Моҳи ноябрро бидуни муболиға метавон «моҳи писарон ва мардҳо» ё «моҳи ҳифзи писарон ва мардҳо» ном бурд. Вазъ ва усулҳои номатлуби тарбияи писарон дар баъзе аз мамолики Ғарб, кӯшишҳои аз байн бурдани фарқиятҳои ҷинсии одамон, тағйир додани ҷинс, ба вуҷуд овардани ҷинси «миёна», ҳаракатҳои ҳамҷинсгароён, сиёсикунонии «ҳуқуқ»-ҳои онҳо ба он боис гардидаанд, ки бархе аз муҳаққиқон дар бораи хавфу хатари дар оянда аз байн рафтани мардон ҳамчун ҷинс ҳадс мезананд. Аз ин рӯ, ҳоло дар бархе аз гӯшаҳои дунё ҷиҳати ҳифзи ин ҷинси «неруманд» тадбир андешида мешаванд.
Аввалин кӯшишҳо барои ҳифз ва боло бардоштани мақоми мардҳо дар кишварҳои Ғарб солҳои 1960-ум, ки дар он айём асосан ба боло бурдани мақоми бонувон таваҷҷуҳ зоҳир мешуд, вуҷуд доштаанд. Масалан, дар баъзе аз кишварҳо пешниҳод гардида буд, ки яке аз рӯзҳои моҳи феврал Рӯзи мардҳо номида шуда, мисли Рӯзи байналмилалии бонувон — 8 март таҷлил гардад. Вале ин пешниҳод то солҳои 90-уми асри гузашта байни замину осмон муаллақ монд.
Ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ бо ташаббуси сарвари Маркази омӯзиши мардҳои назди Донишгоҳи Миссури-Канзаси ИМА Томас Оастер якчанд чорабинӣ доир шуд.
Бори нахуст соли 1999 чунин ҷашн, аввал ҳамчун Рӯзи мардон дар Ҷумҳурии Тринидад ва Тобаго — давлате, ки дар ду ҷазираи баҳри Қариб ҷойгир аст, таҷлил гардид. Пасон дар кишварҳои ҳавзаи баҳри Қариб, Австралия, Амрикои шимолӣ, баъзе аз кишварҳои Осиёву Аврупо доман густурда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. 19 ноябр бо ташаббуси доктор Ҷероме Тилуксингҳ аз Донишгоҳи Вест — Ҳиндустон, ки падараш дар он рӯз ба дунё омада, ба иддаои Ҷ. Тилуксингҳ, намунаи ибрат барои мардон буд, ҳамчун санаи таҷлили Рӯзи байналмилалии мардҳо пешниҳод гардид. Айни ҳол ин ҷашн дар беш аз 60 мамлакат таҷлил карда мешавад, ки ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳ ба табъизи гендерии мардҳо, таъкиди саҳми муҳиму мусбати мардҳо дар оила ва ҷомеа, ҳамчунин, ҳифзи солимии писарон ва мардҳост.
Ташаббускорони ҷашн ақида доранд, ки таҷлили чунин рӯз водор менамояд, ки падару модарон писаронро рӯҳан ва ҷисман ҳамчун мардони оянда, ки ҷойгоҳу мақом ва вазифаҳои хешро дар оила ва ҷомеа медонанд, тарбия намоянд. Бинобар ин, дар ин рӯз дар бисёр кишварҳои олам семинару конференсияҳо доир мешаванд.
Ҷашни дигари ҷолиб 20 ноябр — Рӯзи ҷаҳонии кӯдак аст. Ҳадафи ин ҷашн аз номи он маълум аст: таъмини зиндагии сазовори кӯдакон ва тарбияи дурусти онҳо. Ҷашн соли 1954 аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ эълон гардида, 20 ноябр таҷлил шудани он бевосита ба қабули Эъломияи ҳуқуқи кӯдак (соли 1959) ва Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак (соли 1989) алоқаманд аст.
Кӯдакон мисли навниҳолонеанд, ки ба ҳар сӯе гардонед, майл хоҳанд кард. Тарбияи нодуруст метавонад писарро ба «духтар» табдил диҳаду духтарро баръакс.
