам истисно нест ва ғайра. Як андеша кунед. Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ин мисолҳо ва монандиҳо хеле зиёд дошт ва дорад. Баъзе одамон дар рафтори худ яку якбора, чанд намуди ҳайвонҳои номбаршударо  таҷассум мекунанд.

Ирсият, барои аз одам сохтани шахсият нақши аслӣ ва  муайянкунандаро бозӣ мекунад. Падидаи ҷиноят ва ҳамчун қисмати он хиёнат, махсусан, хиёнат ба Ватан, миллат, манфиатҳои миллӣ зуҳуроти ирсӣ доранд. Бе фактори ирсият инсон қодир нест, ки ҷуръат кунад, баҳри иснод овардан ба ин гуна муқаддасот. Меоем ба сари мақсад.

 

Чӣ мефурӯшӣ? Виҷдон!

Дар солҳои 70 — уми асри гузашта, дар деҳаи Воруи Болои ноҳияи Панҷакент марде бо номи Асадов Атовулло- бухгалтери таъмини иҷтимоии колхози «Зарафшон» кор мекард. Одами майда, лекин ҷохил ва хеле бадқаҳру кинагир буд. Хоксорона рӯз мегузаронид. Аммо дар кулли мавзуоти ҷанҷолии тақсими обу замин бо ҳамсоягон даст ба гиребон мешуд. Аз дашномдиҳӣ ва таҳқири мардум  худдорӣ намекард. Шарму ҳаё надошт. Бо яке ҷанг бо дигаре ҷанҷол мекард. Медонист, ки бо кӣ бояд душманӣ кунад. Дафтарча дошт, менавишт. Худаш нақша месохт, ки чӣ гуна аз ин авзоъ истифода барад. Занаш — апаи Мутоябаро латукӯб мекард, ки ту дар бораи бригадир, звено, мудири мактаб маълумот надорӣ. Ана ин одам хона сохтааст, бо подвал. Сементро аз куҷо меорад, кӣ овард? Намедонӣ! Кадом мошин буд? Рақамаш чанд? Нигоҳ накардӣ! Органҳои ҳизбӣ ва ҳукуматии ноҳия ва вилоят пур аз мактубҳои беимзои Атовулло буданд. Ҳама медонистанд, кӣ муаллифи ин номаҳо аст. Аммо метарсиданд. Касеро мехост, то Маскав менавишт. Кори бухгалтерии худро намедонист, аммо дар навиштани мактубҳои беном қаламаш тез буд. Навишта метавонист. Ба қавли худаш барои «ҳақиқат» ва «адолат» мубориза мебурд. Чун худи ноҳияи Панҷакент дар он солҳо аз тезқаламон танқисӣ намекашид, аммо чунин «номдор» мисли ӯ ҳеҷ кас набуд. Ҳамон вақт Бозоров Латиф ном марди кордону уҳдабаро раиси колхози «Зарафшон» шуда кор мекард. Ӯ аз навис-нависи Асадов Атовулло ва комиссияборон ба дод омада, пеш аз синни нафақа ариза навишта  ихтиёран корро бас кард. Чун раиси нав таъин шуд, барои гурӯҳбозӣ ва навис-нависҳо ва ба мақсад расиданҳояш Атовуллоро ёрдамчии бухгалатери калон оид ба нафақа таъин кард. Акаи Атовулло, ҳамагӣ якуним сол дар ин вазифа кор кард. Дигар на навис-навис мекарду на машқи қалам. Зоҳиран хеле ором шуда буд. Аммо он қадар худписанд буд, ки