Рӯзгоре саршори ибрат

№92 (4832) 22.07.2024

photo_2021-04-02_12-09-42-800x445 — копияНусратулло Махсум яке аз бузургмардони сарзамини мо буд, ки барои соҳибдавлат гардидани миллати тоҷик ва ҳифзи манфиатҳои миллии мо ҷони худро фидо кард. Корнома ва фаъолияту хизматҳои шоёни ӯ намунаи ибрат ва омӯзанда аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар асари илмию тадқиқотии хеш «Фарҳанг — ҳастии миллат» дар бораи гиромидошти фарзонафарзандон ва аламбардорони миллати куҳанбун­ёду тамаддунофари тоҷик навиштаанд: «…бояд силсилаи зиндагиномаи фарзандони бузурги миллати хешро ба вуҷуд орем».

Пас аз ин ҳам Пешвои миллат дар баробари масъулияти бузурги давлатдорӣ омӯзиш ва пажӯҳиши хешро оид ба сарнавишти шахсиятҳои бузурги миллат идома дода, ишора ба ин нукта мефармоянд: «Ман ҳар гоҳ дар фурсати муносиб ба омӯзиши сарнавишти миллат, зиндагӣ ва осори шахсиятҳои бузурги халқи азизам машғул мешавам. Сабақҳои ибратомӯзи таърих, гузаштаи пурифтихор, шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқ роҳи гузаштаро пешорӯямон қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохти силсилаи давлату давлатдории тоҷиконро бароямон мекушоянд».

Аз ин рӯ, яке аз нахустэҳёгарони суннатҳои волои таърихию фарҳангии ниёгон ва абадигардонандаи номи неки шахсиятҳои бузурги миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз, ба ҳамин хотир Сарвари давлат чанде аз абармардон ва аламбардорони миллат ва таъсисдиҳандагони ҶШС Тоҷикистонро ба унвони олии кишвар — Қаҳрамони Тоҷикистон қадрдонӣ карданд, ки яке аз онҳо Нусратулло Махсум аст.

Нусратулло Махсум, ин марди шуҷоъ,

Дар радифи қаҳрамонон ҷо гирифт.

Эй хушо, ки чашмаи нанги диёр

Сабку оҳанги дили дарё гирифт.

Бояд гуфт, ки як давраи томи таърихи ҷадиди халқи тоҷик ва як марҳилаи ҳассосу сарнавиштсози миллат бо номи мубораки Нусратулло Махсум пайванди ногусастанӣ ва дар байни сиёсатмадорону роҳбарони солҳои 20-30-юми асри гузашта ин фарзанди содиқи миллат ҷойгоҳи хоса дорад.

Номбурда зарфи ҳашт сол Тоҷикис­тонро сарварӣ карда, дар бунёди сохтори сиёсии он саҳми бузург гузошт. Ин давлатдори асил аз рӯзҳои аввали тавлиди ҷумҳурии мухторамон ҷидду ҷаҳд мекард, то ҳар чӣ зудтар ҷумҳурии мустақили иттифоқии Тоҷикис­тон таъсис дода шавад. Маҳз, бо ҷонфидоиҳои ин арбоби шоистаи миллат кишвари мо он замон аз мухторият ба ҷумҳурии мус­тақили иттифоқӣ — Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ёфт.

Баъди тақсимоти солҳои 20-уми асри гузашта ва ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон дар зеҳни миллии халқи тоҷик як таҳаввулоти бузурги инқилобӣ ба амал омад ва тоҷикони соҳибҳувияту худшинос ин падидаро нодида намегирифтанд, зеро баъд аз суқути давлати бузурги Сомониён қариб тӯли ҳазор сол онҳо амалан аз давлатдории миллӣ маҳрум гардида буданд. Роҳбари онвақтаи давлат Нусратулло Махсум яке аз муборизони сарсупурда ва мубаллиғони оташинсухани давлати тозабунёди тоҷикон буд.

Ба миллати дар тӯли ҳазор сол аз муҳаббати давлатдории миллӣ дуршуда ин рисолати бузурги таърихӣ бо сарварии Нусратулло Махсум муяссар гардид. Ӯ ҳамеша бо шавқу завқи инқилобӣ, бо меҳру муҳаббати миллӣ ва бо дӯстдории меҳан заҳмат кашида, дар сохтмони таҳдоби давлати тозабунёди тоҷик нақши арзанда гузошт.