Айни ҳол, дар чанд кишвари Аврупо кӯшиши аз байн бурдани фарқияти ҷинсӣ мавҷуд аст. Дар он кишварҳо «озодӣ»-е тарғиб мешавад, ки ҳар писар ё духтар аз рӯзи таваллуд ҳуқуқ дорад, тарзе рафтор намояд, ки хоси табиат ва ҳамҷинсони ӯ нест. Бар замми ин, бисёр волидон писарбачаро аз даврони тифлӣ либосҳои духтарона пӯшонида, лабу рӯяшонро ғозаву сурхӣ мемоланд, орову торо медиҳанд, маҷбур месозанд, ба ҷои бозичаҳои писарона бо зочаву латтапораҳо бозӣ кунанд. Чунин муносибат ҳарҷониба тарғиб карда мешавад. Тасаввур кардан душвор нест, ки аз ин гуна писаракон чӣ гуна мардҳо ба воя мерасанд…
Ҷашни сеюми моҳи ноябр, ки марбут ба писарон ва мардон аст, Рӯзи ҷаҳонии писарон 22 ноябр таҷлил мегардад. Он дар якчанд кишвари Аврупо таҷлил мегардад, лекин ҳанӯз расман қабул нашудааст. Ҳадафҳои асосии ин ҷашн маълуманд. Яъне, ҳифзи мардони оянда аз тарбияи нодуруст ва табъизи гендерӣ.
Шурӯъ аз соли 2000-ум рӯзи шанбеи аввали моҳи ноябр бо пешниҳоди собиқ Президенти ИҶШС Михаил Горбачёв ҷиҳати аз байн бурдани табъизи гендерии мардҳо дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон ҷашни дигар бо номи Рӯзи ҷаҳонии мардҳо таҷлил мешавад, ки аз ҷониби магистрати Вена, шуъбаи СММ дар Вена ва чандин созмони байналмилалии дигар дастгирӣ пайдо намудааст. Аммо аз ҷониби СММ ё ЮНЕСКО эътироф нашудааст.
Дар даврони Ҷанги дуюми ҷаҳон сарбозе ба писари яксолааш нома навишта, сабаби ин амали хешро ба ҳамяроқон чунин шарҳ медиҳад: «…ман ба вай навиштам, ки инсон бошад, он чӣ ман аз сар гузаронидаам, бар сари ӯ наояд ва сари худро баланд дорад…». Танҳо ҳамон писаре қадри хешро паст намезанад ва сари худро баланд медорад, ки дар баробари ҷисм рӯҳ ва тарбияи мардона низ дорад. Бо вуҷуди он ки низоми маорифи шӯравӣ дар ҷаҳон беҳтарин маҳсуб меёфту ба хонандагон қариб ҳамаи илмҳои барои рушди шахсият ва ҷомеа муҳим омӯзонда мешуданд, он камбудии ҷиддӣ низ дошт, ки ба тарбияи писарон марбут аст. Омӯзгорон, ки ҳамеша аксар бонувонанд, он писаронеро барои дигарон намунаи ибрату пайравӣ нишон медоданд, ки хислатҳои писаронаашон камтар буд. Ҳарчанд вазифаҳои хонагиашон ва ҳар як фармудаи муаллимону калонсолонро ҳатман ва бечунучаро иҷро мекарданд, шӯхиву бозиро намедонистанд, кам ҳаракат мекарданд, рафтору кирдори ҳамсинфонашонро ба муаллимон хабар мекашиданд…
Оре, тайёр кардани вазифаи хонагӣ ва риояи одобу ахлоқи талабагӣ вазифаи ҳар як хонанда аст, вале дар баробари ин писарбачагон баъзан шӯхиву бозӣ ҳам мекунанд. Ин табиати писарона аст, ки дар даврони шӯравӣ ғолибан мавриди сарзаниши омӯзгорон қарор мегирифт. Вале ин камбудӣ дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва тайёрии ибтидоии ҳарбӣ як навъ ҷуброн мегардид. Ба барномаи дарсҳо машқҳо ва ҳаракатҳои гуногун аз навъҳои варзиш, тирпарронӣ, норинҷакпартоӣ омӯзонида мешуд, ки ҳама ин машқу ҳаракатҳоро иҷро мекарданд. Мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар байни синфҳо, мактабҳо, ноҳияву шаҳрҳо гузаронида мешуданд.