бо ҳамқишлоқиҳои худ, ҳарчанд онҳо ҳамагӣ чанд нафар буданд, салом ҳам намекардагӣ шуд. Боми хонааш аз шифери куҳна буд, канд, онро тунукагӣ кард. Оғилхонаҳоро гардонд. Онҳоро баланд, бар-ҳаво сохт, фаршашонро аз тахта пӯшид. Саҳни ҳавлиро ҳамвор ва бетонӣ кард. Дарвозаи дутабақаи нави гулдор дар даромадгоҳи ҳавлӣ часпонд. Бо сарбухгалтер носоз шуд, даъвои гирифтани вазифаи ӯро кард. Дар рӯзномаи ҳизбии шуъбаи ноҳиявии Партияи коммунистии Тоҷикистон «Зарафшон» мақолае бо номи «Муфтхӯр» дар ҳаққи сардораш навишта, ба чоп расонд. Худаш ба сохтани меҳмонхонаи калон оғоз кард. Онро нопушонида буд, ки прокуратураи вилоятӣ Атовуллоро  даъват намуд. Се шабонарӯз ӯро ҳабс кард. Баъд боз ҳамин сарбухи дилсӯз шарманда нашавем гуфта, аз муовини нопокаш пуштибонӣ кард. Асадро бо гирифтани забонхат ҷавоб доданд. Ҷавоб доданд, ки боз навис – нависро сар кард. Ин дафъа ба рӯзномаи «Правда» органи Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ навишт. Барои тафтиши мактуб рӯзноманигори  «Правда» Отахон Латифӣ омад. Ду шабонарӯз онҳо бидуни шоҳид бо иштироки сарбух пичир – пичир карданд. Оқибат баъди се моҳ ҷаласаи кушоди судии Атовулло баргузор гардид. Дар ҷаласаи судӣ бо далелу санадҳо ва мисолҳо исбот гардид, ки Атовулло дар муддати якуним сол нафақаҳои 68 мӯйсафеду кампир ва зиёда аз сад нафар пирони фавтидаро  зинда гуфта, аз они худ кардааст. Дар ҷаласаи судӣ бисёре аз мӯйсафедону кампирон – нафақахӯрони ҷабрдида бо як нафрати бузург ба ин ҳомии ҳуқуқи башар менигаристанд. Фарзандони фавтидагон ашк мерехтанд, ки агар волидайни онҳо дар ҳаёт мебуданд, ба рӯйи ин муборизи тезқалами «роҳи ҳақ» туф мекарданд… Аммо мардум ноумед монд. Ҳангоми таъини муҳлати ҷазо раиси суд тавсияномаи рӯзномаи «Правда» Отахон Латифиро ба забони русӣ хонд, ки ба ивази ҷуброни маблағҳои дуздида  шаҳрванд Асадов Атовулло ба муҳлати панҷ сол шартан аз озодӣ маҳрум карда шавад. Аз сари суд озод шуд. Мардумон гуфтанд: «Хайр, Атовулло хуб шарманда шуд. Ҳамин ба инсон бас аст. Ба ҳар ҳол синну солаш ба ҷое расидааст. Пушаймон ҳам шудагист…». Ҷаласа тамом шудан баробар, Атовулло ба ҷабрдидагон – шоҳидҳо садо баланд кард: «Ҳоло истед, ман ба шумо онаи зоратонро нишон медиҳам…». Дасти писари гирёнашро гирифта, аз клуби колхоз баромада рафт. Минбаъд то мурдан бекор монд. Аммо дар суҳбат, рафтор, гуфтор, муносибат бо одамон ягон эҳсоси хиҷолат ва айбу шарм намекард.