Ин фидоӣ ва эҳёгари миллат 1-уми июли соли 1881 дар деҳаи Чашмаи қозии водии биҳиштосои Рашт ба дунё омадааст. Дар айни ҷавониаш ба шаҳрҳои Қуқанд ва Фарғона сафар карда, дар давраи инқилоби якуми Россия (солҳои 1905-1907) дар намоишҳои коргарони шаҳри Қуқанд ширкат варзид ва баъд аз инқилоби халқӣ-демократии Бухоро соли 1920 ба ҳайати муборизони роҳи таҳкими ҳокимияти шуроӣ дар Бухорои Шарқӣ шомил шуд. Аз соли 1921 то 1923 чун ваколатдори кумитаи озуқаи ҶХС Бухоро дар таъмини Артиши сурх хизмат карда, дар муборизаи зидди босмачигарӣ дар Ғарм ва Душанбе ширкати фаъолона дошт. Сипас, ба ҳайси раиси Комиссияи фавқулодаи мутаадиди Бухорои Шарқӣ, раиси КИМ-и Бухорои Шарқӣ ва раиси Кумитаи инқилоби ҶМШС Тоҷикистон кор кард. Солҳои дар ин вазифа будан барои ташкили ҷумҳурии мустақили иттифоқии Тоҷикистон заминаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва миллию маданиро ба вуҷуд оварда, як қатор суннатҳои волои таърихию фарҳангии тоҷиконро эҳё намуд. Вале, шӯрбахтона, ин сарсупурдаи миллат ба гирдбоди таъқибот ва «душмантарошӣ»-ҳои солҳои 30-юми асри ХХ афтода, 1-уми ноябри соли 1937 дар шаҳри Москва ба қатл расонида шуд. Пас аз гузашти 20 сол, моҳи декабри соли 1958, бо қарори Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ ва хулосаи Прокуратураи генералии ИҶШС Нусратулло Махсум бегуноҳ эълон шуда, 26-уми июли соли 1964 дар сафи Ҳизби коммунистӣ номи ӯ аз нав барқарор гардид. Ҳарчанд ӯро ҷисман нобуд сохтанд, аммо кору пайкор, ҷонфидоиҳояш барои халқ ва ташкили давлати Тоҷикистон дар қалби ҳар як тоҷикистонӣ то абад боқӣ хоҳанд монд.

Нусратулло Махсум, чун давлатдори дурандеш, ба тамоми арсаҳои ҳаёту зиндагии мардуми заҳматкаш, ба тамоми масъалаҳое, ки нуфуз ва обрӯю эътибори давлатро меафзуданд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекард ва ҳар як ­масъаларо аз мавқеи адолати иҷтимоӣ, давлату миллат ҳаллу фасл менамуд. Ӯ, пеш аз ҳама, ба масъалаҳои марбут ба занону ҷавонон дахл карда, хариду фурӯши зани тоҷик, дар торикию ҷаҳолат нигоҳ доштани онҳо, бисёрзанӣ ва соири муносиботи ғайриинсониро сахт маҳкум мекард ва дар ин раванд бештар ба таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва зиндагӣ такя намуд.

Нусратулло Махсум на танҳо дар умури сиёсию давлатдорӣ аз худ осори амиқ боқӣ гузошт, балки хонадони намунавӣ ба ёдгор монд ва фарзандони оқилу фозилро ба воя расонд. Халқи тоҷик на танҳо бо номи ин қаҳрамон, балки бо кору пайкори фарзандони меҳнатдӯсту огоҳаш низ ифтихор менамояд. Ӯ шаш фарзанд — Хайринисо (1910-1978), Мунаввар (1911-1998), Анвар (1918-1941), Хосият (1925- 2007), Акбар (1928-2001) ва Музаффар (1937-2013) дошт. Камина дар бораи ҳаёту фаъолияти дигар фарзандони ин абармарди миллат маълумоти кофӣ надорам, вале фарзанди хурдии ӯ — Музаффар Махсумовро хеле хуб мешинохтам. Солҳои донишҷӯӣ ба Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон рафта, оид ба ­масъалаҳои мухталифи астрономия аз кормандони ин муассиса дарс меомӯхтам, ки яке аз устодонам Музаффар Нус­ратуллоевич буд. Шодравон М.Н. Мах­сумов яке астрономҳои номвари собиқ ИҶШС ва Тоҷикистон буда, аз соли 1970 то соли 2010 дар вазифаи мудири шуъбаи сохтор ва динамикаи системаи ситораҳои Институти астрофизикаи АМИТ фаъолият кард ва солҳои 1977-1992 сарварии муассисаи мазкурро ба уҳда дошт. Самти илмии ин астрофизики асил омӯзиши сохт ва динамикаи системаи ситораҳо ва физикаи галактикаҳо буд. Устоди равоншод М.Н. Махсумов дар ин соҳа аввалин шуда усулҳои тадқиқотии динамика ва таҳаввулоти таъсири ғайризарбавии системаи зарраҳои ба таври ҷозибавӣ алоқаманд ва ба вуҷуд омадани динамикаи ҷозибаи байниҳамдигарии ситораҳои галактикаҳоро ҳамчун системаҳои статистикӣ кор карда баромад. Ӯ дар заминаи мушоҳидаю тадқиқотҳои илмии худ беш аз 60 асари илмӣ-тадқиқотӣ ба нашр расонидааст. Ба ибораи дигар, М.Н. Махсумов ҳамчун фарзанди Қаҳрамони Тоҷикистон бо меҳнати ҳалол, кори шоён ва фаъолияти пурсамараш на танҳо номи неку рӯҳи падари бузургворашро шод намуд, балки исми шарифи хешро дар қалби ҳар як физику астрофизик ва дӯстдори табиату олами кайҳон сабт намуд.

Падар дар таъсиси давлати мус­тақили тоҷикон саҳми бориз гузошту писар дар рушди яке аз соҳаҳои илми дақиқи ин меҳан. Номи неки Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ҳамчун сиёсатмадор, роҳбари ғамхори миллат, ватандӯсти асил, шахси донишманду кордон дар қалби ҳар як тоҷик абадӣ боқист.

Номвар ҚУРБОНОВ,

номзади илмҳои техникӣ