Ҳамасола, бо ташаббуси Китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявӣ ба номи Мирсаид Миршакар ва бо дастгирии бевоситаи вазоратҳои фарҳанг ва маорифи ҷумҳурӣ, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар саросари ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фестивал дар муассисаи давлатии Кохи ҷавонони шаҳри Хоруғ ифтитоҳ ёфта, дар даромадгоҳи муассиса намоиши китобӣ таҳти унвони «Раҳкушои олами орзуҳо» баргузор шуд.
Чорабиниро хонандагони макотиби шаҳр бо қироати шеъру гуфторҳо дар васфи китоб ҳусни оғоз бахшиданд. Сипас муовини раиси вилоят Қиматгул Алибердиева аз номи раиси вилоят ҳозиринро бо кушодашавии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» табрик намуд. Зикр шуд, ки ин фестивал якчанд сол инҷониб дар қаламрави ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор мешавад. Як хусусияти хоси фестивал аз он иборат аст, ки ба ин чорабинӣ эҷодкорон: шоирон, нависандагон, санъаткорон, олимон даъват гардида, бо кӯдакону наврасон суҳбати ошкоро баргузор менамоянд. Ҷалби кӯдакону наврасон ба хониши китоб ва бедоркунии ҳисси китобдӯстии онҳо мароми асосии фестивал мебошад.
Дар чорабинӣ муовини сардори шуъбаи фарҳанги вилоят Сайёд Қурбонмамадов, раиси бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Лаълҷубаи Мирзоҳасан, адибон Алидоди Чароғабдол, Куйбек Шарифзода, Гулнисои Ато, санъатшинос Қурбонмамади Шодмонбек суханронӣ карда, аз нақши китоб дар рушди тамаддуни башарӣ изҳори назар намуданд.
Ш. Шоҳқосим,
«Садои мардум»