Мардум мегуфт: «Он чизе, ки бо хун омадааст, бо ҷон барояд». Пирамарде бо номи бобои Фазлиддин, ки беш аз ҳаштод сол дошт, дар он замон ҳушдор дод: «Ба Атовулло кордор нашавед, падари инро ман нағз медонистам. Як одами харобаи қадпаст буд, ҳангоми сухан гуфтан ҳаргиз ба рӯйи кас нигоҳ намекард. Ин тарафу он тараф ба ҳарос менигарист. Барои ӯ ягон одами хуб, ғайр аз худаш вуҷуд надошт. Аммо серҷоғ буд. Худ ба худ ҳам гап мезад. Гапи рост надошт. Мардум ӯро «Асадшайтонак»  мегуфтанд. Одами беҷуръату майдахел, ки буд, ба ин унвони ҳамдеҳагон муқобилият нишон дода наметавонист. Муросо мекард, гӯё шармаш намеомад. Ин ҷо ҳам шайтониву зиракӣ нишон медод. Ин Атовулло фарзанди ҳамон Асадшайтонак аст, бачам. Ҳар чӣ гӯяд, «Ҷавоби аҳмақ сукут!» гӯеду аз паси коратон шавед».

Аз ҳама ки монд, Атовулло риш давонд. Риши хеле дароз. Ба қади кӯтоҳ мувофиқат намекардагӣ. Кӯшиши муллогӣ кард. Ҳатто овоза кард, ки фалон пушташ аз эшонҳои Мастчоҳ будааст. Мардумони дилсоф бисёр мехостанд бовар кунанд, чунки дар деҳа як мулло набуд. Аммо унвони падараш, ки Асадшайтонак буд, ба ин нияти нопок халал расонд. Мулло нашуда мурд. Хешонаш ӯро дур аз авлоду замини бобогиаш – Мастчоҳ гӯр карданд.

Бепадар

Ибораҳое ба мисли «шахси падардор», «шахси бепадар», аз ибораҳои номӣ ва серистифодаи мардуми тоҷик аст. Инҳо таъбирҳои илмӣ нестанд, бадеӣ, руҳӣ, маънавиянд, сифат ва кайфияти шахсеро тавзеҳ медиҳанд. Аммо агар ба этимология, пайдоиши ин ибораҳои рехта ҷиддан назар кунем, мебинем, ки ин ҷо сухан дар бораи ирсият – аз кадом мавод сохта шудан, аз чӣ зот пайдо гаштани як шахсро нишон медиҳад. «Бепадарӣ»-ву «падардорӣ» маҷмуи афкору андешаи баҳогузорӣ — ишора ба ирсият, дараҷаи покиву нопокии гуфтор, рафтору кирдор аст, на ба доштан ва надоштани волидайн. Ҳама падару модар доштанд, доранд. Онҳо мисли мо гузаронанд. Аммо ҳарф сари зот, авлод, ахлоқи авлодӣ, некномиву бадномиҳо меравад. Имкон дорад як ҷаҳон мисол орем, фазлгӯйӣ кунем, аз суханони бузургон барои тасдиқи  ин андеша далел биорем, ки сарчашмаи маънавиёти инсон падару модар, пеш аз ҳама  падар аст. Пушти падар (аз пушти падар, он ҷое, ки аз хуни аслии мард барои ҷанин мавод ҳосил мегардад) ва тарбияи модар (ташаккул ёфтан дар батни модар, мувозибат ва рушд, тарбия ва нигоҳубин дидан) муҳимтарин омилҳост. Аммо пушт бояд пок бошад, ки аз он мавод инсони хуб бадар ояд. Аз баҳри мисолу далелҳо фақат ба сухани абӯахлоқ, падари устодони маънависарои олам, Шайх Саъдӣ кифоят мекунем:

Шамшери нек аз оҳани бад чун кунад касе?

Нокас ба тарбият нашавад, эй ҳаким, кас.

Борон, ки дар латофати табъаш хилоф нест,

Аз боғ лола рӯяду аз шӯрабум хас.

Атовулло фарзанди ҳамин Асадшайтонак аст ва ҳосили онҳо давомдиҳандаи ахлоку маънавиёти ҳадди ақал ҳамин ду нафар (он чизе, ки мардумони Мастчоҳу Панҷакент медонанд) дар шароити имрӯз, бо имконоти нав, бо рӯҳи нав, набераи ҳамин Асадшайтонак ва писари нафақадузд Додоҷон Атовуллоев мебошад.

 

Ҳосили шӯрабум. Ё ки чӣ мефурӯшӣ? Ватан!

Дар таърихи инсоният бадтарин ҷиноят хиёнат аст, хусусан, хиёнат ба Ватан. Беҳуда ин ҷо масъалаи ирсият — ҷанбаи биологии қазияро даст назадем. Ҳамчунон бесабаб нест, ҳар касе ки  ба ин гуна ҷиноят даст мезанад, аввалан ӯро аз бозсанҷии дақиқи духтури касалиҳои рӯҳӣ мегузаронанд.