Ниёконамон писаронро ҳатман ҳунари аспсавориву камонварӣ ва гӯштингирӣ ёд дода, ҳамчун ҳомиёни зану фарзанд, манзилу маҳал ва Ватан тарбия менамуданд. Таъсири тарғиботи «мардбезорона»-и Ғарб тавассути созмонҳои гуногуни байналмилалӣ ҳар ҷо, хусусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, зоҳир мегардад, ки бояд боиси нигаронӣ бошад. Хуб мешуд ҷиҳати пешгирӣ аз таъсири номатлуби тарғиботи «мардбезорона» бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва такя ба таҷрибаи қобили қабули ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи писарбачагон, аз ҷумла таҷлили ҷашнҳои зикргардида, тарбияи беҳтари онҳо ҳамчун мард, ҳомии шаъну шараф, молу ҳоли хонадон ва марзу буми Ватан ба роҳ монда шавад. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дарси тарбияи ҷисмонӣ беҳтар ба роҳ монда, мусобиқаҳои варзишӣ бештар гузаронида шаванд. Синфхонаҳои тайёрии ибтидоии ҳарбӣ бо силоҳ ва воситаҳои техникии барои хизмати ҳарбӣ ва артиш зарур муҷаҳҳаз гардида, ба онҳо афсарони мустаъфӣ, мисли солҳои шӯравӣ, дарс гӯянд. Дар вазъи кунунии ҷаҳон ва минтақа чунин тадбир хеле муҳим аст.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки дар Эстония ҷашни махсуси падарон — Рӯзи падар таҷлил карда мешавад. Мо Рӯзи Модарро таҷлил мекунем, вале ҳамчун Рӯзи падар ҷашн надорем.
Дар Федератсияи Россия чунин ҷашн якшанбеи сеюми моҳи октябр таҷлил мешавад. ИМА ва боз 31 кишвари дигар, мисли Арманистон, Аргентина, Британияи Кабир, Канадаву Колумбия ва ғайра Рӯзи падаронро 19 июн таҷлил менамоянд. Сокинони Италия, Испания Португалия рӯзи 19 март, Дания — 5 май, Кореяи ҷанубӣ ва Германия — 8 май, Литва ва Швейтсария рӯзи якшанбеи якуми моҳи июн, Белгия-якшанбеи дуюм Рӯзи падаронро таҷлил мекунанд. Гурҷистон, Миср, Урдун, Либиё, Сурия, Уганда ва боз чанд мамлакати дигар низ Рӯзи падарон доранд. Мавҷуд набудани чунин ҷашн як навъ табъиз нисбат ба мардҳост.
Ҷашни Рӯзи писарбачаҳо аз қадимулайём дар Япония вуҷуд дошт ва соли 1948 ба Рӯзи кӯдакон иваз карда шуд. Он дар Бразилия 12 октябр ҷашн гирифта мешавад. Дар Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон)-и Федератсияи Россия аз соли 2017 расмӣ гардидааст ва якшанбеи дуюми моҳи апрел таҷлил гардида, ҳадафи он баланд бардоштани мақоми мард дар оила ва ҷомеа аст.
Дар ҳақиқат, таҷлил намудани ҷашнҳои фавқуззикр рӯҳи писарону мардҳоро бардошта, масъулияти онҳоро дар назди оила ва ҷомеа зиёд менамояд. Бинобар ин, хуб мешуд, ки ба таҷлили ин ҷашнҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардида, онҳо бо анъанаву русуми гузаштагон ғанӣ гардонда шаванд. Дар чунин ҳолат аз фардои писарон осуда хоҳем буд.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»