Мутаассифона, авлоди падарии Додоҷон Атовуллоев ба ин беморӣ гирифтор будааст. Шумо агар гузаратон ба деҳаи Воруи Боло афтод, пурсед, ки зани аввалини  Додоҷон кӣ буд? Посух медиҳанд — Алиева Малиҳа. Боз суол кунед, ки авлоди онҳо (Атовуллоевҳо ва Алиевҳо) ба якдигар чӣ муносибате доштаанд, ки қудо шуданд? Албатта, ҷавоб медиҳанд, ки Малиҳа духтари амма, яъне хоҳари падари Додоҷон аст. Малиҳаи бадбахт ҳоло куҷост? Мардум бо афсӯсу надомат ме-гӯянд, ки чун бечора дар хуни авлодаш (Атовуллоевҳо) касалии рӯҳӣ буд, бемории ирсӣ дар мағзи ин духтари камбахт рӯ зад, ғолиб омад. Малиҳаи бесарпарасту ноком ҳоло дар хонаи аз падару модараш меросмонда дар деҳаи Рукнобод яккаву танҳо зиндагӣ мекунад. Нафақаи беморӣ мегирад. Мардумони нек аз ӯ нигоҳубин мекунанд. Тақдири инсонӣ… Тақдири бад… Касалиаш зиёд вазнин нест. Тибқи хулосаи тиббӣ — психиатрӣ онро «маниакально — депрессивная шизофрения — бемории васвасаи хавотирии доимӣ аз чизе, аз касе, ки беморро ва ё авлоди ӯро  қасди куштан, нобуд кардан, зарар расонидан дорад», меноманд. Объекти таҳдид, дар назари бемор, метавонад ҳам худӣ ва ҳам бегонаҳо бошанд. Бештари чунин беморҳо бояд бетанаффус, ҳатто худ ба худ бо овози баланд гап зананд, ба тасаввури онҳо фақат дар ин сурат онҳо метавонанд хатари хаёлии нисбати хешро аз худ дур созанд. Аммо бемор вақте худро ором эҳсос мекунад, ки агар дар сари кӯча бо овози баланд, соатҳо, бидуни эҳсоси хастагӣ бо дастакзанӣ суханронӣ кунад.

Бачаи тағоии Малиҳабонуи ноком Додоҷон Атовуллоев, албатта, даъвои сиҳатӣ ва саломатӣ мекунад. Садҳо бор гуфтааст: «Санҷед, ба Худо, ки ман девона нестам. Дар авлод каме аз нишонаи ин касалӣ ҳаст, дар ман нест. Маро душманон туҳмат мекунанд». (нигаред ба рӯзномаи «Чароғи рӯз» аз 23.04. 2001, саҳ.3). Мо моил ба чунин даъвои саломатӣ ҳастем. Аммо бубинед, ки намояндаи кадом миллат, кадом соҳибватани ақли солимдошта халқашро, миллаташро, ватанашро  ин қадар бад мебинад? Пурсед, китобҳоро варақ занед, Каломи Шарифро мутолиа намоед! Инҷилро хонед! Ба китоби Таврот муроҷиат кунед. Аз олмониҳо, арабҳо, туркҳои ҳамсоя пурсед! Аз русҳо суол кунед! Аз он миллате, ки шеъре дорад ба номи «С чего начинается Родина?»  («Ватан аз чӣ оғоз мешавад?», шеъри М. Матусовский). Посух медиҳад – шояд «аз расми Алифбо», «шояд аз дӯстони бовафо», «шояд аз суруди аллаи модар», «ё шояд аз роҳи пурпечу тоби деҳа», «шояд аз савганди ҷавонӣ», шояд… шояд… шояд… Гулрухсори овозадори мо эҳтимол аз ҳамин шеър илҳом гирифта «Тоҷикистон ҳар сари санги ту бар ман Ватан аст, Тоҷикистон ҳар сари хори ту бар ман чаман аст», гуфтааст. Устод Лоиқ, агар набераи Асадшайтонак ин намояндагони бузурги миллати моро эътироф карданӣ бошад, шеъре ҳам дорад бо номи «Ватан», ки байти аввалинаш ин аст.

Ватан сар мешавад аз гоҳвора,

Зи шири поку аз пистони модар.

Аммо ақл сиҳату саломат бошад, пас чаро, вақте ки Ватанашро бегонагон боз баъди соҳибистиқлол гаштанаш ҳам забт карданӣ мешаванд (моҳи ноябри соли 1998, ҳуҷуми мусаллаҳонаи Маҳмуд Худойбердиев ба вилояти Суғд), 120 нафар одамони бегуноҳро ваҳшиёна ба ҳалокат мерасонанд, хонаҳо, бозору мағоза ва мактабу беморхонаҳоро оташ мезананд, пули дарёи Зарафшон ва дигар пулҳоро метарконанд, даҳҳо нафар ҳамватанаш беваву сағера мемонанд, ин «муборизи роҳи ҳақ» — набераи Асадшайтонак ба ҳоли Ватани валангораш механдад. Барои тасдиқи фикр тавассути шабакаи Интернет ба бойгонии радиои «Озодӣ» ворид гардед, овози ҳирросии бепадар – Додоро мешунавед, ки мегӯяд: «Ҳой мардум, ҳушёр бошед, агар ин дафъа Ҳукумати Тоҷикистон ба ин «қувваи озодихоҳ» (ӯ намегӯяд, ки кадом миллат, аз кадом давлат, бо супориши кӣ ҳуҷум кардаанд, то Тоҷикистонро тақсим кунанд, пора — пора намоянд, мардуми тоҷикро паҳну парешону бехонумону оқибат бедавлат созанд. Не! Намегӯяд!) мубориза барад, маълум  мешавад, ки  дар Тоҷикистон демократия нест!».

Пурсед, магар дар тамоми олам чунин намояндаи ягон миллати дигар ҳаст?!!! Баръакс, силсилаи фоҷиаҳо ва душманҳо, ҳуҷумҳо, роҳбандиҳо, чоҳканиҳо, раводид воридкуниҳо, пешравии тараққиёти миллати моро гирифтанҳо, зидди «Роғун» баромаданҳо, корхонаҳои бузурги мардуми моро бастанҳо, дар арсаи байналмилалӣ пеши тараққиёти Ватани моро гирифтанҳо, таҳдидҳои доимии берунӣ нисбати давлати миллии мо бояд мардумро  сарҷамъ кунад, бе даъвату ташвиқу тарғиб омили ваҳдати миллӣ бошад. Таърихи миллатҳои бузург ҳазорҳо чунин мисол дорад! Мо чӣ? Дар ин сангар мо бо кӣ ҳастем? Дар осёби кӣ об рехтани мешавем? Ба ғайр аз мо манфиатҳои давлати миллии моро кӣ бояд ҳифз кунад, пеш барад? Кӣ дигар нангу номуси миллӣ нишон диҳад, барои миллати тоҷик? Кӣ ҳастанд онҳо? Ба дунё нигаред! Ҳеҷ каси дигар нест! Танҳо худи миллати тоҷик аст!

Гурҷӣ, Ҳунарманди мардумии Россия Вахтанг Кикабидзеи машҳур, вақте ки русҳо ба қаламрави Гурҷистон ҳуҷуми мусаллаҳона карданд, расман аз унвони олии санъати кишвари бузург доштааш, аз хонаву дару ресторани дар маркази шаҳри Маскав доштааш, аз дӯстони номдору беномаш ба нишонаи эътироз даст кашид ва эълом кард (нигаред ба рӯзномаи «Независимая газета» аз 10-уми августи соли 2008, саҳ.8). У Саакашвилиро дӯст медошт ё на, ин ҷо дигар муҳим набуд. Гап дар бораи панҷ ҳарфи муқаддас мерафт – ВАТАН, Гурҷистони барояш азиз, ҷое, ки  модари азизаш ӯро ба дунё оварда буд, ҷое, ки аввалин бор ӯ «оча, очаҷон» гуфтааст, домони муқаддаси модарро доштааст, ин гурҷӣ, ҷое, ки падари бузургвораш сар ба манзили охират гузоштааст. Барои ин гурҷӣ дигар дунё вуҷуд надошт (Додо, ақаллан, ба нохуни ин гурҷӣ намеарзад. Ва бо Кикабидзе муқоиса кардани ӯ таҳқир бар ин марди сарбаланд аст. Чунки маҳз ин гуна инсонро ватанпарвар, ватандор мегӯянд.) Магар Фирдавсии бузург аз номи Рустам меҳру муҳаббат, буду набуди хешро нисбати Эрон ба ҷаҳониён эълон накардааст?:

 Чу Эрон набошад, тани ман мабод,                                                 

Дар ин марзу бум яке зинда мабод!

Агар пушти падар пок ва ақл солим бошад, магар одам аз ваҳшиёна кушта шудани 28 нафар сарбоз, фарзандони миллати ҷафокашидаи тоҷик, ки барои ин Ватан, ин марзу бум дар хизмати аскарӣ буданду дар натиҷаи ҳуҷуми ногаҳонии Алии Бедакии террорист дар ноҳияи Рашт, (октябри соли 2010) кушта шуданд, бо доду фарёд хурсандӣ мекунад: «Ман бо туям Алӣ, оҳ, Алии Бедакӣ, офарин, сад офарин! Аҳсант!» — гуфта тамоми интернет, К+ ва дигар расонаҳоро пур мекунад? Модарону хоҳарони зори ин аскарбачаҳо пеши чашмаш намеояд? Чӣ тавр онҳо фарзандони дар хун олудаашонро ба оғӯш мегиранду аз ҳуш мераванд! Барои чӣ?!!! Як лаҳза дарк намекунад, ки худаш ҳам фарзанд дорад! Модар дорад! Гарчанде Додо зани дуюму фарзандҳояшро ҳам партофта, солҳост, ки яккаву танҳо дарбадарӣ мекунад ва худаш доим гӯё шӯхӣ мекарда бошад, мегӯяд: «Хок ҳам ба сари хок, ки он ҳам ба сарам нест». Дар Қирғизистон аз занаш пурсиданд, ки Додо дар куҷост? Чаро оилаатон парешон? Ин зан бо номи Ҷамила, ки ба забони тоҷикӣ базӯр гап мезанад, ме-гӯяд: «Ӯро хато ном кардаанд – Додо. Номи ӯ бояд Дайду бошад. Хайр, ман тоҷикӣ намедонам, шояд ҳамин асли номаш Дайду бошад…фаромӯш кардам, Дайдуро кадом сол дида будам. Ба ҳар ҳол ман бо ӯ нестам…».

Агар Додоро будӣ падар ва на зодаи шӯрабум будӣ, магар хурсандӣ мекардӣ, ки аҷнабии таърихӣ ва муосир роҳи Худо, роҳи миллаташро бастааст, намегузорад, ки ба Ватанаш барои ин мардуми меҳнатқарин гандум ворид намоянд. Бо пули меҳнатии худаш! Оташро дуздидааст, ки нон пазад! Рӯшноиашро манъ кардааст, ки зимистон рӯзгор барад! Ӯ доимо меҳмони кишвари ҳамсоя гашта, дар пеши аҷнабиён ба зону мезанад, гиря мекунад, ки «Бо ин пулатон ман тамоми супоришҳои Шуморо иҷро мекунам, шабу рӯз дар «К+» ё «К-», ё дар сайтҳои «СентрАзия», «Фергана. ру», «Махалля.уз» ва садҳо ҳазорҳо сомонаҳои дигар, ҳатто ба модари худам фаҳш мефиристам, аммо канӣ фикр кунед, боз ба ин миллати сахтҷони тоҷик, ба давлати Тоҷикистон, ба Ватани ман боз чӣ гуна бадӣ кардан имкон доред? Шояд тавонем, бо кӯмаки шумоён ақаллан як нафарро террор кунем ё ақаллан ягон бозорро оташ занем ё ақаллан ягон маршруткаро тарконем, пеши ягон подъезд бомба гузорем. Охир хомӯш наистем! Мардум бояд Тоҷикистонро ба бадӣ шиносад, охир! Дигар натавонад НОБ-и «Роғун»-ро созад, роҳҳо бунёд намояд. Нақб канад. Корхонаи Алюминий пурра аз кор монад. Муллоҳо чаро сулҳ бастаанд?!!! Афсӯс, афсӯс, ки сулҳ шуд, ваҳдат шуд, афсӯс! Афсӯс! Ин кор бояд намешуд!!! Хайр, ҳоло имкон ҳаст! Боз як бало мекунем. Устодҳо ҳастанд! Шогирдҳо ҳастанд! Як бало мекунанд!!!».

 

Ана, чуғз! Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз ё ки Додоҷон Атовулло нусха аст, асл нест

Корномаи набераи Асадшайтонак ва писари нафақадузд дароз аст. Аммо дар фароварди сухан бояд таъкид сохт,  ки Додо бо Тоҷикистон робита дорад. Робитаи маънавӣ, робитаи устодиву шогирдӣ, робитаи гирифтани роҳнамоӣ, маълумоти бардурӯғ. Фақат бо ду кас. Вассалом.  Агар чистонгӯйӣ кунем — Шумо ба таҳти рӯй, қиёфа, нигоҳ, асабонияти доимӣ, дараҷаи ниҳояти ғазаби инсонӣ, ҳолати сангини рӯҳӣ, омодаи даргирӣ, ҳарзагӯйӣ,    кафкпарронӣ, аз ҳама муҳимаш интихоби мавзуъ ва тарзи баёни фикр, истифодаи истилоҳ, тазоди баланди мантиқ, мафҳуму маънии сухан ва аз ҳама бад пушаймонии кулл аз сулҳу суботи кишвар ва хонаободии мардум, мункирии рӯйирост ва намоиши кӯрии модарзодӣ нисбати дастовардҳои Ватани худаш дар бист соли истиқлолият, ҳисси баланди интиқомҷӯии серношуданӣ аз фоҷиаи инсонӣ дар сарзамини миллати тоҷик, Додо ба кӣ монанд аст? Ба кӣ? Аҳсант! Сад офарин! Ба оғои Тӯраҷонзода! Аммо Тӯраҷонзода асл аст. Нусха нест! Нусхаи аввали Тӯраҷонзода Додоҷон Атовуллоев аст. Касе бовар намекунад, ҳеҷ гап не, мо реклама мекунем, марҳамат боз ба «К+» ва марҳамат ба кулли мусоҳибаҳои матбуотии оғои Тӯраҷонзода, ба аъмоли ӯ назар кунед. Онҳоро муқоиса намоед! Дидед?  «Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз, Кабӯтар бо кабӯтар боз бо боз!»

Ин ҳамон Тӯраҷонзода буд, ки дар давраи Шӯравӣ ҳаракати босмачигарии туркҳоро бо фатвои хаттӣ, муҳру васиқа, имзо, тоҷиккушии онҳоро, қатлу ғорати онҳоро «қаҳрамонӣ» эълон карда буд. Он солҳо дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» мақолачае ҳам навишта, бидуни эҳсоси хиҷолат, ҳаракати босмачигарӣ, ки сад дарсад асоси идеологияи туркӣ дошт, барои ҳимояи ҳукумати аҷнабиёни замини тоҷикро ғасбкарда равона шуда буд, ҷонибдорӣ кард. Бо босмачиҳои Тӯраҷонзода, на назариявӣ ва на амалӣ давлати миллии тоҷикон барпо кардан мумкин набуд. «Босмачиён навкарони зархарид ва одамкушони охирин амири сулолаи туркони манғитӣ амир Олимхон буданд», (таъбири Қаҳрамони халқи тоҷик устод Садриддин Айнӣ), ки дар тоҷиккушӣ ном бароварданд. Дар солҳои навадум худи Тӯраҷонзода ин назарияро аз таҳхонаи Қозиёт оғоз карда,  минбаъд дар водии Вахшу Қаротегину Ҳисор, муҳосираи (блокадаи) фоҷиабори мардуми Кӯлоб ва пойтахти гумшудаи  кишвар хуб озмоиш кард. Аммо мисли он босмачиҳо шикаст хӯрд. Метавонистем ин корҳои шуморо ба хотир наорем,  аммо ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки эшон ҳаргиз аз аъмоли кардаашон пушаймон нестанд. Мисли Мавлавӣ Абдураҳим на танҳо аз халқ, аз мардум бахшиш намепурсанд, балки дубора орзуи нооромии кишваро дар дил мепарварад. Ин Додоҷон Атовуллоев буд, чӣ тавре ки гуфтем, аз куштани мардуми Суғд тавассути ҳамин бегонагон (ноябри с. 1998) ва паррондани сарбозони маъсуми Вазорати мудофиа (октябри соли 2010), ки он ҳам як навъ нақша буд,  рақсу бозӣ ва хурсандӣ кард. Дигар далели монандии аъмоли ин ду «ватандор» зарур ҳаст? Он чӣ ки душманони  аҷнабии маълуми миллати тоҷик тӯли ду даҳсола ошкору ниҳон ба муқобили Тоҷикистон, сулҳу субот ва рушди иқтисодии ин мамлакат мубориза мебаранд, ин шогирду устод таҳти ҳазорҳо шиорҳои дурӯғин ва авомфиребонагон яке аз Туркобод дигаре аз Туркистон ҷони сиёҳ канда, мехоҳанд дар осёби ғализи онҳо об резанд. Одамонро безобита созанд, онҳоро гумроҳ намоянд. Инчунин мисолҳо, муқоисаи монандиҳо,  мутаассифона, даҳҳо, садҳоанд. Аммо ҳамин қадараш кифоя аст. Ҳардуи инҳо, ки худро авлодан аз эшонҳои Кӯҳистони Мастчоҳ мегиранд ва дурӯғи маҳз будани онро худашон ҳам медонанд, як нафари дигар, ки хеле  «соддаву гумроҳу нодонбачаест» ва бо қутии холӣ «медавад ӯ ҳар тараф бо ҷустуҷӯй» дар соҳилҳои Кофарниҳон ба авлоди эшони Тӯраҷон ба хотири сад доллар оварда рӯ, зич алоқаманд ҳастанд. Номи ин одам Абдуқаюм аст. Солаш гӯсфанд. То моҳи декабр агар рафтуои худро ба соҳили дарёи Кофарниҳон идома диҳад, таҳрир кунад, таҳрир бинад, эҳтимол бо унвони олии «эшони Абдуқаюмҷон» сазовор шавад. Аммо аз ин нодонбачаи сайёҳи соҳили дарёи Кофарниҳон умеди ислоҳ ҳаст. Умед ба солимии уст.

 

Хулоса

Зиндагӣ…Чӣ фалсафае, маъние, мантиқе дар ин калима маҳфуз аст. Саъдӣ фармудааст: Чун сар ба болини марг гузоштӣ, тавони як бор ба осмон нигарӣ, ба чашмони дӯстон, наздикон, нигоҳ кунӣ, ҳисобот диҳӣ, ки дар ҳақиқат чӣ марде будӣ, чӣ касе будӣ дар ин дунё? Ба кӣ кӯмак кардӣ? Дасти киро гирифтӣ? Чӣ сохтӣ? Роҳ? Хона? Мактаб? На, киро куштӣ, террор кардӣ? Хонаи киро сӯхтӣ? Дасти киро шикастӣ? Киро раҳгум кардӣ? Оятҳои Раббониро бо талқинҳои шайтонӣ тафсир кардӣ?  Мардумро гумроҳ намудӣ? Он замон бояд шахсан ҷавоб бидиҳӣ! Пеш аз ҳама дар назди виҷдони худ, фарзандон, дӯстон, наздикон, мардум, миллат, давлат.

Аммо ин суханон ба шахсе тааллуқ дорад, ки падардор аст. Дасту дили пок дорад. Ҳақиқат он чизе аст, ки аз ақл, шуур, дӯстдорӣ, бадбинӣ, эътиқод, ғарази инсонӣ набояд вобастагӣ дошта бошад. Ҳақиқат талх ҳам бошад, эътироф бояд кард. На ба тарзи хеш, аз рӯйи ормони хеш сафедро сиёҳ гуфтан ва баръакс. Сад афсӯс, ки шайтон бузургтарин тимсол – қаҳрамони китобҳои муқаддас, дорои таҷрибаи ҳангуфт, рисолати заминӣ — рисолати шайтонӣ дорад. Ин тимсол, ин андеша ҳазорсолаҳо дар дохили китобҳои муқаддас аст.  Аммо бубинед, ки як зарра ҳам тағйир наёфтааст. Шарм намекунад. Хиҷолатро ба худ раво намебинад. Ҳар замон бо ҷилваи нав худро ба намоиш мегузорад. Барои чӣ? Барои он ки шайтон ҳам рисолат дорад.  Ба китобҳои муқаддас нигаред. Пас вазифаи бандагони неки Худо аст, шайтонро шинохтан. Ӯро  шинохтан бо чашми ақл. Аз ӯ канораҷӯйӣ кардан. Шайтону шайтонсифатон вазифаи худро иҷро мекунанд, бандаи ҳушманду поктинат вазифаи худро. Аммо тавре ки Қуръони Карим мефармояд, чунин иғвогариҳо ва найрангбозиҳои шайтонӣ «ҷуз домани соҳибашро нагирад» «Вало яҳиқу-л-макру-с-сайъу ило биаҳлиҳи» (Қуръон, сураи Фотир, ояти 43).

Мардуми шарифи Тоҷикистонро танҳо зиракию ҳушёрӣ мебояд.

Абдусалом АбдумаНноНОв,

номзади илмҳои психологӣдотсент, аъзои Ҷамъияти

психиатрҳои Мамолики  муштаракулманофеъ

 

Бознашр аз ҳафтаномаи «Тоҷикистон» №30 (1021) аз 25июли соли 2013, с. 3, 10-11